Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан!
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 90 >>

Таърихи халки тоҷик дар асри XX ва ибтидои асри XXI.

Тэги:точикистон | таърих | сомон | таджикистан | точики | реферат | иншо | кори курси | тест | савол чавоб
Добавил:Admin (26.05.2015 / 12:23)
Рейтинг:rating 119 article (0)
Прочтений:6427
Комментарии:0
Китоб ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ба ҳамаи онҳое, ки таърихи Ватанро донистанианд кӯмак хоҳад расонд.
Китоб роҳи тайкардаи халқи тоҷикро дар асри XX ва ибтидои асри XXI аз нигоҳи нав таҳлил ва ҷамъбаст намуда, хонандаро ба сохтори сиёсӣ, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинос менамояд. Инчунин дар китоби мазкур саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи ҷаҳони имрӯза баён гардидааст.

САРСУХАН
Тарбияи ватандӯстӣ ин тарбияест, ки дар натиҷаи он шаҳрвандон ҷумҳурии соҳибистиқлоли худро дӯст дошта, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд. Яке аз омилҳои муфиди тарбияи ватандӯстӣ ва ба камол расонидани мутахассисони ҷавон ин дуруст ба роҳ мондани омӯзиши фанни таърих мебошад.
Дар натиҷаи тағйироти куллие, ки дар даҳсолаи охири асри XX дар ҷомеа ба амал омад, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ташкил ёфт. Дар чунин шароит зарурияти пешниҳоди консепсияи нави тафаккури таърихӣ ба амал омад.
Дар асару мақолаҳо ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон, алалхусус, дар китоби бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», консепсияи нави тафаккури таърихӣ пешниҳод гардидааст. Ба туфайли ин консепсия шоҳроҳе гузошта шудааст, ки шаҳрвандон таърих ва фарҳанги қадимаи хешро омӯхта, сатҳи маданияти умумӣ ва сиёсии худро дар асоси анъанаҳои муфиди аҷдодон ғанӣ мегардонанд.
Бо туфайли соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон омӯхтани таърихи Ватан ва мақоми он дар ҷомеа торафт меафзояд. Дар ин хусус Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардааст: «Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест! Ин хитобаи содда, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрӯзиён, манқурт мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад.

Имрӯз мардуми кшшшр ба барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш нисбият доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба аиҷом бирасонем»'.
Хушбахтона, бо туфайли соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, гамхорӣ ва кӯшишҳои бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, дар таълими таърихи халқи хеш, дигаргуниҳои мусбӣ ба амал омаданд.
Дар натиҷаи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбй ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ислоҳоти соҳаи маориф ҷомаи амал пӯшида, мутахассисони баландихтисоси ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ тайёр карда мешаванд.
Маълум аст, ки қарни XXI дар миқёси ҷаҳон ва ҷумҳурӣ дар назди шаҳрвандон масъалаҳои ҷиддӣ мегузорад. Барои ҳалли онҳо шаҳрвандони асри навин бояд таърихи худро хуб дониста, ватандӯсти ҳақиқӣ, интернатсионалист, меҳнатдӯст, бо одобу ахлоқ, муборизи тантанаи артишҳои умумибашарӣ бошанд.
Донишҷӯёни мӯҳтарам бояд бидонанд, ки баъзе саҳифаҳои таърихи халқамон он қадар дуруст таҳлил ва таҳқиқ нашудаанд. Масалан таърихи қарни ХХ-и халқи тоҷик гуногунранг буда, он ҳоло ҳам норавшану баҳсталаб мебошанд ва камбудиҳои ҷиддии дар ҷомеа рухдода таҳлили худро наёфтаанд.
' Рахмонов. Э. Ш. Сарчашмаи худшиносии миллй //Б.Ғ.Ғафуров. Тоҷикон. Тлърихи кадимтарин ва асри миёна. Китоби якум. -Душанбе: Ирфон, 1998. с 1-5.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати донишҷӯён оид ба таърихи халқи тоҷик дуруст ба роҳ мондани дарсҳои лексионӣ ва амалӣ мебошад. Дар вақти дарс фаъол будани донишҷӯён бештар ба супоришҳои омӯзгорон, ташкили кори мустақилонаи онҳо вобаста аст. Хуб мебуд агар донишҷӯён зери роҳбарии устодон дар мавзӯъҳои мушаххас маърӯза, реферат навишта, дониши худро оид ба таърихи Ватан боз ҳам баланд мекарданд.
Китоб роҳи тайкардаи халқи тоҷикро дар асри XX ва ибтидои асри XXI аз нигоҳи нав таҳлил ва ҷамъбасг намуда, ба донишҷӯ дар омӯхтани масоили сохтори сиёсӣ, бурду бохти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кӯмак хоҳад расонд. Дар он ҳамчунин таърихи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҷрибаи таърихии сулҳ ва ваҳдат дар сарзамини тоҷикон эҳё ва инкишофи робитаҳо бо тоҷикони бурунмарзӣ баён гардидааст.

ФАСЛИ ЯКУМ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ЧОРЯКИ АВВАЛИ АСРИ XX
БОБИ 1. ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР СОЛҲОИ 1900-1917
1. ВАЗЪИ ИҚТИСОДӢ-ИҶТИМОӣ ВА ҲАЁТИ СИЁСИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ИБТИДОИ АСРИ XX
Ҷаҳони охири асри XIX ва аввали асри XX пур аз дигар- гуниҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад. Ин таҳаввулоти чашмрас пеш аз ҳама марбут ба инкишофи ҷомеаи сармоядорӣ ва нуфузи давлатҳои калонтарини Аврупо, ИМА, Россия, Япония мебошад
Дар ҳаёти сиёсии Россияи подшоҳӣ низ тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Бидуни вуҷуд доштани муносибатҳои феодалӣ-капиталистӣ, Россия дар аввали асри XX ба давраи империализм қадам ниҳод. Аммо империализми рус дорои хусусиятҳои хос буд ва дар шароити сусти ҳаёти иқтисодию техникӣ ташаккул меёфт. Империализми русро «империализми ҳарбӣ-феодалӣ» ҳам меномиданд.
Дигаргуниҳои сиёсӣ-иқтисодии дар Россия ба амал омада ба мустамликаҳо ва кишварҳои ба он ҳамсоя низ таъсири худро мерасонд. Осиёи Миёна, ки аз тарафи Россияи подшоҳӣ забт карда шуда буд, на танҳо ҳамчун макони ашёи хом (хусусан пахта), балки инчунин барои фурӯши маҳсулоти тайёр, чун бозор хизмат мекард. Молҳои Россия ба рақобати бозорҳои Аврупои Ғарбӣ тоб оварда натавониста, роҳи наҷотро дар истифодаи самараноки бозорхои Осиёи Миёна медиданд. Сармоядорони рус маблағи худро ба ин сарзамин ворид намуда, торафт муносибатҳои капиталистиро пурқувват мекарданд. Дар ибтидои асри XX сармояи рус бевосита ба ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон ворид гардАморати Бухоро низ пурра зери тасарруфи Россияи подшоҳӣ буд. Сармояи рус то андозае муносибатҳои патриархалӣ
феодалиро бекор кард, пояҳои иетеҳсолоти косибиро суст ва хоҷагии натуралиро касод намуд. Хусусан молҳои истеҳсолкардаи саноати Россия, ки нисбатан хушсифату бозоргир буданд, маҳсулоти ҳунармандони маҳаллиро танг мекарданд. Баробари сармоядорони рус бойҳои маҳаллӣ косибону ҳунармандони харобгаштаро ба доми худ кашида, корхонаҳои худро аз ҳисоби онҳо васеъ мекарданд.
Муносибатҳои капиталистӣ дар сарзамини тоҷикон дорои- хусусиятҳои хос буд. Аввалан, дар ибтидои асри XX кишвари тоҷикон пароканда буда, ноҳияҳои шимолӣ ва Помир ба Туркистон, қисмати марказӣ ва ҷанубӣ ба ҳайати аморати Бухоро дохил мешуданд. Чунин вазъият ба инкишофи муносибатҳои капиталистӣ ва пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии халқи тоҷик таъсири манфӣ мерасонд. Дуюм, ин ки як қисми тоҷикон дар ноҳияҳои кӯҳистон сукунат доштанд ва бо сабаби набудани роҳҳои нақлиёт ва душвор будани истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ муносибатҳои капиталистӣ
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 90 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 23

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©