Привет, Гость!
На главную
Вход
Купить качественные товары с китая Таджикистан
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Великие Люды
1 2 3 >>

ГУЛНАЗАР КЕЛДИ

Тэги:гулназар келди | холнома | тарчумаи хол | бузурнон | точик | шоири точик | суруди милли тоҷикистон | суруди милли
Добавил:Admin (02.06.2015 / 11:50)
Рейтинг:rating 136 article (0)
Прочтений:3518
Комментарии:0
ГУЛНАЗАР КЕЛДи
(ТАВАЛЛУД 1945)





ХОЛНОМА
Шоири халкии Точикистон, муаллифи суруди миллии Точикистон Гулназар Келди соли 1945 дар дехаи Дардари нохияи Айнии вилояти Сугд дар оилаи дехкон ба дунё омадааст. Соли 1961 мактаби миёнаи дехаро бо нишони тилло хатм кардааст. Соли 1966 факултети таъриху филологияи Донишгохи давлатии Точикистонро бо дипломи аъло ба итмом расонидааст.
Гулназар чанд муддат дар рузномаи «Комсомоли Точи¬кистон» чун ходими адаби, мудири шуъба ва чонишини мухаррир фаъолият доштааст. Соли 1973 мудири шуъбаи мачаллаи «Садои Шарк» таъин шудааст. Солхои 1975—1977 дар Афгонистон бо мутахассисони шурави кор кардааст. Солхои 1977-1991 мудири шуъбаи назми «Садои Шарк» буд. Аз соли 1991 сардабири хафтаномаи «Адабиёт ва санъат», аз соли 1999 сардабири нашрияи «Вахдат» ва аз соли 2003 сардабири мачаллаи «Пайванд» буд. Аз соли 2005 вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мебошад. Гулназар ба Чоизаи давлатии ба номи Рудаки (1994) ва Чоизаи адабии ба номи Турсунзода (1991) сазовор гардидааст.
РОХИ ЭЧОДИ
Аввалин шеърхои Гулназар айёми тахсил дар мактаби миёна чоп гардидаанд. Китоби нахустинаш соли 1969 бо номи «Расми сарбози» ба табъ расид. Баъдхо мачмуахои «Дастархон» (1972), «Нардбон» (1975), «Aгбa» (1979), «Пахно» (1981), «Лангар» (1984), «Пайи дарё» (1986), «Табхола» (1992), «Хар мисраи шеър Точикистони ман аст» (1997), «Фариштаи бомдод» (2000), «Кадахи шабнам» (2001), «Шуълаи баркадди сузони малохат» (2002), «Ойинаи ташна» (2005), «Фасли озод» (2005), «Шакарнам» (2006) нашр шудаанд.
Гулназар барои бачагон хам шеър эчод намудааст, ки дар мачмуахои «Аз барои Гулъизор» (1983), «Чашми нигин» (1987). «Се кулчаи танури» (1990) гирд омадаанд. Китобхои «Тахти Рустам» (Душанбе, 1990) ва «Забони ошики» (Техрон, 1999) бо хуруфоти ниёгон ба табъ расидаанд.
Гулназар асархои насри, драмави, публитсисти ва илми низ таълиф намудааст, ки китобу маколахои «Лоике чун Лоике» (2000), «Таъми тути балхи» (2002), «Мансури Халлоч ва Имом Газоли» (2005), «Хотираи муаллим» (1976), «Бахори Вахш» (1983), «Таронаи Ватан» (1970), «Замини баруманди шеър» (1976), «Тарона ва замона» (1986) намунаи онхо мебошанд.
Гулназар як катор асархои адибони машхурро, аз кабили Г. Гейне, М.Ю.Лермонтов, Е.Евтушенко, Э. Межелайтис, Н. Дум бадзе, Н. Тихонов, Е. Винокуров, Р. Рождественский, Ф. Али¬ева, тарчума намудааст. Хамчунин ашъори Гулназар ба забонхои руси, узбеки, араби, киргизи, чехи, латиши, немиси, булгори ва гайра тарчума ва чоп гардидаанд.
Гулназар хам дар жанрхои суннати (чун рубои, дубайти, газал, китъа, маснави, мусаммат, фард) ва хам дар шаклхои нави шеъри (чун шеъри озод ва шеъри хусравони) асархо офаридааст. Достонхои «Савдои зиндаги» (1972) ва «Пайи дарё» (1983) ба масъалахои зиндагии халки точик дар замони Чанги Бузурти Ватани ва солхои аввали баъдичанги бахшида шудаанд.
Аз шаклхои суннатии шеъри Гулназар ба рубои ва дубайти таваччухи бештар дорад. Шоир ин шаклхои шеъриро дар китобхои алохида чой додааст. Агар китоби «Ойинаи ташна» зиёда аз 1100 рубоиро дар бар карда бошад, пас, китоби «Шакарнам» 388 дубайтиро фаро гирифтааст. Шоир дар ин жанрхои хачман хурд пахлухои гуногуни зиндагиро хунармандона тасвир намудааст:
Як субх, пур аз тараннуми наврузист.
Як чашма пур аз такаллуми наврузист.
Аз шодии зиндаги лаби гунча шукуфт,
Як пушта пур аз табассуми наврузист.
Дар чойи дигар шоир хачми хурди дубайтиро нозукбинона ба умри кутохи одами монанд кардааст:
Дубайти, мехри ту дар магзи дилхост,
Ба хар давру замон кадри ту волост.
Чу ширин аст умри кутахи мо,
Ду байти кутахи ту хам гуворост.
Рубои ва дубайтихои Гулназар бисер масъалахои чомеаи инсониро дар шакли мучазу дилнишин ифода намудаанд.


ШАКЛХОИ НАВИ ШЕЪРИ
Гулназар аз шаклхои нави шеъри беш¬тар ба бандхои чахормисраъги майл дорад. Ва дар шеъри озод низ кутохбаёниро меписандад. Шоир кушиш дорад, ки фикр харчи мучаз ва фарогир ифода ёбад, то хонанда дар сари хар мисраъ андеша кунад. Инак, ба шеъри «Ниёиш», ки хамаги аз се мисраъ иборат аст, таваччух менамоем:
Эй Ватан,
Аз ту бихохдм лаби ноне,
Ки набандад лаби ман.
Хонанда баъди андешаи амик мазмуни баланди ватанхохии шеъри мазкурро дарк менамояд: кахрамони лирикии шоир Ватанро холисона ва аз руйи мехр васф менамояд ва аз Ватан лаби ноне хохиш карданаш барои он аст, ки ногох аз бемадори лабаш аз тавсифи диёр хомуш намонад.
Мавзуъхои ашъори лирикии Гулназар васеъ ва густарда мебошанд. Аз чумла, мавзуъхои ватану ватандорй, ишку мухаббат, сулху дусти, кушишу кор, бахору чавони cap то сари ашъори Гулназарро фаро гирифтаанд. Шоир кушидааст, ки хар мавзуъро бо чилои тоза манзури хонанда намояд. Гулназар хануз дар синни 18-солаги дехаи кухии хешро бо суханхои самими ва хотирмоне васф кардааст, ки хонандаро ба вачд меорад. Шеъри «Лаълии пур аз неъмат» хамаги аз ду байт иборат аст:
Дехаам дар домани кухпораест
Хамчу лаълии пур аз шахду шакар.
Кух, гуйи дар каф онро дошта,
Мархамат гуяд ба хар як рахгузар.
Деха ба лаълии пур аз шахду шакар монанд шудааст ва кух чун инсони саховатпеша тасаввур гардидааст, ки ин лаълиро ба каф гирифта, хосили ранчи худро ба рахгузарон пешкаш менамояд. Чунин тасвирхои мушаххасу табии, ки гувохи истеъдоди фитрии Гулназар мебошанд, дар «Кухсорам, карори ман бингар», «Дар он марзе», «Замини мо», «Точикистон ба ки хамсон аст?», «Таронаи бозгашт» барин шеърхои ватан-хохрнаи шоир боз хам дилкашу мафтункунанда нило медиханд.
Мавзуи ишку мухаббат дар шеърхри «Эй ишк.», «Масниди ишк.», «Гулдухтарони Душанбе», «Духтари субх» ва як катор рубоиву дубайти ва газалиёти Гулназар чолибу сахех ифода ёфтааст. Ишк дар тасвири шоир гавхари мукаддас, воситаи покию мубаррои ва камолоти маънавии инсон аст. Дар газали «Дили тангам ба охи ту намеарзад» тамоми воситахои тасвир чун вазни сабук (хазачи мусаддаси солим), кофияи асли (ох., рох, кулох., нигох,...), радиф (ту намеарзад), тавсиф, муболига ва тазод дар ифодаи мазмуни ошиконаи шеър сахм гирифтаанд. Дар матлаъ истифода шудани хамохангии калимаву таркибхо ва боз як кофияи дигар ( тангам, сангам) газалро боз хам чолибтар намудааст:
Дили тангам ба охи ту намеарзад,
Сари сангам ба рохи ту намеарзад.
Шукухи осмонгири кулахдорон
Ба як гарди кулохи ту намеарзад...
Дусад дафтар агар шеъри сафедам хает,
Ба як холи сиёхи ту намеарзад...
Макун пинхон гунохи чашми мастатро,
Ки дунё бар гунохи ту намеарзад.
Кахрамони лирикии ашъори Гулназар шахси бедордил, зирак ва тачрибадида мебошад. У аз тачрибаи рузгор бахра бардошта, ба зиндаги ба дидаи ибрат менигарад. Ин аст, ки дар шеърхои Гулназар фикрхои пандуахлоки фаровон истифода шудаанд. Шоир аз рустани сабза дар руйи кабри инсон маъни бардошта, ганимат шумурдани умрро таъкид мекунад:
Ба сахро рав, ки ин сахро ганимат,
Чароги хандаи гулхо ганимат.
Замоне зери пойи сабза монй,
Туро ин сабза зери по ганимат.
Умр хамон вакт кимат пайдо мекунад, ки агар он ба омухтани илму маърифат ва хизмати халку ватан сарф шавад. Дар зиндаги хар кас бояд хушёр, зирак ва хамкадами замон бошад, вагарна умр гуё ки ба хоб мегузарад.
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 32

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©