Пул кор кардан дар интернет Осон
Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Одам дар зодгоҳи худ азиз аст.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Гуногун,Хархела /Разное
1 2 3 ... 148 >>

КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 2020

Tags:кодекси хукуквайронкунии маъмури кодекси мурофиавии чинояти моддаи 237 кисми 1 | моддаи 289 кисми 2 моддаи 244 | кодекси мурофиавии чинояти моддаи 332 | моддаи 336 кисми 1 | кодекси чиноятии чумхурии точикистон 2020 | кодекси чинояти моддаи 200 | кодекси чинояти моддаи 247 | моддаи 247 | кодекси чинояти | кодекси ҷиноятии ҷумҳурии тоҷикистон | кодекси чинояти чумхурии точикистон моддаи 247 | кодекси хукуквайронкунии маъмури моддаи 289 кисми 2
Added:Admin (04.01.2020 / 12:35)
Rating:rating 479 article (0)
Reads:967
Comments:0
КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694, с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586)

(Қонунҳои ҶТ аз 13.11.1998 № 684, аз 10.12.1999 № 877, аз 12.05.2001 № 6, аз 12.05.2001 № 12, аз 2.12.2002 № 64, аз 2.12.2002 № 89, аз 1.08.2003 № 33, аз 1.08.2003 № 45, аз 17.05.2004 № 35, аз 15.07.2004 № 46, аз 1.03.2005 № 86, аз 25.07.2005 № 97, аз 26.12.2005 № 125, аз 30.07.2007 № 301, аз 5.01.2008 № 339, аз 18.06.2008 № 386, аз 18.06.2008 № 389, аз 6.10.2008 № 422, аз 31.12.2008 № 451, аз 31.12.2008 № 457, аз 26.03.2009 № 487, аз 5.08.2009 № 547, аз 11.03.2010 № 600, аз 21.07.2010 № 617, аз 25.03.2011 № 694, аз 2.08.2011 № 750, аз 16.04.2012 № 808, аз 03.07.2012 № 844, аз 13.06.2013 № 965, № 966, аз 12.11.2013 № 1028, аз 28.12.2013 № 1037, аз 14.03.2014 № 1066, аз 26.07.2014 № 1088, № 1089, аз 18.03.2015 № 1176, № 1177, аз 23.11.2015 № 1228, аз 25.12.2015 № 1261, аз 15.03.2016 № 1274, аз 14.05.2016 № 1304, № 1305, аз 23.07.2016 № 1330, № 1331, аз 14.11.2016 № 1358, № 1359, аз 24.02.2017 № 1379, № 1380, аз 28.08.2017 № 1467, аз 2.01.2018 № 1472, № 1473, аз 17.05.2018 № 1515, аз 3.08.2018 № 1538; аз 02.01.2019 с., № 1554; аз 02.01.2019 с., № 1555)


ҚИСМИ УМУМӢ

ФАСЛИ I. ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ
БОБИ 1 ВАЗИФА ВА ПРИНЦИПҲОИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
АСОСИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ

Моддаи 1. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Кодекс иборат аст. Қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, ба Кодекси ҷиноятӣ бояд дохил карда шаванд (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Ҳамин Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асос меёбад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1472)

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Вазифаҳои ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Барои татбиқи ин вазифаҳо ҳамин Кодекс асосу принципҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорҳои барои шахсият, ҷамъият ё давлат хавфнок ҷиноят эътироф мегарданд ва намудҳои ҷазою чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар менамояд.

Моддаи 3. Принсипҳои Қонуни ҷиноятӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ
Қонуни ҷиноятӣ ба принципҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондустӣ ва демократизм асос меёбад.

Моддаи 4. Принсипи қонуният
1) Ҷиноят будани кирдор, сазовори ҷазо ва оқибатҳои дигари ҳуқуқии ҷиноятӣ будани онро танҳо ҳамин Кодекс муайян менамояд (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2018 № 1472).
2) Ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.
3) Татбиқи қонуни ҷиноятӣ аз рўи қиёс манъ аст.
4) Мазмуни Кодекси ҷиноятӣ бояд дақиқан мутобиқи матни он фаҳмида шавад.

Моддаи 5. Принсипи баробарӣ дар назди қонун
Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатьи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкиӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 6. Принсипи ногузирии ҷавобгарӣ
Ҳар шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд таҳти ҷазо қарор гирад ё нисбати ў чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятии дар ҳамин Кодекс пешбинишуда татбиқ гардад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 2.01.2018 № 1472).

Моддаи 7. Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ
1) Ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) шахсии худ.
2) Шахс танҳо барои он кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати хавфнокии ҷамъиятии ба вуқўъ пайвастани он, ки гуноҳи ў нисбати он муайян шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Гунаҳгоркунии объективӣ, яъне барои зарари бегуноҳона расонидашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

Моддаи 8. Принсипи адолат
1) Ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд (ҚҶТ аз 2.01.2018 № 1472).
2) Ҳеҷ касро барои як ҷиноят ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

Моддаи 9. Принсипи инсондўстӣ
(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ба шахси ҷиноят содирнамуда бояд ҷазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ў ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ бошад (ҚҶТ аз 2.01.2018 № 1472).
2) Ҷазо ё чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқи ҷиноятӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда истифода мешавад, мақсади озори ҷисмонӣ, таҳқири шаъну эътибори инсонро надорад (ҚҶТ аз 2.01.2018 № 1472).

Моддаи 10. Принсипи демократизм
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои ислоҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон ё коллективҳо бо дархосту ризоияти онҳо ҷалб карда мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 11. Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ
Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аст (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 11(1). Қоидаҳои тафсири қонуни ҷиноятӣ
(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Агар меъёри ҳуқуқи ҷиноятӣ духўра ифода ёфта бошад, ё худ онро ду хел маънидод намоянд, дар ин сурат он ба манфиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.
2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар
Download txt | fb2
1 2 3 ... 148 >>
Home
Loading...
0 / 14

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2020 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2020 Соглашения сайта