Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Калиди тестхо чавоби дурусти тестхои ММТ
1 2 3 ... 5 >>

ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚ 2015

Тэги:ммт 2015 | тест | тестхо | савол чавоб | шпаргалка | 2015 | ммт | калиди тестхо | тестхои милли | точикистон | маркази миллии точикистон
Добавил:Admin (13.07.2015 / 07:27)
Рейтинг:rating 153 article (2)
Прочтений:3201
Комментарии:0
ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚ

САВОЛҲО БО ИНТИХОБИ ЯК ҶАВОБИ ДУРУСТ

1. Шӯриши Синдбоди Муғ ба муқобили кадом сулола нигаронида шуда буд?
Ҷавоб:
Аббосиён

2. Девони аҳди Сомониён, ки ба корҳои молия, харҷу дахли хазинаи давлатӣ
назорат мебурд, чӣ ном дошт?
Ҷавоб:
девони муставфӣ

3. Давлати Сомониён манфиатҳои кадом гурӯҳҳои аҳолиро муҳофизат мекард?
Ҷавоб:
ашрофон, феодалон, тоҷирон ва рӯҳониён

4. Сулолаи Темуриёнро кадом сулола иваз намуд?
Ҷавоб:
Шайбониён

5. Генерал-губернатори нахустини Туркистон кӣ буд?
Ҷавоб:
К.П. Кауфман

6. Мухолифони Ҳокимияти Шӯравиро дар Тоҷикистон муайян кунед.
Ҷавоб:
босмачиён

7. Ҳар сол 21-уми март дар Тоҷикистон кадом ҷашн таҷлил мегардад?
Ҷавоб:
Наврӯз

8. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд нафар фиристодаи Тоҷикистон ба гирифтани
унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардиданд?
Ҷавоб:
54

9. Дар акс кадом лаҳзаи таърихӣ тасвир ёфтааст?

Ҷавоб:
мулоқоти намояндаи рус бо Аҳмади Дониш ва ҳамсафаронаш

10. Тоҷирони хитоӣ ба бозори Осиёи Миёна асосан кадом маводҳоро ворид
менамуданд?
Ҷавоб:
шоҳиворӣ, доруворӣ ва чой
11. Эрон дар қарни XVI дар зери ҳукмронии кадом сулола буд?
Ҷавоб:
Сафавиён

12. Қаҳтӣ ва гуруснагии соли 1011 дар Хуросон ба давраи ҳукмронии кӣ рост
меояд?
Ҷавоб:
Султон Маҳмуд

13. Бузургтарин НБО дар Тоҷикистон кадом аст?
Ҷавоб:
НБО-и Норак


14. Сухан дар бораи кӣ меравад?
“... 5-уми октябри соли 1943 корнамоии Александр Матросовро такрор намуда,
бо тани худ нуқтаи оташфишонии душманро пӯшонидааст. Баъди маргаш ба
унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” мушарраф гардидааст.”
Ҷавоб:
Тӯйчӣ Эрйигитов
15. Калимаи “кооператсия” чӣ маъно дорад?
Ҷавоб:
ҳамкорӣ

16. Заводи арзизи тоҷик солҳои 70-уми асри XX дар кадом шаҳр сохта шуд?
Ҷавоб:
Турсунзода

17. Сабаби мураккаб гардидани муносибати Туркистони Шӯравӣ бо аморати
Бухоро дар соли 1918 чист?
Ҷавоб:
барқияи Ф.И. Колесов ба амири Бухоро дар масъалаи шинохти
принсипи худмуайянкунии миллатҳо


18. Аввалин муаллимаҳо: Сайрамбибӣ Қосимова, Маълумбибӣ Гадоева ва
Оламбибӣ Абдуллоева бо фармони кӣ ба дор кашида шуданд?
Ҷавоб:
Фузайл Махсум

19. Дар Тоҷикистон ҳар сол 27-уми июн кадом ҷашн таҷлил мегардад?
Ҷавоб:
Рӯзи Ваҳдати миллӣ

20. Таъқиботи сталинии солҳои 30-юми асри XX дар Тоҷикистон бо қарори
кадом суд амалӣ мешуд?
Ҷавоб:
тройка


21. Кадом воқеа берун аз ҳудуди аморати Бухоро ба амал омадааст?
Ҷавоб:
“Исёни вабо” дар Тошканд соли 1892
22. Дар бораи муносибати тиҷоратии кадом давлат бо хонигарии Бухоро сухан
меравад?
“Бо фармони подшоҳи бузург Алексей Михайлович ба сарзамини Бухоро бо дасти
Анисим Грибов ва ҳамроҳони ӯ чунин молҳо фиристодаанд: ба маблағи 4251 сӯм
пӯсти санҷоб, ба маблағи 100 сӯму 2 гривен устухони моҳӣ ...”
Ҷавоб:
Русия

23. Сабаби асосии аз Бобур Мирзо рӯй гардонидани мардумро муайян кунед.
Ҷавоб:
иттифоқ бо эрониён

24. Девони давлати Сомониён, ки лашкарро назорат карда, онро бо силоҳ, озуқа,
либос ва моҳона таъмин мекард, чӣ ном дошт?
Ҷавоб:
девони соҳибушрот

25. Барои кадом хизмати АСОСИАШ ба Бобоҷон Ғафуров унвони “Қаҳрамони
Тоҷикистон” дода шуд?
Ҷавоб:
барои фидокориҳо дар поягузории истиқлолияти Тоҷикистон,
инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ


26. Ҳар сол 6-уми ноябр дар Тоҷикистон кадом рӯз таҷлил мегардад?
Ҷавоб:
Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)

27. Сухан дар бораи кадом воқеа меравад?
“Инқилоб ... ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди
ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар
харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард. Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард
ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд.”
Ҷавоб:
Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябри соли 1917

28. Солҳои 1929 - 1961 пойтахти ҶШС Тоҷикистон чӣ ном дошт?
Ҷавоб:
Сталинобод

29. Шӯриши миллӣ-озодихоҳии соли 1916 дар кадом шаҳр ба амал омадааст?
Ҷавоб:
Хуҷанд

30. Кадом ҳодиса берун аз ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ба амал омадааст?
Ҷавоб:
парвози аввалини инсон ба кайҳон

31. “Авесто” аз чанд китоб (наск) иборат аст?
Ҷавоб:
21

32. Шеъри тоҷикони Балх аз кадом воқеаи таърихӣ дарак медиҳад?
Аз Хуталон омадия,
Ба рў табоҳ омадия.
Овора боз омадия,
Хушку низор омадия.
Ҷавоб:
шикасти Асад ибни Абдуллоҳ соли 725 дар Хатлон

33. Кадом табақаи иҷтимоӣ Абдулатифро ба куштори падараш Улуғбек ташвиқ
карда буд?
Ҷавоб:
рӯҳониён

34. Дар нақша сохтори идоракунии кадом давлати Осиёи Марказӣ дар асри XIX
дода шудааст?
Ҷавоб:
аморати Бухоро

35. Дар расм тахтапушти бараҳнаи Садриддин Айнӣ баъди задани 75 дурра
(чӯб) инъикос гардидааст. Барои чӣ соли 1917 ӯ зиндонӣ гардид?
Ҷавоб:
барои бӯҳтони иштироки ӯ дар намоиши ҷадидон (ҷавонбухориён)

36. Соли 1939 дар ҶШС Тоҷикистон кадом алифбо қабул гардид?
Ҷавоб:
кириллӣ

37. Аввалин тоҷик, ки ба гирифтани унвони “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ”
сазовор гардид.
Ҷавоб:
Неъмат Қарабоев
38. Даври аввали музокироти Ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифони ҳукумат
соли 1994 дар кадом шаҳр баргузор гардид?
Ҷавоб:
Москва

39. Ин акс дар кадом ёдгории таърихӣ боқӣ мондааст?
Ҷавоб:
кӯҳи Бесутун

40. Сомонхудот ҳамчун нишони ҳурмату эҳтироми худ ба Асад ибни Абдуллоҳ
ба писараш Асад ном мегузорад. Асад ибни Абдуллоҳ кӣ буд?
Ҷавоб:
волии халифаи араб дар Хуросон

41. Асоси лашкари Сомониёнро киҳо ташкил медоданд?
Ҷавоб:
ғуломони турк

42. Самарқанд ягона шаҳре буд, ки тамоми давлатҳои хилофати арабро бо …
таъмин мекард.
Ҷавоб:
коғаз

43. Сухан дар бораи кӣ меравад?
“Садҳо ҳазор занон бева ва фарзандон бепадар монданд. Ҳазорҳо шаҳру деҳаҳо
сӯхтаву хароб гардиданд ва садҳо ҳазор нафар ғулом шуданд. Ин буд
лашкаркашиҳои ”судманд” ва “фарҳангмандии” ин таҷовузгари ҷаҳонӣ.”
Ҷавоб:
Искандари Мақдунӣ

44. Муҳорибаи назди Гавгамел байни кадом сарлашкарон ба амал омада буд?
Ҷавоб:
Дориюши III ва Искандари Мақдунӣ

45. Кадом воқеа мувофиқи тартиби хронологӣ пештар ба амал омадааст?
Ҷавоб:
НБО-и Норак ба истифода дода шуд.

46. Сухан дар бораи чӣ меравад?
“Ҷанговарони паҳлавони мо! Шердилона ба пеш қадам занед, писарони маҳбуби
Тоҷикистон! ... Мо боварии комил дорем, дур нест он рӯз, ки Армияи Сурхи
қаҳрамони мо ... одамхӯрони гитлериро ба куллӣ торумор менамояд... ”
Ҷавоб:
мубориза бо фашистони немис дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

47. Бештар ба кадом водӣ муҳоҷиркунии ихтиёрии аҳолии Тоҷикистон дар
солҳои 20-уми асри XX ба роҳ монда шуд?
Ҷавоб:
Вахш

48. Кадом амири Бухороро мардум барои бераҳмӣ ва хунхорияш “амири қассоб”
меномиданд?
Ҷавоб:
Насрулло

49. Аввалин рўзномаи ба забони тоҷикӣ нашргардида дар Осиёи Миёна чӣ ном
дошт?
Ҷавоб:
“Бухорои Шариф“

50. Дар Осиёи Миёна мансабҳои амир, қушбегӣ, қозикалон, раис, миршаб,
мироб ва тӯпчӣ дар куҷо истифода мешуданд?
Ҷавоб:
аморати Бухоро

51. Кадом воқеа мувофиқи тартиби хронологӣ баъдтар ба амал омадааст?
Ҷавоб:
ташкилёбии генерал-губернатории
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 5 >>
На главную
0 / 36

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©