Привет, Гость!
На главную
Вход
10 Млн товары на Tajmarket.tj недорого прямая доставка с Китая в Таджикистан
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам
1 2 3 ... 12 >>

ТЕСТ АЗ ФАННИ ТАЪРИХИ ХАЛКИ ТОЧИК БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ СИНФИ 9

Тэги:тест | таърих | тестхо бо чавоб | мактаб | тест аз фанни таърихи халки точик барои хатмкунандагони синфи
Добавил:Admin (21.05.2015 / 14:14)
Рейтинг:rating 103 article (0)
Прочтений:20213
Комментарии:13
ТАВЗЕХОТ
оид ба тарики тест гузаронидани аттестатсияи
хатм ва аз синф ба синфгузаронидан

Ба тарики тест гузаронидани аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузарони дар муассисахои тахсилоти умумии чумхури бо максади чустучўи роххои бехтар кардани усулхои таълим, муайян намудани дарачаи дониш ва пешрафти хонандагон, баланд бардоштани масъулияти омўзгорон ва ошкор намудани камбудию норасоихо дар чараёни таълим бо назардошти ворид гардидан ба фазои ягонаи тахсилот ва навсозии мазмуни тахсилот чори карда шуда, ба ташаккули чахонбинии илмии хонандагон ва омодагии онхо барои дохил шудан ба муассисахои тахсилоти касби мусоидат менамояд.
Ба тарзи тести гузаронидани аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузарони яке аз шаклхои озмудашудаи аттестатсия ба хисоб рафта, дар низоми тахсилоти чахони роич мебошад, ки он бартари ва афзалияти худро аз дигар шаклхои аттестатсия ба хуби собит намудааст.
Хатмкунандагони синфхои 9, 11 ва хонандагони синфи 10 аттестатсияи хатм ва аттестатсияи аз синф ба синфгузарониро аз баъзе фанхои таълими ба шакли тести месупоранд.
Дар доираи барномаи таълими аз хар фанне, ки ба аттестатсияи дохил карда шудааст (барои фанхое, ки ба шакли тести аттестатсия муайян шудааст), саволномаи тести дар 5 вариант, ки хар вариант иборат аз 25 савол мебошад, тахия ва пешниход карда мешавад.
Саволу масъалахои тест аз навъхои зерин иборат аст:
Саволхо бо интихоби як чавоби дуруст. Дар ин навъ барои хар саволу масъала чор варианти чавоб дода мешавад, ки танхо яктоаш дуруст аст.
Саволхо барои муайян кардани мувофикат.
Барои фанхои таърихи халки точик 21 саволномаи тести бо интихоби як чавоби дуруст, 4 тести мувофиковари бо интихоби як чавоби нодуруст мукаррар карда мешавад.
Бо максади омодагии хонандагон ба аттестатсия, аз тарафи Маркази чумхуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон дар доираи барномахои таълими аз хар фанне, ки ба тарики тести аттестатсия гузаронида мешавад, маводи тести ба микдори на камтар аз 400 саволу масъалахо тахия гардида, дар шакли китобча на дертар аз якуми май ба раёсат ва шуъбахои маориф расонида мешаванд. Раёсат ва шуъбахои маориф дар навбати худ саволномахоро дастраси муассисахои таълими мегардонанд. Рохбарони муассисахои таълими бо максади омодагии хонандагон ба аттестатсия саволномахоро дастраси хонандагон менамоянд.
Саволномахои тести чихати гузаронидани аттестатсия, тибки мукаррароти сархати 4-и тавзехоти мазкур омода гардида, дар лифофаи махсус, ки дар он мухри Маркази чумхуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон гузошта шудааст то 1-июн ба раёсат ва шуъбахои маориф дастрас карда мешавад. Саволхои тест, аз тарафи комиссияхои аттестатсиони пеш аз аттестатсия ба хонандагон таксим карда мешавад.
Барои чавоб ба як савол аз фанхои гуманитари аз 1,5 то 2 дакика чудо карда мешавад. Аттестатсия ба тарики тести тибки чадвали тасдикнамудаи шўрои педагогии муассисаи таълими, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Чумхурии Точикистон тахия мегардад, гузаронида мешавад.
Ба хар як саволу масъалаи тест вобаста ба навъи он хол муайян карда мешавад. Барои чавоби дурусти саволномаи тести бо интихоби як чавоби дуруст 3 хол, тести мувофиковари 8 хол (барои мувофик омадани хар як чавоб 2 хол ) барои чавоби нодуруст 0 хол гузошта мешавад. Саволхои тести аз рўи чадвали 100 хола бахогузори шуда, бо низоми бахогузории 5-бала дар шакли зерин чамъбаст карда мешавад:
-барои аз 0то 20 хол – бахои «1»;
- барои аз 21 то 40 хол - бахои «2»;
- барои аз 41 то 60 хол - бахои «3»;
- барои 61 то 80 хол - бахои «4»;
- барои аз 81 то 100 хол - бахои «5».

Ба хар саволи саволномаи тести бо интихоби як чавоби дуруст 4 чавоб дар шакли A:B:C гузошта мешавад.
Хонанда чавоби дурусти саволро интихоб намуда, атрофи харферо, ки дар он чавоби дуруст дода шудааст доира мекашад (О). Ба чавоби дуруст 3 хол гузошта мешавад. Аз чор чавоби додашуда бояд танхо як чавоб интихоб карда шуда, дар атрофи он доирача кашида шавад. Дар холати дар атрофи 2 савол доира кашидан чавоби савол хисоб карда намешавад.
Дар тести мувофикат, ки хар тест аз 4 савол ва 5 чавоб иборат аст, барои чавоби дуруст ба хар савол 2 хол гузошта мешавад, ки хонанда дар сурати пурра ба саволхо чавоби мувофик гардонидан сохиби 8 хол мегардад.


1.Таърих аз кадом калима гирифта шудааст?
А. Аз калимаи араби
В. Аз калимаи юнони
С. Аз калимаи форси
D. Аз калимаи точики

2.Китоби «Авесто» дар замони ки таълиф шудааст?
А.Дар замони Исо
В.Дар замони Мусо
С. Дар замони Зардушт
D.Дар замони Мухаммад

3.Дар дунё чанд гурўхи одамон зиндаги доранд?
А. Чор гурўх
В. Се гурўх
С. Ду гурўх
D. Панч гурўх

4.Бошишгохи кадимтарин дар кучо пайдо шудааст?
А. Дар китъаи Осиё
В. Дар китъаи Америка
С. Дар китъаи Австралия
D. Дар китъаи Африка

5.Бошишгохи кадимтарин чанд сол пеш вучуд доштааст?
А.2,5 миллион сол пеш
В.1,6 миллион сол пеш
С. 2 миллион сол пеш
D. 1,8 миллион сол пеш

6. Давраи дарозтарини таърихи инсоният кадом аср ба хисоб меравад?
А.Асри охан
В. Асри санг
С. Асри мис
D. Асри биринч

7.Чанд фоизи таърихи ачдоди инсони имрўза дар асри санг гузаштааст?
А. 80 фоиз
В. 95 фоиз
С. 99 фоиз
D. 85 фоиз

8. Давраи якуми полеолит (кадимтарин) чанд сол пеш сар шуда, то кай давом мекунад?
А. Аз 3 миллион сол пеш сар шуда, то 2,5 миллион сол давом мекунад
В. Аз 2 миллион сол пеш сар шуда, то 1 миллион сол давом мекунад
С. Аз 2,5 миллион сол пеш сар шуда, 1,5 миллион сол давом мекунад
D. Аз 1,5 миллион сол пеш сар шуда, ним миллион сол давом мекунад

9. Аз кадом хазорахо сар карда дар дунё инсони хозира пайдо мешавад?
А. Аз хазорахои 60-50
В. Аз хазорахои 40-30
С. Аз хазорахои 30-20
D. Аз хазорахои 50-40

10. Антропоген аз кадом калима гирифта шудааст?
А. Аз калимаи араби
В. Аз калимаи юнон
С. Аз калимаи англиси
D. Аз калимаи эрони

11.Бошишгохи кадимтарини инсон дар Точикистон дар кучо пайдо шудааст?
А. Дар наздикии Гурдараи Балчувон
В. Дар наздикии Кофиркалъаи Кипчок
С. Дар наздикии Кудараи Ховалинг
D. Дар наздикии Хомушдараи Дарвоз

12. Дар илми геология таърихи охирин пайдоиши сохти Заминро давраи чандум мено-манд?
А. Давраи сеюм
В. Давраи дуюм
С. Давраи панчум
D. Давраи чорум

13.Яке аз кадимтарин макони гомоэректусхо кучо буд?
А. Хоки точикон
В. Хоки узбакон
С. Хоки кирѓизхо
D. Хоки казокхо

14.Чойи одамони кадим, ки дар Фарѓона дар назди дехаи Хайдаркани хозира кашф шуда-аст, бо кадом ном маъруф аст?
А. Алангур
В. Селенгур
С. Ѓортеппа
D. Сулукта

15. Дар ѓори Тешуктош одамони неандартали чанд хазор сол пеш зиндаги мекарданд?
А. 60-50 хазор сол пеш
В. 40-30 хазор сол пеш
С. 50-40 хазор сол пеш
D. 30-20 хазор сол пеш

16.Яке аз машхуртарин бошишгоххои кадима дар кучо чой дорад?
А. Дар Кофиркалъаи нохияи Муъминобод
В. Дар калъаи Муѓи шахри Истаравшан
С. Дар ѓори Оѓзикучуки дехаи Пушинги Данѓара
D. Дар дехаи Марзичи нохияи Айни

17. Одамон дар ѓори Оѓзикучук
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 12 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 27

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©