Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Хӯроки меҳнатӣ ширин мешавад.
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 21 >>

Таърихи халқи тоҷик Мавзухо 2018

Тэги:таърихи халки точик синфи 6 | таърихи халки точик синфи 10 | таърихи халки точик скачать | реферат таърихи халки точик | таърихи халки точик синфи 8 | таърихи халки точик | тест таърихи халки точик синфи 5 | таърихи халки точик синфи 11 | саволу чавоб аз фанни таърихи халкии точик | мавзухо таърихи халкии точик | реферат аз фанни таърихи халкии точик
Добавил:Admin (26.03.2018 / 15:02)
Рейтинг:rating 421 article (1)
Прочтений:896
Комментарии:0
ПЕШГУФТОР
Воқеан, таърихро хотираи инсон меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастоварди бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоиши хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯ-манди замони худ шуда наметавонанд. Ашхоси аз решаву насаби хеш гашта, аз хотираи таърихи ва мероси фарҳангӣ миллати худ бенасиб монда, чун инсони худпараст ва бегона парвар ба камол мерасад. Ин касро хоҳу нохоҳ ба инкори гузашта, ба фориғболию бехабари ва носипосӣ нисбат ба рӯҳӣ бузурги фарзандони миллат ва ниҳоят ба бегонапарастию қадр накар-дани таъриху тамаддуни миллӣ бурда, мерасонад.
Донистани таърихи халқи тоҷик махсусан дар шароите, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб истиқлол гардида, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил арзи вуҷуд дорад, хело муҳим аст. Аз тарафи дигар омӯзиши фан имконият медиҳад, ки донишҷӯ ба воқеаҳои дохилии мамлакат сарфаҳм рафта, оид ба пешомадҳои тараққии ҷомеа тассавуроти амиқе пайдо карда тавонад. Бо мақсади кӯмак расонидан ба ҳамаи шавқмандону омӯзандагони таърихи халқамон ин дастурамали таълимию методро пешкаш менамоем. Васоити таълимӣ ба хотири он навишта шудааст, ки хонандагону донишҷӯён аз он истифода бурда, савияи дониши худро сайқал диҳанд. Онҳо ифтихор намоянд, ки аҷдодӣ гузаштаи тоҷикони ватандӯст, бо илму фарҳанг ва соҳиби маданияти воло буданд.

Барои омӯхтани фанни «Таърихи халқи тоҷик» 4 кредит ҷудо шудааст, ки 64 соатро ташкил медиҳад.
Донишҷӯён баъд аз ба анҷом расидани семестр имтиҳон месупоранд (ба таври хаттӣ, тестҳо, саволу ҷавоб). Баъд аз омӯхтани ҳар як боби фанни «Таърихи халқи тоҷик» назорати фосилавӣ, санҷишҳои тестӣ гузаронида мешаванд.
Дар давоми семестр донишҷӯён бояд доир ба мавзӯъҳои гуногуни «Таърихи халқи тоҷик» рефератҳо тайёр карда, дар озмунҳо, конфронсҳо, олимпиадаҳо, ки ба масъалаҳои муҳими таъриху фарҳанги тоҷик бахшида мешаванд, фаъолона иштирок кунанд.
Методология
Ҳангоми ташкили дарсҳои назарию амалӣ ҳолатҳои зайл мадди назар гирифта мешаванд:
Омодагии пешакии шогирдон аз омӯхтани бобҳои алоҳи-даи фанни «Таърихи халқи тоҷик», паҳлӯҳои умдатарини фаъо-лияти моддию маънавии тоҷикон, рисолати давлатдорӣ, марҳи-лаҳои муборизаҳои иҷтимоию – сиёсӣ, неҳзатҳои ватанхоҳию ватандорӣ барои озодӣ ва истиқ-лолияти миллӣ, давраҳои муҳими муносибатҳои иҷти-моию иқтисодӣ ва шуҷоату мардонагии тоҷиконро дар бар мегирад, пешкаш мегарданд.
Таълими «Таърихи халқи тоҷик» мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад: «Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти муносибатҳои ғуломдорӣ», «Аҷдоди тоҷикон дар давраи пайдоиш ва тараққиёти муносибатҳои феодалӣ», «Тоҷикон дар асрҳои ХI - ибтидои асри ХIII», «Халқи тоҷик дар ҳайати давлатҳои Темуру Темуриён ва Шайбониён», «Ҳаёти халқи тоҷик дар аҳди салтанати Ҷониён ва аморати Бухорову хонигарии Қӯқанд», «Халқи тоҷик дар давраи аз тарафи Русия забт карда шудани Осиёи Миёна», «Тоҷикистони Шӯравӣ дар солҳои 1917 ва нимаи соли 1941», «Тоҷикистони соҳибистиқ-лол» ва ғайра.
Ҳар як донишҷӯ пас аз омӯхтани таърихи халқи худ дар мисоли қаҳрамонҳои халқи тоҷик: малика Томирис ва Спитамену Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ дар муборизаҳои озодихоҳона зарурати ваҳдати миллиро бояд вазифаи муқаддас шуморад.
Доир ба ҳар як машғулияти амалӣ ва мустақилона маводҳои ба мавзӯъ тааллуқ дошта тайёр шудаанд, ки пешакӣ ба донишҷӯён дода мешавад: схемаҳо, нақшаҳо, бозиҳо ва ғайра, ки аз донишҷӯён донишу малака ва қарори муносиб қабул карданро талаб мекунад.

Библиография
Рӯйхати адабиёт дар ҳар як мавзӯъ ба таври ҷудогона ҳангоми пешниҳоди барнома тавсия карда мешавад. Дар охири барнома бошад, рӯйхати умумии адабиёти асосӣ ва иловагӣ барои донишҷӯён тавсия мегардад.
Ин рӯйхат ҳангоми гузаштани дарсҳои назариявию амалӣ аз тарафи устод мутобиқи тахассуси шогирдон пурра карда мешавад, ё номгӯи нави онҳо тавсия мегардад.

Самти курс, тавсифи мухтасар.
«Таърихи халқи тоҷик» дар тарбияи насли ҷавони маърифатноку ватандӯст, инсондӯст аҳамияти калон дошта, дар ташаккули ҳуввияту асолати миллӣ, ифтихор аз фарҳангу таърихи миллат ва саҳми он дар таърихи башарӣ нақши махсус дорад. Дар таълими ин фан донишҳои оид ба забоншиносию адабиёт, таърихи умуми-башарӣ, таърихи дин, дар мактаб гирифтаи донишҷуён ёрии калон мерасо-над.

Самти омӯзиш барои ҳамаи ихтисосҳо.
Мазмуни мухтасари барномаи маърифатӣ:
Фанни «Таърихи халқи тоҷик» пайдоиши ҷомеаи ибтидоӣ ва аввалин давлатҳо, ниёгони тоҷикони бостон дар давраи нашъунамо ва таназзули муносибатҳои ғулом-дорӣ, ташаккули давлат ва таърихи халқи тоҷик, тоҷикон дар ҳайати давлатҳои туркӣ асрҳои ХI-ХIII, тоҷикон дар давраи ҳуҷум ва ҳукмронии муғулҳо, Темур ва Темуриён, Шайбониёну Ҷониён, тоҷикон дар аҳди аморати Бухорою хонҳои Қӯқанду Хева, аз тарафи Русия тасарруф шудани Осиёи Марказӣ, барпошавии Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон (1917-1927), Тоҷикистон дар давраи барқарор-кунӣ ва навсозии сотсиалистии хоҷагии халқ (солҳои 1936-1941), Тоҷикистон дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945), Тоҷикистон дар солҳои 50-80 - умии асри ХХ, Тоҷикистон дар роҳи истиқлолият ва демократисозии ҷомеаро дар бар мегирад.
Тавсифи мухтасари курс: курси мазкур ҳатмӣ буда,
1 семестр (ба миқдори 16 соат лексия ва 16 соат машғулияти амалӣ, 32 соат кори мустақилона гузаронида мешавад, ки ин 4 кредитро ташкил медиҳад). Дар 1 ҳафта 1 машғулияти лексионӣ ва 2 машғулияти амалӣ, 2 кори мустақилона нақшагирӣ шудааст, ки ин дар як семестр 64 соатро ташкил медиҳад. Фанни «Таърихи халқи тоҷик» барои васеъ шудани донишу ҷаҳонбинӣ, болоравии ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ мусоидат карда ҷавононро бо таърихи ниёгон ошно месозад ва онҳоро барои созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят мекунад.
Ҳадафи курс:
Мақсади фанни «Таърихи халқи тоҷик» омӯзиши таърихи бой ва қадимаи халқамон, ҳодисаю вокеъаҳо, марҳилаҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию мадании ниёгон аз замонҳои қадим то замони муосир мебошад. Зимни омӯзиши ин фан дониши муассилин дар бораи таърихи бои халқамон боз ҳам васеътар шуда, дар онҳо тафаккури мантиқӣ тараққӣ мекунад. Дар донишҷуён ҳисси ватандустӣ; ифтихору асолати миллӣ равнақ меёбад. Дар мисоли анъанаҳои некӣ халқамон эҳсоси ватандорӣ бедор мегардад ва масъулияти хешро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамаддуни башар идрок менамоянд.
Таълими фанни «Таърихи халқи тоҷик» ба васеъшавии захираи луғавӣ мусоидат карда, боиси равнақёбии нутқи шифоҳию хаттӣ ва тафаккури мантиқии донишҷӯён ме-гардад.


Вазифаҳои асосии курс:
1. Омӯзиши қонуниятҳо ва хусусиятҳои асосии пайдоиш ва ташаккули халқи тоҷик ва халқҳои эрониасл ва форсизабон;
2. Баррасӣ ва таҳлили илмии таърихии ҷомеаи суннати тоҷикон ва хусусиятҳои асосии ташаккул ва амал кардани он дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ;
3. Муайянсозии омилҳо, заминаҳо ва сабабҳои пайдоиш ва ташаккули забон ва фарҳанги асили тоҷикон ва мақоми онҳо дар тамаддуни ҷаҳон;
4. Баррасӣ ва омӯзиши омилҳои таърихии пайдоиш ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон; муайян кардани марҳилаҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон ва хусусиятиҳои асосии ташаккули
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 21 >>
На главную
Загрузка...
0 / 11

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru