Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Тараҳум бар паланги тездандон, ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 21 >>

Тестхои Фалсафа 2016

Тэги:саволхои оддй аз фанни фалсафа | тест | тестхои точики | тестхо барои мактаб | тести точики | афкори сиеси | тестхои 2015 | тестхои нав | тест бари донишчуен | 2016
Добавил:Admin (15.02.2016 / 07:36)
Рейтинг:rating 218 article (0)
Прочтений:2570
Комментарии:4
МАВЗЎИ 1. Фалсафа, доираи масъалаҳо ва мақоми он
дар низоми маърифати илмӣ
I. Тестҳои оддӣ
1. Фалсафа чист?
А) Илми табиатшиносӣ. Б) Илми сиёсатшиносӣ. В) Таълимот дар бораи ҷамъият ва тафаккури инсон. Г) Илм дар бораи қонунҳои куллии ҳаракату инкишофи ҳастӣ, яке аз типҳои асосии ҷаҳонбинӣ, яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, назарияи маърифат , методи дарккунӣ ва дигаргунсозии воқеият (+)
2. Ҷаҳонбинӣ чист?
А) Барномаи рафтору фаъолияти инсон. Б) Системаи тасаввурот дар бораи олам ва мавқеи инсон дар он, дар бораи муносибати инсон ба воқеияти гирду атроф ва нисбат ба худаш (+).
В) Системаи ақидаҳо дар бораи кайҳон. Г) Диди инсон нисбат ба табиат.
3. Шаклҳои таърихии ҷаҳонбинӣ кадомҳоянд?
А) Асотирӣ, динӣ, фалсафӣ (+) Б) Динӣ, илмӣ. В) Метафизикӣ, диалектикӣ. Г) Динӣ, фалсафӣ.
4. Масъалаи асосии фалсафа кадом аст?
А) Масъалаи таносуби табиат ва коинот. Б) Масъалаи таносуби шуур, тафаккур ва материя (+) В) Масъалаи таносуби инсон ва ҷамъият. Г) Масъалаи таносуби табиат ва ҷамъият.
5. Шохаҳои фалсафа кадомҳоянд?
А) Антропология. Б) Онтология. В) Фалсафаи: таърих, иҷтимоӣ, сиёсӣ, табиат, техника, илм, ҳуқуқ, фарҳанг, дин. (+) Г) Гносеология
6. Дар таърихи фалсафа кадом методҳои маърифат ташаккул ёфтаанд?
А) Эксперимент. Б) Мушоҳида. В) Муқоиса. Г) Метафизика ва диалектика (+).

II. Тестҳои мувофиқоварӣ

1. Фалсафа чун илм ва ҷаҳонбинӣ

1 Философия ҳамчун илм дар бораи чӣ баҳс мекунад? А Дар бораи қонунҳои муҳимтарини ҳаракату инкишофи ҳастӣ
2 Муродифи истилоҳи «Фалсафа» дар забони тоҷикӣ кадом аст? Б Ҳикмат
3 Ҷаҳонбинии фалсафӣ чӣ хусусият дорад? В Донишҳо ва арзишҳоеро дар бар мегирад, ки ба онҳо далелнокию асоснокии мантиқӣ хос мебошанд.
4 Ин фан дар заминаи кадом фаҳмишҳо ташаккул ёфтааст? Г Дар заминаи фаҳмиши мифологӣ (асотирӣ) ва динии олам
Д Дар бораи табиат
Е Дар заминаи фаҳмиши атеистӣ

2. Мавзўъҳои асосии баҳси фалсафӣ

1. Баҳси ин илм кадом масъалаҳоро дарбар мегирад? А Оламу инсон, моддиёту маънавиёт
2. Ҳадафи муҳимтарини фалсафа кадом аст? Б Дарёфти роҳи дигаргунсозии олам, тариқи ба камоли матлуб расонидани ҷомеа.
3. Оптимистон оид ба маърифати олам чӣ андеша доранд? В. Оламро донисташаванда меҳисобанд.
4 Кадом равияҳои фалсафӣ монистианд? Г Идеализм ва материализм
Д Офариниши оламу инсон
Е Оламро донистанашаванда меҳисобанд.


3. Масъалаи метод/усул дар фалсафа

1. Метод чист? А. Маҷмўи принсипҳо, тарзу услуби хосаи дарккунии олам
2. Хусусияти усули метафизикӣ дар чӣ ифода меёбад? Б. Чизҳо ва предметҳои оламро чун ҳодисоти тағйирнопазир пиндоштан, онҳоро бидуни робитаҳо ва инкишофашон дида баромадан
3. Аломатҳои методи диалектикӣ дар чӣ ифода меёбад? В Тамоми ҳодисоти олам, хосиятҳо ва муносибатҳои онҳоро дар алоқамандӣ ва инкишоф дида баромадан
4. Усулҳои тадқиқоти фалсафӣ чӣ ном доранд? Г Диалектикӣ ва метафизикӣ
Д Инкори худо, ҳаёти охират, вуҷуди рўҳонӣ ва эътирофи абадияти олами моддӣ
Е Таълимот дар бобати усулҳои тадқиқи эмпирикӣ

4. Вазифаҳои фалсафа

1. Вазифаҳои ин илм кадом-ҳоянд? А Экспликатсия, ратсионализатсия, систематизатсия, интиқодӣ, ҷаҳонбинӣ, пешгўӣ, аксиологӣ, интегратсия кардан, методологӣ
2. Вазифаи тавҳидии фалсафа аз чӣ иборат аст? Б Донишҳои хеле гуногунеро, ки илмҳои алоҳида пешкаш менамоянд, ба як тартиб даровардан
3. Вазифаи интиқодӣ (танқидӣ) – и илми мазкур чӣ гуна аст? В На танҳо донишҳои ба даст овардаи дигар илмҳо, балки донишҳои фалсафиро низ мавриди танқид ва шакку шубҳа қарор додан
4. Вазифаи пешгўӣ чӣ хусусият дорад? Г Дар шакли назарияҳои эҳтимолӣ тамоилҳои умумии тараққиёти ҷамъият ва инсонро пешниҳод намудан
Д Ақидаҳои диниро танқид ва рад кардан
Е Материализм ва идеализмро бо ҳам оштӣ додан

III. Тестҳои якчанд ҷавобдошта
1. Қисматҳои асосии илми фалсафа кадомҳоянд?
1. Онтология (+)
2. Гносеология (+)
3. Диалектика (+)
4. Геология
2. Равияҳои моддагароёна дар фалсафаи бостонии тоҷик кадомҳоянд?
1. Зурвония (+)
2. Даҳрия (+)
3. Табоия (+)
4. Монавия
3. Шаклҳои таърихии материализм кадомҳоянд?
1. Материализми соддалавҳ (+)
2. Материализми вулгарӣ (+)
3. Материализми диалектикӣ (+)
4. Материализми субъективӣ
IV. Тестҳои «ҳа» ё «не»
1. Оё калимаи «Философ» - ро аввалин маротиба Пифагор истифода бурдааст? «Ҳа»
2. Илмро навъи аввалини таърихии ҷаҳонбинӣ ҳисобидан мумкин аст? «Не»
3. Оё истилоҳи «Диалектика» - ро аввалин бор Суқрот ва Афлотун истифода бурдаанд? «Ҳа»
4. Таълимоти фалсафие, ки имконпазирии дарки моҳияти тамоми ҳодисоту равандҳои оламро пурра эътироф мекунад, агностисизм ном дорад? «Не»

V. Саволҳои хаттӣ
1. Равияи фалсафие, ки мавҷудияти ду мабдаъ ё асосҳои аз ҳам новобаста, ба ҳам баробару якхела: мабдаи моддӣ ва мабдаи рўҳӣ – шуурро эътироф менамояд, чӣ ном дорад? Дуализм
2. Равияи фалсафие, ки донисташаванда будани оламро рўйрост инкор намекунад, вале зери шубҳа мегузорад, чӣ ном дорад? Скептисизм
3. Асосгузори хатти идеалистӣ дар фалсафа кист? Афлотун


МАВЗЎИ 2. Фалсафаи Ҳинд ва Чини қадим
(асрҳои VI-V пеш аз милод)
I. Тестҳои оддӣ
1. Таълимоти чарвакҳо чӣ гуна хусусият дорад?
А) Моддагароёна (+). Б) Дуалистона В) Рўҳгароёна. Г) Агностикӣ.
2. Муносибати файласуф ва мутафаккири бузурги Чини бостон Мотсӣ нисбати сарнавишт чӣ гуна буд?
А) Пурра эътироф мекард. Б) Қисман эътироф мекард. В) Мекўшид, ки ақида дар мавриди сарнавиштро бо таълимот оид ба озодии иродаи башар оштӣ диҳад. Г) Рад мекард (+)
3. Кадоме аз ин равияҳои фалсафии Ҳинди қадим нуфузи Ведҳоро эътироф мекарданд?
А) Чарвака ё локаята Б) Ҷайния ва буддоия. В) Веданта, санкхя, йога, няя, миманса, вайшешика (+). Г) Чарвака, ҷайния, буддоия.
4. Кадоме аз ин равияҳои фалсафии Ҳинди қадим ба нуфузи Ведҳо қоил набудаанд?
А) Буддоия, ҷайния, чарвака (+). Б) Веданта, санкхя. В) Йога, няя, санкхя. Г) Миманса, вайшешика, веданта
5. Мо - Тсзи файласуфи кадом мамлакат буд?
А) Файласуфи Юнони Қадим. Б) Файласуфи Чини Қадим (+) В) Файласуфи Ҳинди Қадим. Г) Файласуфи Мисри Қадим.
6. Мувофиқи таълимоти мактаби фалсафии локаята ё чарвака тамоми мавҷудоти олам, аз он ҷумла инсон аз омезиши зарраҳои кадом аз ин моддаҳо пайдо шудаанд?
А) Оташ Б) Оташ, Ҳаво, об ва хок (+) В) Ҳаво, оташ Г) Хок ва об

II. Тестҳои мувофиқоварӣ
1. Пайдоиши фалсафа

1. Ин шакли ҷаҳонбинӣ кай пайдо шудааст? А Дар замоне, ки шуури фалсафӣ инъикоси худинкишофёбию худшиносии шахс ва гузариш ба ҷомеаи мутамаддин мегардад
2. Фалсафа ҳамчун шакли махсуси фаъолияти маънавии инсон натиҷаи кадом табаддулот маҳсуб меёбад? Б Натиҷаи табаддулоти бузурги фарҳангӣ дар Чин, Ҳинд, Юнони Қадим
3. Ақидаҳои фалсафӣ пеш аз ҳама дар куҷо пайдо гаштаанд? В Дар Ҳиндустон пайдо гаштаанд
4. Ҷаҳонбинии мазкур аввал ба кадом сифат сурат гирифтааст? Г Ба сифати натурфалсафа (фалсафаи табиат)
Д Дар давраи феодализм
Е Дар давраи капитализм

2. Пайдоиши фалсафа дар Ҳинду Чини қадим

1 Омилҳое, ки боиси пайдоиши афкори фалсафӣ дар Ҳиндустон гардидаанд, кадомҳоанд? А Пайдоиши моликияти хусусӣ, пул, костаю харобшавии муносибатҳои общинагӣ,
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 21 >>
На главную
0 / 60

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru