Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Виҷдон қонуни қонунҳост.
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 3 ... 8 >>

Куллиёти шеърхои Лоик Шерали 2018 кисми 5

Тэги:шеърхо барои ватан | хайём | ҷомӣ | шерхо | шеърхо ишки | шеърхои ишки | шеърҳои ишки мухаббати | шеърхо барои дустдошта | шеърхо барои зан | ишку мухаббат | шеър барои модар | шеърхо барои падар | табрик бо зодруз | шеърхо барои табрикот | шеърхо барои дуст | шеърҳо точикистон | шеърхои точики | шеърхои ишки барои дустдошта | шеърхои ишки барои духтар | шеърхои лоик | лоик | лточикистон | шерхо | лоик | шеърхо | 2017 | 2018 | 2019 | шеърхо барои туйю маърака | шеърхо бари зодруз | саду як газали лоик шерали | лоик шерали бо забони точики | шеърхои лоик шерали дар васфи модар | лоик шерали модарнома | ғазалҳои лоиқ шералӣ | зиндагиномаи лоик шерали | газалхои лоик шерали | шеърхои лоик шерали | ошикона шеърхои чудои | шеърхои ошикона барои духтар | лоик шерали бо забони точики шеърхои ошики барои 8 март | шеърхои зиндаги | шери ошики барои чавонон | шеърхои ошики 2012 | шеъри лоик шерали скачать бесплатно | шеърхои ошики 2018 | шеърхои ошики 2019
Добавил:Admin (21.02.2018 / 08:36)
Рейтинг:rating 412 article (0)
Прочтений:609
Комментарии:0
“ҶОМИ ХАЙЁМ” РУБОИЁТ

1 – 228“Соҳилҳо” (1972)
229 – 234“Варақи санг” (1980)
235 – 240“Хонаи дил” (1986)
241 – 248“Аввалу охири ишқ” (1994)
249 – 317“Фарёди бефарёдрас” (1997)
318 – 356Рубоиҳои солҳои охир

1 Хайём, дилат аз дили мо огоҳ аст,
ҳар як суханат суруди дарду оҳ аст,
Байти ту дарест боз бар каъбаи дил,
Шеъри ту чу умри одамӣ кӯтоҳ аст.

2 Хайём, суханҳои ту нотакрор аст,
Ҷоми хиради ту ҷовидон саршор аст.
ҳар кас, ки нахурд ҷоми ту, мастӣ кард,
ҳар кас, ки бихурд, оқилу ҳушёр аст.

3 Ҷомеву бутеву ошиқӣ – хуш ҳолест,
Соле, ки гузашт бо хушӣ, хуш солест.
Хайём, ба ҳар замона дар базми хирад
Ҷоми ту пур аст, лек ҷоят холист.

4 Ин субҳ давоми шоми чун зиндон аст,
Ин ханда нишони дидаи гирён аст.
ҳар чизи наве, ки ҳозирон ёфтаем,
Гумкардаи рафтагони пурармон аст.

5 Мо ҳалқаи байни аввалу анҷомем,
Парвардаи асри бисту шири хомем.
Хайём, кӣ гуфт, буда безурёте,
Модом ки мо шаҳписари Хайёмем?!

6 Эй хок, туро ба ашки худ нам кардем,
То бар сари ту мотами нав кам кардем.
Мо доғи туро ба хуни дилҳо шустем,
То санги туро ҳайкали одам кардем.

7 ҳайф аст, агар умр шикоре бошад
Озод зи дарду доғу оре бошад.
Дар пайраҳаи ҳаёт по мондани мо
Айб аст, агар қадамшуморӣ бошад.

8 Чун барқ яке дурахш андар афлок,
Бо дидаи оташину андешаи пок.
Монанди уқоб дар само бояд мурд,
ҳарчанд ки оқибат фурӯ оӣ ба хок.

9 Ӯ кист ҷавон асту ҷавонӣ накунад?
Бо ҳусни ҷавонӣ дилситонӣ накунад?
ҳар кӣ зи хушиҳои ҷавонӣ дур аст,
Беҳтар бувадо, ки зиндагонӣ накунад.

10 Борон чу гирист, гиря бунёд бикун,
Тундар чу фиғон кашид, фарёд бикун.
ҳар гоҳ ситорае фитад аз гардун,
Эй ёр, ситораи маро ёд бикун.

11 Дарёст равону соҳилаш бепарвост,
Дарёст барошуфтаю соҳил барҷост.
Дарё чу бихушкид, бимонад соҳил
ҳамчун ду лабе, ки аз лаби ёр ҷудост.

12 Ворафта дилам, суруди ногуфта дилам,
Шӯридаву жӯлидаву ошуфта дилам.
Дар ҳотаи тирамаҳ шукуфтан хоҳӣ,
Дар адли баҳори хеш нашкуфта дилам.

13 Нӯшед ба ёди хотири хастаи ман,
Холӣ накунед ҷои биншастаи ман.
Андар сари гӯри ман гузоред чу лавҳ
Як соғари вақти мастӣ бишкастаи ман.

14 Ёрон, чу сари қадаҳ ба ишрат оед,
Ёде зи мани сӯхтадил бинмоед.
Ман ток наям, ки тирамаҳ гӯр кунед,
Чун фасли баҳор даррасад, бикшоед.

15 То ном физоӣ, нафси худро кам кун,
Одамгарӣ кун, валек бо одам кун.
Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав:
Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун.

16 Хушбахт касе, ки хидмати ёр кунад,
ҳар ҷо, ки қадам ниҳод, гулзор кунад.
Зангӯлаи гоҳвораю гиряи тифл
ҳар субҳ варо зи хоб бедор кунад.

17 То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рӯдакию ба ҳофизи Шерозӣ?
Вақт аст сари минбари озоди сухан
Хайёми дигар, ҳофизи дигар созӣ!

18 ҳар чашм, ки наззора кунад, ҷӯё нест,
ҳар роҳбари савор раҳпаймо нест.
ҳар ланг нашуд ҷаҳонситон чун Темур,
ҳар кӯр ба мисли Рӯдакӣ бино нест.

19 ҳар қадр шавад пир, ҷавон аст одам,
Як боркаше баҳри замон аст одам.
Ӯ рӯи замину рӯи ӯ гардунҳост,
Гӯё ки замину осмон аст одам.

20 Ин хок мисоли модарон мегиряд,
Дар мотами хокхуфтагон мегиряд,
ҳар роҳ, ки нақши бад гузоранд бар ӯ,
Дар зери қудуми нокасон мегиряд.

21 То ҷоми диле ба дасти ёре нашикаст,
Армони диле зи дӯстдорӣ нашикаст.
ҳарчанд ки зиндагӣ гулоби талх аст,
Бисёр чашидему хуморе нашикаст.

22 Дилро ба қумоши ишқ савдо кардам,
Дар синаи гарми шавқ маъво кардам,
То он ки дар ин ҷаҳон биёбам ҷое,
Худро зи ҷаҳони хеш пайдо кардам.

23 Онҳо, ки ба қасди моҳ шабтоб шуданд,
Маҳтоб чу рух намуд, ноёб шуданд.
Як лаҳза ба саҳни зиндагӣ дод зада,
Чун одами барфӣ дарзамон об шуданд.

24 Он кас, ки диле наҷуст, кай дил шиканад?
Бадбӯй гуле касе зи гулбун наканад.
Дар роҳ намонад он, ки худ роҳӣ набуд,
Он кас, ки раҳе наҷуст, раҳгум назанад.

25 Онон, ки ниҳоди поку имон доранд,
Чун шуъла забони оташафшон доранд,
Аз одами шабкӯр надоранд гила,
Аммо гилаҳо зи рӯзкӯрон доранд.

26 Май рез, ки ҳолиён суруд андозанд,
Аз пастии мастӣ сар ба арш афрозанд.
Ту ҷом наӣ, ки андар ин базми ҳаёт
Чун холӣ шавӣ, зи нав лаболаб созанд.

27 То тоза шавему тозабунёд шавем,
Бо оташи ишқи пок ҳамзод шавем.
То он ки шавем аз ғуломӣ озод,
Бояд зи ғуломии худ озод шавем.

28 Он лаб, ки зи чашмони сиёҳат бӯсид,
Аз бӯсагаҳи рӯи чу моҳат бӯсид,
Баъди ту нахоҳад аз ҷаҳон рӯю лабе,
Берӯю лаби ту хок хоҳад бӯсид.

29 Онҳо, ки ба мисли чӯби зарандуданд,
Берун чу тилою аз дарун беҳуданд.
Аз баҳри фиреби чашм рахшанд даме,
Оташ бинамоянд, валекин дуданд.

30 Гирдоби ҳаёт гирудорам дорад,
Саргаштагиҳои бешуморам дорад.
Гоҳе ба мисоли қарзхоҳони хасис
Аз гардани ман чу қарздорам дорад.

31 ҳамқисмати ҳар суру азо бояд буд,
Дар ғамкадаҳо тарабфизо бояд буд.
Берун зи ғазою беҷазо будан чист?
Он беҳ, ки ҳамеша дар ғазо бояд буд!

32 Онҳо, ки барои нафси худ бехобанд,
Маҳтобшабон чу кирмаки шабтобанд.
Fофил зи хурӯшу шӯриши дарёҳо
Дар соҳили рӯд чоҳи обе кобанд.

33 Хушбахт касе, ки ном бар ном орад,
Дар иди Ватан ҷону дил инъом орад.
Монандаи кӯлвори қосид ҳар субҳ
Холӣ шаваду ба халқ пайғом орад.

34 Дар чархи куҳан бахти нав эҷод кунед,
Ин хоки куҳанро ба навӣ шод кунед.
Номе ба харита нест аз деҳаи ман,
Ёрон, зи суруди ман варо ёд кунед.

35 То чархи фалак хаёли мо афзун рафт,
Бисёр зи дида ашку аз дил хун рафт.
Нашкаста пари Дедалу Икар зинҳор
Варна ба суи фалак Гагарин чун рафт?!

36 Фархунда касе, ки пардаи дил бидарад,
Бар пардаи чашми гулнигоҳе нигарад.
Пешобағали дамида чун субҳеро
ҳар кас, ки надид, хоби маргаш бибарад.

37 Чун коғази солхурда афсурда шудем,
Бишкуфта ба бахти халқ, пажмурда шудем.
Якчанд чу санги осиё чарх задем,
То мардумӣ нон хуранд, мо хурда шудем.

38 Хонед ба базми ошиқӣ номаи ман,
Пӯшед ба қомати сиҳӣ ҷомаи ман.
Сар пои сутуни ростӣ буда маро,
Созед сутуни хонае хомаи ман!

39 Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ,
Беболу паре ба арш парвоз кунӣ.
Дар роҳи нишеби умр шав сарафроз,
Пул нест ҷавонӣ, ки пасандоз кунӣ.

40 Дардову шигифто, аҷали масхарабоз
Фарқияти мурдагон намебинад соз,
Сад зиндадиле бимираду хок шавад,
Дилмурда бурун зи хок мемонад боз.

41 Имрӯз, ки зиндагонӣ дар хидмати мост,
Бар гардани мост, ҳар чӣ неку бади мост.
Нӯшед ба базми косагардонии умр
Имрӯз, ки коса косаи навбати мост.

42 Ин умр, ки дар паноҳи худ мегузарад,
Бо айби худу гуноҳи худ мегузарад.
Аз бом фитад яке, яке аз гардун,
ҳар кас зи ҷаҳон ба роҳи худ мегузарад.

43 Ман соҳиламу роҳбари дарёям,
Хомӯш, вале шоҳиди тӯфонҳоям.
Аз он ки ба ман рӯд диҳад бӯсаи сард,
Шодоб, валек ташнаю танҳоям.

44 ҳар гул, ки шукуфад, лаби хандидаи мост,
ҳар чашма, ки ҷӯшад, дили болидаи мост.
ҳар барги хазон, ки тирамаҳ мерезад,
Аз камҳавасиҳо гули ночидаи мост.

45 Барвақтӣ будем ё ки дерӣ будем,
Дар базми ҳаёт чашмсере будем.
Аз хурдани шири хом пухтем чунон,
К-аз боми фалак ситорагире будем.

46 То зинда будем, зиндагонӣ кардем,
Бар қасди аҷал ҳама ҷавонӣ
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 8 >>
На главную
Загрузка...
0 / 56

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru