Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Вафодориро аз саг биомӯз
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 3 >>

Шеърҳо барои Модар

Тэги:хикоя дар бораи модар | саду як газали лоик шерали | шеър дар бораи зодрузи модар | модарномаи лоик шерали | шеърхо дар васфи модар падар | | сахнача дар бораи модар | шеър дар бораи ватан | модарнома лоик шерали | бораи фасли бахор | шеър дар | хикоя дар бораи модар | шеър дар бораи зодрузи модар | васфи модар падар | шеърхо дар | сахнача дар бораи модар | шеър дар васфи модар аз лоик шерали | 8 март рузи модарон шеърхо | дар васфи модар аз лоик шерали | шеър | сахнача дар бораи модар | табрикот барои 8 уми март | сухан дар бораи модар | иншо дар бораи 8 март | табрикнома барои 8 март бо забони точики | 8 март рузи иди модарон | шеърхо дар васфи зан | лоик шерали шеърхо | 8 март | иди модарон | шеърхо барои модар | шерхо барои модар | модар | шеърхо барои зан | шеърхо барои хохар | шеърхо барои хола амма | шеърхо барои духтарон | баромади таер барои 8 уми март | 8 март | иди модарон | шеърхо барои оча
Добавил:Admin (09.03.2018 / 09:37)
Рейтинг:rating 418 article (0)
Прочтений:1450
Комментарии:0
8 март рузи иди модарон,табрикнома барои 8 март бо забони точики,иншо дар бораи 8 март,сухан дар бораи модар,табрикот барои 8-уми март,сахнача дар бораи модар,шеър,дар васфи модар аз лоик шерали,8 март рузи модарон шеърхо,шеър дар васфи модар аз лоик шерали, сахнача дар бораи модар ,шеърхо дар, васфи модар падар ,шеър дар бораи зодрузи модар, хикоя дар бораи модар, шеър дар, бораи фасли бахор, модарнома лоик шерали, шеър дар бораи ватан,, сахнача дар бораи модар, шеърхо дар васфи модар падар, модарномаи лоик шерали, шеър дар бораи зодрузи модар, саду як газали лоик шерали, хикоя дар бораи модар, шеърхо дар васфи зан, лоик шерали шеърхо,8 март, иди модарон, шеърхо барои модар, шерхо барои модар, модар, шеърхо барои зан, шеърхо барои хохар, шеърхо барои хола амма, шеърхо барои духтарон, баромади таер барои 8 уми март, 8 март, иди модарон, шеърхо барои оча


МОДАРНОМА

БА МОДАРАМ

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!

Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ...
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ,
Аё модар, аё модар!

Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди русто домони гардун гӯӣ часпида
Туро барбаст роҳи нияту азми ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим “ҳафтяк” мондӣ ба зери болиши кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак...
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,
Аё модар, аё модар!

Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,
Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.
Ба назди остонат дом монад сояи маргат,
Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.
Матарс аз марг, охир безаволӣ ту,
Аё модар, аё модар!

ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,
Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ
Маро бигрифта зери пар.
Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз
ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,
Шудӣ хуни ҷигар, модар.

Кунун имрӯз фарзандат – ҷигарбандат ҳунар омӯхт.
Ки ёбад нони беминнат.
Ба номат дафтаре бикшод,
Дуои хайр гӯ, модар,
Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯӣ қадам бинҳод.
Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун,
Аё модар, аё модар!

Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,
Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:
Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ,
Аё модар, аё модар!

Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро
Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо
Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.
Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту,
Аё модар, аё модар!

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман,
Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Fанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,
Аё модар, аё модар!


ФАРЗАНДОН

Ту ҳайрон мешавӣ, модар,
Ки ман, фарзанди ту ҳар сол як бор
Дурӯза меҳмонӣ мебиёям.
Пас аз сайру сафар аз шаҳрҳои номию зебо,
Харида баҳри ту савғо,
Ба пешат ҷомадонро мекушоям.

Ту ҳайрон мешавӣ, аммо дар ин дунё,
Ба ҳар кас қисматею навбате ҳаст.
Ту дар як гӯшаи хомӯши кӯҳистон,
Ки ғайри тундари фасли баҳорон
Намесозад хамӯшии варо дигар садо вайрон,
Фақат бо пирзанҳамсоя ҳасрат мекунию бас.

Вале ман одами роҳам,
Ба дӯш анбон чу аскарбаччае омодаи роҳам
Дар ӯ хоки Ватан, савганди покию вафодорӣ.
Дар ӯ нону насиби баркашида, гарду чанги раҳ,
Дар ӯ роҳи дарозе, ки барад то манзили ёре.

Дар ӯ ҳам сангару ҳам хирмани пахта,
Дар ӯ ҳам эҳтимоли мурдану ҳам ҳайкали ҷовид.
Дар ӯ ҳам зиндагии кӯчии аскар
Дар ӯ ҳам қаҳрамонии ниҳон андар дилу уммед.

Дар ӯ ҳам шири ту, мӯи сафеди ту, сиришки ту,
Ки ҳар фарзанд бо он сӯи фардо пой мемонад.
Дар ӯ ҳам сурати ёре, ки чашмаш роҳ мебинад,
Хатамро чун суруди тӯй ҳарфоҳарф медонад.

Дар ӯ бонги қатору дастафшонии модарҳо,
Дар ӯ парвозгоҳи мурғи симинболи кайҳонгард,
Дар ӯ ҳам кӯзаи Хайём,
ҳам турке, ки ҳофиз бӯсаҳо мекард.

Бале, ман одами роҳам,
Ба дастам ҷузвдон, дар он
Кашида тарҳи шаҳре, к-одамони пир бишморанд
Маҳалли сохтмонашро ҷаҳаннам, хоҳари дӯзах.
Дар ӯ ҳам тарҳи қасру хонаю кошонаҳо бинӣ,
Ки соҳибҳояшон дар батни модар зиндагӣ доранд.

... Зимистон. Барф то зону,
Зи чашма кӯза бар сар об меорӣ,
Зи рӯи барфи лағжон хастаю нотоб меорӣ.
Ба зери дегдон оташ ниҳода,
Ту дар ҳар шуълаи рақсони он чун фолбинон
Маро бинӣ, маро андар ҳузури хеш пиндорӣ.
Бароӣ рӯи бому пок созӣ барфҳояшро,
Ба ёд орӣ ҷавонию бинои бебақояшро,

Ҷудо гаштам ман аз он кӯҳҳо чун маъдани хоме,
К-аз он созанд ханҷар, ҳам сипар, ҳам гӯшвори зар.
Маро акнун ҳавои дигаре кардаст дунёгард.
Дигар ман дар фарози қуллаҳои зодгоҳи худ
Сабукболона рӯи сабзаҳо беғам наметозам.
Дигар ман дар қатори баччаҳои ҳамдиёри худ
Гули кӯҳӣ намечинам, дигар чиллик намебозам.
Ман аз он олами зебо бурун афтодаму рафтам.

Ман акнун одами роҳам,
Ҷаҳон хурдан нахоҳам ман,
Ҷаҳон дидан бихоҳам ман,
Ки то хонам ба гӯши мардумони хушгили дунё,
Сурудеро, ки мехондӣ сари гаҳвораам шабҳо.

Адои ҳаққи шири туст ҳар як лаҳзаи умрам,
Аз он саргаштаам, модар,
Аз он дар ҷомадон шуд хонумонам,
Ки дар ҳар гӯшаи дунё туро ҳамду сано хонам,
Ҷавонии туро кобам,
Бузургии туро ёбам!


МОДАР

Бӯи ҷону бӯи нону бӯи пистон,
Бӯи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бӯи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар.
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,
Офарин хонанд бар азму ба имони ту, модар.

Пир гаштӣ, шуълаи ҳуснат парид,
Офтоби зиндагият бар сари кӯҳе расид.
Панҷаҳои нарму печони ту ногиро шуданд,
Чашмҳои барқафшони ту нобино шуданд.
Мӯйҳоят ранги хокистар шуданд,
Пойҳоят аз сафар шалпар шуданд,
На,
Макун бо зиндагонӣ хайрбод,
Оҳ модар!
Оҳ модар!

Гул буду гулдастабандӣ айб буд
Дар замони навҷавониҳои ту.
Лек акнун зиндагӣ ранге гирифт
Аз талошу ҷонфишониҳои ту.

Кӯдакони хору зорат чун кабӯтарҳои ром
Аз сари дастат ба дуриҳо париданд.
ҳар куҷое, ки ту дар дунё надидӣ,
Рафта бо чашми ту диданд.

Омаданд онҳо туро пазмон шуда,
Боз бар он лонаи эъҷозкор.
Мебароӣ пешвоз аз кулбаат,
Рехта аз шодӣ ашки шашқатор.

Баъди роҳи дур чун хобанд шабҳо,
Менишинӣ бар сари болинашон.
То бубинӣ дар ҷабину дар сару рӯҳояшон
Аз
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
Загрузка...
0 / 14

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru