Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ҷомаро наваш хубу, дӯстро кӯҳнааш.
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 >>

Хоруг

Тэги:хоруг | шахри хоруг | город хорог | таърихи хоруғ | хабархои хоруг | точикистон | тоҷикистон | чумхурии точикистон | републикаи точикистон | реферат | кори курси | иншо | точики | точикхо | сайти точики | маълумот дар бораи точикистон | таърихи точиткистон | война в таджикистане | хабархои точикистон | навигарихо
Добавил:Admin (28.09.2015 / 08:03)
Рейтинг:rating 184 article (0)
Прочтений:750
Комментарии:0
screenХоруғ - шаҳрест дар ҷанубу ғарбии Помир, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ду соҳили рӯди Ғунд ва резишгоҳи он дар рӯди Панҷ дар баландии 2200 метр аз сатҳи дарё воқеъ гаштааст. Аҳолии шаҳр бино бар саршумори соли 2003 30 ҳазор нафар аст.

Тобистонаш гарм, зимистонаш хунуки мӯътадил, ҳарорати миёнаи июл 22,2 C, янв.- 7,8 С (2006), боришоти солона 263 мм.

Хоруғ 5 маҳалла дорад: Bulleted list item

маҳаллаи Моёншо Назаршоев,
маҳаллаи С. Абдуллоев,
Шош-Хоруғ, Бархоруғ,
75-солагии ВМКБ.
Хоруғ ба воситаи роҳи калони автомобилгард бо ш. Душанбе ба воситаи ағбаи Сағирдашт, (527 км), ба воситаи шоҳроҳи Кулоб 417 км ва Уш (740 км) бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо роҳи ш. Хоруғ - Мурғоб- Кулма бо Ҷумҳурии халқии Хитой алоқаманд аст.

Мундариҷа [Пинҳон кардани]
1 Таърих
1.1 Нахустин роҳбарони шаҳр
2 Тарақиёти соҳаи алоқа
3 Корхонахои калони истехсолӣ
4 Фарҳанг
5 Нигаред
6 Боз нигаред
Таърих[вироиш]
Хоруғ то пирӯзи инқилоби Октябр (1917) деҳае буд, ки дар он 10-12 хонавода зиндагонӣ доштанд ва шуғли асосии онҳо кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ буд. Соли 1897 қароргоҳи посгоҳи марзбонии Русия Помир аз Шоҷон (Мурғоб) ба Помири Ғарбӣ (Хоруғ) кӯчонида мешавад ва аз ҳамин замон ин деҳа маркази маъмурӣ мегардад. Бо таъсис додани гурӯҳи марзбонони Помир дар Хоруғ, симои он низ оҳиста – оҳиста ободу зебо мегардад. Cохтмони биноҳои аврупоӣ, ошхона, ҳаммом, хонаҳои маскунӣ барои афсарон ва ғайра симои деҳаро дигаргун карданд. Бо дастгирӣ ва ёрии сардорони гурӯҳи марзбонон дар оғози асри ХХ дар деҳаи Хоруғ, ҷӯи обёрӣ (1905) сохта шуд ва заминҳои нав барои кишти зироатҳои ғалладона ва полезӣ ва ниҳолшинонӣ кошта шуданд. Талаботи ҳарбӣ ва иқтисодӣ ҳукумати подшоҳиро маҷбур сохт, ки ба сохтмони роҳҳо ба ин кишвар аҳамият диҳанд. Солҳои 1910-1911 сохтмони роҳи аробагард то Хоруғ анҷом дода шуд.

Khorog 1913.jpg
Соли 1909 аввалин пул аз болои рӯди Ғунд сохта шуд, ки ду тарафи Хоруғро бо ҳамдигар пайваст намуд. Бо сарварии сардори отряди Помир Г. А. Шпилко соли 1914 неругоҳи хурди барқӣ ва осиёб сохта шудаанд, ки аҳолии маҳаллӣ низ аз онҳо истифода мебурданд. Бо супориши марзбонон соли 1916 дар Хоруғ корхонаи хурди ҳунармандӣ ба монанди коркарди пӯст, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва пойафзолдӯзӣ ба истифода дода шуданд, ки дар он коргарони бумӣ кор мекарданд. То ибтидои асри ХХ дар Помир мактаб ва бемористон набуд. Танҳо соли 1909 дар назди посгоҳи Хоруғ нахустин мактаби русӣ-маҳаллӣ барои фарзандони мардуми бумӣ сохта шуд, ки он то соли 1917 фаъолият дошт. Танҳо дар соли таҳсилии 1916-1917 шумораи хонандагони он ба 40 нафар расид. Соли 1900 дар назди посгоҳҳои марзбонии Ишкошим, Мурғоб ва Хоруғ аввалин бунгоҳи тиббӣ таъсис дода шуданд.

Густаришу ободонии ҳамаҷонибаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят аз охири солҳои сиюми асри ХХ сар шуд. Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Шӯравӣ (ВСИК) аз 2-уми январи соли 1925 вилояти маъмурии Помир ҳамчун вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ дар таркиби Тоҷикистон таъсис ёфт ва маркази онро ш. Хоруғ эълон намуданд. Аз ҳамин сол тараққиёти маъмурӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Хоруғ ҳамчун маркази ВАБК сар мешавад. Хоруғ ҳамчун шаҳр аз 27 окт. с.1932 ба ҳукми қонун даромадааст. Аз с.1922 то ҳоло ба ҳайси раиси ҷомеа ва ш. Хоруғ 26 нафар фаъолият доштанд.

Нахустин роҳбарони шаҳр[вироиш]
Нахустин раиси он (ҷамоа) Бодӣ Абдулхайров (1922-1925) зодаи деҳаи Ғорҷвини н. Шуғнон буд. Моҳи янв. с. 1940 Иҷлосияи якуми Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳр баргузор гардид ва раиси Комиҷроияи шаҳр Умнов Николай Никалоевич интихоб шуд. Сарварии ш. Хоруғро дар солҳои гуногун шахсони зерин ба ӯҳда доштанд: Боди Абдулхайров (1922-1925), Имомназар Мирзоҳаётов (1925-1926), Ҳоҷатбегим Саъдуллобекова (1927-1930), Мулкамон Назармамадов (1931-1932), Лутфали Шукуруллобеков (1932-1933), Зайдулло Абдуллоев (1933-1936), Ниёз Мародов (1936-1938), Шариф Раҳматов (1938-1940), Николай Умнов (1940-1941), Ҷумъа Алифбеков (1941-1946), Ҳайдарбек Қишқоров (1946-1950), Пайшанбе Писареҷов (1953-1955), Ҷифон Мулкамонов (1955-1957), Симик Абдулкаримов (1957-1959), Қурбоншо Гадоалиев (1959-1961), Шодихон Ёрмаҳмадов (1959-1961), Гулғунча Қадамшоева (1961-1969), Ойбегим Алидустова (1969-1975), Гулбибӣ Мулкамонова (1975-1984), Анҷирбегим Мақбулшоева (1985-1989), Ҷавҳари Нуралиев (1990-1992), Иброҳимбек Ғозибеков (1992-1994), Сотволҷон Имомназаров (1995-2000), Давлатёр Бекназарович (2001-2003), Улфатшо Абдолбеков (2003-2006), Н. Муборакшоева (2006). Барқарор шудани Ҳокимияти Советӣ дар Помир ба пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ш. Хоруғ такони пурзӯр дод. Сохтмони роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои бисёрошёна, инкишофи тиб, маорифу фарҳанг маҳсули даврони советӣ мебошад. Хоруғ чун дигар манотиқи Бадахшони Кӯҳӣ аз сабаби надоштани роҳҳои автомобилгард аз олами тамаддун ҷудо буд. Ин вазъ боиси халалдори рушду нумӯъи илму фарҳангу иқтисод мегардид. Аз ин лиҳоз, бунёди роҳҳои автомобилгарди Ош-Хоруғ (1934) 732 км, Хоруғ – Роштқалъа (1937-1938), Хоруғ – Рушон (1938-1939), Хоруғ- Тузкӯл, Вахон- Ишкошим (1940-1942), Хоруғ- Душанбе (1940) 528 км, дар мадҳи аввал гузошта шуданд. Х. бо марказ ва ноҳияҳои дигари вилоят алоқаи автомобилиро барқарор намуд. Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони Хоруғ тавассути роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Нулванд- Қалаи - Хумб бо маркази ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои дуру наздик дар тамоми фасли сол алоқаи доимии автомобилиро таъмин менамояд. Бо истифода дода шудани роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма (25 май 2004) ва сохта шудани купруки нави ҳозиразамони мошингард байни Хоруғ ва Афғонистон (3 ноябр 2002) имконият медиҳад, ки Хоруғ ба маркази тиҷоратии давлатҳои Хитой ва Афғонистон табдил ёбад. Кушода шудани роҳи ҳавоии Душанбе - Хоруғ (1929) ва парвози тайёра августи с.1932 саҳифаи нави таърихие барои шаҳрвандон ва тамоми қаламрави сокинони вилоят рух дод. Ҳоло ин масофаро тайёраи мусофиркаши ЯК-40 дар 40-45 дақиқа тай мекунад. Аҳамияти махсусро дар инкишофи саноати маҳаллӣ сохтмони ГЭС - и Хоруғ (январи 1941) иқтидори он 100 квт/соат бозид. Аввали соли 70-ум бунёди неругоҳи барқии 2-юм оғоз ёфт ва 22 декабри с.1970 кор сомон ёфт, ки иқтидори он 10000 квт/соатро ташкил дод. Охири с.-ҳои 60-ум ва ибтидои с.-ҳои 70-ум дар ҳудуди ш.Хоруғ ва фабрикаи дӯзандагии заводҳои нону оҳану бетон, комбинатҳои гӯшт, хизмати маишӣ, матбаа ва дигар корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дод шуданд, ки дар онҳо мутахассисони маҳаллӣ кор ва фаъолият намуданд. Аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ сар задани ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон (1992), касодии иқтисодӣ ба фаъолияти ин корхонаҳо таъсири манфӣ расонид ва ҳоло қисме аз онҳо аз фаъолият боз монданд ё бо иқтидори нопурра кор мекунанд. С.1934 алоқачиён хатти телеграфаи Душанбе -Хоруғро пурра ба истифода дода, бо ҳамин Бадахшонро аз тариқи хатти телеграфӣ бо маркази Тоҷикистон пайваст намуданд. Нахустин хатти телефон-телеграфаи дохили вилоятӣ байни Хоруғ- Рӯшон (1940) сохта шуд. С. 1983 алоқа байни ш. Хоруғ ва ҷумҳуриҳои собиқ СССР аз тариқи кайҳон сурат гирифт.

Тарақиёти соҳаи алоқа[вироиш]
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 45

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru