Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Даре, ки аз он даромадӣ сахт мапӯш.
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 6 >>

Точикистон

Тэги:точикистон | тоҷикистон | чумхурии точикистон | републикаи точикистон | реферат | кори курси | иншо | точики | точикхо | сайти точики | маълумот дар бораи точикистон | таърихи точиткистон | война в таджикистане | хабархои точикистон | навигарихо
Добавил:Admin (28.09.2015 / 06:36)
Рейтинг:rating 181 article (0)
Прочтений:1402
Комментарии:0
screenТоҷикистон (порсӣ: تاجیکستان , хати ниёгон: تاجیکستان) кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (порсӣ: جمهوری تاجیکستان ) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбакистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишваре кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони кониву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 143 100 км мураббаъ (195-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории соли 2013 дар Тоҷикистон 8 000 700 тан бошанда буда, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбак 12.2% (2010)[4], 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроинӣву тотору ғайра ҳастанд. Бештари мардуми Тоҷикистон эронизабон (порсизабону помиризабон) ва мусулмон (суннимазҳабон: ҳанафиҳо 97%, шиъамазҳаби исмоъилӣ тақрибан 2%) ҳастанд
Идҳои расмии Тоҷикистон
1 январ - Соли нави мелодӣ
23 феврал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 март - Рӯзи модар
21 - 24 март - Иди байналмилалии Наврӯз
1 май - Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
9 май - Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар ҶБВ (1941-1945)
27 июн - Рӯзи ваҳдати миллӣ
9 сентябр - Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 октябр - Иди Меҳргон
6 ноябр - Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 ноябр - Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иди Рамазон - 1 рӯз - ҳар сол (мутобиқи тақвим)
Иди Қурбон - 1 рӯз - ҳар сол (мутобиқи тақвим)
Иди Сада[5]
Таърих

Эмомалӣ Раҳмон
Мақолаи асосӣ: Таърихи Тоҷикистон
Таъриху фарҳанги Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон яксону монанд аст. Кӯҳантарин номе, ки ниёгони мардуми эронитабор, яъне ориёиҳо, бар сарзамини худ ниҳода буданд, Airyānǝm Vaējah буда, ки аз он дар Авесто ёд шудааст. Ҷойгоҳи ин сарзамин ҳануз дуруст ошкор нашудааст. Дертар сарзамини Ориёӣ ба 16 подшоҳӣ ҷудо гардид, ки аз онҳо дар Авесто бо номи Airyānǝm Dahyunam ёд шудааст. Ҳамин ном дертар Airyānǝm Xšaθram, Aryānšaθr ва Ērānšahr гашт ва Эрон шуд.

Яке аз он 16 dahyu ё деҳа (дар Авесто ба маънии сарзамин ва подшоҳист) Суғд ва дигаре Бохтар ё Балх буд, ки бахше аз сарзамини кунунии Тоҷикистонро дарбар мегиранд. Суғду Бохтар(Балх) дар замони ҳукуматдории Ҳахоманишиҳо (558 – 330 то милод) — яке аз хšaθra ё шаҳрҳои(кишварҳои) Ориёно шудаанд. Ба кишвари Ориёно - Давлати Пешдодиёну Давлати Каёниён ва Тӯрон - Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон дохил буданд. Дар он замон сарзамини миёни Омударё ва Сирдарёро, ки як шаҳр (дар порсии бостон ба маънии подшоҳист) ба шумор мерафт, Парадрая низ мехонданд, ки маънояш [[Вароруд (Варазруд)|Вар аз руд]] аст. Дар «Шоҳнома» - и А. Фирдавсӣ ин сарзамин Тӯрон хонда шудааст. Дар бораи шаҳрдории ниёгони халқи тоҷик бозёфти шаҳркадаи Саразм (аз калимаи тоҷикии "сарзамин") шаҳодат медиҳад, ки ҳазорсолаҳои IV - II то милод рушду нумуъ дошт. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Пас аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ин сарзамин бахше аз подшоҳии Искандар (330 - 323 то милод) ва Селевкиён (312 - 150 то милод), подшоҳии Юнону Бохтар (250 – 125 то милод), шоҳаншоҳии Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ), шоҳаншоҳии Кушониён (садаҳои I то милод– IV милоди), Давлати Сосониён (224 – 651), шоҳаншоҳии Ҳайтолиён (садаҳои IV – VI)ва шоҳаншоҳии Ҳоконии турк (551 - 741) шуд. (Нигаред:Давлатҳои ниёгони халқи тоҷик)

Дар замони Сосониён(224 - 651) ин сарзамин дар маводҳои таърихӣ Вароруд (Варазруд) ва Хуросон хонда мешуд ва чанд подшоҳии ҷудогона дошт.

Дар нахустин садаҳои исломӣ, дар солҳои 705-715, ки сулолаи Умавиён бар Хилофати Араб фармон меронданд, арабҳо бар Сосониён тохтанд ва онро гирифтанду мардумашро мусулмон карданд. Аз он пас ин макон ном ба арабӣ баргардон шуд ва Мовароуннаҳр хонда шуд ва бахше аз вилояти Хуросон гашт.

Пас аз густариши Ислом дар Эрону Тӯрон, вилояти Хуросон, аз ҷумла Мовароуннаҳр(Вароруд (Варазруд)), зиндакунандаи фарҳанги эронӣ ва офаринандаи забони порсӣ-дарӣ буд, ки ҷонишини забони паҳлавӣ, суғдӣ, тахорӣ, хутану сакоӣ шуд. Нахустин шоирони порсигӯй аз ин сарзамин бархостанд, ба вижа Рӯдакӣ, ки падари шеъри порсӣ(форсӣ) шинохта шудааст. Дар нахустин садаҳои исломӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳр гаҳвораи фарҳангу дониши исломӣ буданд ва бузургоне чун Ибни Сино, Имоми Аъзам, Имом ал-Бухороӣ, Закариёи Розӣ, Форобӣ ва нафарони дигар дар худ парвариданд.

Main article: Давлати Сомониён
Дар садаи X милодӣ, дар замони хилофати сулолаи Аббосиён, амирони сулолаи Сомониён, ки аз хонаводае тоҷик буданд бархоста, бар Вароруд (Варазруд)у (Мовароуннаҳру) Хуросон фаромонраво гаштанд. Давлати Сомониён (819 – 999) - нахустин давлати миллии тоҷикон гардид.

Ду давлати дигари тоҷикон - давлати Ғуриён (1150-1215) ва давлати Куртҳои Ҳирот (1245-1381) дар Хуросон ва Шимоли Ҳиндустон муддате арзи ҳастӣ намуданд. (Нигаред:Давлатҳои сулолаҳои форисзабон (тоҷикон))

Пас аз сулолаи Сомониён (819 – 999) бар ин сарзамин подшоҳоне турку муғултабор аз силсилаҳои Ғазнавиён (998 – 1187), Қарохониён (1005 – 1141), Қарохитоиён (1141 – 1212), Салҷуқиён (1037 – 1194), Хоразмшоҳиён (1077 – 1231), Чингизиён (1220 – 1370), Темуриён (1370 – 1501), Шайбониён (1501 – 1599), Аштархониён (1599 – 1753) ва Манғитиён (1753 - 1920) фармон рондаанд. (Нигаред:Халқи тоҷик дар ҳайати давлатҳои сулолаҳои турку муғулнажод)

Дар солҳои 1864 - 1895 ин сарзаминро, ки дар дасти амирони манғитии Бухоро ва хони Хӯканд буд, русҳо гирифтанд ва бахше аз сарзамини мустамликадории Империяи Русия карданд.

Дар солҳои 1917 - 1921 дар ин кишвар муборизаи хунин барои пойдор намудани тартиботи шӯравии коммунистӣ шуда гузашт, ки боиси хиҷрати қисми ахолӣ аз Ватан гардид. Пас аз шикасти амири Бухоро аз шӯришчиёни инқилобӣ дар 2 сентябри соли 1920, дар сарзамини ин аморат Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бунёд ёфт.

Тоҷикистон дар низоми Иттиҳоди Шӯравӣ
Main articles: Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистонва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
Соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллии худудӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ин кишварро ба чанд ҷумҳурӣ ҷудо карданд ва дар бахшҳои шарқии он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Узбакистон сохта шуд. Зодгоҳи тамаддуну фарҳанг ва офаринандагони забони форсӣ-тоҷикӣ дар натичаи ин амали сунъӣ парешон гардиданд. Танҳо,соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Узбакистон ҷудо шуд ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном гирифт.

Дар ҶШС Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шахрвандии
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 6 >>
На главную
0 / 42

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru