Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Кӯр аз Худо чӣ мехоҳад? Ду чашми бино.
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 3 >>

23 артиши милли Рузи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон

Тэги:маълумот дар бораи 23 артиши милли рузи куввахои мусаллахи чумхурии точикистон 23 феврал рузи артиши миллӣ | 2019 | 2018 | 25 солагии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии тоҷикистон 2018 | артиши милли | 23 феврал | 23 февраля рузи артиши милли шеърхо | баромади 23 феврал | табрикот 23 феврал | 23 феврал рузи артиши милли тоҷикистон | шеърхо | барномаи баромади ба 23 феврал артиши мили
Добавил:Admin (23.02.2018 / 08:41)
Рейтинг:rating 415 article (0)
Прочтений:762
Комментарии:0
screenТарбияи
ватанпарастию худшиносии миллии ҷавонону
наврасон ва ҷалби онҳо ба хизмати Модар - Ватан

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори кишварҷоест, ки дар як давраи начандон тeлонӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти комил дар арсаи байналмилалӣ обрeву эътибор пайдо карда, мавқеи хешро дар арсаи байналхалки устувор ва муайян намудааст. Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки нуфузи кишварро дар арсаи xаҳонӣ муқаррар карда метавонад, ин қутрати ҳимоявӣ ва техникии Артиши миллӣ мебошад. Чунонки Президенти мамлакат таъкид кардаанд: «Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши Миллӣ ба ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакатамон пурра қодир аст».
Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳёи рeҳияи миллӣ, таҳкими Истиқлолият, тарбияи худогоҳӣ ва худшиносиро ба пуррагӣ фарогир аст. Президенти кишвар аз рeзҳои нахустин рe ба халқу ватан оварда таклиф менамуд, ки ҷавонони миллати тоxик мутаҳҳиду ягона бошанд. Ин нукта дар гуфтаҳои зерини Сардори давлат боз рушантар баён гардидаанд:
«Имрeз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анxом бирасонем» .
Санаи 18-уми декабри соли 1992 дар кишвар дигаргун ва навоварии куллӣ ба даст оварда шуд, ки он ба ҳар як даргоҳи тоxику Тоҷикистониён ворид гардид. Ин навовари он буд, ки Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард ва ба зинаҳои ҳуқуқии Артиши Миллӣ замина ниҳод.
Мусаллам аст аз 23.02.1993 ин рeз ҳамчун санаи таърихӣ дар саросари кишвар чун рeзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таxлил мегардад. Ин санаи муборак аз он xиҳат пирeзиву шодкомӣ ва фаромeшнопазири таърихӣ аст, ки дар ин рeз аввалин маротиба намоиши Артиши Миллии Тоҷикистон барпо гардидааст. Албатта, ҳар як насли солим ба камол мерасаду инкишофи ҳамаxониба пайдо мекунад ва чуноне, ки маълум аст, уқоб бе осмону оҳу бе кeҳсорон моҳи бе дарёи софи шeхобу тайёра бе ҳаво наметавонад, кореро ба сомон расонад. Ин ҳикмат ифодагари он ҳам ҳаст, ки шахс беватан буда наметавонад. Шоир ин матлабро хеле хуб шарҳу маънидод намудааст:

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар ватанбудаи беёди Ватан беватан аст.

Таъсисиёбии Артиши миллӣ масъулияти ҷавононро дар назди мардуми кишвар дучанд гардонд ва дар навбати худ Ватан ба насли xавон эътимод дошт ва дорад, ки ҷавонон бо баҳои xон ҳомии ин марзу бум шуда метавонанд. Гузашти таърих собит кард, ки xавони диёри мо қодиранд мушкилтарин озмоиши қисматро дар роҳи ҳимояи хоки аxдоди худ ва устувории пояҳои давлати тозаистиқлол аз сар гузаронанд ва барои дигарон намунаи ибрат бошанд.
Муҳаққиқи ҷавон Ҳалолиддин Амиров дар суханронии худ таҳти унвони «Масоили беҳтар намудани тарбияи ватанпарастии ҷавонон» дар робита ба нақши эҳсоси ватандорӣ дар ин самт дуруст қайд мекунад, ки «Пеш аз ҳама ҷавонон бояд дарк кунанд, ки ба xуз ин Ватан ва ин марзу бум кишвари дигаре барояшон Ватан ва зодгоҳу марзу бум буда наметавонад».
Имрeз Артиши миллӣ беҳтарини xавонмардонро, ки рeҳияи баланди ватандорӣ доранд, дарбар мегирад. Барои ҳар як фарзанди фарзонаи миллат ва ватандори асилу ҳақиқӣ хизмати модар - Ватан ҳам қарзи фарзандиву ҳам фарз аст.
Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанeз дар Анxумани I Ҷавонони Тоҷикистон моҳи марти соли 1994 бо таассуф аз мушкилоти дар ин самт вуxуддошта изҳор доштанд; «Сад афсeс, ки як қабил ҷавонон аз хизмати Ватан бо баҳонаҳои гуногун рe метобанд, xои хизматро худсарона тарк мекунанд. Ба номи xавонмарди тоxик иснод меоранд».
Омeзиши таърихи таъсисёбӣ ва рушду тараққии Артиши миллиамон собит мекунад, ки он марҳилаи душворро аз сар гузаронидааст. Артиши миллии Тоҷикистон аз собиқ Давлати шўравӣ мероси қазоие нагирифтааст ва бар замми ин дар ибтидо барои идораи xузъу томҳои он на афсар мерасиду на аскар. Дар ҳақиқат ҳодисаҳои номатлуби ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта боиси дилсардии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гашта буд ва бархе аз ҷавонон аз адои қарз саркашӣ ҳам мекарданд. Устуворию мавқеъшиносии сиёсат боиси он гашт, ки ин падидаи номатлуб аз байн равад ва нигоҳи ҷавонон дар роҳи хизмат кардан дигаргун шавад.
Аммо тўли солҳои охир ба назар мерасад, ки чӣ дар саросари кишвар ва чӣ дар вилоят огаҳӣ дорем, ки ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, ки ин аз қадамзаниҳои музаффаронаи истиқлолият дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Инак дар фазои сулҳу салоҳи Тоҷикистон ҷавонон соҳиби давлату миллати ягонагашта, Ватан – Модари худро ҳифз менамоянд. Дар байни сарбозон чорабиниҳои мухталиф, вохeриву мулоқотҳо аз қабили Фестивал –озмуни вилоятии сурудҳои ватанпарастонаи «Сарбоз», мусобиқаҳои варзишии {омии Ватан ва монанди инҳо гузаронида мешаванд. Баргузории ин гуна чорабиниҳо на танҳо барои тарбияи аскарон дар рeҳияи ватанпарастию худшиносии миллӣ балки барои муттаҳидшавии сарбозон - ҷавонони мухталифи кишвар боис мегардад. Аз назари дигар имрeзҳо хизмати Ватан барои ҳар як ҷавонони даъватшандаи вилоят Рeзи ид аст.
Ба гуфти сардори давлат «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин обутоби ҳаёти хизмат ба Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин xо xавонписарон шуxоату мардонагӣ омeхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дeст доштан ва садиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виxдонӣ ва ҳаққи фарзандии ҳар як xавони далер бошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунанд аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад. Даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд ид бошад» .
Чунон ки дар боло зикр кардем дар ҳақиқат давоми солҳои 1992 – 1997 даъват ба хизмати Қувваҳои мусаллаҳ хеле мушкил буд. Ҷавонон ба андешаҳои гуногун фурe мерафтанду ҳамсолони худро низ ба худ xалб карда, роҳи гурези хизмати ҳарбиро мекарданд. Давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Xаноби Олӣ мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти худро ба даст оварду дар мамлакати мо тинxию осудагӣ пойдор гардид.
Қабули барномаҳои {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Дар бораи барномаи миллии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2004 – 2006 ва 2007 - 2010» ва «Барномаи тарбияи ҳарбӣ ватанпарастии ҷавонон барои солҳои 2006 – 2010» баъди вохeрии Президент 21-уми майи соли 2005 сурат гирифта гувоҳи он аст, ки роҳбарони давлату ҳукумат пуштибонии ҷавононро дар мадди назари худ қарор медиҳанд. Қарори Раиси вилоят таҳти рақами 68 аз 13 марти соли 2006 қабул гардидани «Барномаи тарбияи ватанпарастии чавонони вилояти Суғд барои солҳои 2006-2010» боз як далели боэътимоди пуштибонии ҳаматарафаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро аз масъалаҳои умдатарини имрeзаи ҷавонон меҳисобем.
Асоси
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
Загрузка...
0 / 15

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru