Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Великие Люды
1 2 >>

Лоик Шерали

Тэги:лоик шерали
Добавил:Admin (02.06.2015 / 11:52)
Рейтинг:rating 137 article (2)
Прочтений:1182
Комментарии:1
ЗИНДАГИНОМА
Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шариф воқеъ дар шаҳристони Панҷекати Тоҷикистон зода шудааст.
Ӯ соли 1954 пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Мазори Шариф ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат дохил шуда, соли 1958 онро хатм кард. Таҳсил дар ҳамин донишсаро роҳи ояндаи ӯро таъйин намуд. Ӯ бо маслиҳат ва пуштибонии бародари фозилаш Қоришариф соли 1959 ба Душанбе меояд ва ба факултаи забону адаб ва торихи Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мегардад ва соли 1963 онро ба поён мерасонад.
Пас аз ин, нахуст ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи “Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии “Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон кор кард. Ӯ Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Вале бо назардошти истеъдоди равшани Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бидуни ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Ӯ ҳамчунин узви Кумитаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон ва низ намояндаи Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг ба сифати Райиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ифои вазифа кард.
30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июл бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкари покаш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон дафн карда шуд. Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:

Дар рӯи замин намонд маъман,
Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.
Устод соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии “Шоири халқии Тоҷикистон”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.

Салом эй Лоики имрузу фардо,
Салом эй шоири хуршеду дарё

Устод шодравон Лоик Шерали аз чумлаи шахсиятхои шинохта ва начиб буд. Вокеан хам устод нобигаи замони худ шинохта шудааст. Осоре,ки Лоик аз худ ба мо гузошт, ин бозгуи аз сари нав зинда кардани адабиёти классики форсу точик мебошад. Дар ин умри кутохи худ Лоик тавонистааст,шеърхое эчод намояд,ки мазмун ва мохияти онхо хеч гох аз байн нахоханд рафт. Ёру дустон ва хаводорони Лоик устодро «Рудакии аз нав эхёшуда»мегуфтанд.Тавре шахсе дар васфи устод гуфтааст:
Гамин гардидаам дар байни мардум,
Дилам бар хандахоят мезанад гум.
Тасалли медихам худро аз ин гам,
Ки буди Рудакии асри 20-ум.
Вокеан хам Лоик Рудакии замони худ буд.Зеро пас аз 1000-соли марги шохсутуни адабиёти классики форсу точик-Абуабдулло Рудаки соли 1941 дар дехаи Мазори Шарифи нохияи Панчакент писаре ба дунё меояд,бо номи Лоик.Нахустин шеърашро Лоик дар синни 18-солагиаш бо номи «Ном» иншо мекунад. Мохияти ин шеър аз он иборат аст, ки дар хини навраси Лоик мехохад, кореро анчом намояд, ки дар дилу дидаи мардум абадан чой гирад.Ва хамин чиз сабаб мегардаду у пешаи шоириро ба худ кабул менамояд.Албатта,шоири ин истеъдоди Худододист.Вале у пайваста кушиш менамуд,ки ба воситаи шеърнависи дар калбу дидаи одамон чой гирад.
.Ва хамин шеър бо номи «Ном» тавлид меёбад:
Як чавон мехост шухрат ёбад андар байни халк,
Номи худро зинда гардонад дар олам човидон.
Фикр карду окибат як чорае пайдо намуд,

Канд номашро ба руи сангу з-он шуд шодмон.
Гуфтамаш :Он сангро селоб агар аз чо барад,
Созад онро дар ягон чойе зи чашми кас нихон.
Ё кафад он санг аз гармову аз сармои сахт,
Номи ту гум мешавад,бешубха бо санг аз миён.
Гар ту хохи зинда боши солхои бешумор,
Умр бини човидони,то чахон орад бако.
Аз тахи дил хизмати халку диёри хеш кун,
Номи худ бинвис ба калби мардумони бовафо.

Дар муддати кутох Лоик тавонистааст,дар дилу дидаи мардум бо он шеърхои пурмазмун ва баландэъчозаш чой гирад.Шеърхое,ки Лоик навиштааст, сар то ба по мазмуни баланди эчоди доранд.Васфи ишку мухаббат ва мехру садокат дар эчодиёти устод чунон зебо ва нозукбинона нигошта шудааст,ки пас аз мутолиа намудани он ба хонанда руху халовати тозае мебахшад.

Умеди зиндаги уммеди ишк аст,
Чахон як нусхаи таклиди ишк аст.
Ту хуршеде,ки мебини ба гардун,
Факат як шуълаи хуршеди ишк аст.
Шеърхое,ки Лоик дар васфи модар гуфтааст, хамаи онхо дорои маънии бузурганд.»Модарнома»-и устод яке аз бехтарин модарномахо шинохта шудааст.Аксари шеърхои «Модарнома»-и устод бозгуи зиндагии модари муштипараш мебошанд. Дар яке аз шеърхояш тасвири модари пираш,ки дастони ларзон дораду чашми сузанро намебинад,ва бо як уммед ва шарафи модари чомаи домоди медузад,устокорона навишта шудааст:
Ба кунчи сандали биншаста шабхо модари пирам,
Ту шояд чомаи домоди медузи ба сад ният,
Ки рузи туй дида дар кади ман,бишкани армон,
Бубини то ба ранги нав,ба хусни нав чавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Пас аз марги модар Лоик худро бе касу танхо ва дилшикаста дармеёбад.Лоик марги модарро огози пирии худ хондааст:
…Алвидоъ модар, ба шират рози шав!
Зиндагии ман агарчи аз каму гам эман аст,
Баъди ту мебинам онро бе шукуху бе фуруг ,
Гуйё,
Марги ту огози пирии ман аст…
Кариб дар хамаи шеърхои ба модар бахшидааш ишора аз он мекунад,ки ай модар, пас аз рафтанат аз ин дунё ман дигар касе надорам.Ту дар он дунё низ маро мунтазир бош.Наздат хохам рафт.
Ту бо пурсандахо ончо мадоро кун барои ман,
Ба уммеде,ки оям низ рузе бар канори ту
Ва ё:

Модарам рафт ман низ биштобам,
Рухи покаш дар интизори ман аст.
Ватанхохи ва ватанпарасти дар шеърхои Лоик хеле хуб инъикос ёфтаанд.Шеърхое,ки дар замони чанги бародаркуши эчод гардидаанд,хама мазмуни сиёси дошта даъват ба ягонаги ва сулху салох мебошанд.Хар як мисраи эчодкардаи у чахон-чахон маъни дорад.
Лоик аз ноадолатии вакилону хоинон менавишт.У дарди чомеаро,дарди миллатро мехурд.:
Дили ман эй дили садпораи ман,
Дили гампарвару гамхораи ман.
Туро садпора хохад кард охир,
Гами ин миллати садпораи ман
Аллакай тули 10-сол мешавад,ки Лоик бо мо нест, аз марги Лоик аллакай 10-сол сипари гардид. Шояд у холо агар дар хаёт мебуд, аз худ боз чандин эчодиёте боки мегузошт.
Лоикро гами ин миллат кушт.У аз ноадолатихои замона аз олам даргузашт.
Сад хайфо,ки Лоик хеле чавон ин дунёро падруд гуфт.Ширинии умрро у надид.Дар вакти тинчию осоиштаги у бо мо нест,вале шеърхои бо хуни дил нигоштааш то абад дар калби мардум хохад монд.Хеч гох насли имруз ва оянда Лоикро фаромуш нахохад кард!
Чашни 69-солаги муборак бодо бар ту аё Лоики миллат. Илохо рухат шоду хонаи охиратат обод бошад,эй ЛОИКи имрузу фардо!
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 32

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©