Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Қарз ҳайзи мард аст
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 6 >>

Лексия. Муқаддимаи фан, мафҳуми PHP

Тэги:мафҳуми php | реферати точики скачат | рефератхо | кори курси | кори илми | кори дипломи | мавзӯъҳои дарсӣ мавзӯҳо барои донишҷӯён | лексия муқаддимаи фан
Добавил:Admin (02.11.2018 / 09:47)
Рейтинг:rating 464 article (0)
Прочтений:154
Комментарии:0
Лексия №1-2. Муқаддимаи фан, мафҳуми PHP.
Таърихи РНР аз соли 1995 оғоз меёбад, ки он вақт барномасози мустақил Расмус Лердорф (Rasmus Lerdorf) барои ҳисоби миқдори истифодабарандагони сайти худ ссенарияи Perl/CGI-ро менависад. Дар ин сайт Лердорф оиди худ маълумоти мухтасарро ҷойгир карда буд. Ссенарияи ў ду вазифаро иҷро мекард: қайд намудани маълумотҳои истифодабаранда ва дар web-саҳифа баровардани миқдори истифодабарандагон.
Он вақт тараққиёти WWW акнун оғоз шуда буд ва барои ҳалли чунин масъалаҳо ягон воситаҳои махсус пешбинӣ нашуда буданд, ки ба муаллифи ссенария сели дархостҳо ва мактубҳо меомаданд. Лердорф маҳсулоти барномавии худро ба таври озод, бо номи Personal Home Page (РНР) ё Hypertext Processor (протсессори гиперматнӣ) паҳн менамуд.
Муваффақияти назарраси эҷодиёти РНР маҷбур сохт, ки Лердорф ба васеъ намудани РНР машғул шавад. Яке аз чунин васеъшавиҳо имконият медод, ки маълумотҳои дар намуди HTML дохилшуда, ба тағйирёбандаҳои рамзӣ табдил дода шаванд ва бо ин, ба дигар системаҳо содир намудани онҳо имконпазир мегашт. Барои пурра ба мақсади худ расидан, Лердорф дар оянда аз забони Perl ба забони С мегузарад. Васеъшавии РНР-и мавҷуда ба пайдоиши РНР 2.0 ё PHP-FI (Personal Home Page — Form Interpretator) оварда расонид. Дар мукаммалнамоии навъи 2.0 барномасозон аз тамоми ҷаҳон иштирок намудаанд.
Навъи нави РНР хеле паҳн шуда, дар натиҷа гурўҳи асосии таҳиягарон ҳосил мешавад. Онҳо дурнамои бевосита ба HTML ворид намудани коди барномавиро нигоҳ дошта, механизми таҳлил матнии онро аз нав менависанд, ки дар натиҷа РНР 3.0 пайдо мешавад. Дар вақти баромадани навъи 3.0 соли 1997, зиёда аз 50 000 истифодабарандагон РНР-ро барои мукаммал намудани web-саҳифаҳои худ истифода мебурданд.
Соли 1997 қабул карда мешавад, ки истилоҳи РНР бояд ба таври «РНР Hypertext Processor» фаҳмида шавад (на балки «Personal Home Page»).
Дар тўли ду соли минбаъда тараққиёти босуръати РНР идома меёбад. Ба забон садҳо функсияҳои нав илова шуда, сафи истифодабарандагони он низ зиёд мешуд. Соли 1999 хадамоти Netcraft (http://www.netcraft.com) ахборот медиҳад, ки бо ҳисобҳои ибтидоӣ адади истифодабарандагони РНР аз 1 000 000 гузаштааст, ки дар натиҷаи он РНР ба қатори забонҳои ссенариявии аз ҳама паҳншудатарини ҷаҳон дохил мешавад.
Дар ибтидои соли 1999 оиди баромадани навъи РНР 4.0 маълумот дода шуд. Гарчанде, яке аз арзишҳои асосии забон ин самаранокии иҷрошавии ссенарияҳо буд, дар ибтидо пешбинӣ нашуда буд, ки дар асоси он лоиҳаҳо ва барномаҳои калон тартиб дода мешаванд. Аз ҳамин сабаб, барои мустаҳкам намудани таҳлили матнӣ корҳои мукаммалнамоӣ оғоз мешаванд, ки бештар бо номи Zend (http://www.zend.com) паҳн шудааст. Кор хеле босуръат иҷро шуда, 22 майи соли 2000 навъи РНР 4.0 мебарояд.
Ғайр аз таҳлилгари матнии Zend, ширкати Zend Technologies (Изроил) оптимизатори Zend-ро паҳн мекунад, ки самаранокии истифодабарии таҳлилгари Zend-ро баланд мебардошт. Санҷишҳо нишон медоданд, ки истифодабарии оптимизатор ҳосилнокии таҳлилгари матниро аз 40 то 100 % баланд мебаровард.
Дар мавриди навиштани китоби мазкур таъминоти барномавии РНР-ро мувофиқи маълумотҳои Netcraft (http://www.netcraft.com), зиёда аз 4 млн. доменҳо насб намудаанд. Ояндаи РНР хеле дурахшон аст, барои он, ки истифодабарандагони он рўз аз рўз, чӣ дар web-саҳифаҳои калон ва чӣ дар компютерҳои алоҳидаи истифодабарандагон зиёд шуда истодааст.
PHP ин забони скриптнависии ба HTML ҳамроҳшаванда аст. Синтаксиси забони барномасозии PHP аз забонҳои C, Java ва Perl бо илова кардани хусусиятҳои маҳз ба PHP хос сохта шудааст. Мақсади ин забон офаридани шароит ба барномасозони соҳаи Web барои бунёди тези саҳифаҳои динамикӣ аст.
PHP ин забони пуриқтидори скриптнависиет, ки онро ташрифкунандагони сайти PHP-ро истифодабаранда намебинанд. Ҳангоми ба саҳифаи бо PHP-скрипт сохташуда ташриф намудан, web-сервер коди дар скрипт бударо коркард менамояд. Кадом қисм (матн ва расмҳоро) ба ташрифкунанда намоиш дода шавад ва кадом қисмҳо (амал бо файлҳо, ҳисобҳои математикӣ ва ғайра) ноаён бояд истад муайян карда мешавад. Қисме, ки бояд намоиш дода шавад, мувофиқи талаботҳои HTML тартиб дода мешавад. Баъд, HTML-коди ҳосилшуда ба броузери web-саҳифаро талабкарда фиристода мешавад.
PHP имконият медиҳад, ки
- вақти барои сохтани сайтхои калон зарурбуда кам карда шавад;
- рафтори сайт вобаста ба маълумоти аз ташрифкунанда қабулшуда иваз шавад;
- ҳазорҳо олотҳои гуногуни алакай офаридашудаву дар Интернет мавҷуда дар сайти шумо низ истифода шаванд.
- сайтҳои аҷоиб ба мисли мағозаҳои электронӣ бо истифодаи кортҳо сохта шаванд.
Барои хуб азхуд шудани дарсҳои ин дастур доштани дониш ва малака аз HTML ва, махсусан, малакаи сохтани формаҳо дар HTML муҳим аст.
Донистани ягон забони барномасозии дигар шарти ҳатмӣ нест. Лекин агар чунин дониш дошта бошед, омӯхтани PHP хело осон хоҳад буд.
Ин дастур барои онҳое сохта шудааст, ки ба забони PHP барнома навишта наметавонанд ва мехоҳанд, ки онро омӯзанд. Бояд дар хотир доред, ки хонда баромадани ҳамаи дарсҳо дар як нишаст ва доштани малакаву дониш аз PHP аз ҳам фарқ доранд. Баробари хондани дарсҳо намунаҳои овардашударо санҷидан зарур аст. Инчунин фикр аз болои ақидаҳои баёншуда ва маълумоти додашуда ба манфиати омӯзиш аст.
Барои оғози кор дар PHP ба шумо зарур аст:
- web-хостинге, ки PHP-ро дастгирӣ мекунад ва базаи маълумоти MySQL
ё
- дар компютери худ Apache web-сервер, интерпретатори PHP ва MySQL насб шуда бошанд.
Гарчанде, ки мавҷудияти MySQL шарти қатъи нест, лекин ҷуфти MySQL+PHP аҷоиб хамдигарро пурра мекунанд.

Лексия №3. Оиди синтаксиси забони
web-барноманависии PHP

Пеш аз дар бораи синтаксиси PHP нақл кардан, худи истилоҳи «синтаксис»-ро муайян мекунем.
Синтаксис ин қоидаҳое, ки ҳангоми навиштани код бояд риоя карда шаванд.
Синтаксиси (ва семантикаи) забони PHP ба забонҳои дигар (C, Java, Perl) монанд аст. Ҳамаи матни скрипти PHP байни <?php ва ?> навишта мешавад. Боз матни скрипти PHP байни <? ва ?> навишта шуданаш мумкин аст, агар ин имконият аз тарафи web-сервер дастгирӣ шуда бошад.
Агар шумо php-скриптҳоро бо мақсади паҳн кардан навиштанӣ бошед, хуб аст, ки онҳо байни <?php ва ?> навишта шаванд. Ин эътимоди он аст, ки скрипти шумо дар серверҳои гуногун кор мекунад.
Агар ба файли HTML скрипти PHP ҳамроҳ карда шавад ё файл аз скрипти PHP иборат бошад, бояд ки қисми иловагии номи ин файл .php бошад. Масалан, агар ба файли index.html коде ба забони PHP ҳамроҳ карда шавад, номи файл index.php гузошта мешавад.
Мисоли зерин мисоли соддатарини бо ҳам истифода кардани PHP ва HTML мебошад:
namuna01.php
<html>
<head>
<title>Намунаи 1</title>
</head>
<body>
<?php
echo "Ассалому алейкум!";
?>
</body>
</html>
Файли матни созед, ба файл матни намунаи овардашударо нависед кунед, онро зери номи namuna01.php ба ҷои файлҳои скриптҳо таиншуда (масалан, каталоги сайт) сабт кунед. Ҳангоми кушодани саҳифаи namuna.php, масалан аз суроғаи http://localhost/test/namuna.php, дар сатри сарлавҳаи броузер "Намуна 1" ва дар қисми корӣ "Ассалому алейкум!" бояд бинед.
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 6 >>
На главную
Загрузка...
0 / 13

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru