Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Одамро аз рӯйи либосаш пешвоз мегиранд ва аз ҷиҳати ақлу хирадаш гусел мекунанд.
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам
1 2 3 ... 5 >>

МАВОДИ АТТЕСТATСИЯИ ХАТМ A3 ФАННИ Забони модари накли хатти 2018

Тэги:маводи аттестatсияи хатм a3 фанни забони модари накли хатти 2018 | маводи аттестatсияи хатм a3 фанни забони модари накли хатти барои синфи 9 2018 | имтихонои синфи 9 | имтихони синфи 9 2018 | имтихони синфи 9 2018 | тест аз фанни алгебра барои синфи 9 2018 | тест аз фанни география барои синфи 9 2018 | тест аз фанни таърихи халки точик барои синфи 9 | забони точии синфи 9 | саволхои тести аз фанни таърихи халки точик | бо чавобхои дуруст | калиди атестатсияи синфи 9 бо вариантхои дурст | шпаргалкаи атастатсияи 2018 синфи 9
Добавил:Admin (26.04.2018 / 11:15)
Рейтинг:rating 425 article (0)
Прочтений:1328
Комментарии:15
МАВОДИ АТТЕСТATСИЯИ ХАТМ A3 ФАННИ Забони модари накли хатти 2018 , МАВОДИ АТТЕСТATСИЯИ ХАТМ A3 ФАННИ забони модари накли хатти БАРОИ СИНФИ 9 2018,имтихонои синфи 9 ,имтихони синфи 9 2018 ,имтихони синфи 9 2018, тест аз фанни алгебра барои синфи 9 2018, тест аз фанни география барои синфи 9 2018, тест аз фанни таърихи халки точик барои синфи 9,забони точии синфи 9, саволхои тести аз фанни таърихи халки точик,бо чавобхои дуруст,калиди атестатсияи синфи 9 бо вариантхои дурст, шпаргалкаи атастатсияи 2018 синфи 9

Маводи аттестатсияи хатм барои синфҳои 9-и таълимашон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекй дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сарсухан
Бо мақсади таъмини шаффофияти аттестатсияи хатм ва расонидани кумаки методӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон аз 19.01.2018, № 170 маводи аттестатсияи шифоҳию хаттй барои хатми синфи 9-и таълимашон бо забонҳои тоҷикй, русӣ ва ӯзбекй бо такмилу тағйирот пешниҳод мегардад.
Саволнома ва маводи аттестатсияи хаттӣ ва шифоҳй дар асоси барномаҳои фаннй мураттаб гардидаанд.
Аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омӯзгорони фанҳои таълимӣ хоҳиш карда мешавад, ки фикру мулоҳизаҳои худро оид ба саволномаҳо ва маводи хаттии аттестатсияи хатми синфҳои 9- 11 бо нишонии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш, 50 ирсол намоянд.
ЗАБОНИ ТОҶИКИ
синфи 9
(нақли хаттӣ)
Матнҳои нақли хаттӣ
Ваҳдати миллӣ - шукуфоии Ватан
Умри неки ҷовидон аз вахдат аст, Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст. Меҳани ободу зебои маро,
Ифтихору шаъну шон аз вахдат аст.
Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагй ва муттаҳидӣ даъват менамояд. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии зиндагй муттаҳидона умр ба сар мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарй ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба беҳтарин тараққиёт ноил гардонид ва мегардонад.
Ба таърихи халқи тоҷик назар афканем, мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи вахдатро пеш мегирифт. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарй ҳукмфармо бошад, зеро ҳар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амониву баракат низ он ҷост.
Замонҳои мушкиле, ки бар сари халқи тоҷик омад, аз вайроншавии сулҳу ваҳдат ба сабаби дахолати қувваҳои бегона буд. Сутуни вахдат зарар ёфт ва билохира шикает.
Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандй ба амал омад, ки он харобӣ, март ва бесару сомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барой азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба роҳбарият ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор намояд. Президентамон Эмомалй Раҳмон ба сари давлат омада, халқи аслан сулҳпарасти тоҷикро ба баробариву бародарй даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Вахдати миллй ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятй имзо гузоштанд. Бисёр масъалаҳои мураккабро ҳал кардан зарур буд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят, тоҷикон ба мувофиқа омада, гирд даст ба дасти хдм доданд. Бо имзо гардидани шартномаи «Истиқрори Сулҳ» 27 июн Рӯзи Вахдати миллй эълон гашт. Хушбахтона, пас аз имзои ин шартнома то имрӯз дар партави сулҳу вавдат зиндагии тоҷикон рӯз аз рӯз гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон ин вахдат ва ягонагист. Вазифаи мост, ки ин вахдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Ин ҷо мехоҳам аз масале ёд орам: Рӯзе падаре
фарзандонашро фармуд, ки химчаҳои бисёр гирифта ба наздаш оянд. Фарзандон хоҳишашро иҷро карданд ва падар фармуд, ки аз ҳар яки онҳо яктой химча гирифта онро шикананд. Фарзандон он химчаҳоро бе мушкилй шикастанд. Сипае падар фармуд, ки дастаи химчаҳоро шикананд. Фарзандон чй қадаре ки зӯр мезаданд, дастаро шикаста наметавонистанд. Падар ба онҳо бо мисоли одй фаҳмонд, ки агар шумо бо якдигар пушт ба пушт истеду муттаҳид шавед, касе шуморо шикаста наметавонад.
Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ ба чунин фарзандони муттаҳид ниёз дорад. Агар ҳар як шаҳрванди ин диёр муттаҳид шавад, Тоҷикистон аз ҳозира ҳам зеботару дилоротар хоҳад гашт. Имрӯз аз амалу ҳаракати ҷавонон маълум аст, ки онҳо роҳи вахдатро пеш шрифта, Рустаму Суҳроби оянда хоҳанд гашт.
Хулоса, бунёди ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеҷ гоҳ осеб намерасад.
(А.Мулло ва М.Рустам, 420 калима).
ҲУНАР -ЗИНАТИ 3АН АСТ
Мардуми водии Носири Хусрав аз азал ҳунардӯст, алалхусус ҳунарҳои дастии занон чашмрас буда, матоъҳои аз пашм, абрешим ва пахта бофтаи онҳо дар мамлакатҳои дуру наздик маълум ва машҳур аст. Гилем, атлас, беқасам, махмал, банорас ва ғайраҳо, ки аз ашёи хом бо даст тайёр мекарданд, боқувват,пухта ва зебо буда, санъати олии онҳоро намоиш медод. Қолинбофию кашидадӯзии занҳои хонашини бешкандӣ ҳамто надошт. Онҳо ин анъанаи миллии хоси худро то ҳозир чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд. Дар ҳар як хонадон ашёи бо маҳорат ва олисифат дӯхтаи занҳои моҳири бешкандиро дидан мумкин, ки ба хона ороиш ва зеб медиҳад.
Рӯймолҳои шоҳини пӯпакдор, тоқиҳои ироқии заррин, ки дар рӯяш барг ва гулҳо кашида шуда, матоъҳои бо ресмонҳои рангоранг гулдӯзишуда, куртаҳои атласи сабз, атласи фирӯза, атласи лоҷвард, гилемҳои лавҳаи нақшунигор шуда дар сақф ва девори бино, болиштпӯши бо нахи зар дӯхташуда, ҳошияи зардӯзӣ, пешонабанди заррин, гиребони заррин, нимчаи заррин ва амсоли инҳо далели он аст. Модарон аз хурдсолй ба духтаронашон дӯхтану бофтани сару либос,ҷома ва сӯзаниро ёд медиҳанд. Гулдухтарони ноҳия ба дӯстдоштаи худ ҳамчун рамзи муҳаббат дастрўймол, миёнбанд такдим мекарданд, ки ин анъана то ҳозир давом дорад. Ҳозир бозору мағозаҳо пури гилем, нақшу нигораш ҳам баҷо, нархаш арзон- дусад, сесад сомонй. Нархи гилеми як сол заҳматкашида бофтаи шумо чанд пул меистад ? - мепурсам аз онҳо.
- Харидори асил ба пулаш нигоҳ намекунад, гилеми дастй гилеми табий буда, аз гилеми сунъй фарқ мекунад. Дар бозори ҷаҳонй арзиши гилеми дастй бисёр баланд, чил-панҷоҳ ҳазор сомонй . Сайёҳони хориҷй бо ҳамин нарх мехаранд. Онҳо ба гилем не, ба ҳунари дастии духтарҳои мо ошиқанд.
-Дар маҳаллаи мо духтаре буд, ки зоҳиран зебо набуд,- ба суҳбат ҳамроҳ мешавад,- холаи Ашӯргул. Аз ин рӯ, ба ӯ хостгори муносиб набаромад. Духтари начандон зебо, ба ҷавонҳо маъқул набуд. Вале ӯ бо гилеми бофтаи худ ном баровард. Гилеми дӯхтаи ӯ басо нафис, ҷилодор буда, диққати харидоронро ба худ кашид. Яке аз харидорон, ки ҷавони хушрӯй ва сарватманд буд, пеш аз харидани гилем ному насаб ва нишонаи гилембофро пурсид.
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 5 >>
На главную
Загрузка...
0 / 10

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru