Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Сухан бисёр дону андаке гӯй. Якеро сад магӯй, садро яке гӯй.
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 >>

ВАСФИ ҶАВОНИ ДАР АШЪОРИ УСТОД ЛОИҚ ШЕРАЛИ.

Тэги:дубайтаҳо | байтҳои | шеърхо барои ватан | хайём | ҷомӣ | шерхо | шеърхо ишки | шеърхои ишки | шеърҳои ишки мухаббати | шеърхо барои дустдошта | шеърхо барои зан | ишку мухаббат | шеър барои модар | шеърхо барои падар | табрик бо зодруз | шеърхо барои табрикот | шеърхо барои дуст | шеърҳо точикистон | шеърхои точики | шеърхои ишки барои дустдошта | шеърхои ишки барои духтар | шеърхои лоик | лоик | лточикистон | шерхо | лоик | шеърхо | 2017 | 2018 | 2019 | шеърхо барои туйю маърака | шеърхо бари зодруз | саду як газали лоик шерали | лоик шерали бо забони точики | шеърхои лоик шерали дар васфи модар | лоик шерали модарнома | ғазалҳои лоиқ шералӣ | зиндагиномаи лоик шерали | газалхои лоик шерали | шеърхои лоик шерали | ошикона шеърхои чудои | шеърхои ошикона барои духтар | лоик шерали бо забони точики шеърхои ошики барои 8 март | шеърхои зиндаги | шери ошики барои чавонон | шеърхои ошики 2012 | шеъри лоик шерали скачать бесплатно | шеърхои ошики 2018 | шеърхои ошики 2019
Добавил:Admin (21.02.2018 / 08:42)
Рейтинг:rating 414 article (0)
Прочтений:779
Комментарии:0
Сатрҳои навбатие, ки писанди ҳамагон гаштааст ва ҳар лаҳза аз хондани он ҳар яки мо ёди ҷавонӣ мекунем, шеър дар васфи ҷавонӣ ва нотакрор будани баҳори умри инсон аст.
Мутарҷим Лиснянская сию ду сатри шеъри Лоиқ Шералиро, ки “Ҷашни ҳаждаҳсолагӣ” ном дорад, айнан сатр ба сатр тарҷума карда, ба сию ду сатри русӣ расонидааст. Мутарҷим бо як самимияти афзун ин шеърро тарҷума карда, руи коғаз овардаасг.
Кӣ аз модар ду бор таваллуд шудааст?
Кӣ ду бор кӯдак будааст,
Кӣ ду бор ба ҳаҷдах, даромадааст?
Кто дважды являлся на этот свет?
Кому было дважды восемнадцать лет?
Аз мазмуни сатрҳои нахустини шеър бармеояд, ки бар ҳар кас дар ин дунёи беохир кӯдак будан, зистан, ба ҳаждаҳ, расидан як маротиба насиб мегардад ва ин лахзаҳоро бояд ҳамин тавр гузаронид, то ки аз гузашта ҳаловат барем, на ин ки оҳ кашем.
Нестӣ нахли дубар, эй нозанин,
То ки ҳар соле ду раҳ бор оварӣ.
Бишкуфӣ ду бор, ёби ду баҳор,
Зиндагии тоза такрор оварӣ.
Сатрҳо ҳама дар якҷоягӣ паи ҳам, мазмунан ширин будани ҳаётро ифода мекунанд. Мехоҳам, ки зиндагӣ аз сар боз такрор шаваду вақт бебозгашт аз рӯи хоҳишамон ҳаракат кунад. Ҳамеша ҷавону зебо бимонему ба мисли нахле... Вале ҳайҳот, ки шукуфтанҳо ҳама як бор бетакрор воқеъ мегарданду бӯи хушу форами худро мисли баҳор як бор аён месозанд, яъне ҷавонии мо.
Мутарҷим Лиснянская сатрҳои болоиро ҳамчун шоири бомаҳорат аз рӯи эҳсосоти худ сода ва фаҳмо ин тавр тарҷума кардааст:
Красавица, о. ты не то растенье,
Что дважды в год даёт свои плоды,
Имеет две весны и два цветенья,
Совсем - совсем не то растенье ты.
Як баҳору як гулу як навбатест,
Баҳри мо дар зиндагии одамӣ.
Ҷовидона чарх мегардад замин,
Чарх мегардем дар он мо даме.
Оре, ҳамаро як баҳор, як гул, як навбат зиндагӣ ҳаст. Шоир аз қалби саршор, аз меҳру садоқат ба зиндагӣ ҳар як фардро оварда, боз ҳам исбот кардааст, ки ҳаёт ҷовидона асту умр ҳамчун шамъе дар торикии шаб торафт об мешавад. Замин ҳамешагӣ давр мезанад ва мо низ мисли он даме дар дунёи нотакрор чарх мезанем.
Хоть вместе мы вращаемся с планетой,
И людям жизнь не малая дана.
Одна у нас зима, одно и лето,
Одна и осень, и весна — одна.
Ҳам ҳавои сард, ҳам ҳавои гарм, ҳам ҳавои нарм, ҳам баҳори нав - ҳамааш дар мо як маротиба насиб мешавад.
Мазмуни русии шеър ба тоҷикӣ гуфтаҳои болоиро тасдиқ мекунад.
Гар фитад аз осмон ситорае,
Ҳамчу ашки оташини осмон,
Дор онро дар кафи дастони худ,
Барфурӯзад чун чароғи хонадон.
Тарҷумаи русии сатрҳои болоӣ буррою фаҳмо эҷод шуда, мазмуни якхеларо медиҳад ва қофиябандии он низ ба талаботи хонанда аз рӯи хоҳиш аст. Шоир мегӯяд: ситорае, ки ҳамчун ашқи оташин аз осмон афтад, чун нур онро дошта, хонадонатонро равшан кунед.
И если огненной слезою небо,
С небес звезда горячая слетит.
Возьми её в свои ладони нежно,
И, как светильник в доме засвети.
Мутарҷим дар ин ҷо калимаи “светильник”-ро овардааст, ки ба ибораи “чароғи хонадон” ҷавобгӯй шуда метавонад.
Дидаи гулбаргборони баҳор,
Гирдбоди қисмати гулзорро?
Ҳусни одам низ чун гулбаргҳост,
Мешавад бар роҳҳо, барчошҳо.
Бале, зиндагӣ равон асту ҳамчун оби дарёст. Ҳусни инсон низ мисли гулбаргҳо замоне пажмурда мешавад. Навбат ба навбат ҳамаи мо давраи ҷавониро аз сар гузаронида, давлати пирӣ меронем, аз мо нусхаю нишон фарзандонамон мебошанд, ки онҳо низ чун ниҳоли пурмева соҳиби фарзанд мешаванд. Мо бошем, аз сиҳат саломатии ҳамешагии фарзандон болида мегардем. Дар ҳақиқат, ҳама чиз гузаро аст ҳамеша дар гардиш мебошад.
Дили беишқ ҳам озурда гардад,
Тани бедард ҳам афсурда гардад.
Хазон гардад дарахти бесамар ҳам,
Гули бебӯй ҳам пажмурда гардад.
Ин мазмун ҳам аз рубоиҳои шоир Лоиқ бармеояд, ки бо сатрҳои болои мазмунан монанди дорад.
Дар тарҷумаи русии ин сатрҳо низ чунин гуфта мешавад, ки ҳусни инсон мисли баргҳои хазонгашта дар роҳ “барчош” мешавад:
Ты видела, как вдруг по воле рока,
Срывает ветер лепестки весной?
Вот так же и с людскою красотою-
Взметнется лепестками на дорогах.
Дар ин ҷо мутарҷим бо ҷумлаи саволии худ фикри шоирро фаҳмонида тавонистааст. Лекин дар ин сатрҳо мутарҷим дар бораи ибораҳои “дили беишқ”, “тани бедард” ягон чизе нагуфтааст.
Гил агар бошад бирӯяд боз гул,
…Ҷовидон бодо русуми дилбарӣ!
Нестӣ нахли дубар эй нозанин,
То ки ҳар соле ду рах бор оварӣ.
Хок бошаду об бошад, боз гул ҳам мерӯяд. Расму русуми дилбари ҳам ҷовид аст, вале боз растание, ки ба маънои умр омадааст, онро шоир тасвир кардааст, дубора барнамегардад ва инсон ба дунё як маротиба меояд. Ин гуфтаҳои шоирро мутарҷим хеле хуб тарҷума кардааст:
Была б земля, а роза будет снова,
До вечен на века закон любви.
О ты, не то растенье безусловно,
Чтоб дважды в год дарить свои плоды.
Ҷумлаи хитобии шоир дар забони русӣ низ бо ҷумлаи хитобӣ тарҷума шудааст ва калимаи русии “закон" ки дар тоҷикӣ дида намешавад, хеле бамаврид омадааст.
Умр гарчанде кӯтоҳ бошаду вақт бебозгашт, бахт дар дасти худи мо асту вақтхушӣ кардану зебо пӯшидан, муомилаи хуб кардан, суханиҳои нек гуфан аз худи мо вобастагӣ дорад ва зиндагӣ пайваста бо лаҳзаҳои ширину гуворояш хеле хуш аст.
Ин пагоҳӣ субҳ баҳри ту дамид
Ҳамчу рӯи ту дурахшону сафед
Бӯи нав огоҳ шуд аз ошиқӣ,
Лаззати оғӯши дунёро чашид.
Бале, албатта ҳар субҳ баҳри мову шумо медамад ва шукри Худо кардаи лозим аст, субҳ дурахшон ба мисли чеҳраи инсони “дилкушод” мебошад. Мо бояд ҳар субҳро, ҳар рӯзро ҳамчун рӯзи иду ҷашн пешвоз гирему дар он ҳамешагӣ фаъолият барем. Лаззати дунёро ҳар шахс дар ширин будани ҳаёти шахсони ба худ наздик медонад, ки бархе аз ҷавонон ба ёди маъшуқаи худ рӯи дунёи ҳастӣ ҳамвора қадам мемонанд.
Ин сатрҳо дар тарҷумаи русӣ чунин ранг гарифтаанд:
И потому бери зарю вот эту.
Она лицу подобна твоему
Весь мир сейчас ждет твоего привета
Щекою как заря прижмись к нему.
Дар ин мутарҷим калимаи “бери” ва ҷумлаҳои “весь мир сейчас ждёт твоего привета”, “щекою как заря прижмись к нему”-ро дохил кардааст ба ҷои ҷумлаҳои “бӯи нав огоҳ шуд аз ошиқӣ”, “лаззати оғӯши дунёро чашид” кор фармудааст. Дар ин ҷо мустақилияти мутарҷим низ ҳис карда мешавад.
Бо ту гӯё ибтидо шуд оламе,
Олами дилбозию гулбозиҳо.
Бо ту гӯё ибтидо шуд роҳи нав
Роҳи худкобию сарафрозиҳо.
Аз номи шеър маълум, ки ин ҳама дар васфи ҷавонӣ асту баҳри ҷавонон эҷод гардидааст. Ҳамаи ин гуфтаҳои шоир муроҷиат ба маслиҳат барои ҷавонон ки бархе аз онҳо дар шароити имруза ғарқи хаёлоти тамоман нигаранду аз гузаштани рӯзҳои худ бехабар, вале ҷавонон ояндаи миллатанд ва чи хеле ки шоир мегӯяд, гӯё бо ҷавонон олам тавлид ёфтааст, олами тавлид ёфтааст, олами гулбозию дилбозиҳо. Ибтидо гаштани роҳи нав, роҳи худкобию сарафрозиҳо ҳам боз шарофати мо будааст.
Ин мисраъҳоро мутарҷим хеле хуб тарҷума кардааст:
Ты принеси ему благие вести,
Как ты сейчас, душе моей о мил.
Мне кажется с тобой родился вместе,
Мир цветоводов и влюблённых мир.
Дар ин ҷо мутарҷим калимаҳои “ цветоводов ”,
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
Загрузка...
0 / 47

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru