Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Девор аз таҳкурсияш хароб мешавад, дарахт аз болояш, одам аз дилаш.
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 39 >>

ТАЪРИХИ ХАЛКИ ТОЧИК ( аз 1 то 1000 Тестхо )

Тэги:таърихи халки точик аз 1 то 1000 тестхо | донишчу | точикистон | точики | 2015 | тест | тестхо бо чавоб | саволу чавоб | тестхо | таърих | тестхои 2015
Добавил:Admin (10.07.2015 / 13:15)
Рейтинг:rating 147 article (0)
Прочтений:10021
Комментарии:Комментарии закрыты
ТАЪРИХИ ХАЛКИ ТОЧИК (Тестхо)

1.Таърихи сохти ҷамоаи ибтидои аз руи кадом сарчашмаҳои асоси омухта мешавад?
А) Сарчашмаиои хатти
;
В) Сарчашмаҳои эҷодиёти даҳонии халқ;
С) Сарчашмаҳои лингвисти;
Д) Сарчашмаҳои археологи;
Е) Сарчашмаҳои мардумшиноси.

2.Се давраи археологии сохти ҷамоаи ибтидоиро бо тартиб номбар кунед?
А) Асри санг, асри оҳан, асри биринҷи;
В) Асри биринҷи, асри санг, асри оҳан.
С) Асри санг, асри биринҷи, асри оҳан;
Д) Асри оҳан, асри биринҷи, асри санг;
Е) Асри оҳан, асри санг, асри биринҷи.

3.Қадимтарин бошишгоҳҳои одамони асри санг дар ҳудуди Тоҷикистон кадомҳоянд?
А) Тешиктош, Қайроққум, Теппаи Ғозиён;
В) Оқтанги, Сайёд, Ошхона;
С) Маркансу, Унарча, Саразм;
Д) Куйибулён, Ҳочабоқирғон, Хоҷа Ғор,
Е) Кулдара, Хонақоҳ, Тутқавул.

4.Бошишгоҳи қадимтарин одамонро дар Осиёи Миёна муайян кунед?
А) Хона; В) Чайла; С) Ғор; Д) Айвон; Е) Каппа.

5. Қадимтарин олатҳои меҳнати одамони ибтидои асосан аз чи сохта мешуд?
А) Аз санг; В) Аз оҳан; С) Аз устухон; Д) Аз мис; Е) Аз чуб.

6. Аввалин кишоварзони Тоҷикистон киҳоянд?
А) Хуҷандиҳо; В) Истаравшаниҳо; С) Суғдиҳо;
Д) Ҳисориҳо; Е) Бохтариҳо.


7. Давраҳои асри сангро бо тартиб номбар кунед?
А) Мезолит, неолит, палеолит; В) Палеолит, мезолит, неолит;
С) Неолит, палеолит, мезолит; Д) Мезолит, палеолит, неолит;
Е) Палеолит, неолит, мезолит.

8. Ёдгориҳои маданияти Ҳисор ба кадом давраи асри санг тааллуқ дорад?
А) Палеолит; В) Биринҷи; С) Энеолит; Д) Неолит; Е) Мезолит.

9. Дар ҳудуди Тоҷикистон аввалин бор истифодаи конҳои мис кай сар шуд?
А) 6 ҳазор сол пеш; В) 7 ҳазор сол пеш; С) 4 ҳазор сол пеш; Д) 10 ҳазор сол пеш; Е) 5 ҳазор сол пеш.

10. Давраи асри нави сангин – неолит кай оғоз шуд?
А) Тахминан 9-6 ҳазор сол пеш; В) Тахминан 7-3 ҳазор сол пеш;
С) 15-14 ҳазор сол пеш; Д) Тахминан 6-4 ҳазор сол пеш; Е) 3-2 ҳазор сол пеш.

11. Машҳуртарин манзилгоҳҳои одамони асри биринҷи дар Тоҷикистон кадомҳоянд?
А) Оқтанги, Ҷаркурғон, Сайёд; В) Қайроққум, Оқтанги, Саразм; С) Хонақоҳ, Туткавул, Қаротоғ; Д) Қаробура, Оғзикичик, Обикиик; Е) Теппаи Ғозиён, Анав, Маркансу.

12. Деҳаҳои одамони асри биринҷи ба кадом асрҳо тааллуқ доранд?
А) Ба асрҳои ХIII-ҶII пеш аз милод; В) Ба асрҳои ХII-IХ пеш аз милод; С) Ба асрҳои ХV-ХIII пеш аз милод; D) Ба асрҳои Х-IХ пеш аз милод.
У) Ба асрҳои IХ-VIII пеш аз милод.

13. Касби асосии одамони давраи асри биринҷиро номбар кунед?
А) Ҳунарманди ва дехқони; В) Деҳқони ва косиби; С) Тиҷорат ва косиби; Д) Чорводори ва шикорчиги; Е) Чорводори ва деҳқони.

14. Қадимтарин тасвироти руи санг дар Осиёи Миёна дар кадом манзилгоҳ кашф шудааст?
А) Дар силсилакуҳи Қурама; В) Дар Хонақоҳ;
С) Сайламитош (Фарғона); Д) Ғори Шахта (ноҳияи Мурғоб); Е) Дар соҳили Зарафшон.



15. Гудохтани маъдани оҳан дар Осиёи Миёна кай сар шуд?
А) Дар асрҳои VIII-VII пеш аз милод;
В) Дар асрҳои IХ-VIII пеш аз милод;
С) Дар асрҳои ХVII-ХVI пеш аз милод;
Д) Дар асрҳои IV-III пеш аз милод;
Е) Дар асри I милоди.

16. Ин ибора ба қалами ки мансуб аст? «Оҳан аз тамоми ашёи хоме, ки дар таърих роли инқилоби бозидааст, охирин ва муҳимтарин, то худи пайдо шудани картошка охирин навъи ашёи хом буда, ба одам хизмат мекардаги шуд.»
А) К.Маркс; В) А.П.Окаладников; С) В.И.Ленин; Д) Б.А. Литвинский; Е) Ф.Энгелс.

17. Ёдгории ғори Тешиктошро (с.1938-39) ки кашф намудааст?
А) В.А. Ранов; В) А.П. Окладников; С) Н.Н. Неъматов; Д) В.И.Массон; Е) А.Аскаров.

18. Аз ғори Тешиктош устухони ҷасади кадом типи одам ёфт шудааст?
А) Питекантроп; В) Синантроп; С) Палеантроп;
Д) Неандертал; Е) Австролопитек.

19. Усули гудозиши маъдани оҳани одамони ибтидоиро дар кадом ноҳияи Тоҷикистон то ба наздикиҳо истифода мебурданд?
А) Шуғнон; В) Ванҷ; С) Қаротегин; Д) Вахон; Е) Дарвоз.

20. Аввалин тақсимоти иҷтимоии меҳнатро муайян кунед?
А) Аз деҳқони ҷудо шудани чорводори;
В) Аз чорводори ҷудо шудани деҳқони;
С) Аз чорводори ҷудо шудани ҳунарманди;
Д) Аз ҳунарманди ҷудо шудани тиҷорат;
Е) Аз ҳунарманди ҷудо шудани деҳқони.

21. Ёдгории археологии Саразм дар кадом ноҳия воқеъ аст?
А) Исфара; В) Уротеппа; С) Панҷакент; Д) Шаҳристон; Е) Кулоб.

22. Маданияти қадимаи шаҳри дар кадом маҳали Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст?
А) Қайроққум; В) Самарқанд; С) Ҳулбук; Д) Хуҷанд; Е) Саразм.



23. Дар Осиёи Миёна аз кай ташаккулёбии қадимаи шаҳр оғоз ёфтааст?
А) 10 ҳазор сол пеш; В) 7 ҳазор сол пеш; С) 2 ҳазор сол пеш; Д) 5 ҳазор сол пеш; Е) 1 ҳазор сол пеш.

24. Асоси ҷамъияти ғуломдориро чи ташкил медиҳад?
А) Аз они коллектив будани воситаҳои истеҳсолот;
В) Синфи коргар ва бурҷуазия;
С) Моликияти хусуси ба воситаҳои истеҳсолот, ғуломдорон ва ғуломон;
Д) Деҳқонон ва помещикон;
Е) Зиддиятҳои синфи.

25. Дар ватани таърихии тоҷикон ба ҷои сохти ҷамоаи ибтидои сохти ғуломдори кай ба вуҷуд омад?
А) Дар асрҳои ХIV-ХIII пеш аз милод; В) Дар асрҳои ХII-Х пеш аз милод;
C) Дар асрхои VIII-VII пеш аз милод; Д) Дар асрҳои IV-III пеш аз милод; Е) Дар асрҳои I-IV милоди.

26. Аз чи сабаб ба ҷои сохти ҷамоаи ибтидои сохти ғуломдори меояд?
А) Дар натиҷаи афзудани маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ба вуҷуд омадани нобаробарии молумулки;
В) Дар натиҷаи такмил ёфтани олоти истеҳсолот;
С) Дар натиҷаи гузариш ба сохти қавмии падари;
Д) Дар натиҷаи тараққиёти баланди маданияти модди ва маънави;
Е) Дар натиҷаи тафриқаи иҷтимои ва заволи модаршоҳи.

27. Китоби муқаддаси дини зардуштиро муайян кунед?
А) «Қуръони қадим»; В) «Таврот»; С) «Инҷил»;
Д) «Забур»; Е) «Авасто».

28. Асосгузори дини зардушти кист?
А) Исо пайғамбар; В) Зардушт; С) Маздак; Д) Ҳурмуз; Е) Митра.

29. Ватани «Авасто» -ро номбар кунед?
А) Ҳиндустон; В) Эрон; С) Осиёи Хурд; Д) Чин; Е) Осиёи Миёна.

30. Дар «Авасто» кадом касбҳо бошараф ҳисоб меёфтанд?
А) Дуредгари ва заргари; В) Косиби ва тиҷорат;
С) Деҳқони ва чорводори; Д) Оҳангари ва чармгари;
Е) Кулолгари ва меъмори.




31. Қадимтарин сарчашмаи хаттиро доир ба таърихи Осиёи Миёна муайян кунед.
А) «Махабҳарата»; В) Ёдгории Бесутун; С) «Шоҳнома»-и Фирдавси; Д) «Авасто»; Е) «Таърихи» Ҳеродот.
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 39 >>
На главную
0 / 63

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru