Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Барои он, ки ба оянда бирасӣ, аз гузашта омӯз.
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 >>

Душанбе

Тэги:душанбе | шахри душанбе | маълумот дар бораи душанбе | город душанбе | точикистон | тоҷикистон | чумхурии точикистон | републикаи точикистон | реферат | кори курси | иншо | точики | точикхо | сайти точики | маълумот дар бораи точикистон | таърихи точиткистон | война в таджикистане | хабархои точикистон | навигарихо
Добавил:Admin (28.09.2015 / 06:44)
Рейтинг:rating 182 article (0)
Прочтений:1220
Комментарии:0
screenДушанбе (порсӣ: دوشنبه)- калонтарин шаҳр ва пойтахти кишвaри Тоҷикистон аст.

Масоҳати шаҳр 124,6 км кв аст ва дар он 778,5 ҳазор нафар (Соли 2014) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Аммо дар асл дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион шахс зиндагӣ мекунад. Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, пулҳо, роҳҳои зеризаминиаш – 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш – 74800 метри мураббаъ мебошад. Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.[1] Пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла - 230 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 меҳмонхона, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 донишгоҳ, 7 осорхона ва 7 намоишсаро-ро дорад.


Ҳукумати шаҳри Душанбе

Бинои баландошёнаи Душанбе Плаза

Тақсимоти маъмурии Душанбе
Мундариҷа [Пинҳон кардани]
1 Таърих
2 Аҳолӣ
3 Иқлим
4 Саноат
5 Маркази илмӣ-фарҳангӣ
6 Маориф
7 Илм
8 Мактабҳои олӣ
9 Ёдгориҳои меъморӣ – таърихӣ
10 Осорхонаҳо
11 Муассисаҳои театрӣ
12 Муассисаҳои консертӣ
13 Боғу гулгаштҳо
14 Нашрияҳо
15 Тандурустӣ
16 Иншоотҳои варзишӣ
17 Шахсиятҳои маъруф
18 Робитаҳои байналмиллалӣ
19 Донистанихо
20 Аксҳои Душанбе
21 Пайнавиштҳо
22 Пайвандҳои беруна
23 Нигаред
Таърих[вироиш]
Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (порсӣ: «شومان») ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (порсӣ: «سومان») низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[2] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (порсӣ: «حصار شادمان») ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (порсӣ: «حصار») ё «Ҳисорак» (порсӣ: «حصارک») навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[3] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «Ҳисор» – гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Аз ҷойноми «Душанбе» (порсӣ: «دوشنبه») барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» (порсӣ: «دوشنبه قورغان») номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

16 октябри соли 1929 Душанбе - Сталинобод номида шуд. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд.

Аҳолӣ[вироиш]
(ҳазор нафар) (Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолӣ)

Соли 1926 – 5,6;

Соли 1939 – 82,6;

Соли 1959 – 233,5;

Соли 1970 – 376,2;

Соли 1979 – 492,2;

Соли 1989 – 594,1;

Соли 2000 – 562,0;

Соли 2010 – 724,8;

Соли 2012 – 747,5;

Соли 2013 – 764,3;

Соли 2014 – 778,5;

Соли 2015 – 788,7* [4]

– Мувофиқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 01.01.2015.[1]
Иқлим[вироиш]
Иқлими Душанбе
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми мутлақ, °C 21.6 23.1 29.6 33.8 38.8 42.8 49.0 42.8 38.9 36.8 29.7 24.3 49.0
Максимуми миёна, °C 9.4 10.6 15.6 20.6 26.1 32.8 35.6 34.4 30.0 23.3 15.6 10.6 22.1
Ҳарорати миёна, °C 1.7 4.0 8.8 15.1 19.7 24.8 27.4 25.4 20.3 14.2 8.6 4.0 14.5
Минимуми миёна, °C −0.6 1.7 5.6 9.4 13.3 17.8 19.4 17.2 12.8 7.8 3.3 0.6 9.0
Минимуми мутлақ, °C −26.6 −17.3 −13.4 −7.8 1.2 8.4 10.9 8.1 3.0 −4.4 −13.5 −19.5 −26.6
Андозаи боришот, мм 66 75 108 105 66 6 3 1 3 31 45 60 568
Сарчашма: Sistema de Clasificación Bioclimática Mundial Hong Kong Observatory
[1]

Саноат[вироиш]
Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст. Дар пойтахт ба миқдори 40 фисад (%) иқтидори саноати мамлакат ҷойгир буд. Дар пойтахт тақрибан 15 фисади (%) аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард ва чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро истеҳсол мекард. Комплекси саноатии пойтахт ҳоло 230 корхонаи саноатии гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор аҳолии пойтахт фаъолият доранд.[5] Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 30 % молҳои сермасриф(аз ҷумла хурокворӣ) ташкил медиҳад. Маҳсулоти аз коргоҳҳои пойтахт ба фуруши беруна мерафтаро: матоъҳои пахтагин, ресмони пахтагин, коркарди маҳсулоти ҷуроббарорӣ, маҳсулоти кабелбарорӣ, арматура ва маҳсулоти коркарди кишоварзӣ ва диг. ташкил медиҳад. Зиёда аз 10 корхонаҳои якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ дар Душанбе фаъолият доранд.

Тақсимоти корхонаҳои истеҳсолӣ аз нуқтаи назари соҳаҳои бартарӣ дошта.

Саноати сабук – соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта, нахи маҳинах ва ғайра) дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ҶММ «Насоҷӣ» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ҶС «Чевар» корхонаи барои истеҳсоли махсулоти дузандагии тайёр, ҶС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро ки аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.
Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ - корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ҶС «Тоҷиккабел» - корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ)
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
1 / 54

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru