Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 >>

Латифахои точики анегдотхои точики ханда

Тэги:латифахои точики | латифа | афанди | точики | ханда | тч
Добавил:Admin (31.07.2015 / 13:05)
Рейтинг:rating 156 article (1)
Прочтений:2117
Комментарии:0
АЛАМБАРДОРИ РАСУЛ
Шахсе ба мазоре расид, гӯре сахт дароз дид.
Пурсид:
- Ин гӯри кист?
Гуфтанд:
- Азони аламбардори (байрақбардор) расул аст.
Гуфт:
- Магар бо аламаш гур кардаанд?
ЛАКЛАКИ ЗИРАК
Талҳакро1 бо муҳиме пеши Хоразмшоҳ фиристоданд.
Муддате он ҷо бимонд. Магар Хоразмшоҳ риояте чунон ки ӯ
мехост, намекард. Рӯзе пеши Хоразмшоҳ ҳикояти мурғон ва
хосияти ҳар яке мегуфтанд.
Талҳак гуфт:
- Ҳеҷ мурғе аз лаклак зирактар нест.
Гуфтанд:
- Аз чӣ донӣ?
Гуфт:
- Аз баҳри он ки ҳаргиз ба Хоразм намеояд.
ДАЪВОИ ПАЙҒАМБАРӢ
Шахсе даъвои худоӣ мекард. Ӯро пеши халифа бурданд.
Ӯро гуфт:
- Порсол ин ҷо яке даъвои пайғамбарӣ мекард, ӯро
бикуштанд.
Гуфт:
- Нек карданд, ки ӯро ман нафиристода будам.
1. Талҳак- номи қаҳрамони фолклорӣ, мисли Афандӣ.
4
Туфайлиро пурсиданд, ки:
- Иштиҳо дорӣ?
Гуфт:
ТУФАЙЛЙ
- Мани бечора дар ҷаҳон ҳамин матоъ дорам.
ПИСАРИ ҚАЗВИНЙ
Қазвиниро писар дар чоҳ афтод. Гуфт: «Ҷони бобо! Ҷое
марав, то (ин ки) ман биравам, ресмон биёварам ва туро
берун кашам».
МУАЗЗИН
Муаззине бонг мегуфт ва медавид. Пурсиданд, ки: чаро
медавӣ? Гуфт: мегӯянд, ки овози ту аз дур хуш аст.
Медавам, то ки овози худро аз дур бишнавам.
«ПИРОНИ БОБАРАКАТ»
_ \ _
Ду кудак дар Қум аз замони тифли то ба вақти пири бо
ҳам мубодала кардӣ. Рӯзе бар сари манорае ба ҳамин
муомила машғул буданд. Чун фориғ шуданд, яке бо дигаре
гуфт:
- Ин шаҳри мо сахт хароб аст.
Дигаре гуфт, ки:
- Пирони бобаракаташ ману ту бошем, ободонӣ дар ӯ
беш аз ин таваққӯъ натавон дошт.
5
ДАРИ МАСҶИД
Дари хонаи Ҳаҷӣ бидуздиданд. Ӯ бирафт ва дари
масҷиде барканд ва ба хона мебурд. Гуфтанд:
- Чаро дари масҷид баркандаӣ?
Гуфт:
- Дари хонаи ман дуздидаанд ва худованд ин дуздро
мешиносад. Дуздро ба ман супорад ва дари хонаи худ боз
ситонад.
ПИР ВА СУЛТОН
Султон Маҳмуд пире заифро дид, ки пушторае хор
мекашад. Бар ӯ раҳмаш омад. Гуфт:
- Эй пир, ду-се динор зар мехоҳӣ ё дарозгӯше ё ду-се
гӯсфанд ё боғе, ки ба ту бидҳам, то (ки) аз ин заҳмат халосӣ
ёбӣ?
Пир гуфт:
- Зар бидеҳ, то (ки) дар миён бандам ва бар дарозгӯше
бинишинам ва гӯсфандон дар пеш гирам ва ба боғ биравам
ва ба давлати ту дар боқии умр он ҷо биёсоям.
Султонро хуш омад ва фармуд чунон карданд.
ТАДБИР
Шахсе бо дӯсте гуфт, ки:
- Маро чашм дард мекунад. Тадбир чӣ бошад?
Гуфт:
- Маро порсол дандон дард мекард, баркандам.
7
ТАЪЗИЯТ
Дарвеше ба дари хонае расид. Пораи ноне бихост.
Духтараке дар хона буд. Гуфт:
- Нест.
г уфт:
- Чӯбе, ҳимае (ҳезум, сӯзишвори).
Гуфт: I
- Нест.
Гуфт: - Пораи намак.
Гуфт: - Нест.
Гуфт: - Кӯзаи об.
Гуфт: - Нест.
Гуфт: - Модарат куҷост?
Гуфт: Ба таъзияи хешовандон рафтааст.
Гуфт: - Чунин, ки ман ҳоли хонаи шумо мебинам, даҳ
хешованди дигар мебояд, ки ба таъзияи шумо оянд.
МУШ ВА ГАНДУМ
Шахсе бо дӯсте гуфт:
- Панҷоҳ ман гандум доштам. То маро хабар шуд, мушон
хӯрда буданд.
Ӯ гуфт:
- Ман низ панҷоҳ ман гандум доштам. То мушонро хабар
шуд, ман тамом хӯрда будам.
8
КАБОБИ КУЛАНГӢ
Яке аз Талҳак пурсид, ки кулангро чӣ гуна кабоб кунанд?
Гуфт:
- Аввал ту бигир!
ҚЛЗВИНЙ ВА ТАБИБ
Қазвинӣ пеши табиб рафт ва гуфт:
- Мӯи ришам дард мекунад.
Пурсид:
- Чӣ хӯрдаӣ?
Гуфт:
- Нону ях.
Гуфт:
- Бирав, бимир, ки на дардат ба дарди одам монанд, на
хӯрокат.
СИРКАИ ҲАФТСОЯА
Ранҷуреро сиркаи ҳафтсола фармуданд. Аз дӯсте
бихост.
Гуфт: - «Ман дорам, аммо намедиҳам».
Гуфт: - «Чаро?».
Гуфт: - «Агар ман сирка ба кас додамӣ, соли аввал
тамом шудӣ ва ба ҳафтсолагӣ нарасидӣ».
ДЕҲҚОН ВА ХОҶА БАҲОУДДИН
Деҳқоне дар Исфаҳон ба дари Хоҷа Баҳоуддини
соҳибдевон рафт. Ба хоҷасаро гуфт, ки:
- Ба хоҷа бигӯй, ки худо берун нишастааст, бо ту коре
дорад.
Бо хоҷа бигуфт. Ба ҳозир кардани ӯ ишора кард. Чун
даромад, пурсид, ки:
10
- Ту худоӣ?
Гуфт:
- Оре.
Гуфт:
- Чи гуна?
Гуфт:
- Ҳол он ки ман пеш деҳхудо ва боғхудо ва хонахудо
будам. Ҷонишинони ту деҳ ва боғ ва хона аз ман ба зулм
бисутурданд, худо монд.
АЪРОБЙ ВА ХАЛИФА
Аъробиро пеши халифа бурданд. Ӯро дид бар тахт
нишаста ва дигарон ба зер истода. Гуфт:
- Ассалому алейк, ё Оллоҳ!
Халифа гуфт:
- Ман Оллоҳ нестам.
гУ.Фт:
- Ё Ҷабраил!
Гуфт:
- Ман Ҷабраил нестам.
Гуфт:
- Оллоҳ нестӣ, Ҷабраил нестӣ, пас чаро бар он боло
рафта, танҳо нишастаӣ? Ту низ ба зер ой ва дар миёни
мардумон биншин!
СОҲИБДЕВОН ПАҲЛАВӢ ВА АВАЗ
Соҳибдевон Паҳлавӣ Авазро гуфт:
- Якеро, ки ақле дошта бошад, пайдо бикун, ки ба ҷое
фиристодан мехоҳам.
Аваз гуфт:
- Эҳ хоҷа, ҳар киро ақл буд, аз ин хона берун рафт.
11
КУҶОШ МЕБАРАНД?
Ҷанозаеро ба роҳе мебурданд. Дарвеше бо писар бар
сари роҳ истода буданд. Писар аз падар пурсид, ки:
- Бобо, дар ин ҷо чист?
Гуфт:
- Одамӣ.
Гуфт:
- Куҷош мебаранд?
Гуфт:
- Ба ҷое, ки на хурданй бошад ва на пӯшиданй, на нон
ва на об, на ҳезум ва на оташ, на зар, на сим, на бӯрё, на
гилем.
Гуфт:
- Бобо, магар ба хонаи мо мебарандаш?
НАҲВӢ ВА МАЛЛОҲ
Наҳвӣ (донандаи илми забон) дар киштӣ буд. Маллоҳро
(ба киштирон) гуфт:
- Ту илми наҳв омӯхтаӣ?
Гуфт:
- На.
Гуфт:
- Ними умрат беҳуда рафтааст.
Рӯзи дигар тундбоде баромад. Киштиро бими ғарқ шудан
пеш омад. Маллоҳ ӯро гуфт:
- Ту илми шино омӯхтаӣ?
Гуфт:
- На.
Гуфт:
- Тамоми умрат беҳуда рафтааст.
13
ДУЗД ВА ФАҚИР
Дузде дар шаб хонаи фақире меҷуст. Фақир бедор шуд.
Гуфт:
- Эй мардак, он чи ту дар торикӣ меҷуӣ, мо дар рӯзи
равшан меҷӯем ва намеёбем.
ДАРВЕШ ВА КАДХУДОЁН
Дарвеше ба дари деҳе расид. Ҷамъе кадхудоёнро дид он
ҷо нишаста. Гуфт:
- Маро чизе бидиҳед вагарна, ба худо бо ин деҳа ҳамон
кунам, ки бо он деҳаи дигар кардам.
Эшон битарсиданд. Гуфтанд: «Мабодо, ки соҳире ё
валие бошад, ки аз ӯ харобӣ ба деҳаи мо расад». Он чи
хост, бидоданд.
Баъд аз он пурсиданд, ки:
- Ту бо он деҳа чӣ кор кардӣ?
Гуфт:
- Он ҷо саволе кардам. Чизе надоданд, ба ин ҷо омадам.
Агар шумо чизе намедодед, ин деҳаро низ раҳо мекардам ва
ба деҳи дигар мерафтам.
НАСИҲАТИ ЛӮЛӢ
Лӯлие бо писари худ моҷаро мекард, ки:
- Ту ҳеҷ коре намекунӣ ва умр дар батолат (бекорӣ) ба
сар мебарӣ. Чанд бо ту гӯям, ки муаллақ задан биомӯз, саг
аз чанбар ҷаҳонидан ва расанбозӣ таълим кун, то аз умри
худ бархурдор шавӣ.
Агар аз ман намешунавӣ, ба худо, туро дар мадраса
андозам, то он илми мурдареги эшон биомӯзӣ ва донишманд
шавӣ ва то зинда бошӣ, дар мазаллат ва фалокат ва идбор
(бадбахтӣ) бимонӣ ва як ҷав аз ҳеҷ ҷо ҳосил натавонӣ кард.
15
Яке дар боғи худ рафт. Дуздеро пуштораи пиёз дарбаста
дид.
Гуфт:
- Дар ин боғ чӣ мекуни?
Гуфт:
- Ба роҳ мегузаштам, ногоҳ бод маро дар боғ андохт.
Гуфт:
- Чаро пиёз барканди?
Гуфт:
- Бод маро мерабуд, даст дар бунаҳи пиёз мезадам, аз
замин бармеомад.
Гуфт:
ДУЗД ВА ПУШТОРАИ ПИЁЗ
- Мусаллам, ки гирд кард ва пуштора баст?
Гуфт:
- Валлоҳ, ман низ дар ин фикр будам, ки омадй.
НАРДБОНФУРӮШ
Хуросонӣ ба нардбон ба боғи дигаре мерафт, то мева
бидуздад. Худованди (соҳиби) боғ бирасид ва гуфт:
- Дар боғи ман чӣ кор дорӣ?
Гуфт:
- Нардбон мефурушам.
Гуфт:
- Нардбон дар боғи ман мефуруши?
Гуфт:
- Нардбон аз
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
1 / 28

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©