Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Зоҳирро дигар кардан мумкин аст, аммо хислатро ба гӯр мебаранд.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Наш TELEGRAMM Канал
Library | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 10 >>

Вобастагии ҳосилноки сифати гандум аз таъсири нурӣ

Tags:кори курси аз фанни иктисодиёт | лоихаи курси | мавзухо | корхои дипломи | рисолаи хатм аз фанни | рисола | рисолаи хатм | 2020 | вобастагии ҳосилноки сифати гандум аз таъсири нурӣ | скачать кори дипломи | кори дипломи аз хукук | сарсухан барои кори дипломи | руйхати корхои курси | кори дипломи аз фанни таърих
Added:Admin (04.01.2020 / 12:30)
Rating:rating 478 article (0)
Reads:77
Comments:0
МУНДАРИҶА САҲ.

МУҚАДДИМА...................................................................................... 3
1. ТАВСИФИ АДАБИЁТҲО............................................................. 5
1.1. Аҳамияти ғалладонагиҳо дар хоҷагии халқ............................... 5
1.2.Аҳамият ва хусусиятҳои биологии зироатҳои ғалладонагиҳо....................................................................................
8
2. ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНИИ ПАРВАРИШИ ГАНДУМ ВОБАСТА АЗ НАМУДИ НУРӢ....................................
14
2. 1. Мӯҳлат, меъёр ва омода сохтани тухмӣ ба кишт................ 14
2.2. Омода сохтани замин ва парвариши гандум бо нурии органикӣ ва ғаӣриорганикӣ................................................................................
19
2.3. Таъсири нуриҳои органикӣ ва ғаӣриорганикӣ ба ҳосилнокӣ ва сифати гандум......................................................................................
22
2.3.1.Тарз ва мӯҳлати даровардани нурӣ ба зироати гандум.......... 27
2.3.2. Касали ва зараррасонҳои гандум................................................... 30
3. САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДӢ АЗ ҶОРӢ НАМУДАНИ НУРИҲОИ ОРГАНИКӢ ДАР ХОҶАГИҲО.................................... 35
3.1. Самаранокӣ иқтисодӣ аз ҷори намудани нуриҳои техникӣ дар хоҷагиҳо.................................................................
35
3.2. Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии истеҳсоли
ғалладонагиҳо……………………………………………………………. 38
ХУЛОСА…………………………………………………………………. 41
ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТ……………………………………………… 42



МУҚАДДИМА

Гузориши масъала. Дар Тоҷикистон таъмини аҳолū бо ғалла яке аз масъалаҳои муҳим аст. Аҳолии Тоҷикистон дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо орди тайёр, ки асосан аз Қазоқистону Россия оварда мешуд таьмин буд. Ба ивази орд аз Тоҷикистон пахта ва меваҳои тару - тоза, консерваҳо, инчунин хушкмеваҳо ва ғайраҳо фиристода мешуд.
Муҳимияти мавзўи кори илмӣ. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аҳолии ҷумҳуриамон норасогии нону маҳсулоти ордро ҳис намуд. Аз ин сабаб масъалаи зудтар зиёд намудани истеҳсоли гандум ба миён омад.
Мақсад ва ҳадафҳои пажўҳиш. Вазифаи зиёд кардани истеҳсоли ғалла дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ боз ҳам масъалаи ҳаётӣ ва рўзмарра шуда истодааст. Дар ҷумҳурū имконияти минбаъд афзун кардани истеҳсоли ғалла аз ҳисоби бештар намудани масоҳати майдонҳои кишт маҳдуд аст. Аз ин лиҳоз, зиёд шудани истеҳсоли ғалла бояд танҳо аз ҳисоби ҳосили баланди зироатҳои ғалладонагū амалӣ гардонда шавад. Дар сурати риояи низоми технологū ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам имконияти воқеии дар Тоҷикистон на камтар аз 1,5- 2,0 баробар зиёд кардани истеҳсоли ғалла мавҷуд аст. Соли 1995 зироатҳои ғалладонагū ва лӯбиёгū дар майдони 359,3 ҳазор гектар кошта шуданд. Ин масоҳат нисбат ба соли 1990 як баробар зиёд буд. Зироатҳои ғаллагū 80%-и заминҳои лалмиро ишғол мекунанд.
Дараҷаи омўхта шудани мавзўъ.Аксар вақт барои самарнок истифода бурдани омилҳои табиӣ ( гармū, рӯшноū ва махсусан намū аз ҳисоби боришот) киштҳои тирамоҳӣ ҷорū карда шудааст ва он имконият медиҳад, ки дар мавсими мусоид ҳосилнокū нисбат ба киштҳои баҳорū 1,5 баробар ва аз он ҳам бештар шавад. [1.1. саҳ. 2 – 3].
Методҳои омўзиши кори илмӣ. Дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа вазифаи дар тамоми ҷаҳон инкишоф додани хоҷагидории ғалладонагӣ ҳамчун асоси истеҳсолоти кишоварзӣ дар мадди аввал меистод. Зиёд кардани истеҳсолот ва тайёр кардани тухмии баландсифати ғалладонаи гандуми устувор ва тобовар яке аз вазифаҳои асосии мақомоти кишоварзӣ ва тухмитайёркунии ноҳияҳои асосии ғалладона ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурū аз зироатҳои ғалладонагии (нонū) гурӯҳи якум гандум ва ҷав бештар паҳн шудаанд. Аз зироатҳои ғалладонагии (нонū) гурӯҳи дуюм бошад, ҷуворимакка ва шолӣ ҳамчун зироати асосӣ зиёдтар кошта мешавад.
Барои кишвари мо ғалладона анвои муайян ва сифати баланд доштанаш лозим аст, ки он қобилияти қонеъ гардонидани талаботи гуногунро дошта бошад. Барои ташаккули дурусти миқдори сифатан якхелаи ғалладона диққати махсус ба он равона карда мешавад, ки корҳои хоҷагиҳо ва корхонаҳои қабули гандум бо баҳодиҳии пешакии сифати ғалладона дар амал татбиқ гарданд.
Сохти рисолаи хатм. Рисолаи мазкур дар бораи кишт ва парвариши гандум, таъсири нуриҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ба ҳосилнокӣ ва сифати он, тарз ва мӯҳлати даровардани нурӣ ба зироати гандум, касалӣ ва зараррасонҳои гандум, намуд ва тарзи корбарии онҳо маълумотҳо оварда шудааст.















ТАВСИФИ АДАБИЁТҲО

1.1.Аҳамияти ғалладонагиҳо дар хоҷагии халқ
Шахсони вобаста Ному насаб Имзо Сана
Вобастагии ҳосилноки сифати гандум аз таъсири нурӣ

Иҷрокунанда Умаров М.
Роҳбар Бобокалонов М.Ф.

Миқдори саҳифаи қисми 1
Ташхискунанда Сайфуллоев Т. Х. Санаи чоп аз СИИД
Тасдиқкунанда
(муд.каф.) Комилова Д.А. Натиҷаи гузариши антиплагиат дар СИИД (%)

Вобаста ба таъиноти мақсаднок ғалладона ба чунин қисмҳо ҷудо карда мешавад: ғалладона барои орд, барои хушккунӣ, техникӣ ва барои кишт. Ҷои аввалро байни ғалладонаҳо гандум ишғол мекунад. Фоиданокии он бо сифати баланди нони гандум муайян карда мешавад. Қисми бештари гандум, алалхусус бо сабаби дар он кам будани миқдори ширешакаш ва сифати пасти он барои тайёр кардани хӯроки чорво истифода бурда мешавад. Боқимондаҳои гандум пас аз коркарди истеҳсолӣ барои орду ҷав, коҳ ҳамчун хӯроки ҳайвоноту паррандаҳои хоҷагӣ истифода бурда мешаванд. Гандум ғалладонаи асосии аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, аз мавзеъҳои қутби шимолӣ то қисми ҷанубии қитъаи Африқо ва Амрико кишт карда мешавад. Дар нимкураи шимолӣ, алалхусус дар мавзеъҳои дашту ҷангалзори иқлими мӯътадил дошта, бо миқдори боришот то 600 мм гандум ғалладонаи асосӣ ҳисоб меёбад. Аз натиҷаҳои омори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷои аввалро дар ҷаҳон аз рӯи ҳаҷми майдонҳои корам ва истеҳсоли умумии ғалладонаи гандум (то 100 млн. тонна) ишғол мекард. Аз байни давлатҳои хориҷӣ давлатҳои зерин майдонҳои калонро барои гандум дар соли 1973 ҷудо карда буданд: дар ИМА – 21,8 млн. га, Ҳиндустон - 19,5 млн. га, Аргентина – 4 млн. га, Фаронса-3,9 млн. га ва Итолиё-3,6 млн.га. Дар қиёс бо як қатор давлатҳо дар Русия мавзеъҳои барои истеҳсоли ғалладона мусоид на он қадар зиёданд; аз се ду ҳиссаи ғалладонаҳо қаблан кишт карда мешуданд ва ҳоло дар ноҳияҳое кишт карда
мешаванд, ки онҳоро мутахассисони соҳаи аграрӣ мавзеъҳои заминдории таваккалӣ меноманд, дар ин мавзеъҳо ҳосили хуб ё қаноатбахши ғалладона дар 4-6 сол як маротиба ба даст оварда мешавад.
Истеҳсоли ғалладона ва миқдори он дар Федератсияи Руссия дар 30 соли охир бо равишҳои нобаробар тавсиф дода мешавад. Ҳамин тавр солҳои 1971-1975 истеҳсоли солонаи ғалладона ба ҳисоби миёна 13,7сентнер\га ва майдони ҳосилғундорӣ 75,1 млн. га ташкил медод. Солҳои 1976-1980 ғунучини умумии ғалладона ба ҳисоби миёна аз ҳисоби зиёдшавии ҳосилнокӣ то 113,9 млн. т ва 14,8 с/га майдони ҳосилғундорӣ 77 млн.га расид. Дертар (солҳои 1981-1985) истеҳсоли ғалладона дар як сол ба ҳисоби
Download txt | fb2
1 2 3 ... 10 >>
Home
Loading...
0 / 40

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019 Соглошеня сайта