Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Некӣ, тарраҳум – он чизест, ки кар мебинад ва нобино мешунавад.
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 3 ... 25 >>

Куллиёти шеърхои Лоик Шерали 2018 кисми 6

Тэги:дубайтаҳо | байтҳои | шеърхо барои ватан | хайём | ҷомӣ | шерхо | шеърхо ишки | шеърхои ишки | шеърҳои ишки мухаббати | шеърхо барои дустдошта | шеърхо барои зан | ишку мухаббат | шеър барои модар | шеърхо барои падар | табрик бо зодруз | шеърхо барои табрикот | шеърхо барои дуст | шеърҳо точикистон | шеърхои точики | шеърхои ишки барои дустдошта | шеърхои ишки барои духтар | шеърхои лоик | лоик | лточикистон | шерхо | лоик | шеърхо | 2017 | 2018 | 2019 | шеърхо барои туйю маърака | шеърхо бари зодруз | саду як газали лоик шерали | лоик шерали бо забони точики | шеърхои лоик шерали дар васфи модар | лоик шерали модарнома | ғазалҳои лоиқ шералӣ | зиндагиномаи лоик шерали | газалхои лоик шерали | шеърхои лоик шерали | ошикона шеърхои чудои | шеърхои ошикона барои духтар | лоик шерали бо забони точики шеърхои ошики барои 8 март | шеърхои зиндаги | шери ошики барои чавонон | шеърхои ошики 2012 | шеъри лоик шерали скачать бесплатно | шеърхои ошики 2018 | шеърхои ошики 2019
Добавил:Admin (21.02.2018 / 08:39)
Рейтинг:rating 413 article (0)
Прочтений:1545
Комментарии:0
“РЕЗАБОРОН”
ДУБАЙТИҲО

1 – 055 Резаборон (1976)
56 – 283 Марди роҳ (1979)
284 – 429 Хонаи чашм (1982)
430 – 509 Офтобборон (1988)
510 – 627 Аввалу охири ишқ (1994)
628 – 748 Фарёди бефарёдрас (1997)

1 Хазонрезу хазонрезу хазонрез,
Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез?
Чаро одам надонад қимати умр?
Чаро ночиз гардад аз паи чиз?

2 Зи ҳар осори мо дар дили асар нест,
Ниҳоли умр доим пурсамар нест.
Раҳи кайҳон шавад наздик, аммо
Раҳе аз роҳи дилҳо дуртар нест.

3 Ҷавонему ҷавонему ҷавонем,
Беҳин меросдорони замонем.
Замин паст, осмон аз бас баланд аст,
Миёнҷии замину осмонем.

4 Агар мардони раҳ дар раҳ бимонанд,
Магӯ, к-онҳо касони нотавонанд.
Агар худ ноумеди нимароҳанд,
Умедеро ба манзил мерасонанд.

5 Ҷаҳонеро ба мо мерос доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд.
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.

6 Дили мо мазҳари оянда бошад,
Туфайли мо ҷаҳон поянда бошад.
ҳазорон зиндагон мурданду рафтанд,
Замини мурдае то зинда бошад.

7 Намонад кишти деҳқон нодуруда,
Намонад шеъри шоир носуруда.
Дар ин дунёи бурду бохт, эй кош,
Намонад коми ошиқ норабуда!

8 Чӣ бошад дил, агар дилбар набошад?
Сари коре агар дар сар набошад?
ҳама ғамро бувад хурсандӣ аз пай,
Fаме аз беғамӣ бадтар набошад.

9 Туро ҷуз марди бопаймон наёбад,
Туро ҷуз ғолиби майдон наёбад.
Ту он кони тилоӣ, духтари кӯҳ,
Ки ҳар як кӯрдил осон наёбад.

10 Хуш аст он, к-ӯ ками худро физояд,
Fамеро бо ғами дигар зудояд.
Сано бодо ба он марде, ки ҳар рӯз
Худ аз худ дар дилаш дунё кушояд.

11 Ҷаҳону зиндагонӣ бо ту зебад,
Суруру шодмонӣ бо ту зебад.
Ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун, ки имрӯз
Хушиҳои ҷавонӣ бо ту зебад.

12 Хатои ту ҳама зебост, эй дил,
Ниҳони ту ҳама пайдост, эй дил.
ҳар он неку баде, ки аз ту ояд,
Бақои мо, фанои мост, эй дил.

13 Барои дилкушодон даҳр танг аст,
Барои шишадилҳо даҳр санг аст.
Барои чашмтангон умр мол аст,
Барои кинадорон сулҳ ҷанг аст.

14 Худафрӯзӣ – шиори шоирон аст,
Худомӯзӣ – китоби оқилон аст.
Агар мо як дам аз худ розӣ бошем,
Зи мо норозӣ фардои ҷаҳон аст.

15 Ба ёди рафтагон овоз кардам,
Ба роҳи рӯҳашон парвоз кардам.
Ман анҷоми ҳаёти мурдагонро
Зи субҳи умри худ оғоз кардам.

16 Маро ё зуд ё дер офариданд,
Маро ҷавшан ва ё тир офариданд.
Ба дарду бар ҷароҳатҳои дунё
Паи дармону тадбир офариданд.

17 Диле дорам, ки лабрези суруд аст,
Саропо ларзаи амвоҷи рӯд аст.
Ниёзу нози ӯ бар дӯши умрам,
Ба ҳар роҳе равам, ноозмуд аст.

18 Ниҳоли умр пайванде нагирад,
Аҷалро ақл дар банде нагирад.
Fанимат, эй ҷавонон, панди пирон,
Ки аз пирон аҷал панде нагирад.

19 Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем,
Ки ҳоло навхату шӯху ҷавонем.
Ҷавонӣ чун ниҳоли гул набошад,
Ки онро ҳар баҳор аз нав нишонем.

20 Яке андешаманду худгаре буд,
Дигар инсони инсонпарваре буд.
Яке баъд аз вафоташ ҳайкале ёфт,
Дигар дар зиндагонӣ ҳайкале буд.

21 Саҳар дарё чу тифли тозарӯй аст,
Чу шеъри тар бубинӣ оби ҷӯй аст,
Барои дидани дидори хуршед
Миёни баргҳо хуш гуфтугӯй аст.

22 Дар ин дунё агар дунё надорӣ,
Сари пуршӯру пурсавдо надорӣ,
Аз ин як рӯзи кӯтоҳат чӣ ҳосил,
Дар имрӯзат агар фардо надорӣ?!

23 Зи оҳан одами оқил насозанд,
Зи фӯлод одами комил насозанд.
Бисозанд офтобу моҳи маснӯъ,
Чу мо инсони соҳибдил насозанд.

24 Лаби дарё сафои рӯҳу ҷон аст,
Дили дарё ҷаҳони бекарон аст.
Хурад мавҷе сари мавҷи дигарро,
Вале дарё равон асту равон аст...

25 Касоне, ки ғами дунё надоранд,
Ба сар андешаи фардо надоранд,
ҳама доранд аз моли ҷаҳон, лек
Дар ин дунёи равшан ҷо надоранд.

26 Тулӯи бахти мо аз синаи мост,
Умеду орзу ганҷинаи мост.
Нумӯи кишти фардои ҷаҳонҳо
Зи тухми киштаи деринаи мост.

27 Гурӯҳе аз барои нуқраву зар,
Гурӯҳе аз барои шавкату фар.
Заминро он қадар тақсим карданд,
Ки охир зери он хуфтанд яксар.

28 Замину осмони ман – дили ман,
Баҳори ман, хазони ман – дили ман.
Туро ҳам донаму ҳам менадонам,
Аёну ноаёни ман – дили ман.

29 Тамоми бешаҳо месӯзад имшаб,
Ситора дар само месӯзад имшаб.
Ситора дар само сӯзад, бисӯзад,
Дилам баҳри шумо месӯзад имшаб.

30 Зиёда кишвари мо кӯҳсор аст,
Зи тоҷи қуллаҳояш тоҷдор аст.
Агар баҳре надорад кишвари мо
Дили мо баҳрҳои беканор аст.

31 Саводи шоирӣ мактаб надорад,
Қалам парвои рӯзу шаб надорад.
Бувад шоир фидоии замона,
Ҷаҳони шоирӣ мансаб надорад.

32 Бидонад дарди ҳар як дилшикаста,
Бидонад ранҷи теша, ранҷи даста
Бувад хунёгари мумтоз шоир,
Ки донад нағмаи тори гусаста.

33 Набошӣ як нафас осуда, эй дил,
Нахоҳӣ як дами беҳуда, эй дил.
ҳар он роҳе, ки нопаймудаам ман,
Ту онро сар ба сар паймуда, эй дил.

34 Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод,
Нагӯям эй дареғ, эй вой, эй дод!
Валекин аз хиёнатҳои ёрон
Диле чун бишканад, фарёду фарёд!

35 Баҳори гулфишон омад, гули ман,
Ба ҷӯ оби равон омад, гули ман.
Дили ман ҳам чу мурғони фирорӣ
Зи нав бар ошён омад, гули ман.

36 Чи хуш мегуфт борон дар биёбон:
Шитобон омадам, рафтам шитобон.
Зи шаб то субҳдам хондам тарона,
Вале нашнид гӯши сахтхобон.

37 Гули ҳасрат паёми навбаҳор аст,
Валекин қисматаш носозгор аст.
Паёми фасли гул дар лаб бимирад,
Чи ҳасратҳо, ки дар ин рӯзгор аст...

38 Сари сабзат ҳамеша дар амон бод,
Дилат дар зиндагонӣ комрон бод.
Насиби ту ҳама шодии дунё,
Fами олам насиби душманон бод.

39 Гул аз гул рангу бӯи нав бигирад,
ҳам аз хуршед маҳ партав бигирад.
Гаҳ устод ақл омӯзад зи шогирд,
Гаҳе раҳбар паи пайрав бигирад.

40 Касоне, ки ҳамора бехурӯшанд,
На беақланд, на боақлу ҳушанд.
На бо туғён, на бо селанд ҳамрой,
Чу санги соҳили дарё хамӯшанд.

41 Шамоли тунди фасли тирамоҳон
Фурӯ резонд барги шохсорон,
Ту гӯӣ баргҳо дар рӯи дунё
Парешонанд монанди ғарибон...

42 Туро аз толеи худ кофтам ман,
Зи худ рафтам, туро то ёфтам ман.
Зи байти абруят тақлид кардам,
Суханро ҳамчу мӯят бофтам ман.

43 Баҳор асту бирезад резаборон,
Нишоне хоҳад аз ман рӯзгорон.
ҳар он нахле, ки биншондам, шавад кош
Сутуни хонаи навхонадорон.

44 Саҳар хуршед бикшояд дари ман,
Нишинад ҳамчу ёре дар бари ман.
Кушояд чашми рӯзи дигарамро,
Бипурсад, то чӣ бигзашт аз сари ман...

45 Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

46 Ба ҳар паҳно биҷӯ паҳнои худро
Аз ин дунё ситон дунёи худро
Зи камобии дарё тирамоҳон
Бубин ҳоли дили дарёи худро.

47 Чу мирад шоире, ҳайкал гузоранд,
ҳисоби байтҳояшро шуморанд.
Вале аз шеърҳои мурдаи ӯ
Ба дилҳо заррае парво надоранд.

48 Чу ҳуснат шеъри виҷдонӣ надидам,
Чу мӯят риштаи ҷоне надидам.
Ба байти абруят дар шеъри тоҷик
Ягон шаҳбайти ҳамсоне надидам.

49 Гаҳе на ёди хурду хоб кардем,
Ки то рози диле дарёб кардем.
Барои ташнагони зиндагонӣ
Дили худро шабу рӯз об кардем.

50 Чаро таънам занӣ, беақли сода,
Ки ту чобуксавору ман пиёда?
Ба ҷое, ки саворон мешитобанд,
Расад оқил ба як ҷо истода...

51 Бадо шаҳре,
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 25 >>
На главную
Загрузка...
0 / 58

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru