Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Қарз ҳайзи мард аст
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 33 >>

ТЕСТИ хариташиносӣ

Тэги:тестхо аз фанни хариташиноси | тест | тестхои точики | тестхо барои мактаб | тести точики | афкори сиеси | тестхои 2015 | тестхои нав | тест бари донишчуенхариташиноси | география | 2016 | точики
Добавил:Admin (15.02.2016 / 08:11)
Рейтинг:rating 223 article (0)
Прочтений:3150
Комментарии:0
ТЕСТИ ОДДӢ

1. Тести оддӣ
Харитакашӣ илм дар бораи чист?
Илмест дар бораи тасвири зуҳуроти қишри Замин ва чизҳои ҷамъият дар харитаҳои геоморфологӣ ва дигар асарҳои харитакашӣ, хусусиятҳои ҳамин тасвирҳо, усулҳои тартиб додан ва истифодаи онҳо.
Илмест дар бораи тасвири зуҳуроти табиат ва ҷамъиятдар харитаҳои географӣ ва дигар асарҳои харитакашӣ, хусусиятҳои ҳамин тасвирҳо, усулҳои тартиб додан ва истифодаи онҳо.

Илмест дар бораи тасвири зуҳуроти қаъри Замин ва ҷамъият дар харитаҳои табии ва атласҳо, хусусиятҳои ҳамин тасвирҳо, усулҳои тартиб додан ва истифодаи онҳо.

Илмест дар бораи тасвири зуҳуроти ландшафти сатҳи Замин ва иҷтимоӣ- иқтисодӣ дар харитаҳои умуигеографӣ ва дигар асарҳо, хусусиятҳои ҳамин тасвирҳо, усулҳои тартиб додан ва истифодаи онҳо.


2. Тести оддӣ
Муваффақиятҳои харитакашӣ дар чӣ таҷассум ёфтаанд?
Дар харитаҳои ҷисмҳои кайҳонӣ, иқтисодӣ, асарҳои харитакашӣ, атласҳо, глобусҳо таҷассум ёфтаанд, ки маҳсулҳои саноати харитакаширо ташкил мекунад.
Дар харитаҳои географӣ, атласҳо, харитаҳои релефӣ, глобусҳо ва дигар асарҳои харитакашӣ таҷассум ёфтаанд, ки маҳсулҳои саноати харитакаширо ташкил мекунад.

Дар харитаҳои табии, иқтисодӣ, матнӣ ва глобусҳо таҷассум ёфтаанд, ки маҳсулҳои саноати харитакаширо ташкил мекунад.
Дар харитаҳои геологӣ, геоморфологӣ, тектоникӣ ва дигар асарҳои харитакашӣ таҷассум ёфтаанд, ки маҳсулҳои саноати харитакаширо ташкил мекунад.


3. Тести оддӣ
Қисмҳои таркбии хартакаширо номбар кунед?

Харитакашӣ, хартакашии ҳандасӣ, ахбори харитакашӣ, лоиҳакашӣ ва тартиб додани харита, коркакрди аломатҳои шартӣ, харитаметрия, нашри харита.
Хариташиносӣ, хартакашии риёзӣ, харитаметрия, лоиҳакашӣ ва тартиб додани харита, ахбори харитакашӣ, ороиш(ҷиҳозонидан)и харитаҳо, нашри харита.
Хариташиносӣ, хартакашии риёзӣ, харитаметрия, харитакашии муҳандисӣ, харитакашии кайҳонӣ, тартиб додани харита, ороиш(ҷиҳозонидан)и харитаҳо.

Харитаграфия, хартакашии тригонометрӣ, омори харитакашӣ, барномасозӣ.


4. Тести оддӣ
Аз харитакашӣ кадом фанро ҷудо мекунанд?

Геодезияро (ё харитакашии геодезияро), харитакашӣ кайҳонӣ, мактабӣ,ҷангалӣ.
Топографияро (ё харитакашии топографияро), харитакашӣ баҳрӣ, мактабӣ, ҷангалӣ ва ғ.

Аэрофототопография (ё харитакашии аэрофотосуратгириро), харитакашӣ радифӣ, ҷангалӣ, баҳрӣ.

Аэрокайҳониро (суратгирии сатҳи Замин аз кайҳон), харитакашӣ муҳандисӣ, харитакашии геоморфологӣ ва ғ.


5. Тести оддӣ
Харитакашӣ бо кадом илмҳои ҷамъиятшиносӣ алоқа дорад?

Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сотсиология, фарҳанг ва диг.
Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, иқтисодиёт, таърих ва диг.

Иқтисодиёт, таърих, ҳуқуқшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва дигар.

Географияи иқтисодӣ, ҷавмъиятшиносӣ, демография, фалсафа ва диг.


6. Тести оддӣ
Харитакашӣ бо кадом илмҳои табиатшиносӣ алоқаманд аст?

Географияи табии, геотектоника, илмҳои соҳавӣ дар бораи табиат- геология, геоморфология, ландшафтшиносӣ, хокшиносӣ, геологияи таърихӣ.
Географияи табии, ландшафтшиносӣ, илмҳои соҳавӣ дар бораи табиат- геология, иқлимшиносӣ, обуҳавосанҷӣ, хокшиносӣ, ботаника, зоология.
Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, геоморфология, илмҳои соҳавӣ дар бораи табиат- геология, ландшафтшиносӣ, хокшиносӣ, иқлимшиносӣ.

Географияи уқёнусҳо, экология, биогеография, геотектоника, илм дар бораи канданиҳои фоиданок, фатсия ва форматсия.


7. Тести оддӣ
Харитакашӣ бо кадом илмҳои дақиқ иртибот дорад?

Риёзиёт, ҳандаса, кибернетика, омор, химия ва ғ.
Риёзиёт, геодезия, кибернетика, омор ва ғ.

Физика, химия, омор, геодезия ва ғ.

Минералогия, геотектоника, харитакашии геологӣ, тригонометрия ва ғ.

8. Тести оддӣ
Вазифаи харитакашӣ аз чӣ иборат аст?

Вазифаи таъмин кардани мактабҳои олӣ ва миёнаро бо харитаҳо, атласҳо, глобусҳо иборат аст.
Вазифаи таъмин кардани хоҷагии халқ ва талаботи мадании аҳолиро бо харитаҳои географии пурарзиш бо атласҳо, ва дигар асарҳои харитакашӣ иборат аст.
Вазифаи таъмин кардани соҳаҳои гуногуни илми табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносиро бо харитаҳо, атласҳо, ва дигар асарҳои харитакашӣ иборат аст.

Вазифаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, илму фан, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ тадқиқотиро бо атласҳо, ва дигар асарҳои харитакашӣ иборат аст.

9. Тести оддӣ
Харитакашӣ бо илми география чӣ хел алоқа дорад?
География барои топография ва харитакашӣ дар фаҳмиш ва тасвири дурусти релеф, обҳо, чизҳои иқтисодӣ, ки дар қисмҳои гуногуни курраи Замин ҷойгиранд ёрӣ медиҳад. Дар навбати худ топография ва харитакашӣ география ва дигар фанҳоро бо харита таъмин мекунад.
География барои топография ва харитакашӣ дар фаҳмиш ва тасвири дурусти зуҳуроти табии географӣ ва ашёи иҷтимоӣ- географӣ, ки дар қисмҳои гуногуни курраи Замин ҷойгиранд ёрӣ медиҳад. Дар навбати худ топография ва харитакашӣ география ва дигар фанҳоро бо харита таъмин мекунад.

География барои топография ва харитакашӣ дар фаҳмиш ва тасвири дуруст маводи зарурӣ медиҳад. Дар навбати худ топография ва харитакашӣ география ва дигар фанҳоро бо харита таъмин мекунад.

География барои топография ва харитакашӣ дар фаҳмиш ва тасвири дурусти сохти геологӣ, геоморфологӣ, тектоникӣ қишри Замин ҷойгиранд ёрӣ медиҳад. Дар навбати худ топография ва харитакашӣ, геоглогия ва дигар фанҳоро бо харита таъмин мекунад.


10. Тести оддӣ
Расмҳои харитакашӣ содда дар куҷо ёфт шудаанд?

Америкаи Ҷанубӣ(ҳиндуҳо), микронезиягиҳои Океания, Вавилония, Майкоп(Қафқози Шимолӣ) ёфт шудаанд.
Америкаи Шимолӣ(эскимосҳо), микронезиягиҳои Океания, Шимоли Итолиё, Майкоп(Қафқози Шимолӣ) ёфт шудаанд.

Аврупо(келтҳо), микронезиягиҳои Океания, Австралия(аборигенҳо), Майкоп(Қафқози Шимолӣ) ёфт шудаанд.

ИМА(ҳиндуҳо), полинезиягиҳои Океания, Миср, Ереван (Қафқози Ҷанубӣ) ёфт шудаанд.


11. Тести оддӣ
Қадимтарин харита дар куҷо ёфт шудааст?

Дар Византия(тахминан 2200с. то милод) ёфт шудааст.
Дар шимоли Вавилон(тахминан 2200с. то милод) ёфт шудааст.

Дар Миср(тахминан 2200с. то милод) ёфт шудааст.

Дар Чин (тахминан 2200с. то милод) ёфт шудааст.


12. Тести оддӣ
Дар асосноккунии илми харитакашӣ саҳми олимони Юнони қадим чӣ гуна аст?

Таълимот дар бораи куррашаклии Замин пайдо шуд(Арасту), ченкуниҳои дақиқи Замин ва тасвир дар харита (Эратосфен), сохтани харитаҳо аз рӯи шабакаи хатҳои тӯл ва арз ва истилоҳи «арзи географӣ» ва «тӯли географӣ» истифода шуд(Гиппарх).
Таълимот дар бораи эллипсшаклии Замин пайдо шуд(Арасту), ченкуниҳои дақиқи Замин ва тасвир дар харита (Эратосфен), сохтани харитаҳо аз рӯи шабакаи километрӣ ва истилоҳи «арзи географӣ» ва «тӯли географӣ» истифода шуд(Гиппарх).

Таълимот дар бораи доирашаклии Замин пайдо шуд(Арасту), ченкуниҳои дақиқи Замин ва тасвир дар харита (Эратосфен), сохтани харитаҳо аз рӯи шабакаи координатаи росткунҷа ва истилоҳи «арзи географӣ» ва «тӯли географӣ» истифода шуд(Гиппарх).

Таълимот дар бораи сферамонандии Замин пайдо шуд(Эвклид), ченкуниҳои дақиқи Замин ва тасвир дар харита (Пифагор), сохтани харитаҳо аз рӯи шабакаи хатҳои тӯл ва арз ва истилоҳи «арзи географӣ» ва «тӯли географӣ»
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 33 >>
На главную
0 / 35

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru