Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дӯсту ёронро эҳтиром кун!
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 30 >>

ЛЕКСИЯҲО АЗ ФАННИ ИНФОРМАТИКА

Тэги:мавзӯъҳои дарсӣ мавзӯҳо барои донишҷӯён | реферати точики скачат | рефератхо | кори курси | кори илми | кори дипломи | лексияҳо аз фанни информатика
Добавил:Admin (02.11.2018 / 09:52)
Рейтинг:rating 466 article (0)
Прочтений:211
Комментарии:1
ЛЕКСИЯҲО АЗ ФАННИ
ИНФОРМАТИКА
САРСУХАН

Дар замони ҳозира фаъолияти касбии инсонро новобаста аз ихтисосаш бидуни технологияҳои ҳозиразамони информатсионӣ тасаввур намудан душвор аст. Аз ин ҷо яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, пеш аз ҳама дар соҳаи маориф, масъалаи баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз техника ва технологияи муосир мебошад.
Ҳар фарди соҳибмаълумот бариловаи омўзиши фанҳои касбӣ бо омўзиши асосҳои фанни информатика, аз худ намудани технологияи иттилоотии ҳозиразамон ба мутахассиси замонавӣ табдил меёбад. Дар солҳои наздик кулли мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли низоми кредитии таълим мегузаранд. Низоми кредитии таълим ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў буда, дар мамлакатҳои дунё васеъ паҳн гардидааст.
Дастури мазкур мувофиқи барномаи таълимӣ аз фанни информатика тайёр шуда, барои мактабҳои олии равияи иқтисодидошта пешбинӣ гардидааст. Дар дастур мувофиқи талаботи низоми кредитии таҳсилот, пас аз баёни мавзўъ, инчунин мавзўи корҳои амалӣ ва мустақилона, бо нишондоди адабиёт ва саволҳои санҷишию худомўзӣ оварда шудааст. Дар охири дастур тестҳо оварда шудааст, ки донишҷўён бо аз худ намудани онҳо ба санҷишҳои тестӣ тайёрӣ мебинанд.
Дастур ҳамаи мавзўъҳои фанни информатикаро мувофиқи барномаи корӣ (силлабус) ба таври мухтасар дарбар мегирад: мафҳумҳои асосии информатика, асосҳои техникаи ҳисоббарор, мафҳуми алгоритм, таъминоти барномавии компютерҳо, таъминоти таҷҳизотӣ ва барномавии шабакаи компютерӣ ва ғайраҳо мебошад.





МАВЗЎЪ. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ОИД БА ФАННИ ИНФОРМАТИКА.

МАҚСАДИ ДАРС: Ташаккул додани донишу малакаи донишҷўён оид ба мафҳумҳои асосии фанни информатика

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:
Мафҳуми информатсия ва равандҳои (протсессҳои) информатсионӣ.
Таърифи информатика.
Компютер ҳамчун воситаи асосии таҳлилу коркарди информатсия.
Наслҳо ва намудҳои компютер.

Мафҳуми информатсия ва равандҳои информатсионӣ.
Предмети омўзиши информатика информатсия ва тарзҳои қабул, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва пешниҳоди он мебошад. Информатсия чист? Бешубҳа ҳар шахс тасаввуроти интуитивӣ дар бораи ин мафҳумро дорад. Аммо новобаста аз инкишофи босуръати фан, то ҳол ягон таърифи мақбули умумиилмии информатсия вуҷуд надорад. Дар адабиёт ва сарчашмаҳои гуногун таърифҳои ҳархела дида мешавад. Баъзе аз онҳоро дида мебароем:
Информатсия маълумот дар бораи олами иҳотакунанда мебошад, ки дараҷаи ахбор доштани одамро зиёд мекунад ва меъёри номаълумиро кам мекунад.
Таърифи дигар информатсия мафҳумҳои сигнал ва маълумотро мепайвандад. Сигнал ин таъсири байниҳамдигарии предметҳо бо ёрии майдонҳо, мавҷҳо, рўшноӣ ва ҳоказо мебошад. Сигналҳоро мо мебинем, мешунавем, ҳис мекунем, бо чашидани мазза ва бўидан мефаҳмем. Агар бо ягон тарз мо сигналҳоро ба қайд гирем (аксгирӣ, расмкашӣ, сабт дар лентаи магнитӣ, навиштан ва ғ.), он гоҳ онҳо ба маълумот табдил меёбанд. Агар маълумотро истифода барем, он ба информатсия табдил меёбад. Маълумот – ин натиҷаи мушоҳидаи объектҳо мебошад, ки бо ягон сабаб истифода нашуда, фақат нигоҳ дошта мешавад. Олами атрофамонро мо бо ёрии сигналҳо ҳис мекунем. Информатсия – ин маълумоти истифодашаванда мебошад.
Информатсия – ин маҳсули таъсири маълумот ва методҳои ба он мувофиқ мебошад. Якчанд намудҳои информатсияро фарқ мекунанд: матнӣ, ададӣ, графикӣ, садогӣ (аудио), аниматсионӣ, видео, ва фазогӣ.
Равандҳои информатсионӣ ин амалҳои қабул, коркард, нигоҳдорӣ, ҷустуҷў, баровардан ва фиристодани информатсия мебошад. Иштирок дар раванди информатсионӣ фарқияти олами зинда ва ғайризиндаро нишон медиҳад.
Таърифи информатика
Информатика ин соҳаи фаъолияти инсон мебошад, ки бо иҷроиши равандҳои информатсионӣ бо воситаи компютер алоқаманд мебошад. Истилоҳи информатика аз калимаҳои информатсия ва автоматика ба вуҷуд омадааст. Калимаи автомат маънои худкор яъне иҷрокунанда бе иштироки одам мебошад.
Масъалаҳои асосии зеринро фанни информатика дида мебарояд:
тадқиқи равандҳои информатсионӣ;
коркарди технологияҳои навтарини информатсионӣ дар асоси истифодаи компютер ва шабакаҳо;
ҳалли мушкилоти илмӣ ва муҳандисии сохтан ва татбиқи таъминоти аппаратию барномавии компютер;
пешниҳоди методҳо ва воситаҳои тадқиқ ва ҳалли проблемаҳо бо ёрии компютер дар дигар соҳаҳои фаъолияти инсон (масалан ба соҳаи бонк ягон барномаи нави компютерӣ пешниҳод намудан мумкин аст).
Калимаи технология аз калимаи юнонии санъат, маҳорат ва малака, гирифта шуда, маънои тайёр кардани ашё –ро дорад. Яъне, агар хишт бо воситаи хоку об тайёр карда шавад, он гоҳ дар ин ҷо хоку об ашёи хом мебошад. Дар технологияи информатсионӣ ашёи хом ин маълумоту информатсия мебошад. Бо воситаи равандҳои информатсионӣ мо аз маълумоту информатсия барномаҳои компютерӣ, ҳуҷҷатҳо, прензентатсияҳо ва ғайраҳоро тайёр мекунем.
Компютер ҳамчун воситаи асосии таҳлилу коркарди информатсия.
Компютер аз калимаи англисии computer — ҳисобкунак гирифта шудааст.
Компютерҳои аввалин барои ҳисобкунии маълумоти ададӣ сохта шуда буданд ва мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) меномиданд. Лекин бо мурури замон онҳо универсалӣ (ҳамакора) шуданд ва барои коркарди намудҳои гуногуни информатсия ба монанди матнӣ, графикӣ, садогӣ, аниматсионӣ ва ғайра истифода мешаванд. Аз ин сабаб номи компютер моҳияти вазифаи мошинҳои замонавии информатсиониро ифода накарда, фақат гузаштаи таърихии онҳоро мефаҳмонад. Таърифи муосири он чунин аст: компютер ин воситаи техникии информатсионии ҳамакора (универсалӣ) мебошад, ки имконияти ба таври автоматӣ иҷро кардани равандҳои информатсиониро доро аст.

Наслҳо ва намудҳои компютер.
Дар таърихи техникаи ҳисоббарор панҷ наслҳои компютерҳоро фарқ мекунанд:
Насли якум солҳои 40 - 50-уми асри 20, дар асоси лампаҳои электронӣ сохта шудаанд, андозаашон калон, яктоаш 2-3 ҳуҷраро банд мекунад, суръати на он қадар баланди ҳисобкунӣ (то ҳазор амали арифметикӣ дар як сония), дар истифодабарӣ ноқулай (маълумот ва фармонҳоро бо коди дуӣ ворид намуда, натиҷаро низ ба ҳамин тарз мегирифтанд), эътимоднокии паст доштанд (мўҳлати хизмати лампаҳо кам буд), масалан ЭНИАК - ИМА.
Насли дуюм солҳои 50 - 60-ум, дар асоси асбобҳои нимноқилӣ (транзисторҳо ва диодҳо) сохта шудаанд. Андозаашон якчанд маротиба хурд шуда, суръати ҳисобашон даҳҳо маротиба афзуд, эътимоднокиашон баланд гардид. Аз ин сабаб ин компютерҳо дар ҳаҷми саноатӣ сериявӣ истеҳсол мешуданд, масалан БЭСМ – 6 - Иттиҳоди Шўравӣ.
Насли сеюм солҳои 60 - 70-ум, дар асоси схемаҳои калони интегралӣ (СКИ) сохта шудаанд (дар як асос даҳҳо ва садҳо ҳазор транзисторҳо ҷойгир мешавад). Маҳсулнокиашон нисбат ба насли дуюм даҳҳо маротиба афзуд (даҳҳо ва садҳо миллион амал дар як сония), эътимоднокиашон низ беҳтар гардид. Дар ин замон шабакаҳои компютерӣ сохта шуданд (шабакаи компютерӣ ин пайвастшавии якчанд компютерҳо мебошад), масалан IBM 360 - ИМА.
Насли чорум солҳои 70 - 80-ум, дар асоси схемаҳои бисёр калони интегралӣ (СБКИ) сохта шудаанд (дар як асос аз садҳо ҳазор то якчанд миллион транзисторҳо ҷойгир мешавад). Маҳсулнокиашон нисбат ба насли сеюм даҳҳо маротиба
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 30 >>
На главную
Загрузка...
0 / 13

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru