Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
То шахси бадро нашиносӣ ба қадри одами хуб намерасӣ.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 45 >>

Лексияҳо аз фанни « Геологияи динамикӣ »

Тэги:мавзӯъҳои дарсӣ мавзӯҳо барои донишҷӯён | кори дипломи | кори илми | лексияҳо аз фанни геологияи динамикӣ | реферати точики скачат | рефератхо | кори курси
Добавил:Admin (14.11.2018 / 09:10)
Рейтинг:rating 470 article (0)
Прочтений:352
Комментарии:0
Лексияи 1. Муқаддима.
Мазмун ва вазифаи геология. Геология (аз калимаҳои юнонӣ «гео»-Замин ва «логос»-илм, ҳосил шуда, маънояш «илм дар бораи Замин»)-илм дар бораи таркиби моддаҳои Замин, сохт, ҷараёнҳое, ки дар он шуда мегузаранд, инчунин таърихи инкишофи он аст. Аз сабаби он ки қабатҳои чуқури Замин барои омӯхтан дастнорас аст, геология асосан қабатҳои болоии қишри Заминро меомӯзад.
Геология маҷмӯи илмҳоро дар бораи Замин дарбар мегирад. Дар байни онҳо се гурӯҳро ҷудо кардан мумкин аст, ки хар кадоми онҳо ба доираи муайяни масъалаҳо равшанӣ меандозад.
Ба гуруҳи якум илмҳое дохил мешаванд, ки таркиби моддаҳои Замин (аниқтараш қишри Замин)-ро меомӯзанд, мисли минералогия, петрография таълимот дар бораи канданиҳои фоиданок ва дигарон.
Ба гурӯҳи дуюм илмҳое шомиланд, ки сохти Замин ва ҷараёнҳоеро, ки дар он шуда мегузаранд меомӯзанд, ба монанди геологияи динамикӣ, ҷузъи он тектоника (геотектоника) ва ғ.
Ба гурӯҳи сеюм илмҳое ворид мешаванд, ки инкишофи Заминро меомӯзанд чун, геологияи таърихӣ, палеогеография ва дигарон.
Минералогия илмест дар бораи таркиб, пайдоиш ва хусусиятҳои пайвастагиҳои табиии минералҳои қишри Замин.
Петрография (калимаҳои юнонии – «петро»-харсанг ва «графо» - навиштан) таркиб, сохт ва пайдоиши ҷинсҳои кӯҳиро меомӯзад.
Таълимот дар бораи канданиҳои фоиданок – пайдоиш, ҷойгиршавии қабатҳо, инчунин шакли хобиши канданиҳои фоиданокро меомӯзад.
Геологияи динамикӣ илмест дар бораи ҷараёнҳое, ки қишри Замин ва симои Заминро умуман тағйир медиҳанд.
Геотектоника - сохтори қишри Замин, паҳншавӣ ва таърихи тараққиёти онҳоро меомӯзад.
Геологияи таърихӣ таърихи геологии Заминро аз пайдоиши он то замони ҳозира барқарор мекунад.
Палеогеография шароити табиӣ-ҷуғрофие, ки дар замонҳои геологии гузашта дар сатҳи Замин, мавҷуд будаанд, аниқ мекунад.
Ба маҷмӯи илмҳои геологӣ, ғайр аз инҳо боз дохил мешаванд: палеонтология (калимаи юнонӣ «палеос» - қадима, «онтос» организм, «логос» - (илм) – илм дар бораи организмҳои ҳафриётӣ, гидрогеология - илм дар бораи обҳои зеризаминӣ, геологияи муҳандисӣ - илме, ки хусусиятҳои ҷинсҳои кӯҳиро меомӯзад, ки ба сохтани иншоотҳои гуногун таъсир мегузорад, геологияи регионалӣ – сохт ва таърихи геологии қаламравҳои алоҳидаро меомӯзад.
Геологияи умумӣ курси таълимнест, ки барои омӯхтани дигар илмҳои геологӣ муқаддима мебошад. Дар асоси геологияи умумӣ, геологияи динамикӣ пайдо шудааст. Fайр аз он дар фанни геология мафҳумҳои муҳим аз дигар илмҳои геологӣ ва илмхои мобайнӣ (масалан минералогия, петрография, астрономия ва ғайраҳо) баён карда мешаванд, ки барои дар бораи Замин ва қишри Замин мафҳуми яклухттар гирифтан имкон медихад.
Fайр аз геология бо омӯхтани Замин дигар илмҳо низ машғуланд, чун геокимиё, геофизика, географияи табиӣ, астрономия ва ҳоказо, ки бо геология зич алоқаманданд.
Геокимиё қонуниятхои паҳншавии элементҳои кимиёвиро дар қабатхои Замин, сабаб ва шароити ҷамъшавӣ ва ҷойивазкунии (миграсияи) онҳоро меомӯзад.
Геофизика – ҷараёнҳои физикӣ ва зуҳуроти бо онҳо вобаста, ки дар ҳамаи маҳаллҳои (зонаҳои) қишри Замин ва қисмхои чуқуртарини он шуда мегузаранд, меомӯзад.
Географияи табиӣ –он шакл ва андозаи Замин, тақсимшавии ҷузъҳои асосии релефи сатҳи он ва иқлимро меомӯзад.
Нуҷум (Астрономия) – ҳаракат, сохт ва тараққиёти ҷисмҳои осмониро дар фазои кайҳонӣ, аз он ҷумла, дар сайёраи Замин дида мебарояд.
Илмҳои геологӣ барои дигар амалиётҳо, чун кори кӯҳӣ, усулҳои кофтуков ва кошифи маъдан, техникаи кошифи конҳои канданихои фоиданок, геофизикаи амалӣ ва ғайра пояи асосӣ мебошад. Илмҳои геологӣ дар навбати худ ба илмҳои зиёди табиатшиносӣ ва дақиқ, чун зоология, ботаника, физика, математика такя мекунанд. Дар тадқиқотҳои геологӣ дастовардҳои навтарини техникаи ҳисобкунӣ, электроника, радиотехника ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешаванд.
Усулҳои геологӣ. Усули асосии омӯхтани таркиб ва сохти ҷисмҳои табиӣ таҷриба мебошад. Дар тадқиқотҳои геологӣ, масалан дар омӯхтани таркиб ва хусусиятҳои физикии минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ, дар як қатор ҳолатҳо усули таҷрибаҳо истифода бурда мешавад. Аммо қишри Замин аз ҷамъи оддии минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ иборат нест. Сохт ва таркиби қишри Замин аз содиршавии ҷараёнҳои физикӣ, кимиёвӣ ва геологии гуногун дар фазои васеъ ва дар давоми вақти тӯлонӣ, ки даҳҳо ва садҳо миллион сол ҳисоб карда мешавад, вобастагӣ дорад. Ба вуҷуд овардани ин хел ҷараёнҳо бо роҳи таҷрибавӣ на ҳама вақт имконпазир аст. Бинобар ин дар омӯхтани қишри Замин ғайр аз усули таҷрибавӣ мушоҳида, таҳлили воқеаҳо (фактҳо) ва хулосаҳо дар намуди фарзияҳо васеъ истифода мешавад. Мушоҳида, муайян кардани таркиб, ҷойгиршавии байниҳамдигарӣ ва шароити хобиши ҷинсҳои кӯҳӣ, инчунин бақияҳои ҳайвонҳо ва рустаниҳои қадима, ки дар онҳо нигоҳ дошта шудааст дар якҷоягӣ бо тадқиқотҳои таҷрибавӣ имкон медиҳад, ки симои умумии тараққиёти геологӣ ва сохти ҳар як қитъаи қишри Замин барқарор карда шавад.
{амин тавр, мушоҳида, таҷриба ва таҳлил дар асоси тадқиқотҳои геологӣ қарор мегиранд. Минбаъд, бо вуҷуди гузаронидани мушоҳидаҳои дақиқ ва чуқур, хусусан дар истифодаи васеи усулҳои гуногуни кошифи геокимиёвӣ ва геофизикӣ, ичунин пармакунии чуқур, фарзияҳои пештарбаёншударо тасдиқ ва васеъ карда, онро ба назария табдил додан ё баракс ҳамчун фарзияи нодуруст партофта бо дигар, фарзияҳои асоснок карда шуда иваз кардан имконият пайдо мешавад.
Марҳидаҳои асосии инкишофи илми геология. Геология ҳамчун илм дар бораи Замин нисбатан ҷавон, наздик 250 сол пеш пайдо шуд, аммо мафҳумҳои ибтидоии геологӣ дар замонҳои қадим пайдо шудааст. Дар инкишофи донишҳои геологӣ се марҳиларо ҷудо кардан мумкин аст.
Марҳилаи якум – давраи атиқа (2-3 ҳазор сол пеш аз милод вақте, ки маданияти Юнон ва Рими қадим инкишоф ёфт), асрҳои миёна (асрҳои I – ХIV мелодӣ) ва давраи таҷаддуд (асрҳои ХV – ХVI)-ро дарбар мегирад. Дар ин марҳила мушоҳида ва маълумотҳо оҳиста ҷамъ шуда, ба он кӯшиши таҳлил ва умумигардонӣ хос аст.
Фанни геология дар қатори дигар илмҳо аз талаботи амалии инсон ба вуҷуд омадааст. Одамони асри сангин аз кадом намуд санг сохтани табар, тири камон, омочро донистанашон лозим буд ва инро дониши ибтидоии геологӣ номидан мумкин аст. Баъди кашфи тилло, мис, рӯҳ, оҳан донишҳои геологии инсон боз ҳам афзуд. Тахминан 4500 сол пеш дар Миср, Месопотамия ва тахминан 4000 сол пеш дар Баҳримиёназамин, Паси Қафқоз, {индустон одамон ба истихроҷи маъдани оҳан шурӯъ кардаанд.
Дар замони атиқа файласуф ва табиатшиносони алоҳида мулоҳизаҳои пешқадами материалистиро пешниҳод кардаанд. Масалан, файласуф – материалисти Юнони қадим Гераклит ( соли 503 – 470 то милод) тахмин кард, ки Замин ва ҳамаи чизҳои дар он мавҷуд буда, аз он ҷумла об аз оташ пайдо шудааст, дунё абадӣ вуҷуд дорад (доимӣ), бе танаффус тағйир меёбад ва ҷараёнҳои вайронкунанда дар он, бо давраҳои ҷараёнҳои офаранда иваз меёбанд. Файласуф ва табиатшиносони Юнони қадим Арасту (с.384-322 то милод) тасдиқ мекунад, ки сарҳади хушкӣ ва баҳрҳо доимӣ набуда, дар тартиби муайян ҳамдигарро иваз карда меистанд, маъданҳои гуногун дар натиҷаи буғгардии моддаҳо аз қаъри Замин дар намуди газ
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 45 >>
На главную
Загрузка...
0 / 19

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru