Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Охири ханда-гиря.
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 3 ... 25 >>

Куллиёти шеърхои Лоик Шерали 2018 кисми 4

Тэги:шеърхо барои ватан | хайём | ҷомӣ | шерхо | шеърхо ишки | шеърхои ишки | шеърҳои ишки мухаббати | шеърхо барои дустдошта | шеърхо барои зан | ишку мухаббат | шеър барои модар | шеърхо барои падар | табрик бо зодруз | шеърхо барои табрикот | шеърхо барои дуст | шеърҳо точикистон | шеърхои точики | шеърхои ишки барои дустдошта | шеърхои ишки барои духтар | шеърхои лоик | лоик | лточикистон | шерхо | лоик | шеърхо | 2017 | 2018 | 2019 | шеърхо барои туйю маърака | шеърхо бари зодруз | саду як газали лоик шерали | лоик шерали бо забони точики | шеърхои лоик шерали дар васфи модар | лоик шерали модарнома | ғазалҳои лоиқ шералӣ | зиндагиномаи лоик шерали | газалхои лоик шерали | шеърхои лоик шерали | ошикона шеърхои чудои | шеърхои ошикона барои духтар | лоик шерали бо забони точики шеърхои ошики барои 8 март | шеърхои зиндаги | шери ошики барои чавонон | шеърхои ошики 2012 | шеъри лоик шерали скачать бесплатно | шеърхои ошики 2018 | шеърхои ошики 2019
Добавил:Admin (21.02.2018 / 08:35)
Рейтинг:rating 411 article (0)
Прочтений:2122
Комментарии:0
* * *
Эй басо дидам касон шоиртарошӣ кардаанд,
Шеърро нашнохта, баҳсу талоше кардаанд.

Ошно нобуда бо дарди замону зиндагӣ,
З-ошноӣ бо сухан даъвои оше кардаанд.

Ҷои бӯса бар рухи дӯшизаи шеъру сухан
Хомаро аз хомӣ наққоши хароше кардаанд.

Гавҳаре н-ороста бар қомати шеъри Аҷам,
Гавҳари поки варо сарфи маоше кардаанд.

Гар сухан бояд шарар бахшад ба чашми мардумон,
Ин касон бар чашми мардум хокпошӣ кардаанд.

(1988]

* * *
Мурдагон дар гӯр кай берун зи дунё будаанд?!
Дар ҷаҳони бемуаммо пурмуаммо будаанд!

Бебасират, лек сӯйи мо назар мекардаанд,
Безабону дар забон узри гунаҳҳо будаанд.

Колбадшон туъмаи хок асту кирмони лаҳад,
Рӯҳҳо дар роҳҳои арши аъло будаанд.

Сояе гар нест андар рӯйи турбатшон, хушо,
Сар ба сар дар сояи лутфи таоло будаанд.

Хокашон, гӯйӣ, ки меболад, чу хонӣ фотиҳа,
Хуфтагони гӯр муҳтоҷи тасалло будаанд.

Хоб мебинам: ба ҳолам гиря дорад модарам,
Мурдагон дар гӯр ҳам андар ғами мо будаанд!

Зиндагоне дидаам, ҳайфо, намедонанд шеър,
Сангҳои гӯрҳо хуштабъу гӯё будаанд!

Байти ёде хонда дар санги мазоре, хуш шудам,
Мурдагон ҳам ташнаи шеъри гуворо будаанд!

апрели 1990

* * *
Ин кӯчиёни хокираҳ пур хоки моро бехтанд,
Аз дори мо бар хурдаву моро ба дор овехтанд.

Нахле насабзонидаву карданд моро решакан,
Бидрида тору пудамон, пайвандамон бигсехтанд.

Тозида бар паҳнои мо, рондандамон бар тангно,
Болида аз дарёи мо, дарёи хунҳо рехтанд.

Аз хоки мо нон хурдаву кардандамон бехонумон,
Бо хуни мо омехта, моро ба хун омехтанд.

Боре бидон, эй ҷони ман, бечора тоҷикон чаро
Бар кӯҳҳову дарраҳо ҷон рӯи каф бигрехтанд.

10.01.1995 – Бемористон

* * *
Замон кони ғамон гуфтанду рафтанд,
Фиғон аз ин ҷаҳон гуфтанду рафтанд.

ҳама ваҳшат, ки худшон офариданд,
Зи дасти осиён гуфтанду рафтанд.

Замонро вожгун карданд худшон,
ҳама ҷурми замон гуфтанду рафтанд.

Ба бели хеш гӯри хеш канданд,
Зи қасди душманон гуфтанду рафтанд.

Бара хурданд бо гургони миллат,
ҳама айби шубон гуфтанду рафтанд.

Бидуздиданд симу зар зи конҳо,
ҳама камбуди кон гуфтанду рафтанд.

Бародарро зи кин куштанд, лекин
Хато рафт аз камон гуфтанду рафтанд.

Ба ҷурми хештан тан дарнадоданд,
Гуноҳи одамон гуфтанду рафтанд.

Басо андар замин истора куштанд,
Зи наҳси осмон гуфтанду рафтанд.

Агар буданд ҳези зан ба музде,
Базаҳкораш занон гуфтанду рафтанд.

ҳама каҷбозии даврони худро
Хатои рафтагон гуфтанду рафтанд.

Ба ҳам карданд бас номеҳрубонӣ,
Фалак номеҳрубон гуфтанду рафтанд.

Забонро гар нафаҳмиданд борик,
Гуноҳи тарҷумон гуфтанду рафтанд.

Хирадшон кӯр буд, имонашон кӯр,
Зи аҳвал алъамон гуфтанду рафтанд.

Ду-се фарди забардасте агар буд,
Ду каф бикшода “нон!” гуфтанду рафтанд.

Ду се тан марди фарманде агар буд,
ҳама тарки макон гуфтанду рафтанд.

Ба сони Аҳмади Дониш ба сад дард
Ба гӯши хар азон гуфтанду рафтанд.

25.02.1995 – Бемористон

* * *
Дареғу дард, ки ёрон зи мо ба дур шуданд,
Чунин зи кӯрии хешу зи бахти шӯр шуданд.

Чу иттиҳод набуда миёнашон чун мушт,
Ба сухра дастхуши чанд муштзӯр шуданд.

Ситорасӯхтагони диёри хуршедӣ
Ба ҳукми чанд камондори бешуур шуданд.

Ду чашм мунтазири илтифоти ёру диёр
Ба ёди хоки Ватан хун гириста кӯр шуданд.

Зи мавҷкӯҳаи Ому паи мадад аз мӯ
Убур карда бад-он сӯ, таҳи қубур шуданд.

Ба хоки ғайр надиданд хайру хайрият,
Ба хоки ғайр ғунуда ғарибгӯр шуданд.

5.02.1994 – Бемористон

* * *
Гар торҳои ишқи мо ҳамҷӯр мешуданд,
Халқи ҷаҳон зи бахти мо масрур мешуданд.

Дар хилвате, ки мову ту ҳамроз мешудем,
Хомӯшиҳо таронаи машҳур мешуданд.

Мебуд шӯри дигаре дар ошиқӣ, агар
Дилҳои мо ба ошиқӣ ҳамшӯр мешуданд.

Онҳо, ки буд қасдашон дурии мову ту,
Эй кош аз ҷаҳони амал дур мешуданд.

На рӯз медиҳанд, на шаб хоб, эй хушо
Ин рӯзкӯрҳо агар шабкӯр мешуданд.

Аз ишқ мурдагон ҳама эҳё шаванд кош,
Беишқ зиндагон ҳама дар гӯр мешуданд.

(1982]

* * *
Аз кӯҳ санге чун фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.

Нодон чу доноӣ кунад, аҳсан бигӯемаш ҳама,
Аммо чӣ битвон кард агар нодоние доно кунад?

Шавқе агар саркӯб шуд, нохуб шуд, нохуб шуд,
Аз кӯрзавқе дод, агар истеза бо бино кунад!

ҳар кас тавонад рӯдро бо ҷӯйҳо созад ҷудо,
Он кист, к-аз дарёдилӣ як қатраро дарё кунад?

ҳар кас тавонад мурдаро бар хок биспорад, вале,
Он кист хоки мурдаро тоҷи сари дунё кунад?

Ман бо касе ҳамдостон, эй дӯстон, эй ростон,
К-имрӯзи худро зинае то қуллаи фардо кунад.

(1973]

* * *
Хор дар чашми касе, гар як нафас хорат кунад,
Зор мирад дар бало ҳар кас, ки озорат кунад.

Рӯзгораш рӯи файзеро набинад то абад
ҳар касе ношукрие аз файзи дидорат кунад.

Рӯзи хурсандӣ набинад дар ҷаҳони зудсер
Дилфигори ғам шавад, ҳар кас дилафгорат кунад.

ҳар кӣ субҳи бахтро аз чашми бедорат наёфт,
Хоби маргаш беҳ, ки заҳри чашми бедорат кунад.

Тешаи барқаш занад аз осмони тирарӯй,
ҳар кӣ қасди тирагии барқи рухсорат кунад!

(1982]

* * *
Шишаи мо санги хоро бишканад,
Хомии мо пухтаҳоро бишканад.

Ончунон сангинмизоҷу муҳкамем,
Кӯзаи мо санги дарё бишканад.

Он қадар соғар шикастем аз алам,
То тилисми як муаммо бишканад.

Сад дилу сад дасту по бишкастаем
То ки садди роҳи фардо бишканад.

Мо аз он майдонғарибон нестем,
Ки дили мо бетақозо бишканад.

Гардани гардуни гардон бишканем,
Пеш аз он, ки гардани мо бишканад!

(1982]

* * *
Бигзор равнақи дусад бозор бишканад,
Магзор лек равнақи ашъор бишканад.

Магзор бишканад қалами ростқавли мо,
Аммо миёни каҷдилон, бигзор, бишканад.

Бигзор дасти гул ба мо гулдаста оварад,
Дасте, ки хор парварад, чун хор бишканад.

Дасте, ки дошт дастаи испор, зинда бод,
Пое, ки нест аз паяш осор, бишканад.

Мо чормағзи кӯракем андар шикастанаш
Дандони сад ҳазор сияҳкор бишканад.

Ман ошиқам ба гардани марде, ки бо ғурур
То зери дор рафтанаш сад дор бишканад!

(1986]

* * *
Дар ҳар куҷо садоқати ман кор мекунад,
Азми ману матонати ман кор мекунад.

Дар сохтмони Нораку Роғон на шасти об,
Он ҷо дилу муҳаббати ман кор мекунад.

Дар коргоҳи арзизу дар дастгоҳи барқ
Ихлоси ман, иродати ман кор мекунад.

Он ҷо, ки ихтилофи касифу шариф ҳаст,
Оҳи ману наҷобати ман кор мекунад.

То он даме, ки одамӣ дорад талоши адл,
Инсофи ман, адолати ман кор мекунад.

Рӯзе зи дасти моҳири ман уфтад қалам,
Бе дасти ман маҳорати ман кор мекунад.

Фардо агарчи нестам мобайни зиндагон
Дар гӯр ҳам футуввати ман кор мекунад.

(1982]

* * *
ҳусни рӯзафзуни ту умри маро кам мекунад,
Қомати мавзуни ту қадди маро хам мекунад.

Хондӣ бас шеъри тарамрову нахондӣ хотирам,
Ваъдаҳои хушки ту чашми маро нам мекунад.

Ман туро ҳамшевае мехоҳаму ҳамнолае,
Чашми ту аммо ба ман қаҳри дамодам мекунад.

Шод будам то туро дидам, надонистам ки ишқ
Буду нобуди маро сармояи ғам мекунад.

Аз паи васлат давидам чор фасли зиндагӣ,
Васли ту аммо зи ман чун умри ман рам мекунад.

Ишқи ҳавво кард Одамро азизи оламе,
Ишқи ту рӯзе маро берун зи олам мекунад.

(1982]

* * *
ҳар қадар обод созам, боз вайрон мекунад,
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 25 >>
На главную
Загрузка...
0 / 17

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru