Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Бар сари ҳар хӯҷаин боз хӯҷаине ҳаст.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр

Иди қурбон табрикот

Тэги:иди курбон | табрикот иди курбон | шеърҳои исломи | ид | иди курбон гуфторҳо
Добавил:Admin (20.08.2018 / 21:02)
Рейтинг:rating 459 article (0)
Прочтений:300
Комментарии:0
Бо арзи Салом ва дуруди бепоён шуморо ва ахли байти шуморо бо фарорасии иди Қурбон, иди Муқаддаси мусулмонон, ки иди садоқат, покию равшани, сулҳу неки, айёми Хаҷҷи Акбар ва рамзи муҳаббати беинтиҳо бар Худованд мебошад ва намунаи олии онро Пайёмбар Иброҳими Халилуллоҳ нишон додааст аз самими қалб табрику муборакбод мегуям! Худованд тамоми роҳоятонро ҳамвор созад ва монанди сипаре аз Шумо муҳофизат намояд. Чатри муҳаббаташро ҳамаҷо болои саратон қарор диҳад ва борони раҳматашро дар саҳрои қалбатон боронад. Хуршеди меҳрубониаш гармбахши рузҳои сардатон бошад, қадамҳоятонро дар роҳи худаш устувор гардонад ва қалбатонро оромиш бахшад, рузгоратонро аз хуши пур кунад, ғам ва нигарониро аз қалбатон берун кунад, саломатии ҷисму руҳро ато фармояд. Чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва суфраатон ҳамеша рангин бошад ва саодатмандии ҳарду оламро насибатон гардонад!
ОМИН Ё РАЪБИЛ ОЛЛАМИН.
ИДИ КУРБОН БА ХАМАИ ШУМО ВА ХОНАВОДААТОН МУБОРАК БОШАД.????????

Иди Қурбон омаду дар Макка ҳаҷи Акбар аст, Дустонро табрик намудан суннати Пайғамбар аст!

Шумоенро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба Шумо саодати рӯзгор, сарбаландиву хонаободӣ, хушбахтиву некрӯзӣ ва дастархони пур аз нозу неъматро таманно менамояд.
Ид муборак!
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 18

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru