Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Касе, ки бисёр дидааст, бисёр медонад, касе, ки бисёр гап мезанад, чизе намедонад.
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 >>

Хучанд

Тэги:хучанд | шахри хучанд | город худжанд | таърихи хучанд | хабархои хучанд | точикистон | тоҷикистон | чумхурии точикистон | републикаи точикистон | реферат | кори курси | иншо | точики | точикхо | сайти точики | маълумот дар бораи точикистон | таърихи точиткистон | война в таджикистане | хабархои точикистон | навигарихо
Добавил:Admin (28.09.2015 / 07:14)
Рейтинг:rating 183 article (0)
Прочтений:1257
Комментарии:0
screenХуҷанд - русӣ: Худжанд, порсӣ: خجند, собиқ Ленинобод) маркази сиёсӣ - маъмурии вилояти Суғд аст. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ - шаҳри дуюми Тоҷикистон мебошад.

Мундариҷа [Пинҳон кардани]
1 Таърих
2 Давраи шӯравӣ
3 Замони муосир
4 Ёдгориҳои шаҳр
5 Аҳолӣ
6 Маҳаллаҳои Хуҷанд
7 Бозори Панҷшанбе
8 Маркази илму фарҳанг
9 Мактабҳои олӣ
10 Шахсиятҳои маъруф
11 Аксҳои Хуҷанд
11.1 Нигаред
12 Манобеъ
13 Пайвандҳои беруна
Таърих[вироиш]
Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази тиҷорат машҳур ва аз инҷо роҳи бузурги корвонгузари абрешим мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард. Таърихшиносони қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» ё «Арӯси даҳр» номида[1][2], аз мардуми бофарҳанги он ёдовар шудаанд.

Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ дар Хуҷанд осори маданияти асрҳои VI—IV то м. ёфт шуд. Мувофиқи маъхазҳои таърихй шаҳр дар нимаи дуюми а. VII бо номи Хуҷанд машҳур буд. Дар а. VIII ба хилофати араб, асри XIII ба муғулҳо, нимаи дуюми асри XIV ва асри XV ба Темуриён ва асри XVI ба Шайбониён, баъд ба хонҳои Қӯқанд тобеъ буд. Шаҳрро борҳо истилогарони аҷнабй хароб намуданд. Сокинони шаҳр бар зидди ғоратгарон қаҳрамонона ҷан гиданд.

Дар вақти истилои юнониён, Искандари Макдунӣ шаҳри қадимаи Хуҷандро пурра несту нобуд карда, дар ҷояш шаҳри нав сохт, ки номи онро Александрияи Эсхата (Александрия Крайняя) ном гузошт. Дар асри XIII дар вақти истилои муғулҳо қаҳрамонии худро Темурмалики паҳлавон нишон дода буд, ки ҳоло халқи ин шаҳр бо ӯ ифтихор доранд.

Нигаред:Темурмалик

Шаҳр чун маркази савдо, ҳунармандӣ машҳур буд. «Роҳи бузурги абрешим* ба Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Эрон, Шарқи Наздик, Хитой ва ҳавзаи баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт. 24 маи 1866 ба шаҳр аскарони подшоҳй даромаданд ва он ба ҳайати Россия дохил шуд. Ин воқеа аҳамияти прогрессивӣ низ дошт. Минбаъд ба Хуҷанд инқилобиён ва равшанфикрони рус омаданд, ки онҳо дар инкишофи шуури синфӣ ва худогоҳии маҳаллӣ таъсир гузоштанд. 4 июли 1916 мардуми Хуҷанд ба муқобили сиёсати мустамликадории Россияи подшоҳӣ ва феодалҳои маҳаллӣ шӯриш бардоштанд, ки он дар тамоми Осиёи Миёна паҳн гашт. Дар ҷараёни муборизаҳои синфй инқилобчиёни машҳур ба майдон омаданд. 24 ноябри 1917 Ҳокимияти Советй дар Хуҷанд ғалаба кард. Дертар шаҳр аввал ба ҳайати РСС Ӯзбекистон ва аз 2 октябри 1929 ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Соли 1936 шаҳр Ленинобод ном гирифт. Хуҷанд зодгоҳи як зумра шахсони бузурги тарихист. Олимон — мунаҷҷим ва риёзидон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (а. X), ҷуғрофияшинос ва сайёҳ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842—1925), шоирон Маҳастии Хуҷандӣ (а. XII), Камоли Хуҷандӣ (а. 14), Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825—87), Тошхӯҷаи Асирӣ (1864—1916), Абдуллои Файёз (1847—1934) ва диг. арбобони илму маданият ин ҷо касби камол кардаанд.

Давраи шӯравӣ[вироиш]
Дар солҳои Ҳокимияти шӯравӣ Хуҷанд ба яке аз марказҳои калони иқтисодӣ ва мадании Тоҷикистон табдил ёфт. Соҳаҳои асосии саноат: бофандагӣ, коркарди металл, бинокорй, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ. С. 1982 дар шаҳр зиёда аз 25 корхонаи саноатй мавҷуд буд. Комбинати шоҳибофии шаҳр яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии СССР буда, 80% шоҳии Тоҷикистон (зиёда аз 45 навъ ва 500 номгӯи матоъ)-ро истеҳсол мекард. С. 1981 комбинати консерви шаҳр 53 млн қуттии консерв мебаровард, ки ин миқдор бо тамоми консерви корхонаҳои Россия (1913) баробар буд. Дар шаҳр комбинатҳои шир, равған, масолеҳп бинокорй, заводҳои тухми кирмак, шиша, «Торгмаш» (зарфҳои қаҳвапазӣ, термостатҳо ва ғайра), истеҳсоли зарфҳои сирдор, «Газаппарат*, таъмири автомобиль, истеҳ соли маснуоти оҳану бетонӣ, нон, матбаа, фабрикаҳои мебельсозй, пойафзолдӯзӣ ва ғайра фаъолият менамуданд. Маҳсулоти саноати шаҳр ба Булғория, Куба, Румыния, Венгрия, Муғулистон, Афғонистон, Алҷазоир, Эфиопия, Ҳиндустон, Гвинея, Сомали ва ғ. фиристода мешуд. Соли таҳсили 1981- 1982 дар шаҳр 22 мактаби миёна, 3 мактаби 8-сола, 3 техникум, 3 омузишгоҳ (мусиқй, педагоги, тиббй), 6 омӯзишгоҳи касбҳои техникй буданд, ки 25 ҳаз. _наф. хонанда ва 4723 наф. донишҷӯ таҳсил мекарданд. Яке аз аввалин донишкадаҳо — Ин-ти давлатии педагогин ба номи С. М. Киров, Ин-ти такмили нхтисосн муаллимон, Филиали Ин- ти политехникин Тоҷикистон, шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мавҷуданд. Дар шаҳр қасри маданият, театри мазҳакаи муснқин ба номи А. С. Пушкин, театри халқӣ, 8 клуб, 24 кинотеатр ва дастгоҳи кино, 16 китобхона, Боғи ботаникии АИ РСС Тоҷикистон, хонаю боғи пионерон, ст. техникҳо ва табиатшиносони ҷавон, музеи кишваршиноси, 14 муассисаи табобатӣ, 6 дорухона, 25 пункти тнббӣ буд. Дар шаҳр комбинати хизмати маишй, 4 меҳмонхона, 203 нуқтаи савдо, хӯроки умумй ва ғ. кор мекарданд. Дар давраи шӯравӣ чанд насли ходимони партиявию давлатй, олимон, нависандагон ва санъаткорон, қаҳрамонони меҳнат ба воя расидаанд.[3]

Замони муосир[вироиш]

Муҷасаммаи Исмоили Сомонӣ дар ш. Хуҷанд
Ёдгориҳои шаҳр[вироиш]
Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а. XIV) ва боқимондаи Қалъаи Хуҷанд — Ӯрда (а. VII—VIII) аз ёдгориҳои таърихй ва меъморй мебошанд. Дар бинои тарҳрезишудаи Қалъаи Хуҷанд ҳоло, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Дар соҳили рости д. Сир дар давраи шӯравӣ ҳайкали В. И. Ленин қомат афрохта буд (ҳоло, ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст). Дар шаҳр инчунин ҳайкали ёдгории ҷанговарон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанй шаҳид шудаанд ва ҳаикали ёдгории муборизони барпо намудани Ҳокимияти шӯравӣ дар Хуҷанд мавҷуд мебошанд.

Аҳолӣ[вироиш]
Хуҷанд - аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ дар ҷойи дуюм баъд аз Душанбе меистад.

Сол 1897 1926 1959 1973 1989 2002 2007 2011 2013 2014 2015
Аҳолӣ,
хазор наф. 30 37 77 113 160 147 149 165 167 170 173
Маҳаллаҳои Хуҷанд[вироиш]
маҳаллаи «Хуҷанд» - 5091 нафар
маҳаллаи «Тути калон» - 8768 нафар
маҳаллаи «Чорчароғ» - 8312 нафар
маҳаллаи «Раззоқ» - 6952 нафар
маҳаллаи «Масжид Савр» - 7534 нафар
маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов» - 6759 нафар
маҳаллаи «Содир ҳофиз» - 5921 нафар
маҳаллаи «Шарқ» - 4019 нафар
маҳаллаи «Сарибаланд» - 5765 нафар
маҳаллаи «Ҷаббор Расулов» - 5965 нафар
маҳаллаи «1- Май» - 4341 нафар
маҳаллаи «Сирдарё» - 3982 нафар
маҳаллаи «Сайхун» - 5095 нафар
маҳаллаи «Чашмаи Арзана» - 5908 нафар
маҳаллаи «Бофанда» - 5820 нафар
маҳаллаи «Ваҳдат» - 5942 нафар
маҳаллаи «Темурмалик» - 8343 нафар
маҳаллаи «Тиллакон» - 8916 нафар
маҳаллаи «Мевагул» - 16549 нафар
маҳаллаи «Суғдиёна» - 11428 нафар
маҳаллаи «Халқлар дустлиги» - 15309 нафар
маҳаллаи «Навбаҳор» - 8235 нафар[4]
Бозори Панҷшанбе[вироиш]
Бозори Панҷшанбе дар маркази Хуҷанд воқеъ аст. Майдони васеи назди бозор бо фавора оро дода шудааст. Ру ба руи бозор Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а. XIV) бино ёфтааст. Бозори Панҷшанбе манбаи хариду фуруши маҳсулоти кишоварзӣ, хурокворӣ ва лавозимоти саноативу хоҷагидорӣ мебошад ва барои сокинони Хуҷанд хизмат мерасонад.


Бозори Панҷшанбе, 2011
Маркази илму фарҳанг[вироиш]
Хуҷанд бо намояндагони илму адаби форсу тоҷик ба монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (а. X) - мунаҷҷим ва риёзидон, Маҳастии Хуҷандӣ (а. XII) - адиба, Камоли Хуҷандӣ (а. XIV) - шоир, Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825—1887) - шоир, Тошхӯҷаи Асирӣ
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 40

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru