Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ҷое, ки гулҳо шукуфтаанд, занбӯрҳо ҷамъ мешаванд.
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 >>

Тестхо 2015 ууу

Тэги:тест | тестхо | савол чавоб | шпаргалка | тестхо бо чавоб | саволу чавоб | 2015 | тесты
Добавил:Admin (10.07.2015 / 13:39)
Рейтинг:rating 149 article (1)
Прочтений:2199
Комментарии:1
1.Давлат чист?
ташкилоти махсуси сиёсӣ буда дорои дастгоҳи идоракуни мебошад
2.Нишонаҳои давлат кадомҳоянд?
ҳудуд, аҳолӣ, соҳибихтиёрӣ, гункунии андоз, артиш
3.Шаклҳои давлатро нишон диҳед?
шакли идоракунӣ, шакли сохти давлатӣ, режими давлатӣ
4.Шаклҳои идоракунии давлат нишон диҳед?
Монархия ва ҷумҳуриявӣ
5.Шакли сохти давлатиро нишон диҳед?
унитарӣ, федеративӣ ва конфедеративӣ
6.Типҳои таърихии давлат нишон диҳед?
гуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ ва сотсиалистӣ
7.Шаклҳои пайдоиши давлат ва ҳуқуқ?
афинагӣ, римӣ, олмонӣ
8.Сабабҳои пайдоиши давлат ва ҳуқуқ?
афзоиши ҳосилнокии меҳнат, тақсимоти ҷамъият, моликияти хусусӣ
9.Режими давлатӣ (сиёсӣ)-ро нишон диҳед?
Давлате, ки дар заминаи ҳуқуқ бунёд ёфта, фаъолият менамояд
10.Нишонаҳои давлати ҳукукбунёд кадомҳоянд?
волоияти қонун, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳукукҳои он, масъулияти тарафайн, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ
11.Ҷомеаи шаҳрвандӣ чист?
маҷмӯи муносибатҳои ғайридавлатӣ ва ғайрисиёсӣ
12.Ҳуқуқ чист?
маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешавад
13.Нишонаҳои ҳуқуқро нишон диҳед?
меъёри ҳуқуқӣ, аз тарафи давлат қабул карда мешавад, аз тарафи давлат ҳифз карда мешавад, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад
14.Типҳои таъриxии ҳуқуқрo нишoн диҳед?
гуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ ва сотсиалистӣ
15.Қонун чист?
санади меъёри ҳуқуқиест, ки аз ҷониби давлат ба тавсиб расида дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад
16.Таркиби меъёрҳои ҳуқуқиро нишон диҳед?
гипотеза, диспозитсия, санксия
17.Шаклҳои баамалбарории ҳуқуқ?
риоя намудан, иҷро намудан, истифода намудан, татбиқ намудан
18.Таҷзияи ҳокимияти давлатро нишон диҳед?
Қонунгузор, иҷроия, судӣ
19.Меъёрҳои ҳуқуқ аввал ба вуҷуд омадааст ё ахлоқ?
Ахлоқ
20.Функсияҳои ҳуқуқро нишон диҳед?
танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ
21.Сарчашмаҳои ҳуқуқ?
одат, анъана, ахлоқ
22.Намудҳои қонунро нишон диҳед?
оддӣ ва конститутсионӣ
23.Субъектони ҳуқуқэҷодкуниро нишон диҳед?
Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ
24.Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна давлат аст?
соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ
25.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом тартиб қабул карда шудааст?
Райъпурсӣ
26.Нишонаҳои демократия кадомҳояд?
интихобӣ ва ивазшавии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ҳисоботдиҳанда ва зери назорат удан, баробарҳуқуқуии шаҳрвандон ва кафолати ҳуқуқуии онҳо
27.Давлат дунявӣ будани Тоҷикистон чӣ маъно дорад?
аз дин ҷудо будани давлат
28.Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон диҳед?
Қаҳҳор Махкамов
29.Сохтори давлати Тоҷикисон чӣ гуна аст?
Унитарӣ
30.Ба Конститутсияи Ҷмуҳурии Тоҷикистон чанд маротиба тағийроту иловаҳо дохил шудааст?
2 маротиба
31.Оё ғасбӣ ҳокимият мумкин аст?
мумкин нест
32.Асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистонро номбар кунед? Лист
низоми сиёсӣ, иқтисодӣ
33.Раъйпурси чист?
ин овоздишҳиӣ аз рӯи масъалаи муҳими ҳаёти давлатӣ ба ҷамъият бори охир ифодаи иродаи умумӣ
34.Ҷумҳурии Президентӣ чист?
Ҳукумат аз тарафи Президент новобаста аз ҳайати ҳизби парламент ташкил карда мешавад
35.Марҳилаҳои инкишофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон диҳед?
Маҷомоти қонунузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом аст?
Маҷлиси Олӣ
36.Сарвари давлат ва Ҳукумат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӣ мебошад?
Президент
37.Чанд ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси Миллиро Президент таъин мекунад?
аз чор як ҳисса
38.Интихоботи Маҷлиси намояндагон чӣ тавр сурат мегирад?
ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ
39.Аз номи Тоҷикистон кадом мақомот ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?
Президент ва Маҷлиси Олӣ
40.Маҷлиси Олӣ аз чанд Маҷлис иборат аст?
Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МОҶТ
41.Ки узви якумраи Маҷлиси Миллӣ шуда метавонад?
ҳар як собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
42.Оё Маҷлиси Олӣ дар давраи вазъияти фавқулода ва ҷанг ҳуқуқи фаъолият кардандро дорад?
Маҷлиси Олӣ дар давраи вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешавад
43.Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаҳои якмандати чанд вакил бояд интихоб шавад?
41 нафар
44. Фаъолияти Маҷлиси Миллӣ чӣ гуна аст?
Даъватӣ
45.Низоми Суди Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон диҳед?
Суди конститутсионӣ, суди Олӣ, суди олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоятҳо, ш.Душанбе, судҳои шаҳр ва ноҳияҳо
46.Ҳайати суди конститутсионӣ аз чанд нафар иборат аст?
7 нафар
47.Дахлнопазирии шахсият дар кадом моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст?
моддаҳои 5, 14, 17,41
48.Адолати судиро кадом мақомот ба амал мебарорад?
Суд
49.Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӣ таъин менамояд?
Президент бо розгии Маҷлиси Миллӣ
50.Прокурорҳои тобеъи прокурори генералиро кӣ таъин ва озод менамояд?
Прокурори генералӣ
51.Мӯҳлати ваколати судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд аст?
10 сол
52.Ёрии ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақомот ба амал мебарорад?
Адвокатура
53.Қонун дар бораи адвокатура кай қабул шудааст?
18.03.2015
54.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия кай қабул шудааст?
17.05.2004
55.Кадоме аз коргарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд?
Судяҳо
56.Санадҳои эътиноии прокурорро нишон диҳед?
эътироз, қарор, пешниҳод, амр
57.Эъломияи умумии ҳуқуқуи башар кай қабул карда шудааст?
10.12.1948
58.Кадом боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст?
боби дуюм
59.Принсипҳои асосии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд?
дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон, баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ягонагии ҳуқуқу озодии шаҳрвандон
60.Шаҳрванд кай ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешавад?
то рӯзи даъват синнаш ба 18 расида бошад
61.Ҳуқуқи интихобот ба кадом намуди ҳуқуқ дохил мешавад?
ҳуқуқи сиёсӣ
62.Эҳтимолияти бегуноҳӣ чӣ маъно дорад?
Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад
63.Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил кафолат дода шудааст?
моддаи 22 лист 2
64.Вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро номбар кунед?
Риояи қонун, хифзи Ватан, табиат ҷамъият, давлат, маданият, моликият, додани андоз
65.Оё надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод менамояд?
Надонистани қонун ҷавобариро истисно намекунад
66.Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ба кадом намуди ҳуқуқҳои шаҳрвандон дохил мешавад?
Таваллуд қабул намудан, дар ҳолатҳое, ки шартномаҳои байналхалқӣ пешбинӣ намудаанд
67.Шаҳрвандӣ гуфта чиро меноманд?
Ин мансубияти ҳуқуқии шахс ба давлат, ки дар алоқамандии мутаносиби ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва ҷавобарии тарафайн зоҳир шуда, дар эътироф ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон асос ёфтааст
68.Шахси ҷисмонӣ кист?
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ
69.Қобилияти
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 72

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru