Привет, Гость!
На главную
Вход
Купить качественные товары с китая Таджикистан
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 9 >>

Тестхои Туризм Муқаддимаи ихтисос (иқтисод ва идораи туризм)-180 савол

Тэги:тестхо аз фаннитуризм | тест | тестхои точики | тестхо барои мактаб | тести точики | афкори сиеси | тестхои 2015 | тестхои нав | тест бари донишчуен | 2016 | точики
Добавил:Admin (15.02.2016 / 07:45)
Рейтинг:rating 221 article (0)
Прочтений:698
Комментарии:0
7. Муқаддимаи ихтисос (иқтисод ва идораи туризм)-180 савол


@1. Соҳаи туризмро дар шароити имрўза ба кадом намуди соҳаи иқтисоди миллӣ дохил менамоянд:
A) яке аз соҳаи истеҳсолӣ; B) яке аз соҳаи инфраструктура; C) яке аз соҳаи саноат; D) яке аз соҳаи хизматрасонии маишӣ; E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;
@2. Дар шароити имрўза инкишофи туризмро ба кадом намуди ин нишондиҳандаҳо муайян мекунанд:
A) байналмиллалӣ ва миллӣ; B) танҳо миллӣ; C) танҳо байналмиллалӣ; D) хориҷӣ ва байналмиллалӣ; E) ватанӣ ва минтақавӣ;
@3. Нақши туризм асосан дар кадом соҳа муайян мегардад: A) соҳаи иқтисодӣ; B) соҳаи иҷтимоӣ; C) соҳаи саноат; D) соҳаи фарҳанг; E) дар ягон соҳа дохил намешавад;
@4. ҳоло дар иқтисодиёти ҷаҳон соҳаи туризм аз рўи даромаднокӣ аз кадом соҳа пасттар меистад: A) соҳаи бонк ва хизматрасонии бонкӣ; B) соҳаи аграрӣ – саноатӣ; C) соҳаи мошинсозӣ ва технология; D) истихроҷва коркарди нафт; E) хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ;
@5. Айни ҳол туризм аз рўи нишондиҳандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии туризм (ТУТ) чанд фоизи гардиши истеҳсоли хизматрасонии ҷаҳонро таъмин менамояд:
A) 15 %; B) 8 %; C) 10 %; D) 8 %; E) ягон фоизро ташкил намедиҳад;
@6. Ба маънои имрўзааш туризм аз кадом солҳо оғоз ёфтааст:
A) аз соли 1841; B) аз соли 1900; C) аз соли 1850; D) аз соли 2000; E) ҳамаи ҷавобҳо нодуруст аст;
@7. Аввалин шахсе, ки як гурўҳи одамонро ҷамъ намуда ҳамчун туристон бо қатора сафар карданд, кӣ буд: A) Майкл Томас (амрикоӣ); B) Томас Кук (англис); C) Константин Николаев (рус); D) РаҷМадхурти (ҳинду); E) ҳамаи ҷавобҳо нодураст;
@8. Ташаккулёбии туризм дар Тоҷикистон аз кадом сол шурўъ шуд:
A) аз соли 1965; B) аз соли 1960; C) аз соли 1994; D) аз соли 2001; E) ҳамаи ҷавобҳо нодуруст;
@9. Аввалин ташкилоти туристие, ки дар Тоҷикистон ташкил шуд бо чунин тарз номгузорӣ шуда буд:
A) раёсати туризм ва хизматрасонии туристӣ; B) вазорати туризм дар Тоҷикистон; С) идораи хизматрасонии туристӣ; D) кумитаи туризм дар Тоҷикистон; E) раёсати ҷумҳуриявии сайру саёҳат;
@10. Аввалин шахсе, ки сарвари нахуст ташкилоти туристӣ дар Тоҷикистон таъин шудааст, ки буд:
A) Носир Азимов; B) Раҳим Қосимов; C) Обид Қаҳҳоров; D) Раҷаб Бобоев; E) дар вариантҳои пешниҳодшуда аввалин сарвари ташкилоти туристӣ пешниҳод нашудааст;
@11. Ба ақидаи Шумо кадоме аз таърифҳои додашудаи зерин оиди туризм дуруст мебошад? A) туризм–як намуди истироҳати фаъол шакли саёҳате мебошад, ки ба мақсади дарки ин ё он минтақа, кишварҳои нав амалӣ гардонида мешавад ва дар баъзе кишварҳо унсурҳои варзиширо дар бар мегирад; B) туризм – ин фаъолияти шахсоне мебошад, ки дар ҷойҳои берун аз ҳудуди одатии худ на зиёда аз 6-моҳ саёҳат ва ё истиқомат мекунанд; C) туризм–навъи махсуси фаъолияти байни шахсӣ мебошад, ки дар шароити интернатсионализатсияи (мутаҳидшавии миллат) ҳаёт ба шакли истифодабарии вақти холӣ, воситаи робитаҳои байни шахсӣ дар раванди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ гардидааст ва ба яке аз омилҳои муҳимтарини муайянкунандаи сатҳи зиндагӣ табдил ёфтааст; D) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; E) танҳо ҷавоби A) ва B) дуруст аст;
@12. Ба ақидаи Шумо ба соҳаи туризм чанд фоизи маҷмўи маҳсулоти миллии ҷаҳонӣ рост меояд. Ҷавоби дурурстро интихоб намоед: A) 5 %; B) 10 %; C) 12 %; D) 6 %; E) ягон фоиз ташкил намедиҳад;
@13. Декларатсия оиди инкишофи туризм, мустаҳкамсозии бехатарии сайёҳон, осонсозии ҳуҷҷатсупории туристӣ кадом сол ва дар куҷо қабул гардидааст: A) соли 1996 дар Париж; B) соли 1999 дар Дубай; C) соли 1980 дар Москва; D) соли 2007 дар Душанбе; E) соли 1994 дар Осака;
@14. Калимаи «туризм», ки имрўз мо истифода мебарем аз кадом забон пайдо шудааст: A) аз забони фаронсавӣ; B) аз забони арабӣ; C) аз забони юнонӣD) аз забони итолиёӣ; E) аз забони русӣ;
@15. Дар таърих намудҳои аввалини фаъолияти туристӣ пайдо шудааст: A) дар асри X; B) дар асри миёна; C) дар аҳди қадим; D) дар замони муосир; E) ҳамаи ҷавобҳо нодуруст;
@16. Аввалин ташкилоти калони туристии Русия бо номи «Муассиса барои сайёҳатҳои ҷамъиятӣ ба ҳамаи давлатҳоиҷаҳон» кадом сол ва дар куҷо ташкил шуда буд: A) 1920 – Москва; B) 1885 – Санкт–Петербург; C) 1935 – Воронеж; D) 1940 – Сочӣ ; E) ҳамаи ҷавобҳо нодуруст;
@17. Дар адабиётҳои иқтисодӣ намудҳои туризмро ҷудо менамоянд, ки туризми дохилиро бо чунин тарз фахмидан мумкин аст: A) ташкили туризм барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба дохили кишвар омадаанд; B) ташкили туризм барои ашхосе, ки манзараҳои дохили кишварро тамошо кардан мехоҳанд; C) ташкили саёҳат барои ҳам шаҳрвандони дохилӣ ва ҳам шаҳрвандони зориҷӣ; D) ташкили туризм дар дохили кишвар барои шаҳрвандоне, ки дар он кишвар истиқомати доими доранд; E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;
@18. Туризми ташрифиро чӣ гуна мефаҳмед: A) ташкили туризм барои шаҳрвандоне, ки истиқоматкунандаи доимии он кишвар мебошанд; B) ташкили сайёҳат дар дохили кишвар барои ашхосе, ки истиқоматкунандаи доимии он нестанд; C) ташкили туризм барои шаҳрвандони ватанӣ ва хориҷӣ; D) ташкили туризм барои ашхосе, ки бори аввал ба кишвари мо меоянд;
@19. Шахсоне, ки турист ҳисобида намешаванд киҳоанд ва ба ин гурўҳи шахсон киҳо дохил мешаванд:
A) шахсоне, ки ба ягон минтақа рафта ҷойи кор мекобанд; B) шахсоне, ки дар минтақаи дигар истиқомат мекунанд; C) шахсоне, ки дар дигар давлат таҳсил мекунанд; D) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; E) ҳамаи ҷавобҳо нодурустанд;
@20. Дар соҳаи туризм чандто истеъмолкунанда вуҷуд дошта метавонад: A) якто; B) дуто; C) сето; D) соҳаи туризм истеъмолкунанда надорад; E) истеъмолкунанда танҳо туристон мебошанд;
21. Вобаста ба талаботҳое, ки сабаби асосии саёҳати туристӣ гардидаанд кадом аз ин намудҳои туризмро дар бар мегирад: A) туризми табобатӣ ва истироҳатӣ; B) туризми варзиши ва даркнамоӣ; C) туризми тиҷоратӣ ва диннӣ; D) туризми конгрессӣ ва худфаъолиятӣ; E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;
22. ҳангоми сайёҳат бо истифодабарии нақлиёти шахсии худи турист кадоме аз ин нақлиётҳо дохил мешаванд:
A) автомобилӣ, роҳи оҳан; B) велосипедӣ, автобусӣ; C) обӣ, ҳавоӣ;
D) автомобилӣ, велосипедӣ ва обӣ; E) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;
23. Вобаста аз таркиби гурўҳ намудҳои туризмро интихоб намоед:
A) туризми оммавӣ, фардӣ; B) туризми оилавӣ, кўдакон; C) туризми ҷавонон ва калонсолон; D) ҳамаи вариантҳо дурустанд; E) ҳамаи вариантҳо нодурустанд;
24. Вобаста баҷойгиркунии туристҳо намудҳои туризм кадомҳоянд:
A) туризм дар отел; B) туризм дар мотел ва пансионат; C) туризм дар лагерҳо ва базаҳои туристӣ; D) ҳамаи вариантҳо нодуруст; E) ҳамаи вариантҳо дуруст;
25. Сотсиологе, ки 3 – гурўҳи омилҳоро ҷудо мекунад, ки ба истироҳати туристӣ таъсир мерасонанд кадомҳоянд:
A) технологӣ, институтсионалӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ; B) сиёсӣ, институтсионалӣ, технологӣ; C) иқлимӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ, демографӣ; D) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд; E) ҳамаи ҷавобҳо нодурастанд;
26. Омилҳое, ки ба тараққиёти соҳаи туризм таъсири манфӣ мерасонанд кадомҳоянд:
A) бўҳрон, рушди қарзӣ беруна, бекорӣ, сахтгирии расмиятҳои туристӣ; B) ноустувории сиёсӣ, корпартоӣ, вазъи ҷинояткорӣ; C) ҳолати бади экологӣ, ноустувории молиявӣ, муфлисшавии фирмаҳои туристӣ;
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 9 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 31

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©