Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Реферат Иншо Кори курси

Оилаи солим – муҷиби солимии ҷомеа

Тэги:иншо | реферат | соли 2015 соли оилаи солим | оилаи солим | иншо | оила
Добавил:Admin (24.05.2015 / 15:50)
Рейтинг:rating 115 article (1)
Прочтений:815
Комментарии:Комментарии закрыты
Ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд.
Таъсири рафтор бештар аз таъсири гуфтор аст. Ин маъно ифодагари он аст, ки инсон бо рафтору кирдори шоистаи хеш таъсири бештареро дар оила ва ҷомеа мегузорад. Ҳамин василаи муносибат метавонад, ки дар сиришти инсони дигар хулқу атвори созандаву накӯро парвариш диҳад.
Волидайн низ бояд аз ин шева кор гиранд ва дар тарбияти авлоди худ тавре муносибат кунанд, ки онҳоро дар роҳи росту мустақим ҳидоят намудан муваффақ бошанд. Мутаассифона, ин усули парвариш на дар ҳамаи хонаводаҳои мо риоя мешавад. Аз сӯи дигар, шароити мухталифи табақаҳои гуногуни мардум дар рӯзгори муосир печидагиҳоеро эҷод кардааст, ки он ҳама ноҳамвориҳоро наметавон нодида гирифт. Бидуни мулоҳиза ин нуқсонҳо дар тарбияти фарзандон ҳам бетаъсир нест, зеро аъмол, ҳулқу атвор ва ишқу алоқае, ки дар шеваи тарбият бояд то ҳадде корбаст гардад, дар ин ҳолатҳо моҳияту асолати худро аз даст медиҳад.
Муомилаву муошират, ҳулқу атвор ва муносибати хонаводагӣ, гуфтугузори ҳамешагии падару модар дар ҳузури аҳли байташон кадом тариқе сурат гирад, бе гумон дар ҳамон шакле, ки ҳаст ба зеҳну тафаккури фарзандон нақши худро мегузорад. Фарзандон рафтору кирдори волидайни худро ба мерос мегиранд. Новобаста ба он ки ҷиҳатҳои матлуб ва ё номатлуб дар ниҳодашон таҷассум ёфтааст, фарзандон аз он бархурдор ва унс гирифта, дар тӯли умри хеш побанди он мешаванд. Ин пайванди ногусастанӣ, аз чигунагии зисти соҳибони хонадон сарчашма меёбад шояд ин мерос то ба охир дар ҳаёти инсон тағйирнопазир боқӣ монад.
Зикри ин ишораҳо далолат ба он мекунад, ки фарҳанги хонаводагии замони муосир номукаммал аст ва орӣ аз нуқсону камбудӣ нест. Фаротар аз ин фурсате расида, ки баҳри ислоҳи он кореро анҷом диҳем, то ба ворисони худ ба ҳайси фардосозони миллат одати шоёни таъриф ва мондагорро ба ёдгор гузорем. Ин аз мо масъулият ва иродаи устувореро дар роҳи хонадорӣ талаб мекунад.
Теъдоди оилаҳое, ки дар он ҳамдигарфаҳмию мулоимсуханӣ ва ҳурмату эҳтиром умуман вуҷуд надорад, дар ҳоли ҳозир кам нест. Масъулияти ин ҳама нобасомониҳо боз ҳам ба дӯши падару модароне таҳмил меёбад, ки аз фарҳанги оиладорӣ огоҳӣ надоранд. Худашон ба тарбияти фарогир ниёзманд ҳастанд. Натиҷа он аст, ки фарзандонашон дар рӯҳияи ноустуворӣ ва фармоннопазирӣ камол меёбанд. Ноҷӯриҳои ҳаёти хонаводагӣ, аз қабили рашку ҳасад, ранҷу шиканҷаи аз ҳад беш занонро дар кӯчаи сарбастае афкандааст, ки дар айни ҳол онҳоро дар ҷустуҷӯи роҳи халосӣ ба мушкилот мувоҷеҳ намудааст. Гузашта аз ин, зан дар баробари ин ҳама, шикасту рехтҳоро таҳаммул мекунад. Сабурӣ ва тоқатпазирии ин тоифа занон ба он маъност, ки аз хонавайрон шудан ва маҳрумияти фарзандон аз падар меандешанд ва ба ҳеҷ сурат ҷавобан ба ин аъмол онҳо вокунишеро ифода карда наметавонанд.
Оила дар ҳимояти давлат қарор дошта, аз сӯи ниҳодҳои ҳукуматӣ баҳри таҳкиму побарҷоии оилаҳо фаъолияти босамар ва фарогир роҳандозӣ гардидааст. Ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи давлат сарпарастони хонаводаро мебояд, ки дар парвариши фарзандон босалоҳият ва пурмасъулият бошанд, то ки ба ин васила насли корсозу зиндагифаҳмро ба миллат тақдим кунанд. Зеро ояндаро метавон имрӯз сохт ва аз пешиниён сабақ бояд омӯхт ва ба пасояндагон насли солиму сиҳатмандро ба ёдгор гузошт.
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 40

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©