Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Шағоли ҷангали Мозандаронро нагирад ҷуз саги мозандаронӣ
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 >>

Иди модарон 8 март шеърхо табрикот табрикнома

Тэги:изи занон | и март реферат | иди модарон муборак | иди модарон 8 март шеърхо табрикот табрикнома | рузи модарон шеърхо | шеърхо барои табрикот 8 уми март | табрикот барои модар иди модарон | шеърхо дар васфи модар | барномаи таер барои иди модарон 8 март | 8 март иншо | 2018 | 2019 | 8 март рузи иди модарон | табрикнома барои 8 март бо забони точики | иншо дар бораи 8 март | сухан дар бораи модар | табрикот барои 8 уми март | сахнача дар бораи модар | шеър дар васфи модар аз лоик шерали | 8 март рузи модарон шеърхо
Добавил:Admin (09.03.2018 / 20:13)
Рейтинг:rating 419 article (0)
Прочтений:380
Комментарии:0
Модар.... чихел калимаи ширин ва дилагез аст.Вактеки Модар мегуем тамоми баданамону рухамонро як эхсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он халоват мебарем.
Модар ба мисли замин якто аст ва мухабати у барои мо фарзандон беканора ва човидона аст.


Бо ин рузи бахори хамаи модарону хохаронро ва умуман бонувони азизи точикро бо фарорасии фасли бахор ва Иди Занон табрику муборак бод намуда барои хамаи Шумо азизон бехтарин рузхои зиндагиро аз самими калб таманно дорам. Бигузор шодиву хушбахти дар хар як хонадони зану модари точик хамеша шукуфон бошад!


Ман хаммаи БОНУВОН ва МОДАРОНИ мехрубонро, бо идашон табрик мегуям. Бигзор нахли умеду орзухоятон аз меваи шахдбор пурсамар гардад.Таманно дорам, ки хамеша хушрузу хушумр бимонед.

Саломат бош эй МОДАР, фидои он кадамхоят,
Саломат бош эй МОДАР, фидои чону чашмонат.


Ман шуморо МОДАРОН ва БОНУВОНИ азиз бо иди 8 март табрик мекунам.Аз тахти дил ба шумо хушбахти орзу мекунам.Бигзор хамеша хаминхел зебо ва дар лабатон ханда бошад.Бонувони азиз бахшиш,ки ба шумо ягон тухфа карда наметавонам.Ва ин открыткаро ба шумо мефиристам.
Боз як бори дигар Ид муборак Модарон ва Бонувони азиз!)))


Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ба андешаи бархе аз коршиносон Иди байналхалқии бонувон аз дастовардҳои мубориза ва ҳаракати занон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш мебошад. Зеро, агар Иди Ғалаба муқаддас ва муҳим эътироф шуда бошад ва дар ин замина Иди якдилии байналхалқии меҳнаткашон низ ҷашн гирифта шаванд, бояд Иди бонувон низ дар ҳамин радиф қарор бигирад. Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихӣ ва сиёсист. З-ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст…

Доир ба ин ҷашни таърихӣ бо як тан аз таҳлилгарони ҷавони тоҷик Фирдавси Аъзам сӯҳбат намудем:

- Дар ҷаҳон ҳамасола рӯзи 8-уми март ба унвони Рӯзи байналхалқии занон ҷашн гирифта мешавад. Ва ин рӯз дар мароҳилаи аввал ҳамчун рӯзи мубориза алайҳи беҳуқуқии занон пазируфта шуда буд. Вале бояд гуфт, ки 8-уми март Иди бонувон набуда, балки як ҷашни занони инқилобгару озодихоҳ буд…

Хуб, ин ҷо зарур мешуморам то сафаре дошта бошем ба таърихчаи чӣ гуна ба рӯзи озодии занон табдил шудани 8-уми март. Дар ҳамин таърих, соли 1857 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико занони коргари корхонаҳои пояфзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ намуданд. Ҳадаф аз гирдиҳамоии эшон ихтисор кардани рӯзи корӣ буд ва ҳамзамон мехостанд шароити меҳнат ва маош бо мардонро мусовӣ гардонанд. Он замон занон дар як шабонарӯз то 16 соат кор мекарданд, аммо чун имрӯза барои корҳояшон ҳуқуқи ночиз мегирифтанд. Сипас, натиҷаи ин ҳама ноадолатиҳо ба сар задани гирдиҳамоӣ барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо барои занон анҷомид. Ба тадриҷ иттифоқҳои касаба зуҳур карданд ва паз аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи ҷадид созмон ёфт, ки нахустин бор занон дар он узв буданд ва дар ҳамин рӯз буд, ки садҳо занони шуҷоъ ва озодихоҳ ба кӯчаҳои Ню-Йорк рехтанд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд. Ин буд зарурати чунин ном гирифтани 8-уми март.

Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун «Иди Бонувон» дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чанд соле боқӣ монд ва ҳамчунин дар дигар мамолики муштаракулманофеъ ин сана ба унвони Рӯзи Занон, Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешуд. Вале дар Тоҷикистон шурӯь аз соли 2010 Рӯзи байналмилалии озодии занон, ки қаблан ба ҳамин ном ҷашн гирифта мешуд, табдил ба «Рӯзи Модар» гашт. Акнун ва минбаъд дар тақвими тоҷикии мо 8-уми март бо хати сурх ба унвони Рӯзи модар ва рӯзи таътил нишон дода мешавад.

Имрӯз мо шоҳиди доираи васеи густариши ҳузур ва ширкати занон дар умури давлатӣ ҳастем, ки аз як тараф муваффақияти онҳо дар ҷомеа аст. Занон ба тадриҷ пеш мераванд ва ҳузурашонро дар майдони сиёсат зоҳир мекунанд. Дар замони кунунӣ бо баҳонаи истиқлолияти кишавр иштироки занҳо дар аксар ҷабҳаҳои зиндагӣ эҳсос карда мешавад. Занони тоҷик бо баробари шинохти мақому манзалати хеш дар соҳоти мухталифи давлат фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, ки он кишвар ё ҷомеае, ки арзишу мақоми ин қишри ҷомеаро эҳтирому пос медоранд, ҳамон ҷомеа аз маданияту фарҳанги баланде бархӯрдор аст.

Имрӯзҳо занони кишвар бо вуҷуди он ки ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторҳои давлатиро соҳибанд ва албатта кам нестанд теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлатӣ кору фаъолият мебаранд, аммо фикр мекунам ҳанӯз масъалаи беадолатию табъиз ва бадтар аз ҳама хушунат бо зан боқӣ мондааст.

Албатта, агар аз дигар зовия бингарем, дармеёбем, ки сафи намояндагии занон дар мақомоти қудратию давлатии Тоҷикистон рӯз аз рӯз афзун гашта истодааст, ки ин шаҳодати хуб будани мақоми эшон мебошад. Новобаста аз ин, занон дар ҷомеаи кунунӣ соҳибҳуқуқу соҳибраъянд.

Вале як масъале, ки ҳанӯз халли худро наёфта, боиси нигаронии ҳам ҷомеа ва ҳам давлат аст, ин ба кӯи ҳиҷрат сар задани занони тоҷик буда, дар қатори садҳо мардони муҳоҷири тоҷик занон низ ҳамроҳ шудаанд. Ва агар ба мизони бурду бохт нигоҳ кунем, наметавонам ин ҳолат аз занонро нодида бигирем. Занон ҳарчанд дар бахши сиёсат ва давлатдорӣ кам нестанд, лекин дар бахши кишоварзӣ саҳми занони бечораи тоҷик хеле бузург аст, ки ин чизро ҳам бояд дар назар дошт.

Бубинед, мо ҳамон тур, ки медонем ҳукумати кишвар ҳамеша барои баланд бардоштани мақому манзалати зан тадбирҳо меандешад, аммо агарчӣ қонунҳои кишвар ҳамеша баробарии ҳуқуқи зану мардро замонат медиҳад, вале ҳанӯз пешрафтҳои назаррасе дар ин замина ба чашм нахӯрда, масъалаи хушунат алайҳи занон боқӣ мондааст.

Ба ҳар ҳол дар кишвар занҳо аз рӯзи Модарон, яъне 8-уми март ба хубӣ истиқбол мекунанд ва ба ин баҳона аз дӯстону наздикону пайвандон тӯҳфаҳо ва амсоли инҳо интизоранд. Аз ҳамин фурсат истифода бурда, ҳамаи занон, модарони азизи тоҷик ва ҳамчунин модари азизамро, ки имрӯз зодрӯз доранд, табрику шодбошӣ намуда, орзу менамоям, ки зиндагии ҳамаи мо баҳорию шукуфоӣ бошад.

Бо вуҷуди боронӣ будани вазъи ҳаво кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд дар арафаи ҷашни модарон серодам буд. Ҳазорон нафар барои харидани тӯҳфаҳо барои Рӯзи модар дар назди дӯконҳои гулу атриёт ва ширинифурӯшиву тилофурӯшӣ навбат меистодандва ҳатто кормандони БДА дар ин рӯз бо табассум занону духтаронро табрик мекунанд. Ва аммо тибқи маъмул, нархи як дона гули садбарг дар арафаи ид то 30 сомонӣ ва як гулдаста то 300 сомонӣ боло рафтааст.


Маркази гулфурӯшии "Садбарг" воқеъ дар назди истгоҳи "Универмаг"-и шаҳр яке аз макони серодам дар ин рӯзҳо башумор меравад. Аз субҳи 7-март бозори гулфурӯшон "гарм" гардида, ҳатто қиммати як донаи гули садбарг ба 20-30 сомонӣ ва гулдастаҳо то ба 300 сомонӣ баробар шудааст.

Вақте бо занону духтарон суҳбат кардем онҳо гуфтанд, ки дар арафаи ҷашнашон бештар на гулу на пул, балки муносибати
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
Загрузка...
0 / 58

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru