Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Бо қарз агар домод шудӣ бо ханда Худоҳофизӣ кун.
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 >>

тестҳо аз фанни забони тоҷикӣ

Тэги:тестхо | тесты | забони точики | саволу чавоб | забони модари
Добавил:Admin (26.05.2015 / 10:40)
Рейтинг:rating 117 article (0)
Прочтений:7060
Комментарии:2
1.Муносибати мафҳумҳои дарӣ, форсӣ ва тоҷикӣ чӣ гуна аст? А) Дарӣ ва форсӣ як аст
Б) Дарӣ ва тоҷикӣ як аст
В) Ҳар се гуногун аст
Г) Ҳар се номи як забонанд
2.Қонуни забон кай қабул шудааст?
А) 22 июни соли 1989
Б) 22июли соли 1989
В) 1 сентябери соли 1989
Г) 22 июли соли 1991
3.Қонуни забон аз чанд қисмат иборат аст?
А) 8 боб ва 37 модда
Б) 9 боб ва 37 модда
В) 7 боб ва 39 модда
Г) 10 боб ва 36 модда
4. Дар қонун ба чанд забон мақоми давлатӣ дода шудааст?
А) Ду забон
Б) Се забон
В) Як забон
Г) Ҳамаи забонҳо
5. Истилоҳи << услуб >> ба кадом забон мансуб аст?
А) Тоҷикӣ
Б) Русӣ
В) Арабӣ
Г) Лотинӣ
6. Дар забон чанд шохаи услубӣ маъмул аст?
А) Се
Б) Чор
В) Панҷ
Г) Ду
7. Истилоҳот аломати барҷастаи кадом навъи шохаи услубӣ аст?
А) Гуфтугӯи
Б) Бадеӣ
В) Расмӣ
Г) Илмӣ
8. Матнӣ <<Консепсияи идоракунии...>> хоси кадом услуб аст?
А) Бадеӣ
Б) Публисистӣ
В) Расмӣ
Г) Илмӣ
9. Калима чиро ифода мекунад?
А) Маъниро
Б) Мафҳумро
В) Муносибатро
Г) Фикри томро
10. Ибора чиро ифода мекунад?
А) Муносибатро
Б) Ҳолатро
В) Сифатро
Г) Мафҳуми мураккабро
11. Ҷумла чиро ифода мекунад?
А) Мафҳумро
Б) Предметро
В) Фикри томро
Г) Маъниро
12. Ҳиссаҳои мустақил чандтоанд?
А) Якто
Б) Даҳто
В) Чорто
Г) Шашто
13. Калимаҳои китоб, китобаш, китобашон аз ҷиҳати сохт чӣ гуна аст?
А) Содда
Б) Мураккаб
В) Сохта
Г) Таркибӣ
14. Сермаҳсултарин роҳи калимасозӣ кадом аст?
А) Лексикӣ – семантикӣ
Б) Морфологӣ
В) Лексикӣ – синтаксисӣ
Г) Морфологӣ – синтаксисӣ
15. Калимаҳои <<сухангӯӣ>> ва <<суханронӣ>> ба кадом роҳи калимасозӣ мансубанд?
А) Лексикӣ – семантикӣ
Б) Морфологӣ
В) Лексикӣ – синтаксисӣ
Г) Морфологӣ – синтаксисӣ
16. Масъалаҳои калимасозиро дар кадом қисмати забоншиносӣ меомӯзанд?
А) Фонетикӣ
Б) Морфология
В) Лексикология
Г) Синтаксис
17. Ба гурӯҳи лексикаи соҳавӣ чиҳо дохил мешаванд?
А) Лаҳҷа, истилоҳот, архизм ва неологизм
Б) Луғати китобӣ, шоирона, публисистӣ ва касбӣ
В) Истилоҳот, калимаҳои касбӣ, агро ва жаргонҳо
Г) Калимаҳои адабӣ, таърихӣ, неологизм ва лаҳҷаҳо
18. Истилоҳот ба доираи кадом навъи луғат мансуб аст?
А) Адабӣ ва касбӣ
Б) Умумихалқӣ ва камистеъмол
В) Серистеъмол ва сермаъно
Г) Камистеъмол ва моносемӣ
19. Маънои калимаҳои <<моносемия>> кадом аст?
А) Сермаъно
Б) пурмаъно
В) Бемаъно
Г) Якмаъно
20. Умумиистеъмол набудан, эҳсосотро ифода накардан, тарҷума нашудан, ба фонди асосӣ луғавии забон дохил нашудан хосияти кадом навъи луғати соҳавист?
А) Лексикаи касбӣ
Б) Жаргонҳо
В) Арготизмҳо
Г) Истилоҳот
21. Муродиф калимаи луғатнависӣ ба забони тоҷкӣ ва русӣ ( байналмилалӣ ) кадом аст ?
А.Луғатшиносӣ ва лексикалогия
Б.Таъбиршиносӣ ва фразеология
В. иборашиносӣ ва семасиология
Г.Фарҳангнигорӣ ва лекскалогия
22.Калимаи( луғат) чӣ гуна маъноҳо дорад?
А. Шарҳ ва тафсир
Б.Тарҷума ва тафсир
В.Калима ва фарҳанг
Г.Калма ва ибора
23. Луғати этимологӣ дар барои чӣ баҳс мекунад
А.Маънои калима
Б.Вазифаҳои калима
В.Сохти калима
Г.Пайдоиши калима
24. Оид ба осори классикони тоҷик луғатҳо таълиф гаштааст?
А.Рудакӣ. Дақиқӣ.Фирдавсӣ ва саъдӣ
Б.Ҷомӣ. Саъдӣ. Бедил ва Дониш
В.Рудакӣ.Фмрдафсӣ.Ҷомӣ ва Камол
Г.Анварӣ. Низомӣ. Румӣ ва Камол
25. Калимаи таштиддор чи маъно дорад?
А.Калимаи муракаб
Б.Калимаи такрор омада
В.калимае, ки зада қабул мекунад
Г.Калмаҳое, ки овози такрор дорад
26. Фарқи асосии садонокҳои << ӯ >> << у >>дар талаффуз кадом аст?
А.Иштироки лабҳо
Б.Баландии овоз
В.Фарохии холигии даҳон
Г.Шидатнокии талаффуз
27. Дар забони тоҷикӣ ҳиҷои заданок чӣ тавр талаффуз карда мешавад?
А.Оҳангнок
Б.Шиддатнок
В.Нарм
Г.Баланд
28. Дар исм, сифат, ҷонишин ва феълҳои тасрифи зада ба кадом ҳиҷо меафтад?
А. Ҳиҷои аввал
Б. Ҳиҷои сеюм
В.Ҳиҷои дуюм
Г. Ҳиҷои охир
29. Калимаи << принсип >> дар стлоҳи << принспҳо имло >> чӣ маъно дорад?
А.Намуна
Б. Шарт
В.Нақша
Г. Асос
30. Калимаҳои << дуредгар >> ва << нуздаҳ >> дар асоси кадом принсипи имло навишта мешаванд.
А. фонетикӣ
Б. сарфӣ ( морфологӣ )
В. анъанавӣ – таърихӣ
Г. шартӣ
31. Дар назм дар асоси кадом принсипи имло калимаву таркибҳо тағйир дода мешаванд, амсоли агар- гар-ар, кошки-кош, сафед- испед, ва аз-в-аз, ки он-к-он ва ғайра.
А. фонетикӣ
Б. сарфӣ ( морфологӣ )
В. анъанавӣ – таърихӣ
Г. шартӣ
32. Дар матни << Ҳикмати Саъӣд >> феъли << намоз кардан >> ( дар шакли тасрифии инкорӣ - << макун намоз >> омадааст ) чӣ маъно дорад.
А. бовар кардан
Б. намоз хондан
В. рӯ овардан
Г. эътиқод кардан
33. Дар алифбои забони тоҷикӣ чанд овоз ва чанд ҳарф мавҷуд аст?
А. 25 овоз ва 39 ҳарф
Б. 28 овоз ва 37 ҳарф
В. 32 овоз ва 38 ҳарф
Г. 31 овоз ва 35 ҳарф
34. Вазифаҳои забон кадом аст?
А. Воситаи алоқа
Б. Воситаи саводомӯзӣ
В. Воситаи китобнависӣ
Г. Воситаи ташаккули тафаккур, яке аз аломатҳои миллат, шинохти таърихи халқ, муоширати одамон
35. Забони давлатии Тоҷикистон кадом аст?
А. Русӣ
Б. Тоҷикӣ ва русӣ
В. Забонҳои халқҳои Тоҷикистон
Г. Тоҷикӣ
36. Истиқлолият дар забони тоҷикӣ чӣ гуна нақш гузошт?
А. Маҳдуд кард
Б. Сарчашмаи ғановат (бойшавӣ) – ро кам кард
В. Барои дар заминаҳои асолати худ вусъат ёфтан шароит фароҳам овард
Г. Бо забонҳои дигар ба рақобат ворид кард
37. Тарзи дурусти навишти номро муайян кунед?
А. Ал – Берунӣ
Б. ал – Берунӣ
В. Алберунӣ
Г. Ал – берунӣ
38. Тарзи дурусти навишти калимаи мазкурро нишон диҳед;
А. Пахтаобдиҳӣ
Б. Пахта обдиҳӣ
В. Пахта об диҳӣ
39. Шакли дурусти номи китобро муайян кунед.
А. Равзат – ус – Сафо
Б. Равзатус сафо
В. << Равзатуссафо >>
Г. << Равзатус - сафо >>
40. Чӣ хел бояд навишт?
А. Шаҳри Сабз,
Б. Шаҳрсабз
В. Шаҳрисабз
Г. Шаҳри сабз
41. Имлои кадоме дуруст аст?
А. Одинаҳо
Б. Ҳофизхонӣ
В. одинаҳо
Г. Ҳофизхонӣ
42. Баёнияи зерин чӣ тавр навишта мешавад?
А. Аҳмад Маҳдум
Б. Аҳмад – Маҳдум
В. аҳмадмаҳдум
Г. Аҳмад – маҳдум
43. Чӣ навъ бояд навишт?
А. офаридгор
Б. Офаридагор
В. Офаридгор
Г. Офарид – гор
44. Ихтисораҳо бо кадом ҳарф навишта мешаванд?
А. Калон
Б. Ҳам калон, ҳам хурд
В. Хурд
Г. Ҳарфи аввал калон
45. Агар баёния ба маънои аслии худ ояд, чӣ хел навишта мешавад?
А. Бо ҳарфи хурд ва ҷудо
Б. Бо ҳарфи калон ва ҷудо
В. Бо ҳарфи калн ва якҷоя
Г. Бо ҳарфи хурд
46. Чӣ навъ бояд навишт?
А. Нишони Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Б. Нишони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
В. Нишони миллии ҷумҳурии Тоҷикистон
Г. Нишони Миллии ҷумҳурии Тоҷикистон
47. Дар навишти калимаи сифатӣ имлои кадоме дуруст аст?
А. дар ба дар
Б. дарбадар
В. дар-ба-дар
Г. дар бадар
48. Шумораҳои аз чанд то чанд якҷоя навишта мешаванд?
А. Аз 17 то 25 ва аз 400 то 1000
Б. Аз 11 то 19 ва аз 200 то 900
В. Аз 14 то 19 ва аз 150 то 450
Г. Аз 19 то 24 ва аз 800 то 1000
49. Кадом шумораҳо ҷудо навишта мешаванд?
А. Сохта
Б. Таркибӣ
В. Содда
Г. Мураккаб
50. Чӣ тавр бояд навишт?
А. ҳарки
Б. ҳар кӣ
В. ҳаркӣ
Г. ҳар-кӣ
51. Бандаки аст (-ст) бо кадом ҳиссаҳои нутқ
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
0 / 85

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru