Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Баъд аз нисфирӯзӣ ақли ӯзбек медарояд
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 49 >>

Таърихи халқи тоҷик Мавзухо 2018 2

Тэги:таърихи халки точик синфи 6 | таърихи халки точик синфи 10 | таърихи халки точик скачать | реферат таърихи халки точик | таърихи халки точик синфи 8 | таърихи халки точик | тест таърихи халки точик синфи 5 | таърихи халки точик синфи 11 | саволу чавоб аз фанни таърихи халкии точик | мавзухо таърихи халкии точик | реферат аз фанни таърихи халкии точик
Добавил:Admin (26.03.2018 / 15:12)
Рейтинг:rating 422 article (0)
Прочтений:417
Комментарии:0
Рўзи 1
ПРЕДМЕТ ВА ВАЗИФАҲОИ ФАННИ
ТАЪРИХИХАЛҚИ ТОҶИК. СОХТИ ҶАМОАИ ИБТИДОӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
НАҚША:
1. Мақсади омузиши фанни таърихи халқи тоҷик
2. Марҳилаҳои ташаккули халқи тоҷик.
3. Сарчашма ва адабиёт оид ба омузиши таърихи халқи тоҷик
4. Тавсифи умумии сохти ҷамоаи ибтидоӣ дар Осиёи Марказӣ.
5. Марҳилаҳои асосии сохти ҷомеаи ибтидоӣ.

Худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист, ки яке аз омилҳои асосии он омухтани таърихи худ маҳсуб меёбад.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон масъалаи худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангии ниёгон, дарки амиқи арзишҳои умумибашарӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои волои аҷдодӣ, рисолати давлатдорӣ, инкишофи оӣини аҷдодии тоҷикон ба мадди аввал баромад.
Таърих илмест, ки одамро ташаккул медихад, уро ватандусту инсондуст, меҳнатдусту худшинос тарбият мекунад. Омузиши фанни таърих дар инкишофи ҷаҳонбинӣ, тафаккури эҷодӣ, неруи ахлоқӣ, худшиносӣ ва ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад. Таърих бо паӣдошавии аввалин одамон дар руи замин оғоз ёфтааст.
Вазифаҳои асосии курси таърихи халқи тоҷик аз инҳо иборат аст: 1) Омузиши қонуниятҳо ва хусусиятҳои асосии паӣдоиш ва ташаккули халқҳои бостонии эронӣ ва тоҷикон.
2) Бappacӣ ва таҳлили илмии таърихи ташаккули ҷомеаи суннатии тоҷикон, хусусиятҳои асосии ташаккул ва амал кардани он дар дарозаи таърих.
3) Бозгу кардани омилҳо, сабабҳои паӣдоиш, ташаккули забон, фарҳанги аслии тоҷикон ва мақоми он дар тамаддуни ҷаҳон.
4) Баррасӣ ва омузиши омилҳои таърихии паӣдоиш ва ташаккули давлатдории миллии точшкон: муаӣян кардани рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон ва хусусиятҳои асосии ташаккули таърихии онҳо.
5) Омузиш, дарки хусусиятҳо ва ҷиҳатҳои хоси хуӣу хислати миллӣ, расму русум, одоб. суннату анъанаҳо, арзишҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии тоҷикон ва ташаккули онҳо дар раванди таърих.
5 форматсияи таърихи инсоният:
1. Сохти ҷомеаи ибтидоӣ
2. Сохти ғуломдорӣ
3. Сохти феодалӣ
4. Сохти капиталистӣ
5. Сохти сотсиалист
Олимон дар натиҷаи омўзиши таърихи халқи тоҷик ташаккули онро ба марҳилаҳои гуногун ҷудо намуданд:
Дар асари академик В.В. Бартолд 3 марҳилаи ташуккули тоҷикон:
1. Давраи тоисломӣ
2. Давраи ислом
3. Давраи ҳукмронии ҳукумати Русия
Дар асари бунёдии История таджикского народа, иборат аз 3 ҷилд, 5 китоб 4 давраи ташаккули халқи тоҷик:
1. Давраи қадим
2. Давраи асримиёнагӣ
3. Давраи нав
4. Давраи навтарин
Бо баробари ба истиқлолият соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омузиши таърихи ниёгон эътибори махсус дода шуда, олимони кишвар масъалаҳои давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷикро дақиқу саҳеҳ омўхта, нисбати он ақидаҳои хешро пешниҳод намудаанд. Дар ин давра доир ба даврабандии таърихи халқи тоҷик ақидаҳои нав пешниҳод гардиданд: Дар давраи истиқлолият:
1. Давраи қадимтарин
2. Давраи қадим
3. Давраи асримиёнагӣ
4. Давраи нав
5. Давраи навтарин
Соли 2013 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муаррихони варзидаи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе конфронс баргузор гардида, дар он даврабандии таърихи халқи тоҷик мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар натиҷаи пешниҳодҳо давраҳои нави ташаккули халқи тоҷик:
1. Давраи қадимтарин ва қадим
2. Давраи асримиёнагӣ
3. Давраи мустамликавӣ
4. Давраи сотсиалистӣ
5. Давраи истиқлолият
Набояд фаромуш кард, ки таърихи халқи тоҷик қисми чузъӣ ва таркибии таърихи умумиҷаҳонист. Таърихи гании ғании ниёгонамон бо таърихи башар, ҳамсоягони дуру наздик қарнҳои тулонӣ дар робита ва паӣванди зич қарор дошт.
Фанни таърихи халқи тоҷик ба шарофати манбаъҳо ва сарчашмаҳои муътабар, ёдгориҳои фарҳанги, маънавӣ ва осори хаттӣ, бозёфтҳои археологӣ ва этнографӣ ғановатманду пурмазмун гашт. Маъруфтарин ва қадимтарин манбаи хаттии таърихи тоҷикон ва дигар қавмҳои ориёӣ «Авесто» мебошад. Ин китоб дар асрҳои VП -VI п. а. м. ба туфаӣли Зардушт дар Бохтар паҳн шудааст. Дар ин асар доир ба таъриху фарҳанги тоҷикон бисёр маълумотҳои гаронбаҳо ҷамъ шудааст. Таърихи тоҷикон дар катибаҳо - навиштаҷоти шоҳони Хахоманишӣ ва ҳуҷҷатҳои давраи қадим инъикос шудааст. Онҳо дар харсангҳо, тахтасангҳо, хиштҳо ба забони форсии қадим сабт гардидаанд. Навиштаҷоти Бесутуни Дорои 1 (охири асри VI п. а. м.) яке аз бузургтарин ва қадимтарин ёдгориҳои катиба дар бораи фуру нишонидани шуришҳои мардум дар Порт, Гургон, Маргиён ва Арахозия (Қандаҳор) маълумот медихад.
Баробари ёдгориҳои хаттии маҳаллӣ ҳамчун сарчашмаи таърихи тоҷикон манбаъҳои юнонӣ ва лотинӣ аҳамияти калон доранд. Аз таърихшиносони аввалин Ҳеродот (асри V п. а. м ҳамчун падари таърих машҳур гардидааст. Асари у «Таърих» солҳои 445-444 навишта шуда, дар бораи фарҳанг, расму русуми гуруҳҳои тоҷикони қадим маълумот додааст. Мавзуи асосии ин асар ҷангҳои юнониҳо ва форсҳо мебошад. Геродот дар бораи ҷанги подшоҳи форсҳо Куруши Кабир (569-530) бо маликаи массагетҳо Томирис низ маълумот додааст. Арриан, Квинт Курсиӣ Руф, Публиӣ Корнелиӣ Татсит, Иосиф Флавиӣ, Аммиан Марселин дар бораи бохтариён, портҳо, суғдиҳо, гирканҳо, сакоиҳо, ориёиҳо дар асарҳояшон маълумот овардаанд. Инчунин дар манбаъҳои ҳиндӣ, бобулӣ ва арманӣ низ оиди тоҷикони қадим баъзе далелҳои пурқиммат дучор меоянд.
Асарҳои муаллифони арабизабону форсизабону туркизабон, ки дар асрҳои миёна бо забонҳои форсии тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ навишта шудаанд ва барҷастатарин манбаи хаттии таърихи тоҷиконро ташкил мекунанд.
«Таърих-ар-расул ва-л-мулук» (таърихи паӣғамбарон ва подшоҳон)-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ (839-922) яке аз муҳимтарин асарҳои таърихӣ буда, дар он маълумотҳои фаровон оид ба таърихи халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна, аз ҷумла тоҷикон дар асрхри VП - 1Х сабт шудааст. «Китоб-ул-футуҳ-ал-булдон», «Китоб ал-ансоб ал~ашроф»~и Абулаббос ал-Балозурӣ, «Таърихи Табарӣ»- и Абуалии Балъамӣ (X), «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддин Фазлуллоҳ (ХШ), «Зафарнома»-и Шарафиддин Алии Яздӣ (ХУ), «Наводир-ул-вақоеъ»и Аҳмади Дониш ва дигархо арзишмандтарин таърихномаҳо мебошанд.
Барои омузиши таърихи халқи тоҷик ҳамчунин осори фалсафӣ, ҷуғрофӣ, адабӣ, динӣ, ахлоқӣ ва соҳаҳои дигари илму маърифат аҳамияти бузург доранд.
Тадқиқи масъалаҳои таърихи халки точ,ик аз дидгоҳи илми имруза таърихи тулонӣ ва боӣ дорад. Омузиши таърихи халқи тоҷик дар самтҳои зерин сурат гирифтааст.
1. Омузиши томи таърихи халқи тоҷик. Осори муҳимтарини ин давра мақолаи муфассали ҷомеъи В. В. Бартолд «Тоҷикон» (1925), асархои
Б.Ғ.Ғафуров (бахусус «Тоҷикон»,1972) ва китоби сеҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» (дар 5 китоб, солҳои 1963-1965) мебошад.
2. Омухтани масъалаҳои алоҳидаи таърихи халқи тоҷик. Дар ин кор хизмати М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовскиӣ, Б.И.Искандаров, Н. Н. Неъматов, Р.М.Масов, А.Ҷалилов, А.М. Мухторов, В. А. Ранов, М. Р. Шукуров, F. Ҳаӣдаров, Б.А.Литвинскиӣ, С. А. Абдуллоев ва дигарон бузург мебошад. '
3. Омузиши этнография, фарҳанг ва ҳунари тоҷикон. Дар ин соҳа Н.А.Кисляков, И.Муҳиддинов, Я.Ф. Моногарова, Н.Н.Нурҷонов, Н.О.Турсунов ва дигарон саҳми муҳим доранд.
Дар аӣни ҳол бузургтарин
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 49 >>
На главную
Загрузка...
0 / 53

OkTj.ru тестхо саволу чавоб китобхои Точики китобхона tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru