Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дӯсту ёронро эҳтиром кун!
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр

Истироҳат

Тэги:истирохат | 2016 | речаи кор | чанд соат бояд кор куни | чанд соат бояд истирохат куни
Добавил:Admin (24.02.2016 / 13:31)
Рейтинг:rating 226 article (0)
Прочтений:596
Комментарии:0
Истироҳат

Пеш аз ҳама реҷаи меҳнат ва истирохат бояд риоя карда шавад.
Тартиби мехнати фикрии одамон гуногун мешавад ва аз синну сол, саломати, малака ва пеш аз хама муносибат ба мехнат вобаста аст. Одами маъюс (пессимист) дар хар як имкон душвори ва одами хушбин (оптимист) дар хар як душвори имконро мебинад. Ба хар хол, донишҷуи солим барои он, ки душворихои тахсилро бомуваффакият бартараф намояд, дар як шабонаруз бояд на кам аз 10 соат фаъолона мехнат кунад. Умуман соатхои шабонаруз бояд чунин истифода шавад:
1. 10 соат – вакти тахсил ва машғулиятхои берун аз дарсхо, аз ҷумла 6 соат – машғулият дар синфхона ва 4 соат – машғулиятхои мустакилона;
2. 7 соат – вакти хоб;
3. 3 соат – вакти шустушуй ва хурокхури;
4. 2 соат – вакти рох;
5. 2 соат – вакти озод барои тамошои барномаҳои ҷолиб, сухбат бо рафикону дӯстон, корхои хона ва дигар машгулиятхо.
Баъзе донишҷуён метавонанд вакти ба корхои алохидаи берун аз тахсил ҷудошударо сарфа намоянд ва аз ин хисоб вакти донишандузии мустакилонаро то ба 6 соат ва вакти умумии мехнати фаъоли фикрии худро то ба 12 соат расонанд. Бе мехнати муайяни мустакилона дар ягон сохаи фаъолият ба муваффакият сохиб шудан имкон надорад ва хар донишҷуе, ки аз мехнати мустакилона метарсад, худро аз муваффак шудан ба дониши мукаммал махрум месозад.
Дар айни замон, барои машғул шудан ба мехнати фикрии пурмахсул риоя кардани панҷ шарти он зарур аст:
Шарти якум – ботадриҷ, яъне охиста – охиста ба кор шуруъ кардан аст. Аввал бо кори сабук ва осонтар машғул шуда, охиста ба кори мураккабу мушкил бояд гузашт. Дар тахсил, ин шарт дар натиҷаи аввал бодиккат гуш кардани дарсхои муаллимон, сипас мутолиаи китобхои дарси ва баъд омухтани асархо ва маколахои илмӣ доир ба мавзуи дарсхо риоя мешавад.
Шарти дуюм – бо андоза ва бо низом кор кардан. Ба кор шуруъ карда, онро набояд аз хад тезонид ё суст кард. Набояд ба «хасташави»-и пешазвакти рох дод
Дар раванди машғулият зуд – зуд ба танаффус баромадан дуруст нест, зеро пас аз ҳар танаффус аз нав ҷалб кардани диққат ва шуруъ кардани меҳнати фикри вакти иловаги талаб менамояд.
Шарти сеюм – паихам ва муттасил кор кардан. Пай дар пай ва мунтазам кор кардан хислати одами ба кори фикри одаткарда ва тайёр мебошад. Муттасил кор кардан маънои дуруст ба накша гирифта тавонистани кор мебошад, ки кисматхои он дар вакти ҷудокардашуда ба анҷом расонида шавад. Муттасил кор кардан маънои хар руз, ба ғайр аз рузхои истирохат, бо як суръат ва шиддатноки кор карданро дорад. Муттасил кор кардан баръакси кушиши якбора ба охир расонидани кор мебошад. Ин тарзи сабук ва пурмахсул мешавад.
Шарти чорум – дар рафти кор истирохат карда тавонистан ва иваз кардани шаклхои мухталифи мехнати фикри. Факат дар вакти дамгири, яъне истирохат аз узвхои бадан (организм) моддахои зиёновари вайронкунандаи бофтахо (гази карбонат, кислотаи оксипропионат, карбамид) дур мешаванд. Ин моддахои зиёновар дар организми инсон мавриди кор, алалхусус, мехнати фикри ҷамъ мешаванд. Аз ин лихоз, навбат ба навбат кор ва истирохат кардан зарур аст.
Ба донишҷуён тавсия карда мешавад, ки пас аз 1,5-2 соати мехнати пурмахсул 10-15 дакика дам гиранд ва баъд аз 4-5 соати мехнати фикри як соат истирохат намоянд.
Дам гирифтан бояд окилона бошад. Дам гирифтан маънои дар болои ҷои хоб дароз кашида хобидан ё дар кучахо сарсари гаштанро надорад, зеро хам ин ва хам он баъзе маврид назар ба мехнати пуршиддат зиёдтар хаста мекунад. Шакли бехтарини истирохат оромии мутлак набуда, балки истирохати ба ном «фаъол», яъне ба кори дигар машғул шудан мебошад. Хангоми танаффус аз ҷой хеста, хавои хонаро тоза карда, аз хона баромада ва якчанд машкхои ҷисмони кардан ба максад мувофик мебошад. Хангоми танаффус ба кори мураккабтар ва шиддатноктар машғул шудан ҷоиз нест.
Шарти панҷум – муносибати мусби ба кор мебошад. Пеш аз ба мехнати фикри машғул шудан, ба он рухан тайёр шудан зарур аст. Ба назар кор набояд гарони пуршиканҷа намояд. Муносибат ба машғулиятхо хамчун кори гарони пуршиканҷа ба хастаги ва хатто бемори меоварад.
Хоб рафта хондан на факат ба чашм зиёновар аст. Вазъи горизонталии бадан мушакхоро суст мекунад, гардиши хунро тағйир медихад ва дар натиҷа фаъолияти зехни суст мешавад.
Номуташаккилии худро бо хар гуна сабабхо, аз ҷумла набудани шароити мусоиди кори асоснок кардан дуруст нест. Дар хама гуна шароит бо мехнати фикри машғул шудан мумкин ва зарур мебошад.
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 115

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru