Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Саги мо суи маҳтоб меҷакад
Библиотека | Великие Люды
1 2 >>

Мухаммад Чаллолиди Руми

Тэги:мухаммад чаллолиди руми
Добавил:Admin (02.06.2015 / 11:53)
Рейтинг:rating 138 article (0)
Прочтений:1248
Комментарии:0
Муҳаммад Ҷалолиддини Балхц соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст ва дар сини шашсолагц бо волидайнаш диёри балхро якумрц тарҳ менамояд. Падари Ҷалолиддин бо аҳли оилааш сафари хешро давом до да ба Мака мераванд ва Каъбаро зиёрат мекунанд. Пас ба Димишқ ва аз он ҷо ба Арманистон омаданд. Аз он ҷо ба Туркия роҳи сафарро идома дода, дар Куния инони сафар бар кашиданд ва доими зистанро ихтиёр намуданд. Муҳаммади ҷавон дар тӯли сафарҳо аз донишмандони бузург илм омӯхт. Дар шаҳрҳои Бағдоду Димишқ, ки бузургтарин олимон дар мадрасаҳо ба тадрис машғул буданд, пешашон чанд муддат шогирдц кард ва аз файзашон бархурдор гардид. Илмҳои ҳадис, таърих, калом, адабиёт ва фалсафаро дар пеши Умар ибни Аҳмад ибни Ҳабибуллоҳ, ки оқилтарин ва фозилтарин олими замон маҳсуб мешуд, ба пуррагӣ омӯхт. Пас аз он ба Куния омада, дар яке аз мадрасаҳои шаҳр ба таълими шогирдон пардохт. Маҳз дар ҳамин давра бо шайх Шамси Табрезц вохӯрда, дар назди ӯ аз илми тасаввуф дарс мегирад ва ба ӯ як унси сахт пайдо мекунад. Ин ҳодиса соли 1244, яъне дар 37-солагии Ҷалолиддин Муҳаммади Балхц воқеъ гардида буд.
Муҳаммад Ҷалолиддини Балхц аз пирони тариқат, аз устодони илму маърифат дарс гирифт, обрӯ ёфт ва шӯҳрату мақоми шоиста дар байни аҳли маърифат пайдо кард. Сӯҳбати ӯро ҳазор-ҳазор шогирдон гӯш медоданд ва аз гуфтори шакарбораш гули маънӣ мечинданд. Ӯ марди роҳи Ҳақ буд. Барояш ҳама яксон буданд. Инсони пок наздаш қадру манзалат дошт. Дар байни шогирдонаш аз намояндагони динҳои ислом, мусавиён ва исавиён буданд ва таълим ҳам мегирифтанд. Аз устод дарси инсоншиносиро меомӯхтанд. Худои ягонаро парастиш мекарданд.
Ҳангоме, ки 17 декабри соли 1273 Ҷалолиддини Балхц дар Куния вафот кард, дар шаҳр як шӯру валвала бархост. Аз шаҳру деҳоти кишвар ва дигар мамолики дуру наздик барои гусели ин марди шариф садҳо, ҳазорҳо шогирдон, мухлисон, донишмандон ба Куния омаданд ва чомаи мотам пӯшиданд. Ҷасади Ҷалолиддинро болои тахт даст ба даст анбӯҳи одамон ба манзили охират гусел карданд. Гурӯҳе афғон дошту нолаи пурсӯз мекард, гурӯҳе рақскунон, дойразанон Мавлоноро ҳамроҳц намуданд, қисме аз абёти шӯрангезу диловези Ҷалолиддинро қироат доштанд ва адибон бо лаҳни ширадор марсияҳои хешро ба ҳозирин мерасониданд. Ҳангомае буд аҷоиб ва омӯзанда.
Оре, марги Мавлоно, маросими дафни Ҷалолиддин панде буд барои ҳамзамонон, ҳамкешон, ҳамзабонон. Дар зиндагц, дар рафтору кирдор ҳамин тавр бояд зист, ҳамин тавр бояд буд. Барояш ҳама баробар буданд. + мисли хуршед барои ҳама: хоҳ шоҳ бошаду хоҳ гадо, хоҳ сарватманд бошаду хоҳ бенаво, хоҳ даҳрӣ бошаду хоҳ уламо яксон нур мепошид.
Ориф ва мутафаккири бузург ба оламиён собит кард, ки агар инсон якрӯ бошаду барои инсонҳо баробар хизмат кунад, ӯро пешво, мушкилкушои ҳама дарду дармонашон меҳисобанд ва фарзанду пайванди хеш медонанд. Ин ғояи олии одамиятро хеле барвақт Мавлоно дарк карда буд, дар эҷодиёташ инъикос намуда буд. Ба ҳамин ҳотир Муҳаммад Ҷалолиддини Балхц аз ҳамзабонц ҳамдилиро авлотар медонист ва ҳамдилиро дар ғазалиёташ, дар «Маснавии маънавц»-аш мадҳу ситоиш кардааст ва кулли инсониятро ба ҳамдилию ҳамфикрӣ ҳидоят намудааст.
Аз он рӯзгор беш аз 700 сол - ҳафт аср гузаштааст. Шаҳри бостонии Куния дар Туркия хеле обод гардида, турбати Мавлонои Балхц ҷойи ободтарини ин шаҳр аст. Ҳар рӯз аз гӯшаю атрофи дунё 16 ҳазор мухлисон, мусофирон, сайёҳон ба Куния омада зиёраташ мекунанд. Дар пешорӯи турбат осорхонаи ин марди бузург қомат афрохтааст. Дар он аз асарҳо, мактубҳо ва дастнависҳои нодиртарини Мавлоно, инчунин сару либос, пойафзол ва дигар ашёе, ки ба Ҷалолиддин мансуб буданд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ба наздикц (соли 2006) турбати Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)-ро Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов зиёрат кард ва баъдан аз осорхонаю Масҷиди ҷомеи Мавлоноро дидан намуд.

МЕРОСИ АДАБИИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Мавлоно Ҷалолиддини Балхц дар таърихи адабиёти тоҷику форс ҳамчун адибу файласуф шӯҳрат дорад.
Номгӯи мероси адабии Ҷалолиддини Балхц аз нигоҳи микдор чандон зиёд нест, аммо асарҳояш ҳаҷман бузурганд. Мероси адабии у асосан аз «Маснавии маънавц», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Девони кабир» иборат мебошад. Ғазалҳои орифона дар «Девони кабир» мақоми шоиста доранд.
Шоир саодатманди, бахту некрузии инсонро дар покии вичдон, ростгӯйию растагорй ва дар бомаърифатии ӯ мебинад ва таъкид менамояд, ки агар одам бо чунин сифатҳо ороста бошад, азизу мукаррам аст ва ҳар ҷо, ки қадам нихад, тоҷи сари мардумон мегардад:

Хоҳц, ки ҳамеша шоду хуррам бошц,
Ҳар цо, ки равӣ азизу маҳрам бошц.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоци наберагони Одам бошц.
Мавлоно дар рубоиёташ ишки поки инсониро басо самими, дилкаш ва шоирона ба калам додааст:

Бо ёр ба гулзор шудам раҳгузаре,
Бар гул назаре фикандам аз бехабарӣ.
Дилдор ба ман гуфт, ки «Шармат бодо!
Рухсори ман ин цову ту бар гул нигарц».

МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ҒАЗАЛИЁТИ ШОИР
«Девони кабир»
Девон асосан щазалиёти Ҷалолиддини Балхиро дар бар мегирад ва беш аз 50 ҳазор байт дар он гулчин шудааст. Ғазалиёти адиб беш аз 7 қарн аст, ки қалби ошиқони шайдоро гарм намуда, ба инсонҳо ғизои маънавӣ бахшидаанд. Ғазалиёти Мавлоно на танҳо барои форсизабонони дунё маҳбубият, волоият, арзандагй доранд, балки барои ҳамаи мардуми олам мақбулу азизанд. Ӯ дар ғазалҳояш ишқи инсон, дарду гами инсон ва бузургии инсонро ситоиш кардааст. Ҷалолидцини Балхӣ инсонҳоро ба якдигар баробар, бародар медонист. Барои ӯ мафҳуми миллат, халқ, дину мазҳаб як маъно доштанд.ва онҳоро баробар ва яксон медонист.
Ope, дарду гами инсон, орзую омоли аҳли Сайёра мағз андар магзи газалиёти шоирро фаро гирифтааст. Дар бораи тавоноии ин шоири файласуфи лирики қиссаҳо, ривоятҳо зиёданд, ки дар ҳамаи онҳо Ҷалолиддин тавсифу ситоиш ёфтааст. Мавлоно Афлокй дар бораи шахсиятҳои бузурги илму адаб дар асараш ҳикояте, наклу ривояте овардааст. Аз ҷумла, дар бораи Мавлоно Ҷалолиддини Балхц ҳам чанд ҳикояте овардааст, ки ҳоло муносиб аст як нақли ӯро мазмунан ба шумо ҳикоят намоем. Ҷалолиддин ва Саъдц ҳангоми сайру саёҳатҳояшон ба Қунияю Шероз рафта якдигарро зиёрат карда буданд ва бо ҳам риштаи дӯстию бародарй ва ҳамкории адабӣ ҳам дошта буданд. Боре малик Шамсиддин ба Саъдц нома навишта хоҳиш менамояд, ки барояш газале иншо бикунад, ки он газал мазмуни гариб ва санъатҳои аҷиб дошта бошад.
Шайх Саъдй газали Мавлоно Ҷалолиддинро, ки бо чунин матлаъ огоз меёфт:
«Ҳар нафас овози шик мерасад аз чапу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?»
бо номае ба Шамсиддин фиристоданд ва дар он нома Саъдц чунин нигошта буд: «Дар икдими Рум подшоҳе муборакқадам зуҳур кардааст ва ин нафоқат ӯрост. Аз ӯ беҳтар газале нагуфтаанд ва низ нахоҳанд гуфтан. Маро ҳаваси он аст, ки ба зиёрати он султон ба диёри Рум равам ва рӯйро ба хоки пойи ӯ бимолам».
Дар ҳамин мавзӯъ Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкираи хеш «Тазкират-уш-шуаро» гуфтае дорад, ки ёд кардани он айни савоб хоҳад буд: «Гӯянд дар хонаи Мавлоно сутуне буд. Чун гарқи баҳри муҳаббат шудй, даст дар он сутун задй ва ба чарх омадӣ ва ашъори пуршӯр мегуфт ва мардум он ашъор менавиштанд».
Суханони боло гувоҳи онанд, ки Мавлоноро
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 45

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru