Hi, Guest!
Home
Login
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Баъд аз нисфирӯзӣ ақли ӯзбек медарояд
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Library | Гуногун,Хархела /Разное
1 2 >>

Имлои сифати феълҳо. Феълҳои таркибии номӣ ва феълӣ

Tags:скачат имлои забони точики | 2018 | точики | забон | имлои нави забони точики 2013 маълумот дар бораи забони точики фарҳанги имлои забони тоҷикӣ | диктант бо забони точики ихтисораҳо имлои забони точики pdf | имлои аломати сакта | имлои сифати феъли | имлои сифати феъли | феъл | имлохо | забони точики | забони точики | 2019
Added:Admin (11.12.2018 / 08:36)
Rating:rating 471 article (0)
Reads:630
Comments:0
Имлои феълҳо. Феълҳои таркибии
номӣ ва феълӣ

Феъл ҳиссаи мустақили нутқ буда, амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмонад. Ҳамаи шаклҳои феълӣ ба ду гурӯҳ xудо мешаванд:
1. Феълҳои тасрифӣ (аз рӯи 3 шахсу 2 шумора ва бандакҳои феъливу хабарӣ (-ам,-ӣ,-ад,-ем,-ед, -анд) тасриф мешаванд.
2. Феълҳои ғайритасрифӣ (масдар, сифати феълӣ, феъли ҳол).
Феълҳо се замон доранд: гузашта, ҳозира ва оянда.
Феълҳо ду асос доранд: асоси замони гузашта ва асоси замони ҳозира.
Феълҳо чор сиға доранд: сиғаи хабарӣ; сиғаи шартӣ- хоҳишмандӣ; сиғаи амрӣ; сиғаи эҳтимолӣ.

Тарзи навишти феълҳо:

Якxо навишта мешаванд:
а) пешвандҳои феълсози дар-, бар-, фур- (фар-), во-, боз- бо феъл: даромадан, баромадан, бархостан, баргаштан, фуромадан (фаромадан), вохӯрдан, бозгаштан, бозгуфтан ва ғайра.
Вале во ва боз чун калимаи мустақил бо маънои боз (воз), кушода, озод аз феъл xудо навишта мешавад: во кардан, во гузоштан, боз гардидан, боз хондан, боз истодан ва ғайра;
б)пешвандҳои шаклсози би-(бу-), на- (ма-), ме-, ҳаме-бо феъли тасрифӣ: бишкуфт, нахост, марав, меравад, медавид, дарнамегирад, барнахост, намеояд ва ғайра.
Аммо пешванди на-ихтисор ёбад(дар назм),бо дефис навишта мешавад: н-омӯхт, н-омад, н-осояд ва ғайра;
в) бандакҳои феълӣ (-ам, - ӣ, - ем, - ед, - анд) ва хабарӣ (-ам, -ӣ, -ем, -ед, -анд) бо калимаи пешина: хондам, хондӣ, хондем, хонданд, коргарам, коргарӣ, коргарем, коргаред, коргаранд ва ғайра;
г) бандаки хабарии шахси сеюми танҳо аст бо сифати феълӣ (феълии нақлӣ, давомдор) ҳамроҳ (хондааст, гуфтааст, дидааст), вале аз ҳиссаҳои номии нутқ, xудо навишта мешавад: коргар аст, доно аст, пешқадам аст, довталаб аст ва ғайра.
Xудо навишта мешаванд:
а) xузъҳои феъли таркибӣ: даъват кардан (намудан, шудан), сафед кардан (шудан), хафа кардан (шудан), хонда истодан, сурх шудан, як шудан ва ғайра;
б) xузъҳои феъли таркибии номии пешояндор: аз бар кардан, ба xо овардан, ба амал овардан, дар ғазаб шудан, ба шӯр омадан, умр ба сар бурдан ва ғайра;
в) шакли таркибии феъл: хонда буд, нахоҳад хонд, рафта истода буд, ташкил карда мешавад, бояд иxро кунад ва ғайра;
г) бандаки хабарии аст аз ҳиссаҳои номии нутқ: коргар аст, доно аст, пешқадам аст, довталаб аст ва ғайра;
Эзоҳ. Бандаки хабарии аст дар шакли ихтисор (ст) бо калима якxо навишта мешавад: мардест, шахсест, доност, хонданист, рафтанист ва ғайра.
Феълҳои таркибӣ аз рӯи ифода ду хел мешаванд: феълҳои таркибии феълӣ ва феълҳои таркибии номӣ.
Xузъҳои феълҳои таркибии феълӣ аз як феъли асосӣ ва як ё якчанд феъли ёридиҳанда иборат буда, ҳамчун як таркиб ба ҳисоб гирифта мешаванд:хондан гирифт, хоҳад хонд, хонда истодааст, хонда истода буд.
Феъли асосӣ(хонда) маънои луғавӣ ва ду феъли пас аз он омада маъноҳои грамматикӣ доранд: (истода) ба амали бардавом ва(буд) ба замони гузаштаи дур далолат мекунад.
Фелҳои таркибии номӣ аз ҳиссаҳои номии нутқ ва феълҳои ёридиҳанда сохта мешаванд: кор кардан, xавоб гардондан, чарх задан, сиҳат шудан, хунук хӯрдан, умр ба сар бурдан, ба анxом расидан.
Xузъи номии чунин феълҳоро исм, сифат, ибораҳои номӣ, шумора, зарф ва xузъи дуюми онҳоро феълҳои ёридиҳанда (кардан, шудан, намудан, гардондан, сохтан…) ташкил менамоянд: озод кардан (шудан), ҳозир шудан, тоб хӯрдан, омода сохтан.

Саволҳо ва супоришот
1.Асосҳои феълро бо мисолҳо фаҳмонед.
2.Фарқи бандакҳои феълиро аз хабарӣ шарҳ диҳед.
3.Мисолҳое оред, ки дар онҳо феъли ҳаст ва бандаки хабарии аст истифода шуда бошанд.
4.Феълҳо аз xиҳати сохт чанд хел мешаванд?
5.Феълҳои таркибии феълию номиро дар муқоиса бо мисолҳо шарҳ диҳед.

Машқи 1.Байтҳои зеринро хонда маънидод намоед. Феълҳои онро навишта, шахсу шумораашонро муайян кунед.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Фирдавсӣ

Сар зи модар макаш, ки тоxи шараф,
Гарде зи роҳи модарон бошад.
Абдураҳмони Xомӣ

Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,
Зи ҳар xониб, ки хоҳӣ, дар миён ой.
Бадриддин Ҳилолӣ

Пайи маслиҳат маxлис оростанд,
Нишастанду гуфтанду бархостанд.
Абулқосим Фирдавсӣ

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам,
Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.
Садриддин Айнӣ.



Имлои шаклҳои феълӣ: сифати феълӣ

Сифати феълӣ шакли ғайритасрифии феъл буда, амал ё ҳолатеро мефаҳмонад, ки ҳамчун аломати предмет дар яке аз замонҳо воқеъ мешавад. Сифати феълӣ бо се роҳ сохта мешавад:
1.Бо роҳи ба феъл ҳамроҳ кардани пасвандҳои - а ва - агӣ:шишаи шикаста,китоби хондагӣ…
2.Бо роҳи ба феъл ҳамроҳ кардани пасванди -анда(-янда):замони оянда,оҳуи раманда…
3.Бо роҳи ба масдар ҳамроҳ кардани пасванди -ӣ:
суханони гуфтанӣ, асари хонданӣ…
Сифати феълӣ 5 шакл дорад:
1.Замони ҳозира:раванда, xӯянда…
2.Замони гузашта:хонда баромада, бикшода…
3.Замони ҳозира-оянда: мехондагӣ, медидагӣ…
4.Замони ҳозираи муайян: тарсанда, кашонанда…
5.Замони оянда:рафтанӣ, машғул шуданӣ…
Якxо навишта мешаванд:
а) сифатҳои феълии замони ҳозира, ки бо пасванди -анда сохта шудааст: домодшаванда, хатмкунанда, xавобдиҳанда,нишондиҳанда,пешбаранда,мағлубша-ванда ва ғайра;
б) сифатҳои феълии замони гузашта, ки бо пасванди --а сохта шудааст: корҳои иxрошуда, иxрокарда, дермонда, қафомонда, анxомёфта, пиёлаи лабшикаста, саги думбурида ва ғайра;
в) сифатҳои феълие, ки аз феъли таркибии номӣ ва ибораҳои пешояндӣ сохта шудааст: кори баанxомрасида, xавони азхудрафта, пири барxомонда, умеди барбодрафта ва ғайра;
г) сифати феълии замони оянда, ки бо пасванди - ӣ сохта шудааст: воқеаҳои фаромӯшнашуданӣ, пули сарфшуданӣ, қарори вайронашуданӣ ва ғайра.

Саволҳо ва супоришот
1. Хусусиятҳои сифатӣ ва феълии сифати феълиро шарҳ диҳед.
2. Сифати феълӣ ба кадом роҳҳо сохта мешавад?

Машқи 1. Аз матни зерин сифати феълиро ёбед ва бо кадом роҳ сохта шудани онро фаҳмонед.
Кор бо матн

Лаъли Бадахшон.
Лаъл як навъ санги қиматбаҳои сурхранги дурахшон аст. Аълотарин навъи онро Лаъли Бадахшон мегӯянд. Махзани он Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони xумҳуриамон мебошад. Васфи ин санги оламшумулро дар асарҳои шоирони классик ва эxодиёти даҳонакии халқ дучор омадан мумкин аст. Саъдии Шерозӣ гуфтааст:
Гар санг ҳама Лаъли Бадахшон будӣ,
Пас, қимати лаълу санг яксон будӣ.
Халқи тоxик ҳанӯз дар давраи куҳан махзани ганxинаи худ-лаълро шинохта,xои дарёфти онро кӯҳи Лаъл номидааст. Деҳае, ки дар назди кони лаъл воқеъ аст, низ кӯҳи Лаъл ном дорад.
Дар бораи фатҳи кони Кӯҳи Лаъл аҳолии маҳаллӣ афсонаеро нақл мекунанд. Рӯзе вақти заминxунбии сахт кӯҳи назди деҳа кафид, сангпораҳои бисёре ғалтиданд ва дар оғӯши баъзеи онҳо мисли қатраи хун донаҳои сурхранг xило мекарданд. Ин «ашки кӯҳсор» - ранги сурхро аввало занҳои деҳа дида монданд ва онҳоро xудо карда, кӯфта барои ранг кардани матоъ истифода кардаанд. Аммо ин натиxае надод. Баъд мардон санги сурхро ба заргарон нишон доданд ва санги қиматбаҳо - Лаъл будани онро донистанд.
Лаъли Бадахшон дар замонҳои қадим ҳам маълум буд. Мегӯянд, ки Искандари Мақдунӣ (асри 4 то милод) ҳам аз ин макон лаъл рабудааст. Лаъли Бадахшонро дар бозорҳои Бухоро, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои Шарқ савдо мекарданд. Заргарон тоx, ангуштарин
Download txt | fb2
1 2 >>
Home
Loading...
0 / 17

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2019 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© oktj.ru 2014-2019