Кор барои мактаббача $$$
Hi, Guest!
Home
Login
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Кур аз Худо чӣ мехоҳад? Ду чашми бино
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 45 >>

Таърихи халқи тоҷик (курси лексияҳо барои донишжӯёни ҳамаи ихтисосҳо)

Tags:сомониён | шеър дар бораи таърихи халки точик | саволу чавоб аз фанни таърихи халки точик синфи 7 | таърихи халки точик синфи 10 | донишҷӯ | лексия бароои студентҳо донишгоҳ | саволнома аз фанни таърихи халки точик барои синфи 9 | таърихи тоҷикистон | кахрамони халки точик иншо | саволу чавоб аз фанни таърихи халки точик | саволхои тести аз фанни таърихи халки точик барои синфи 7 | тест аз фанни таърихи халки точик | гуфтор дар бораи таърих | тарих перевод | шеър дар бораи таърих | тарих тес
Added:Admin (22.01.2020 / 09:30)
Rating:rating 487 article (0)
Reads:2465
Comments:0
ТУРСУНОВА Г.Н.




Таърихи
халқи тоҷик

(курси лексияҳо барои донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳо)



















Хуҷанд - 2016
Дастури таълимӣ – таърихи халқи тоҷик дар ҷаласаи кафедраи ҷомеашиносӣ аз тасдиқ гардид.



Бо қарори № 7-и Шӯрои илмӣ – методии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратӣ аз санаи 30 майи соли 2016 ба чоп тавсия гардид.


Турсунова Г.Н., Дастури таълимӣ.- Хуҷанд, 2016, 196 саҳ.


Муҳаррири илмӣ: Турсунов Н.О. д.и.т., профессор




Муқарризон: Тоатов Ҳ.С.-н.и.т., дотсенти ДДҲБС
Турсунов Б.-н.и.т., дотсенти ДДҲБС





















МУҚАДДИМА

Истиқлолияти Тоҷикистон баҳри худшиносиву худогоҳии миллат роҳи тозаву бунёдкоронаро кушод, хусусан омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ баҳри кишваршиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ, шуҷоату ҷавонмардӣ хизмати беандоза дорад.
Фанне, ки тараққиёти ҷамъияти инсониро дар масканҳои онҳо, дар ҷараёни вақти бебозгашт, бо таҳлили сабабҳо ва оқибатҳои воқеаҳо, иштироки шахсони номдор ва оммаҳои халқ тадқиқ мекунад ва таълим медиҳад, таърих ном дорад. Таърих бо пайдоиши аввалин одамон дар рӯи замин оғоз ёфтааст. Асосгузори илми этнология дар Шарқ Абӯрайҳон Берунӣ (асри X) ин нуқтаро барҷаста ифода кардааст: "То он ҷое, ки медонем, қадимтарин ва машҳуртарин умуре, ки мабдаи таърих қарор гирифта, пайдоиши башар аст" – афзудааст алома.
Мақсади фанни таърихи халқи тоҷик шарҳ додан, таъбир намудан, тадқиқ ва шинохтан, таълим ва тарғибу ташвиқ кардани таърихи тараққиёти халқамон аз аввал то имрӯз мебошад. Яъне ҳадафи асосии ин фан – омӯхтан ва дарк намудани таърихи халқи тоҷик аз назари вақти дурудароз ва аз ғояти мазмуни илмӣ муайян кардани мақом ва манзалати бисёр ғанӣ ва сабақбахши рӯзгори миллати тоҷик аст.
Вазифаҳои фанни таърихи халқи тоҷик бо самтҳои илмӣ – тад-қиқотӣ, таълими тарбиявӣ ва маърифатии он муайян мегардад. Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ аз ҷониби муҳаққиқон доир ба таърихи тоҷикон дар институтҳои таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳо,донишгоҳҳои олӣ ва марказҳои дигари илмии Тоҷикистон, Русия, як қатор давлатҳои иттиҳоди ҳамҷавор, мисли +збекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, инчунин дар Эрон, Афғонистон, ноҳияи худмухтори Синтсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин дар ИМА, Инглисистон, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Миср, Туркия, Ҳиндустон сомон меёбанд.
Донишҳои илмӣ, ки аз таҳлили таҷрибаи таърихии ниёгон ҳосил мегардад, барои эҳёи экологияи таъриху фарҳанги тоҷикон, алалхусус бунёди Тоҷикистони иқтисодиёташ ва фарҳангаш мутараққӣ ва пешқадам, ҳамчун рукни илмҳои идоракунии ҷомеа аҳамияти фавқулодда бузурги илмӣ-назариявӣ ва амалӣ касб мекунад.
Таълими фанни таърихи халқи тоҷик барои тайёр кардани созандагони бошуур, бофарҳанг ва хушодоби ҷомеаи озод, демократӣ, ягона, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ки таҷриба ва сабақҳои ибратангези таърихи тоҷиконро омӯхтанд ва сармашқи худ карданд, мусоидат мекунад.
Фанни таърихи халқи тоҷик аҳамияти калони тарбиявӣ дорад. Шарҳу эзоҳи ҳар як далели таърихӣ барои тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, меҳнатӣ, салиқаи зебошиносӣ ёрӣ мерасонад. Таърихи халқи тоҷик қисми таркибии таърихи умумиҷаҳонӣ, рукни таҷрибаи аҳли башар мебошад. Бинобар он фанни таърихи халқи тоҷик ғояҳои инсондӯстӣ, дарк намудани мансубият ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пайванди дӯстӣ ва ҳамкории иқтисодӣ ва маданӣ бо халқҳои дуру наздикро ташвиқ ва тарғиб мекунад.
Давраҳои таърихи тоҷикон ин пеш аз ҳама ифодаи барҷастаи таърихнигории объективона холисона ва ҳаққонӣ муайян намудани давраҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Таърихи тоҷикон дар ҷараёни давраҳои қадимтарин, қадим, асрҳои миёна, нав ва навтарин инъикос мегардад. Давраи қадимтарин қариб 1 млн сол қабл оғоз гардид ва охири ҳазорсолаи 2-юм қабл аз милод интиҳо ёфт.Давраи қадим бо таъсиси қонуни тамаддун дар сарзаминҳои тоҷик дар аввали ҳазорсолаи 1-ум қабл аз милод ибтидо ёфт ва миёнаи асри VII милодӣ бо истилои Хилофати араб ба итмом расид. Давраи асрҳои миёна, яъне қуруни вусто аз миёнаи асри VII, аниқаш аз соли 643 то миёнаи асри XVIII, соли 1747 идома дошт. Аз миёнаи асри XVIII то соли 1917 давраи нав ном дорад. Аз соли 1917 то ба ин дам давраи навтарин номида шудааст.Аз сентябри соли 1991 зиёда аз 20 сол инҷониб марҳилаи истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад. Муайян намудани давраҳои умумии таърихи халқи тоҷик барои равшан кардани масъалаҳои илмии таърихи миллати тоҷик ва кушоиши бисёр муаммоҳои гузаштаи халқҳои ҳамҷавори ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, туркманҳо, мардумони Русия, Кавказ, Шарқи Наздик ва Миёна, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Хитой ёрӣ мерасонад.

Муаллиф


Лексияи №1
Предмет ва вазифаҳои фанни таърихи халқи тоҷик
Манбаъҳо ва донишмандони таърихи халқи тоҷик
Нақша:
1.Нақшаи хронологии воқеаҳои муҳимтарини таърихи халқи тоҷик
2.Манбаъҳои таърихи халқи тоҷик
3.Сарчашмаҳои хаттии таърихи халқи тоҷик
4.Номҳои таърихии тоҷикон аз давраҳои қадим




қариб 1 млн сол муқаддам 9- 7 ҳазор сол муқаддам




5, 5 ҳазор сол муқаддам
3 ҳазор сол муқаддам





қариб 3 ҳазор сол муқаддам 2, 9 ҳазор сол муқаддам






2, 6 ҳазор сол муқаддам 2, 7 ҳазор сол муқаддам






қариб 2, 7 ҳазор сол муқаддам қариб 2,7 ҳазор сол муқаддам






2 ҳазор сол муқаддам беш аз 1000 сол муқаддам






зиёда аз 1000 сол муқаддам

Манбаъҳои таърихи халқи тоҷик






























Ба сарчашмаҳои хаттии таърихи халқи тоҷик инҳо дохил мешаванд:
а) навиштаҷотҳои қадимаи аҳолии Осиёи Миёна - суғдӣ, хоразмӣ,
бохтарӣ,
б) «Авасто» - китоби муқаддаси оташпарастон - сарчашмаи қадимтарини хаттӣ,
в) манбаҳои юнонӣ ва лотинӣ - Ҳеродот, Ктесий, Флавий, Ариан, Полибий, Страбон,
г) навиштаҷотҳои шоҳони ҳахоманишӣ ва ҳуҷҷатҳои эламӣ - навиштаҷоти Бесутун, нақши Рустам, навиштаҷоти гилинӣ
д) сарчашмаҳои хитоӣ ва ҳиндӣ - китобҳои
Download txt | fb2
1 2 3 ... 45 >>
Home
Loading...
0 / 12

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2020 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта