Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дуруғгӯ ба фиреби дигарон шурӯъ мекунад ва ба фиреби худаш поён меёбад.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 20 >>

Асосҳои Туризм

Тэги:2018 сайёҳ | асосҳои туризм | точикистон | таърихи туризм | туризм | аз таърихи туризм дар точикистон
Добавил:Admin (02.11.2018 / 09:33)
Рейтинг:rating 461 article (0)
Прочтений:138
Комментарии:0
Сарсухан
Туризм падидаи мураккаби иқтисодию иљтимоии замони муосир буда, вобаста ба беҳбудии вазъи иљтимоии аҳолӣ рушд меёбад. Бахши туризм чун дигар соҳаҳои хољагии халқ дар баробари рушди тамаддуни инсонӣ тағйирёбанда буда, он навгониҳои ҳаёти муосирро таљассум менамояд. Соли 1998 Созмони умумиљаҳонии туристӣ иттилоъ додааст, ки туризм дар содироти молу хадамот мақоми аввалро касб намудааст. Гузашта аз ин, дар баробари ташкили инфрасохтори туристӣ нақши мутахассисони соҳибкасб дар рушди соҳа хеле бузург аст.
То ҳол барои тадриси фанни «Асосҳои туризм» бо забони давлатӣ васоити таълимӣ мављуд набуд ва аз ин рӯ зарурати таҳияи китоби дарсӣ ба миён омад. Даҳсолаи охир дар як қатор макотиби олии кишвар дар бахши туризм мутахассисон омода карда мешаванд, вале мутаасифона бо забони тољикӣ оид ба туризм мавод хеле кам ба чоп расидааст.
Гарчанде дар тахассусҳои навътаъсиси туризм мутахассисон омода карда шаванд ҳам, вале дар ин бахш ягон фанни мушаххаси туризм омӯзонда намешавад. Аз ин лиҳоз мо - устодони кафедраи иқтисод ва идораи туризми Донишгоҳи миллии Тољикистон бо назардошти талабот тасмим гирифтем, ки васоити таълимӣ барои тадриси ин фан таҳия намоем. Ин васоити таълимӣ дар такмили донишандӯзии кормандон ва донишљӯёни бахши сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар таҳияи китоби дарсӣ ба љанбаи милливу фарҳангии халқи куҳантаърихи тољик эътибори хоса дода мешавад, ки дар ин асос соҳаи туризмро метавон ба дараљаи дилхоҳ роҳандозӣ намуд. Барои рушди соҳаи туризм ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамаи шароит муҳайё буда, дар ин љода аз љониби Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон бисёр иқдомҳои наљиб амалӣ гардида истодаанд. Бо дарназардошти шароити мусоид ва муҳити Тољикистон метавон шумораи сайёҳонро даҳчанд афзуд, ки дар баробари соҳаҳои сердаромад туризм низ чун бахши асосӣ дар рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим хоҳад дошт.
Китоби мазкур ба талаботҳои меъёрии барномаҳои таълимӣ, осноду қонунҳои давлатии марбут ба туризм љавобгӯ буда, дар омодасозии мутахасисони бахши туризм маводи хуби таълимӣ ба ҳисоб меравад

Мавзуи 1. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТУРИЗМ
Мафҳум, мақсад ва вазифаҳои туризм. Саёҳат ва туризм

Туризм падидаи мураккаби иљтимоӣ-фарҳангӣ ва иқтисодии замони муосир маҳсуб ёфта, паҳлуҳои гуногуни он зери назари илмҳои гуногун қарор дорад.
Масъалаҳои назария ва амалияи туризм таваљљуҳи иқтисодчиён, љомеашиносон, тарбиятгарон, равоншиносон, муаррихон, фарҳангшиносон, санъатшиносон ва ҳуқуқшиносонро ба худ љалб намудааст ва ҳар кадоме аз мутахассисони зикргардида масоили туризмро мансуб ба соҳаҳои худ медонанд. Ин боиси он мегардад, ки туризм таърифи ягона надошта, доираи баҳси паҳлуҳои гуногуни ҳаёти љомеаро дар бар мегирад.
Дар адабиётҳои илмии муосир мафҳуми туризм бо тарзҳои гуногун маънидод гардидааст. Мафҳуму моҳияти туризм аз љониби олимони гуногун ба монанди Кварталнов В.Р., Зорин И.В., Здоров А.В., Чудновский А.Д., Жукова М.А., Кусков А.С., Љаладян И.А., Асташкина М.В., Сенин Л.П., Муҳаббатов Х., Диловаров Р., Ёров Љ. ва ғайра таҳқиқ гардидааст.
Вожаи туризм (toorizm) аввалин маротиба аз љониби муҳаққиқи фаронсавӣ Б. Жекмо дар соли 1830 истифода гардидааст. Ибораи туризм аз калимаи франсавӣ «tour», гирифта шуда, маънояш гардишгарӣ, сайр ё гаштугузор намудан аст. То замонҳои охир мафҳуми «туризм» ва «турист» дар ҳар кишвар ба таври хос баҳо дода мешуд.
Дар кишварҳо туризм ва муассисаҳои осоишию фароғатӣ ба низомҳои гуногун идора мегардид. Мафҳуми турист аз љониби ширкаткунандагони саёҳати туристӣ, гардишгарӣ аз мафҳуми «истироҳаткунандагон» дар осоишгоҳҳо, фароғатгоҳҳо ва хонаҳои истироҳатӣ маҳдуд мегардид. Дар дигар кишварҳо бошад, фаъолияти намудҳои гуногуни рекреатсионӣ аксаран бо воқеаҳои гуногун ифода мегардад.
Дар Эъломияи Гаага (Ҳоланд) оид ба туризм (1989) мафҳуми мазкур чунин ифода гардидааст: «Туризм ҳамчун љойивазкунии озоди одамон аз љои зисти аслӣ дар муддати муайян буда, инчунин соҳаи хизматрасониест, ки барои таъмини қонеъгардонии талаботҳои онҳо равона гардидааст».
Аз нигоҳи илми иқтисодӣ туризм ин низоми васеи иқтисодӣ бо рангорангии робитаҳои байниҳамдигарӣ дар чорчӯбаи хољагии халқи кишвари људогона баҳо дода мешавад. Ғайр аз ин туризм таъминкунанда ва пайвандгари иқтисоди миллӣ бо хољагии љаҳонӣ буда, бо фаъолиятҳои иқтисодии хеш истифода аз захираҳои туристӣ ва хизматрасонӣ маҳсули худ ва хадамоти ташкилотҳои гуногунро пешниҳод менамояд.
Аслан аз нигоҳи иқтисодӣ туризм дорои 5 хусусияти асосӣ мебошад:
- туризм ҳамчун раванд ва натиљаи ҳаракати одамон аз рӯи хатсайрҳои гуногуни туристӣ;
- муайянкунандаи ду заминаи асосии туризм: саёҳат ба истироҳат ва натиљагирӣ дар он љо;
- саёҳат ифодагари хуруљ аз мамлакат (минтақа)-е, ки љои зисти муқимӣ маҳсуб меёбад;
- майлу хоҳиши сафари туристон ба марказҳои гуногуни туристӣ матлабгари вақт аст ва ин муайянкунандаи он аст, ки пас аз муҳлати муайян (рӯзҳо, ҳафта, моҳ) ба диёри аслии хеш баргарданд;
- саёҳат ин шакли фаъолиятест, ки бидуни љои истиқомати доимӣ дар марказҳои туристӣ бо мақсадҳои гуногун, табобат, солимгардонии бадан, кӯҳгардӣ, варзиш, дидгоҳи илмӣ, динӣ, фарҳангӣ, симпозиум ва конфронсҳо бе фаъолияти ба даст овардани маблағ роҳандозӣ мегардад.
Туризм шакли фаъолиятест, ки рушди он аз дороии молиявӣ ва захираҳои муваққатии истемолкунандагони хадамоти туристӣ вобаста аст. Зикр кардан љоиз аст, ки сабаби асосии сайри одамон ин фориғ будан аз фаъолияти корӣ, мушкилот ва проблемаи рӯзмарраи ҳаёт мебошад.
Яке аз омилҳои муҳимтарин дар иқтисоди туризм ин далелест, ки як қисми даромад аз туристон дар марказҳои туристӣ сарф гардида, қисми дигар ҳангоми сайр намудан туристон харљ мегардад ва шароитҳои мусоидро љиҳати тақсимоти даромад миёни кишварҳою минтақаҳо ба амал меорад.
Бо равнақи туризм дар љаҳони муосир, бахусус дар сатҳи байналмилалӣ ва бо ташаккулёбии ташкилотҳои байналмилалии туристӣ зарурияти ягонагии ифодаи қабулгардидаи мафҳуми туризм ба миён омадааст.
Аз аввалин шахсиятҳое, ки ба мафҳуми туризм маънии амиқ ва ягона додаанд, олимони Донишгоҳи Берн, профессорон Хунзикер В. ва Крапф К. мебошанд. Баъдан ифодаи истилоҳи туризм аз љониби олимони дар боло зикргардида баён шуда, аз љониби Асотсиатсияи байналмилалӣ, коршиносони илмӣ оид ба туризм қабул гардид. Ин олимони муайян намуданд, ки туризм ҳамчун падидаи мутақобила дар натиљаи сайри одамон ба вуљуд омадааст ва давраи то ба шаҳрвандӣ қабул гардиданро дар бар мегирад. Моҳияти туризм дар он аст, ки сайри туристӣ ба хотири ба даст овардани даромад нест.
Мувофиқи ифодаи расмие, ки аз љониби СММ соли 1954 қабул гардидааст «Туризм – ин истироҳати фаъол, барқароркунии саломатӣ, ташаккули љисмонии инсон, вобаста ба хориљ будан аз макони аслии хеш аст».
Тавсифи нисбатан васеъро нисбати мафҳуми туризм Академияи туризми Монте-Карло чунин овардааст: «Туризм»- ин сафари мувақатии одамон аз љои зисти аслӣ бо мақсади беҳдошти солимгардонӣ, қонеъгардонии ҳадафҳои љаҳонбинӣ ҳангоми фориғ будан аз кор ё бо мақсади шуғли касбӣ бидуни ба даст овардани даромад дар љои будубоши муваққатӣ мебошад.
Дар конфронси умумиљаҳонӣ
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 20 >>
На главную
Загрузка...
0 / 15

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru