Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Васиятхои Луқмон
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 >>

Табрикот 9 май иди галаба табрикнома

Тэги:чанги бузурги ватани | иди галаба | табрикот 9 май иди галаба табрикнома | чанги бузурги ватани реферат | 9 уми май рузи галаба шеърхо дар бораи галаба | шеърхои иди галаба | табрикот 9 май | 9 май | шеърхо барои табрикот 9 май иди галаба |
Добавил:Admin (19.04.2018 / 19:48)
Рейтинг:rating 424 article (0)
Прочтений:950
Комментарии:0
Табрикот 9 май иди галаба табрикнома, иди галаба, чанги бузурги ватани, табрикот 9 май, 9 май, шеърхо барои табрикот 9 май иди галаба,шеърхо дар васфи 9 май иди галаба стихи 9 мая день победы

Шуморо аз сидки дил бо Рузи Галаба - 9 Май табрик мегўяд. Мо хамеша ба шучоату кахрамонии Шумо ва падарону бобоёнамон, ки чони худро бахри хифзи Ватан дарег надошта, дар рохи Галаба нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Кахрамонии Шумо барои наслхои оянда боиси ибрат ва ифтихор хохад буд. Бароятон тани сихат, умри бардавом, рузгори хушу гуворо ва саодату сарбаланди орзумандем.

Рузи Галабаи Бузург муборак!
На русском языке


Дорогие соотечественники – Ветераны Великой Отечественной Войны!
с чувством глубокого уважения поздравляет Вас с самым священным праздником народов содружества 9 мая – Днем Победы над чумой ХХ века. Мы всегда будем преклоняться перед Вашим ратным подвигом, также подвигом наших отцов и дедов, отдавших свои жизни ради мира и счастья на земле. Ваш героизм всегда будет служить ярким примером любви к Родине для всех последующих поколений.
От всей души желаем Вам долгих лет жизни, здоровья, счастья, радости, и благополучия.

С Днем Великой Победы!

9 май- Рӯзи Ғалаба!
Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаи ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати заррин сабт шудааст.

То имрӯз мардум Рӯзи Ғалабаро зери шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ҷашн мегиранд. Ба муносибати таҷлили -умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Қасри фарҳанги шаҳр рӯзи 9 майи соли 2018 ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад зиёда аз 607 нафар, аз ҷумла иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарону фаъолони корхонаю муассисаҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Сараввал ҳунармандони бахши фарҳанг бо барномаи рангини консертии саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан ҳунарнамоӣ карда, хонандагон аз корнамоиҳои қахрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳначаи тарбиявӣ нишон дода, порчаҳои шеърӣ қироат карданд.
Суханҳо оиди 9 май иди галаба табрикнома
Имсол аз ғалаба дар ҶБВ 70 сол пур мешавад. Дар давоми ин солҳо торафт иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯз кам шуда истодаанд, аммо хизмати онҳо дар назди халқу Ватан фаромӯшношуданист. Фарзандони Тоҷикистони азиз низ чун дигар миллатҳо, ки он замон дар як давлати абарқудрат бо номи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ муттаҳид шуда буданд, барои озодии насли башар аз зери зулму истибдод ва таъмини ғалабаи халқҳо саҳми сазовор гузоштанд. Зиёда аз 200 ҳазор нафар тоҷику тоҷикистонӣ дар ин ҷанг иштирок карданд ва аз худ қаҳрамониву ҷоннисорӣ нишон доданд. Ин шумора дар ҳолест, ки он вақт аҳолии Тоҷикистон каме зиёдтар аз як миллион нафар буд. Аз ин рӯ, хонаводае нест, ки аз он як нафар дар ҶБВ ширкат накарда бошад. Пас, Ғалаба ин ифтихори тамоми мардуми мост, зеро онро маҳз падарону бобоён ва дигар наздикони мо ба даст овардаанд.


ҲИКОЯИ ВОҚЕӢ


Деҳае, ки ман дар он ба дунё омадам, он қадар калон нест; аҳолиаш айни замон ҳатто ба ҳазор нафар намерасад. Мувофиқи нақли калонсолтарон дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи аҳолӣ ба маротиб кам буд. Аммо, аз ин деҳа, ки шояд он замон аҳолиаш 100 нафарро ташкил медод, аз рӯйи гуфти бузургсолон 10 нафар дар ҶБВ ширкат кардаанд. Бо гузашти солҳо ва дастрасӣ пайдо кардан ба рӯйхати иштирокчиёни ҶБВ ворид шудааст. Аксари ин нафарон ҳамонҳое мебошанд, ки аз роҳи бозору кор ба фронт сафарбар шудаанд. Барои тақвияти гуфтаҳо мехоҳам воқеиятеро рӯйи сафҳа орам.
Ҳанӯз хурд будам, ки ба асли хеш-бобову бибӣ ва тақдири онҳо таваҷҷуҳ мекардам. Бибии муаллимаам Идбика Бадиева ба саволҳои сершумори мо оиди гузаштагон ҷавоб мегуфтанд, аммо замоне, ки аз падарашон чизе мепурсидем, изҳор медоштанд, ки он касро нағз дар ёд надоранд. То имрӯз низ бибиам замони гум кардани падарашонро ба ёд меоранд ва то 2-3 соли пеш ҳатто бовар доштанд, ки шояд дар минтақаи дигаре оила барпо кардаву зиндагӣ карда, дигар имкони бозгашт ба деҳаро пайдо накарда бошанд...
Аммо воқеит дигаргуна аст. Аз рӯйи нақли бибиам-Идбика Бадиева шояд 5 ва 6-сола будаанд, ки бо модар ва падар барои дидани хоҳарбузургашон, ки аз падар ятим монда будаасту дар интернат тарбия мегирифтааст, ба маркази ноҳия мераванд. Бибиам бо модар барои дидани апаашон дохили бино мешаванду падарашон дар берун интизорӣ мекашанд. Пас аз дидорбинӣ вақте ба берун мебароянд ва падарашонро дигар дар беруни бинои интернат намебинанд. Ҳар қадаре, ки аз роҳгузарҳо мепурсанду бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро мекобанд, аммо асаре аз падар пайдо намекунанд. Чун кормандони интернат аз ҳодиса бохабар мешаванд, бибиамро низ барои тарбия ба интернат қабул менамоянд. Модарашон бошад, танҳо ба хона бар мегарданд...
Бибиам Идбика Бадиева то ҳол нақл мекунанд, ки он замонро хуб дар ёд надоранд, аммо ҳамин қадарашро ҳис кардаанд, ки замоне буд ниёзманд ба қувваи корӣ. Аз ин рӯ, доимо тахмин мекарданд, ки шояд падарашонро барои иштирок дар сохтмони ягон иншоотҳои азими ҳамон вақта аз қабили роҳҳову каналҳо ба дигар минтақаҳо бурда бошанд. Тавре изҳор медоранд, бо гузашти солҳо ва бузургтар шудан ёдашон бештар ба тақдири падар банд мешуд. Ҳатто, агар дар рӯзномае номеро бо насаби «Бадиев» ва ё «Бадиева» дучор мешуданд, дарҳол пайи муайян кардани шахсияти он мегардиданд. Аммо, ҳеҷ нишоне аз падар пайдо намешуд. Банда низ баъд аз донишҷуйи факултети журналистикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон шудан ба ин масъала таваҷҷуҳ мекардам, то шояд асаре аз бобокалони худ-падари бибиам пайдо намоям. Аз ин рӯ, ҳар асар ва ё навиштае, ки вобаста ба минтақа ва сокинони онро медидам, кӯшиш менамудам, ки бо муҳтавои он шинос шавам. Дар чанде аз асарҳои фолклорӣ номи ҳамдеҳагонамонро дучор омадам, аммо номи бобокалони худро не. Ниҳоят, шояд 3 сол қабл буд, дар деҳа тасодуфан китоберо пайдо намудам, ки оид ба иштирокчиёни ҶБВ аз ноҳияи Айнӣ маълумот медод. Ҳангоми саҳифа ба саҳифа хондани он ба номи бобоям, ки дар китоб «Бердиев Бадеъ» сабт шуда буд, дучор омадам. Маълумотномаро хондам ва маълумам гардид, ки соҳиби ин ном сокини деҳаи мо будааст ва соли 1943 ба фронт фиристода шуда, худи ҳамон сол ҳалок мегардад. Ба хотири дақиқ кардан, ки оё ғайр аз бобокалони мо нафари дигар бо чунин ном дар деҳаи мо ва ҳамсоядеҳаҳо мавҷуд буд ва ё на, бо чанд нафар аз шахсони калонсол муроҷиат намудам. Муайян гардид, ки чунин ном, яъне Бадеъ танҳо номи падари бибиам будааст. Мутмаин шудам, ки шахси дар китоб зикршуда бобокалони мост ва ин хабарро ба бибиам расонидаму байти шоири шаҳири тоҷик устод Лоиқ ба хотирам омад:

Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин умеди ин умедворон зинда бод....




Шеърхо барои 9 май иди галаба


Рӯзи Ғалабаи Ғалаба
Шуморо табрик мекунам
Ва осмон осмони
Пеш аз ту мехоҳам!
Бигзор мусибатҳо ва ҷангҳо биёяд
Шумо аз тарафи тарафе,
Ва хушбахтӣ бо муҳаббат
Дар хона бисёр вақт ташриф оварда шудааст,
Ман Ватанро мехоҳам
Қавӣ ба муҳаббат,
Ба ҳамаи одамон
Бо ҳамоҳанг зиндагӣ!

Шеърхо оиди иди галаба табрикнома
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
Загрузка...
0 / 9

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru