Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 4 >>

Тестҳо аз фанни «Менеҷмент»

Тэги:саволхои оддй аз фанни менечмент | тест | тестхои точики | тестхо барои мактаб | тести точики | афкори сиеси | тестхои 2015 | тестхои нав | тест бари донишчуен
Добавил:Admin (24.11.2015 / 08:56)
Рейтинг:rating 198 article (0)
Прочтений:769
Комментарии:1
Тестҳо аз фанни «Менеҷмент» барои донишҷӯёни бахши 2
1. Менеҷмент ҳамҷун фаъолият ин:
а) Раванд, амалиёти идоракунӣ, гурӯҳи муттахассисон, сохтори идоракунии камхарҷ, соҳаи дониши идоракунӣ
б) Нақшагирӣ, ташкил ва танзими муносибатҳо
в) Ташкил намудани сохтори ғайримукаммал
г) Назорат бурдани фаъолияти гурӯҳҳои хурди корӣ

2. Кадоме аз ин шахсон намояндаи мактаби илмии идоракунии классикӣ мебошанд?
а) Кооул Ҷорҷ
б) Анри Файол
в) Тейлор Фредерик Уинслоу
г) Фоллет Мэри Паркер

3. Назарияи «7-С»-ро кадоме аз олимони зерин эҷод намудаанд?
а) Риҷард Паскал ва Энтони Атос
б) Анри Файол ва А. Маслоу
в) Генри Форд ва Макс Вебер
г) Ҷавоби дуруст вуҷуд надорад

4. Мэри Паркер, Фоллет намояндаи кадом мактаб буд?
а) Илми идоракунӣ
б) Муносибатҳои инсонӣ
в) Идоракунӣ ба воситаи илм
г) Мактаби маъмурии идоракунӣ

5. Назарияи «Х» ва «У» эҷодиёти кадоме аз ин олимон мебошад:
а) Абрам Маслоу
б) Анри Файол
в) Риҷард Аркрайд
г) Дуглас Мак-Грегор

6. Инкишофи назария ва амалияи идоракунӣ ҷанд давраро дарбар мегирад?
а) Ду-алифбо, асосҳои ҳуқуқ
б) Се-капитализм, саноатикунонии тамаддун, зинаҳои пеҷдарпеҷи идоракунӣ
в) Ҷаҳор-менеҷменти бюрократии табақаи тоҷирон, капитализм, сотсиализм
г) Пайдоиши алифбо ва табақаи тоҷирон, асосҳои ҳуқуқии идоракунӣ, капитализм, мнеҷменти бюрократӣ

7. Намуди усулҳои иқтисод кадомҳоянд?
а) Нақшагирӣ, ҳавасмандгардонӣ, нархгузорӣ, молия ва қарз
б) Ҷавобгарӣ, аз кор сабукдӯш намудан
в) Баланд бардоштани музди меҳнат
г) Санъати нақшагирии фаъолияти молиявии корхона

8. Усулҳо аз рӯи самтнокии идоракунӣ ҷунин тасниф мешаванд:
а) Ҳавасмандгардонии моддӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ
б) Идоракунии марказонидашуда
в) Худидоракунӣ
г) Сиёсати ягонаи иқтисоди давлат

9. Усулҳо аз рӯи таъсиррасонӣ ба объекти идорашаванда ҷунин тасниф мешаванд:
а) Мустақим (бевосита), ғайримустақим (бавосита), бо роҳи ҳавасмандгардонӣ
б) Бо роҳи бунёди шароит барои худидоракунӣ
в) Муайян намудани нишондиҳандахои нақшагирӣ
г) Муайян намудани меъёрҳои иқтисод оид ба нақшагирӣ

10. Усулҳои иҷтимоии идоракунӣ ҷунин мебошанд:
а) Таъсиррасонӣ ба муносибат ва раванди байнишахсии кормандон
б) Ташаккул додани иқлими мӯътадили мусбати иҷтимоӣ дар ҷомеаи меҳнат
в) Тарбия намудани эътиқоднокӣ
г) Муайян намудани меъёрҳои иқтисод оид ба нақшагирӣ

11. Усулҳои маъмурии идоракунӣ:
а) Таъсиррасонии ташкилии роҳбарон ба тобеон бо роҳи танзими муносибат ва ҳаракати онҳо дар ҷараёни идоракунии ташкилот
б) Таъсиррасонии ташкили роҳбарон бо тобеон ба воситаи фармон
в) Таъсиррасонии ташкилии роҳбарон бо тобеон ба воситаи фармон
г) Таъсиррасонии ташкилии роҳбарон ба тобеон ба воситаи қабули қарор

12. Намудҳои усулҳои маъмурии идоракунӣ:
а) Таъсиррасонии ташкилӣ, маъмурӣ, интизомӣ
б) Таъсиррасонӣ ба воситаи фармон
в) Таъсиррасонӣ ба воситаи машварат
г) Таъсиррасонӣ ба воситаи ҷазодиҳӣ

13. Усулҳои ташкили идоракунӣ:
а) Таъсиррасонӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ бо мақсади гузаштани таносуби оқилона байни субъект ва объекти идоракунӣ
б) Таъсиррасонӣ ба кормандон барои расидан ба мақсад
в) Таъсиррасонӣ ба фаъолияти корхона барои баланд бардоштани дараҷаи самаранокӣ
г) Таъсиррасонӣ ба ҷомеаи меҳнат барои гирифтани фоидаи калон

14. Намуди меъёрҳо:
а) Ташкилӣ, техникӣ, оинномавӣ ва санад хои маъмурӣ
б) Иқтисодӣ
в) Иҷтимоӣ
г) Маънавӣ

15. Мафҳуми ташкилотро аз рӯи ҷунин муносибатҳои сохторӣ шарҳ медиҳанд:
а) Сохтори бутун аз қисмҳои алоҳида иборат буда, барои ҳалли як мақсад ё ин ки якҷанд мақсадҳо таъсис дода мешаванд
б) Гурӯҳи одамоне, ки барои иҷрои мақсад ва вазифаҳо якҷоя кор мекунанд
в) Гурӯҳи меҳнатии аз рӯи нақша фаъолият баранда
г) Якҷояшавии одамон барои иҷрои вазифа

16. Мафҳуми ташкилот аз рӯи муносибатҳои байнишахсӣ:
а) Ҷараёни идоракунии сохтори ташкилот, ки унсури марказии онро омилҳои инсонӣ ташкил медиҳанд
б) Мавҷуд будани алоқаҳо дар байни кормандон
в) Мавҷуд будани қобилияти худтанзимкунии мутахассисон
г) Мавҷуд будани маданияти касбӣ дар ҳайати кормандон

17. Ташкилотҳои шаклҳои кушода ҷунин тарҳрезӣ карда мешаванд:
а) Воридшавӣ ва дигаргуншавии захираҳо, истифодаи технология, баровардани маҳсулот бо назардошти ҷавобгарии иҷтимоӣ
б) Истифодаи технологияи муосир
в) Дигаргуншавии ащёи хом
г) Воридшавии захираҳо

18. Ба фаъолияти идоракунии ташкилоти тиҷорат ҷӣ гунна хусусиятҳо хосанд?
а) Меҳнати ғайриистеҳсолӣ ва роҳбарӣ
б) Идоракунии хариду фурӯши молҳо
в) Мушоҳидаи ҷараёни савдо
г) Муайян намудани самтнокии тащкилот

19. Роҳбарӣ намудани ташкилот ин:
а) Раванди дараҷаи баланди идоракунӣ, ки маром, мақсад, самтнокии амалиёти корхонаи савдоро муайян менамояд
б) Муайян намудани мақсади ташкилот
в) Муайян намудани вазифаҳои ташкилот
г) Муайян намудани самтнокии ташкилот

20. Сохтори ташкилот:
а) Унсурҳои ба ҳам мантиқан пайванди дараҷаҳои олӣ, миёна ва поёнии ташкилот
б) Унсурҳои барои иҷрои амалиёти соҳа ташаккул дода
в) Унсурҳои бо мақсади ташкилот мувофиқ
г) Унсурҳои бо ҳаҷми идоракунӣ мувофиқ

21. Ақидаи асосии ташаккули сохтори ташкилот:
а) Тақсимоти меҳнат
б) Тақсимоти захираҳо
в) Тақсимоти вазифаҳо
г) Ҷавобгузории ходимони ташкилот

22. Сохтори идоракунии ӯҳдадориҳо барои ҷӣ лозим аст?
а) Ташкил ва идоракунии фаъолияти корхонаи нисбатан калон
б) Роҳбарони бевосита ба тобеон
в) Идоракунии зерсохторҳо
г) Роҳбарии корхона

23. Нақшагирӣ ин:
а) Вазифаи асосии зерсохтори менеҷменти ташкилот оид ба муайян намудани мақсад ва усулҳои ба он расидан
б) Барномаи фаъолияти ташкилот
в) Мувофиқати фаъолият ба низоми идоракунӣ
г) Фаъолият аз рӯи риояи шартҳои идоракунӣ


24. Барои баланд бардоштани самаранокии раванди идоракунӣ кадоме аз шартҳои зерин хос мебошанд?
а) Амалӣ гардонидани намудҳои кор аз нигоҳи харидорони молу хадамот
б) Иҷрои кор мувофиқи талаботи вазифанома
в) Гузаронидани фаъолият аз рӯи мақсад
г) Хизматрасонӣ ба харидорон

25. Усулҳои асосии нақшаи солонаи рушди ташкилот кадомҳоянд?
а) Маркетинг, молия, истеҳсолот, хариду фурӯши мол
б) Менеҷмент
в) Идоракунии ходимон
г) Техника ва технология

26. Мафҳуми созмондиҳиро ҷӣ тавр маънидод менамоянд?
а) Таъмини тартибот ва фароҳам сохтани мусоидат ба кор барои гузаронидани фаъолияти якҷояи одамон
б) Таъмин намудани тартибот дар роҳи расидан ба мақсад
в) Фароҳам овардани шароити кор барои менеҷерон
г) бунёд намудани зерсохторҳои илму техника ва иҷтимоиёту иқтисодиёт

27. Асосгузорони назарияи ҳавасмандкунии ҷараёнӣ:
а) Врум, Портер Лоулер, С. Адамс
б) Мак Клелланд, Мак-Грегор, В. Леонтев
в) Портер Лоулер, А. Маслоу, Ҷ. Бернард
г) Херсберг, О. Шелдон, Ҷеймс, Э. Мейо

28. Назарияи ҳавасмандкунии Хорсберг ба кадом омилҳо такя мекунад?
а) Моддӣ, маънавӣ, гигиенӣ, ангезишӣ
б) Иқтисодӣ ва маъмурӣ
в) Иҷтимоӣ ва ҷуғрофӣ
г) Сиёсӣ, мухторӣ, гумманистӣ

29. Мақсади назорат ин:
а) Таъмини фаъолияти бомуваффақияти самараноки ташкилот
б) Таъмини фаъолияти судманди ташкилот
в) Гузаронидани амалиёти пурсамари ташкилот
г) Анҷоми натиҷаноки фаъолияти ташкилот


30. Баҳодиҳӣ ба натиҷаи назорат
Скачать txt | fb2
1 2 3 4 >>
На главную
0 / 78

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©