Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Мардикор шикам надорад
Библиотека | Калиди тестхо чавоби дурусти тестхои ММТ
1 2 3 ... 5 >>

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 2015

Тэги:ммт 2015 | тест | тестхо | савол чавоб | шпаргалка | 2015 | ммт | калиди тестхо | тестхои милли | точикистон | маркази миллии точикистон
Добавил:Admin (13.07.2015 / 07:30)
Рейтинг:rating 155 article (0)
Прочтений:4273
Комментарии:0
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

САВОЛҲО БО ИНТИХОБИ ЯК ҶАВОБИ ДУРУСТ

1. Дар кадом гурӯҳи калимаҳо бо иваз намудани ҳамсадоҳои ҷуфт маънои
калима тағйир меёбад?
Ҷавоб:
баст, ваҳм, занг

2. Кадом калимаҳо ба калимаи “ақл” ҳаммаъно (синоним)-анд?
Ҷавоб:
хирад, фаҳм

3. Услуби баёни кадоме аз ин навиштаҳо рӯзноманигорӣ (публисистӣ) аст?
Ҷавоб:
хабар, лавҳа



4. Кадом адиб бунёдгузори равияи маорифпарварии адабиёти тоҷик аст?
Ҷавоб:
Аҳмади Дониш
5. Мисраи дуюми байти зерини Мирзо Турсунзода кадом аст?
Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
.............................................................................
Ҷавоб:
Лаб фурӯ баста ҳама чун лом мемондем мо.
6. Ба ҷойи сенуқта хабарҳои ҷумларо чунон гузоред, ки ба мубтадо мувофиқат кунанд:
Боре дар пойтахти императори рус будам. Шабе аз хоб ..., бинобар тараддуди мардум
ба кӯча ...
Ҷавоб:
барҷастам, давидам

7.
Байти зерини Абулқосими Фирдавсӣ чӣ маънӣ дорад?
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҷавоб:
Ӯ аз назм кохе бегазанд бунёд намудааст, ки номашро зинда медорад.

8.
Дар байти зерин кадом аъзоҳои ҷумла чида шудаанд?
Ялонро сару синаву пову даст,
Буриду дариду шикасту бубаст. (Абулқосими Фирдавсӣ)
Ҷавоб:
пуркунанда ва хабар

9.
Хабари кадом ҷумла дар сиғаи эҳтимолии феъл ифода шудааст?
Ҷавоб:
Корашон тамом шудагист ё ягон кори дигар баромадагист. (С. Айнӣ)

10. Кадом асари Абдулқодири Бедил бо наср навишта шуда, доир ба пайдоиши

набототу ҳайвонот ва инсон баҳс мекунад?
Ҷавоб:
“Чор унсур”
11. “Суруди озодӣ” ё “Марши ҳуррият”-и Садриддин Айнӣ ба кадом муносибат
навишта шудаст?
Ҷавоб:
Инқилоби Октябр дар соли 1917

12. Ба сарҷумлаи зерин ҷумлаи пайрави мувофиқро интихоб намоед:
Мард он аст, ...
Ҷавоб:
ки номаш ба накуӣ бибаранд.

13. Байти зерини Абдураҳмони Ҷомӣ дар кадом сухан хулоса шудааст?
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Ҷавоб:
Омӯзгор равшанкунандаи роҳи ҳаёт ва сабаби ободии зиндагист.

14. Хабари ин ҷумларо нишон диҳед:
Падарам дар вақти хурдиҳоям якчанд байташро ба ман ёд дода буданд. (С.Айнӣ)
Ҷавоб:
ёд дода буданд

15. Ин ҷумларо аз рӯйи ифодаи мақсад (оҳанги баён) муайян кунед:
Шумо ин қадар ҳунарро ба кӣ шогирд шуда омӯхтед ... (С.Айнӣ)
Ҷавоб:
ҷумлаи саволӣ

16.
Кадом калимаҳо ду тарзи талаффуз ва навишт доранд?
Ҷавоб:
танбал, занбар, ҷунбиш

17.
Кадоме аз ин воҳидҳои фразеологӣ (таъбирҳо) маънои “якдилӣ”, “иттиҳод”,
“ҳамфикр шудан”-ро дорад?
Ҷавоб:
аз як гиребон сар баровардан

18.
Даъватномаи иштирок дар маҷлиси падару модарон бо кадом услуби баён

навишта мешавад?
Ҷавоб:
расмӣ
19. Исм дар кадом банд дар шакли ҷамъ омадааст?
Ҷавоб:
ҳиндувон

20.
Дар байти зерин ибораи «давлати худ»-ро боз чӣ гуна ифода кардан мумкин
аст?
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
Ҷавоб:
давлати хеш

21.
Дар кадом ҷумла хабар аз рӯйи шахсу шумора ба мубтадо мувофиқат
намекунад?
Ҷавоб:
Халқи тоҷик қаҳрамонони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.


22. Аз ҷумлаҳои пайрави додашуда истифода намуда, ҷумлаи мураккаб созед:
Бо падару модари худ нек бош, ...
Ҷавоб:
то р
ӯзе фарзандонат низ ба ту накӯ бошанд.
23. Зарфи мувофиқро истифода намуда, ҷумларо пурра кунед:
Мӯрчае, ки аз ташнагӣ ба ҷон омада буд, назди ҳавзе рафт ва об нӯшид, ... пойи
мӯрча лағжид ва дар об афтод.
Ҷавоб:
ногаҳон
24. Ҷумлаҳоро таҳлил карда, муайян намоед, ки дар кадоме аз онҳо ҳоли тарзи амал
истифода шудааст?
Ҷавоб:
Фир
ӯза бо овози баланд, бо ҳаяҷон, вале аз дилу ҷон сухан мегуфт.

25. Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта сифати мувофиқро гузоред:
Тобистон ва тирамоҳи соли бисту сеюм дар деҳаи мо воқеаҳои ... рӯй доданд.
(С. Улуғ
зода)
Ҷавоб:
ғалатӣ

26. Дар ибораҳои “аспи саманд”, “себи хубонӣ”, “орзуи наҷиб” ва “одами хондагӣ”
ҷузъҳои асосиашон кадом ҳиссаи нутқанд?
Ҷавоб:
исм

27. Кадоме аз гурӯҳи ин калимаҳо зарфанд?
Ҷавоб:
базӯр, ногаҳон, оромона, пагоҳӣ

28. Ҷумлаи умумишахсро муайян намоед:
Ҷавоб:
Сухан бисёр дону андаке гӯй...

29. Дар ҷумлаи зерин кадом аъзои он чида шудааст?
Як марди қадбаланд, камгӯшт, пешонавасеъ, хушфеъл моро бо хурсандӣ
пешвоз гирифт. (Ҳ. Карим)
Ҷавоб:
муайянкунанда

30. Қисми дуюми ҷумлаи зеринро дуруст интихоб намуда, ҷумлаи мураккаб созед:
Л
уқма шикамро сер накунад, аммо ...
Ҷавоб:
муҳаббатро зиёда кунад.

31. Пайвандакҳои даме ки, ҳамин ки, ҳангоме ки, ҳар гоҳ ки чӣ гуна ҷумлаҳои
пайравро бо сарҷумла алоқаманд мекунанд?
Ҷавоб:
пайрави замонро

32. Дар ин байт ҷонишини “чун” ба кадом маънӣ омадааст?
Бигуфто: - Ишқи Ширин бар ту чун аст?
Бигуфт: -
Аз ҷони ширинам фузун аст.
Ҷавоб:
чӣ гуна
33. Дар кадом қатор сифатҳои дараҷаи муқоисавӣ дода шудаанд?
Ҷавоб:
бартар, бадтар, кеҳтар, меҳтар

34.
Дар кадом мисраъ шумораи мураккаб истифода шудааст?
Ҷавоб:
Дусад гуфта чун ним кирдор нест, …

35.
Дар байти зерин пешоянди “андар” бо кадом пешоянд ҳаммаъност?
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. (Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ)
Ҷавоб:
дар

36.
Дар кадом вақт дар охири ҷумла аломати хитоб гузошта мешавад?
Ҷавоб:
агар оҳанги баён баланд ва амрӣ бошад

37.
Ҷумларо бо муродифи луғавии мувофиқ пурра кунед:
Гузаштагони мо дар бораи иди Сада бисёр ривоятҳо ...
Ҷавоб:
нақл мекунанд

38.
Матни зерин дар кадом услуб навишта шудааст?
Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун имрӯз барҳақ ба арсаи корнамоию
мардонагӣ, муттаҳидии қавму миллатҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ҷумҳурии
тозаистиқлоли мо мубаддал гаштааст. Рушду инкишофи минбаъдаи
иқтисодиёти мамлакат ва дар ниҳояти кор беҳтар гардонидани некуаҳволии
сокинони он аз бисёр ҷиҳат ба бунёди иншооти бузурги аср, ки манбаи нур аст,
вобастагӣ дорад. (Аз ҳафтанома)
Ҷавоб:
рӯзноманигорӣ (публисистӣ)

39. Ба ҷойи нуқтаҳо сифати мувофиқ гузошта, байтро пурра кунед:
Шохи ... кашад сар ба қиём,
Шохи ... шавад хам ба салом. (Абдураҳмони Ҷомӣ)
Ҷавоб:
бемева, пурмева



40.
Ба ҷои сенуқта кадом феъли ҳолро гузоштан дуруст аст?
Вай зардолуро гирифта, ... боз ба кӯча медавид (С.Улуғзода)
Ҷавоб:
х
ӯрда-хӯрда
41. Ба ҷойи сенуқта сифатҳои мувофиқро гузоред:
Душанбе шаҳри ... аст.
Ҷавоб:
калон ва зебо
42.
Ба ҷойи сенуқта муродифи луғавии мувофиқро гузошта, ҷумларо пурра кунед:

Абулқосими Фирдавсӣ ба забони модарии хеш бо муҳаббат ...
Ҷавоб:
менигарист

43. Мувофиқи кадом қоида нумератив дуруст навишта шудааст?
Ҷавоб:
Бо шумораҳо якҷоя навишта мешаванд: якто.

44. Услуби баёни матни зеринро муайян намоед:
Ҷумлаи пайрави замон замони воқеъ гардидани амали сарҷумларо фаҳмонида,
бо пайвандакҳои вақте ки, ҳангоме ки, ҳамин ки, пеш аз он ки, пас аз он ки, даме
ки ва ғайра ба сарҷумла алоқаманд мегардад. Он ба саволҳои кай?, то кай?, кай
боз? ҷавоб мешавад.
Ҷавоб:
илмӣ

45. Аз рӯйи мазмуни байт муродиф (синоним)-ҳои калимаи “мутриб”-ро
муайян намоед:
Мутриби хушнаво бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав,
Бодаи
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 5 >>
На главную
0 / 34

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru