Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Саг дар хонаи соҳибаш шер аст
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр

Наврӯз 2018 шеърхо табрикот табрикнома маълумот

Тэги:наврӯз ҷаҳони шуд | наврузи тоҷикистон 2018 | иншо навруз дар точикистон | шеър дар васфи навруз | шеъри бойчечак | шеърҳои наврузи | наврузи ачам | шеър дар бораи суманак | шеърхои наврузи | шеърҳои наврузи | шеъри бойчечак | иншо навруз дар точикистон | шеър дар васфи навруз | наврузи тоҷикистон 2018 | наврӯз ҷаҳони шуд | шеърхои наврузи | шеър дар бораи суманак | наврузи ачам | 23 март изт наврӯз | навруз точики | навруз маълумот | навруз дар тоҷикистон | навруз шер | навруз рефрат | навруз 2018 | навруз таджикистан | шеърхо дар васфи навруз | 2018 | наруз сахнача | 7 сину 7 шин |
Добавил:Admin (09.03.2018 / 20:34)
Рейтинг:rating 420 article (0)
Прочтений:1393
Комментарии:0
Наврӯз ҷаҳони шуд, наврузи Тоҷикистон 2018,шеър дар васфи навруз, иншо навруз дар точикистон, шеъри бойчечак, шеърҳои наврузи, шеърхои наврузи, шеър дар бораи суманак,
наврузи ачам

23 март изт Наврӯз, навруз точики, навруз маълумот, навруз дар Тоҷикистон, навруз шер, навруз рефрат, навруз 2018,навруз таджикистан, шеърхо дар васфи навруз, 2018,наруз сахнача, 7 сину 7 шин,


Ба диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳор меояд. Баҳоре, ки паёмадаш Наврӯз ва танҳо рӯзи фирӯз аст. Ҷилваи бистумин баҳори ваҳдати миллат бо худ пайки хуррамию бедорӣ ва эҳёву тозакориҳои афзун меорад.
Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯзҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.
Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист.
Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.
Таманнои онро дорем, ки оташе, ки ба ифтихори Наврӯз аз замони Зардушт то ба имрӯз фурӯзон аст, чун рамзи ҷовидонии ҳаёт ва офтоби ҷаҳонафрӯз доимо шуълаафшон бошад ва дар роҳи ободониву пешрафти диёри маҳбуби мо – Тоҷикистон нури бахту саодат бипошад.

Иди Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои орёинажод ба ҳисоб рафта, аз қадим байни мардум ҳамчун «иди сари солӣ» маъмул гаштааст. Оиди ин иди бузург Умари Хайём низ асари «Наврӯзнома» офаридааст ва дар он ҷо далел намудаст, ки дар ин рӯз шабу рӯз баробар мешавад ва аз замони шоҳ Ҷамшед ҷашнгирии он оғоз гаштааст, яъне асосгузорони иди Наврӯз мувофиқ ба асари Умари Хайём ин Ҷамшед ва Каюмарс мебошад.

Иди Наврӯзи оламафрӯз муборак ҳамдиёрони азиз!!!

Наврӯз ин Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми точик ва эронинажод, (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Дар васфи Наврӯз шоирони форсу тоҷик шеърҳои зиёд эҷод кардаанд:

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
Абулқосим Фирдавсӣ
Наврӯз, эй паёми пагоҳии рӯшанӣ,
Дарвозаҳои баста ба рӯят кушодаем.
Дар хонаи такидаи худ аз ғами ҷаҳон
Пеши ту боз суфраи рӯзӣ ниҳодаем.
Наврӯз, эй навиди кулангии навбаҳор,
Эй муждаи шукӯҳи фурӯзони лолайӣ!
Фархундапай биё, ки ба роҳат задем об,
Нӯшем май барои ту як-ду пиёлайӣ.
Наврӯз, эй ҳамешабаҳор, эй ҳамеша сабз,
Эй такдарахти рустаи тагрешаи Аҷам!
Сабзидаӣ ба шохи тари худ фаротарин
Гул-гул пур аз шукуфа аз андешаи Аҷам.
Аз орзуи бахт ҳазорон ҳазор сол
Меҷӯшад ормони ту дар хуни тоҷикон.
Наврӯз – зодномаи фарҳанги Бохтар,
Наврӯз – зодрӯзи ҳумоюни тоҷикон!


Шунидам яке қисса аз бостон,
Ки гуфтанд он мардуми ростон.
Чу Ҷамшед дар тахти шоҳӣ нишаст,
Худогоҳ буд ӯву яздонпараст.
Ба доду диҳиш рӯй бинҳод вай,
Ҷаҳоне бино кард аз дод вай.
Ҷаҳон огаҳӣ ёфт аз адлу дод,
Замона беҳӣ ёфт аз адлу дод.
На маргу на бемориву зулму ҷабр,
На кас бар касе буд зӯру ситабр.
Баробар ҳама гашта бо ҳамдигар,
Бародар ҳама гашта бо ҳамдигар.
Ба адлу сахо кишвар обод кард,
Дили мардуми мамлакат шод кард.
Ба лутфу карам рӯи дунё гирифт,
Зи бурҷи Самак то Сурайё гирифт.
Агар худшиносӣ, шиносӣ Худо,
Вагарна ту мебошӣ аз Ҳақ ҷудо.
Чу пардохт аз кирду кори ҷаҳон,
Фаро хонд аз рӯи олам меҳон.
Ҳама мӯбадон машварат сохтанд,
Яке тарҳи ҷашни пав андохтанд.
Чу Наврӯз оғози соли нав аст,
Шурӯи ҳама кору ҳоли нав аст.
Аз ин рӯ варо Соли Нав хонданд,
Гаҳи кишти гандуму ҷав хонданд.
Шабу рӯз ин дам баробар шавад,
Ба чархиш фалак низ дигар шавад.
Зи бас хубу зебост Наврӯзи мо,
Кунун ҷашни дунёст Наврӯзи мо.
Фарангию румию турку араб,
Нигар ҷашни мо рӯи дунё гирифт,
Ба ҷону дили халқ маъво гирифт.
Яке “Ҷашни Ҷамшед” номаш барад,
Дигар “Иди Наврӯз” ном оварад.
Ҳар он чист бошад, ки аз они мост,
Ки ҷо карда дар ҳар раги ҷони мост.
Аз он аҳд бигзашт ҳафтод аср,
Басе гашт бунёду фарсуд қаср.
Басе мулки обод вайрона шуд,
Басе қиссаҳо буд, к-афсона шуд.
Вале номи Наврӯз поянда монд,
Барои азизони оянда монд.
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 19

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru