Привет, Гость!
На главную
Вход
Доставка с Китая в Таджикистан дешевле
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 6 >>

ТЕСТ ИМТИХОНИ

Тэги:тест | ответы
Добавил:Admin (03.04.2015 / 14:53)
Рейтинг:rating 13 article (0)
Прочтений:6280
Комментарии:0
Варианти №1
1. Аломатҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ чунинанд
А) мунтазам гирифтани даромад, фоида ва имтиёзҳои молиявӣ;
Б) дар асоси қайди давлатӣ, таваккалона аз номи худ, мунтазам, касбан ва истеҳсолот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ пешбарии фаъолият баҳри ба дастовардани даромадхо;
В) фаъолияти якдафъаинаи даромаддор;
Г) ҳамагуна фаъолияти фоидаовар;

2. Шаҳрванд аз кадом лаҳза соҳибкор дониста мешавад?
A) аз лаҳзаи супоридани ариза ба мақомоти андоз;
Б) аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андози ҷойи фаъолият;
В) ҳангоми расидан ба синни 18-солагӣ;
Г) аз лаҳзаи оғози фаъолияти амалӣ;

3.Чунин намудхои фаъолияти соҳибкорӣ ҷой доранд:
A) соҳибкории инфиродӣ ва соҳибкории шахсӣ;
Б) соҳибкории инфиродӣ ва дастҷамъӣ (корхонаи воҳиди давлатӣ, ширкат ва ҷамъияти хоҷагӣ ва ғайрa);
В) соҳибкории шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлати;
Г) соҳибкории корхонаҳои давлатӣ

4. Шумораи муассисони кооперативи истеҳсолиро муайян намоед
A) на кам аз 20 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Б) на кам аз 4 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
В) қонунгузор ҳадди камтарини иштирокчиёнро муайян накардааст;
Г) на кам аз 5 нафар;

5.Кооперативи истеҳсолӣ- ин:
A) иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон дар асоси узвият барои фаъолияти якҷояи истеҳсолӣ ё дигари хоҷагидорӣ мебошад, ки ба иштироки шахсии меҳнатӣ ва тарзи дигари иштирок, инчунин аз ҷониби аъзо (иштирокчиён)-и он муттаҳид сохтани аъзоҳаққии саҳхомии амволӣ асос меёбад;
Б) ташкилоти кооперативии тиҷоратӣ аст иттифоқи кооператорон барои гирифтани фоида ё даромад мебошад;
Г) ташкилоте мебошад, ки аз ҷониби кооператорон ихтиёран ва ё барои гирифтани имтиёзи андоз ва дигар бартариятҳо таъсис дода мешавад;

6. Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуд-ин:
А) ҷамъияте мебошад, ки иштирокчиёнаш масъулияти маҳдуд доранд;
Б) ҷамъияти хоҷагиест, ки аз ҷониби як ё якчанд шахсе таъсис дода шуда сармояи оиннномавии он бо ҳиссаиҳаҷми муайянкардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ тақсим шудааст;
В) иттиҳоди соҳибкорон буда, мақсади асосии он гирифтани даромад мебошад;
Г) ташкилоти ихтиёрии шахсони воқеӣ мебошад;


7. Ҷамъияти саҳҳомӣ–ин:
A) ташкилоти тиҷоратие, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шуда, иштирокчиёни (саҳмдорони) он аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳхомӣ маъсулият надоранд ва таваккали зарари вобаста ба фаъолияти онро дар доираи арзиши саҳмияҳои марбуташон ба зимма доранд;
Б) ҷамъияте мебошад, ки сахмияи он ба саҳмияҳои гуногун тақсим шудааст;
В) ташкилоти тиҷоратие, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим гардида, иштирокчиёни он аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳхомӣ масъулият надоранд;
Г) ташкилоти хоҷагие, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим гардида иштирокчиёни он аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ масъулият надоранд;

8. Субъекти хоҷагидор-ин
А) фақат ташкилотҳои тиҷоратӣ;
Б) ҳамаи шахсони воқеӣ ва хукукие, ки дар худуди Чумхурии Тожикистон таъсис дода шудаанд;
В) шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ иттиҳодияҳои онҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ мебаранд;
Г) корхонаҳо ва муассисаҳо;

9. Рақобати озоди иқтисодӣ-ин:
A) мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд;
Б) принсипи асосии иқтисоди кушода ва ҷомеаи демократӣ;
В) воситаи таъсиррасонии мутақобилаи соҳибкорон;
Г) мусобиқаи субъектҳои соҳибкорӣ, ки амалиёти мустақилонаи онҳоро ба вуҷуд меорад;

10. Рақобати озоди иқтисодӣ-ин:
A) мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд;
Б) принсипи асосии иқтисоди кушода ва ҷомеаи демократӣ;
В) воситаи таъсиррасонии мутақобилаи соҳибкорон;
Г) мусобиқаи субъектҳои соҳибкорӣ, ки амалиёти мустақилонаи онҳоро ба вуҷуд меорад;

11 Рақобти бевиҷдонона-ин:
А) ҳама гуна кирдори иқтисодие, ки барои ба даст даровардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва метавонад ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ-рақибон зарар расонад;
Б) ҳамагуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст даровардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва метавонад ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ-рақибон зарар расонад ё расонидааст ё обрӯи кории онҳоро паст мегардонад;
В) ҳолате, ки вазъи як соҳибкорро бе асосҳои қонунӣ дар нисбати дигарон баланд мебардорад;
Г) амали беадабона ва ғаразнок.

12. Мавқеи ҳукмфармоӣ-ин:
A) мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозори моле. ки ивазкунанда ё молҳои ба ҳам ивазшаванда надорад, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектони хоҷагидориро ба бозор мушкил гардонад;
Б) мақсаду мароми ҳар як субъекти хоҷагидор;
В) мавқеи як ё якчанд соҳибкор дар бозори моле, ки ивазкунанда ё молҳои ба ҳам ивазшаванда надорад, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад;
Г) объекти сиёсати зиддимонополистии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;


13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» кай қабул шудааст?
A) 28.07 соли 2006;
Б) 01.08 соли 2003;
В) 09.12 соли 2004;
Г) 10.05 соли 2002;

14. Муфлисшавӣ-ин:
A) аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ, ки аз ҷониби суд эътироф шудаанд ё қарздор қодир набуданашро эълон намудааст;
Б) ғайриқаноатбахш будани сохтори молиявии қарздор бинобар аз зиёд шудани ӯҳдадориҳои пулӣ дар назди кредитор ё кредиторон;
В) ҳолати ногуворе, ки аз табиати фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷорат бармеояд;
Г) аз тарафи қарздор қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ, ки аз ҷониби суд эътироф шудаанд;



15 Ӯҳдадории пулӣ–ин:
A) уҳдадории қарздор дар бораи ба кредитор пардохт намудани маблағи муайяни пулӣ, аз рӯи шартномаи гражданию ҳуқуқӣ ва дигар асосҳое, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинц менамояд;
Б) пардохти ҳатмии андоз, боҷу хироҷ, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст;
В) иҷорапулӣ, фоизи қарз ва дигар пардохтҳо;
Г) дивидент, фоизи гардиши асъор ва дигар талаботҳои ҳуқуқии амволӣ;

16. Санатсияи тосудӣ-ин:
А) чораҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор, ки аз тарафи муассисони (иштирокчиёни) қарздор-шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавӣқабул карда мешаванд;
Б) чораҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор,
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 6 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 31

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©