Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Хирси гурусна шӯхиро намедонад.
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 49 >>

Комплекси таълимӣ – методӣ аз фанни аз фанни Назарияи иқтисодӣ

Тэги:конспекти лексияҳо аз фанни назарияи иқтисодӣ | комплекси таълимӣ методӣ аз фанниназарияи иқтисодӣ | конспект дастури методи | дастурамал | барои муаллимони донишгох | 2018
Добавил:Admin (26.01.2018 / 10:02)
Рейтинг:rating 396 article (0)
Прочтений:1051
Комментарии:0
ПЕШГУФТОР
Дар марҳилаҳои раванди гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ба иқтисоди бозоргонӣ бо монегиҳову мушкилиҳо рафта истодааст. Шароитҳо, имкониятҳо ва омилҳои инкишофи иқтисоди бозоргонӣ дар ҷумҳурӣ хеле ҳам аз кишварҳои мухталиф вобастагии калон дорад, ки таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои мутараққиро инкор нанамуда, хусусиятҳои ба иқтисоди мамлакати мо мувофиқро аз назария ва амалияи онҳо бояд мувофиқи вазъу шароити худ истифода барем.
Аз ин лиҳоз, набояд фаром=ш кард, ки хусусиятҳои иқтисоди бозоргонӣ барои кулли иқтисоди гузариш дар шакли миллӣ таҷассуми худро доранд. Дар тарозу дуруст ҳамҷоя намудани хислатҳои умумиву ба худ хоси иқтисоди миллӣ яке аз кафолатҳои рушди иқтисодист. Ин нукта, боиси қаӣд аст, ки дарбарномаи мазкур муаллифон ба он майл намуданд, ки вазифаи дар боло нишондодашударо қисман ҳам бошад ба табъ расонанд.
Мақсади ом=зиши фанни назарияи иқтисодӣ, ҳамчун мукаммал гардонидани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷ=ён оиди таркибии ин фан нисбати фанҳои худди назарияи иқтисод таърихи афкори иқтисодӣ, таърихи иқтисод, мезоиқтисод, макроиқтисод ва мегаиқтисод, ки бо муаммоҳои иқтисоди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии калон доранд тасаввур карда мешавад ки дар он иқтисод бо маънои васъи худ ҳамчун натиҷаи ақлу дониш, меҳнат, маҳорат ва санъати инсон оиди хонадорӣ, хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ ба роҳ монда мешавад. Кулли муносибат ва равобити дар ин раванд ташкилу инкишофёбанда, сароғоз дар шакли падидаю андешаҳои алоҳидаи иқтисодӣ ва сониян – назарияи иқтисодӣ сурат гирифтааст.
Тавсифи фанҳои иқтисодӣ дар якҷоягӣ ва объекти дарку ом=зиши онҳо, ботадриҷ аз як сатҳ ба сатҳи дигар гузашта, кунун ҳаллу фасли масоили умдаи зинаҳои поёнӣ фирма (истеҳсолот, ки масоили Чӣ бояд истеҳсол намуд? Чӣ қадар истеҳсол намуд? Барои ки истеҳсол намуд? ва ғайра.) ва зиддияти асосии иқтисодро (зиддияти байни маҳдуд будани захираҳои иқтисодӣ (захираҳои табиат, меҳнатӣ, сармоя, иттилоот ва ғайра) ва тақозои беинтиҳои субъектҳои иқтисодӣ (хонавода, бизнес (фирма), давлат)) дар зинаҳои гузариши иқтисоди бозоргонӣ тасфир менамояд.
Дар он таҳлили истеҳолот, шакл ва омилҳои он, моликият ҳамчун асоси низомҳои иқтисодӣ, асосҳои хоҷа-гиҳои бозорӣ, вазифаҳои бозор ва омилҳои муайянку-нандаи он, механизми бозор, танзими давлатии бозор, вазифа ва хусусиятҳои он, назарияи фирма (корхона) ва шаклҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ дар шароити бозор, давра ва сарчашмаҳои ташаккули фондҳои корхона, тарҳрезӣ ва идораи фаъолияти фирма, муносибатҳои кишоварзӣ ва инкишофи комплекси аграрию саноатӣ, рента ва муноси-батҳои рентавӣ, инчунин иқтисоди ноҳиявӣ ва сиёсати он пешкаш карда шудааст.
Маводи таълимию методӣ дар пояи нақшаҳои умумӣ ва тафсири барномаи таълимӣ навишта шуда, ба талаботҳои стандарти давлатии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобг= буда, комилан ба сифати меъёрӣ таълими низоми кредитӣ мусоидат менамояд.



ШАРҲИ МУХТАСАРИ МАВЗ+ЪҲО

1. НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД, ЗАМИНАҲОИ
ГУСТАРИШ ВА ТАҲАВВУЛИ ОН

НАҚША:
1.Иқтисод ҳамчун мафҳуми хоҷагидорӣ ва илмӣ
2.Марҳилаҳои ташаккул ва андешаҳои иқтисодӣ
3.Рукнҳои асосии таълимот ва равияву мактабҳои иқтисодӣ
4.Тавсифи фанни назарияи иқтисод

1.Иқтисод ҳамчун мафҳуми хоҷагидорӣ ва илмӣ

Инсон табиатан аз ибтидои офарид то кунун баҳри қонеъ гардонидани талабу ниёзҳои худ эҳтиёҷ ба х=рдан, п=шидан, кор кардан, сохтан, хондан, истироҳат, маишат ва ғайра дорад.
Ҳаёти инсон мисли ҳаёти ҷомеа, бисёрҷабҳаву гуногуншакл ва нисбатан мураккаб мебошад. Он ҳамчун низоми муташаккил ва муайяни фаъолият дар ҳавза ва бахшҳои гуногун (сиёсат, идеология, илм, маориф, фарҳанг, маданият, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғайра) зуҳур мегардад.
Бузургон ва донишмандони аҳли адаб эътироф карданд, ки мояи ҳастиву рушди ҷомеаи инсониро соҳаи иқтисод муайян мекунад.
Чи тавре ки аз "таърихи афкори иқтисод" зуҳур мегардад, воҷаи иқти-сод ҳамчун ваҳдати мафҳумҳои юнонии "ойкос"- хоҷагӣ ва "номос"-қонун, яъне "ойкономия" ба вуқ=ъ пайвастааст. Он сароғоз аз ҷониби Ксенофонт ҳамчун фаҳмиш тибқи меъёр, қоида ва қонунҳои пеш бурдани хоҷагӣ исти-фода карда шудааст.
Т=ли ҳазорсолаҳо инсоният аз зинаи сукунат то ба зинаи фавқул-инкишоф рушду камол ёфт. Таносубан, шакл ва намуди хонаводаю хоҷагидорӣ, давлатдорию ҷаҳондорӣ низ куллан дигар шуд. Дар ин асно, мазмуну мундариҷа, нақш ва мақоми "ойканомия" вобаста ба гузаштани замонҳо бешубҳа, тағйир ёфт.
Аз ин р=, таҳти иқтисод на фақат муносибатҳои байни шахсони алоҳида, оила, гур=ҳҳо, синфҳо, корхона, соҳа, давлат, оиди тарз ва услуби хонаводаю хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ, балки муносибатҳои умумибашарӣ перомуни ташаккули равандҳои байналмиллалии истеҳсолот, илму техника, асъор, молия, муҳоҷирати қувваи коргарӣ, ҳамкорӣ доир ба коинот, эколо-гия, сарфаю сариштакорӣ ва ғайра дар назар дошта мешаванд.
Тибқи тақозои замони ҳозира иқтисодро ба чунин унсурҳо тафриқа-бандӣ менамоянд:
-иқтисоди бахшҳои алоҳида (иқтисоди саноат, кишоварз, сохтмон, тиҷорат, нақлиёт...);
-ҷойгиронии ҷуғрофӣ (иқтисоди ноҳия, вилоят, шаҳр губерния, штатҳо, иқтисоди миллӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ...);
-маҷм=и муносибатҳои иқтисодӣ (муносибатҳо оиди истеҳсол, тақсим, мубодила, истеъмол);
-зуҳури низомҳои иқтисодӣ ва моликият (иқтисоди суннатӣ, амрӣ, капиталистӣ, бозорӣ, м=хталат, меъёрӣ, воқеӣ..);
-натиҷаи амалиётҳои агентҳо (намояндаҳо) ва субъектҳои иқтисодӣ (иқтисоди хона, оила, корхона, давлат...);
-фанни илмию таълимӣ (иқтисоди сиёсӣ, назарияи умумии иқтисодӣ, "Экономикс", "Микро", "Мезо", "Макро", "Мегаиқтисод" ва боқимонда фанҳои тахассусии иқтисод - молия, бонк, пул,қарз...);
-кулли ҳавзаҳои дониш оиди истифодаи сифру рақам, тасвири ҳодисаҳои иқтисод ва дигар зергур=ҳу гур=ҳҳо (омор, кибернетикаи иқтисодӣ, тамсиласозии иқтисодию риёзӣ, эконометрия, иқтисоди амалӣ, пешбинии иқтисодӣ...).
Дар ин асос метавон гуфт, ки иқтисод дар асл фаъолият ва санъат оиди ташкили хонадорӣ, хоҷагию хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ аст.
Аз нигаҳи дигар иқтисод илм аст. П.Самуэлсон андеша ба он дорад, ки иқтисод илмест оиди он, ки чӣ тавр ҷамъият истеҳсоли маҳсулотҳои нафъоварро истифода мебарад ва тақсими онро дар байни гур=ҳҳои гуногун ба роҳ мемонад.
Аз ин ҷиҳат, иқтисод ба андешаи мо ҳамчун тадбир, тарз ва усулҳои гуногун оиди фаҳмиш ва дарки қонуну қонуниятҳои ташаккули хоҷагидорӣ, низом, марҳала ва таҳаввули он, истифодаи захираҳои иқтисодӣ (табиат, капитал, меҳнат...) барои қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи инсону ҷомеа ва ташаккули муносибатҳои байни агентҳову субъектҳои иқтисодӣ сурат мегирад.
Дар асоси ин гуна тафриқабандӣ дар адабиёти Ғарб ду тариқи истифодаи "ойкономия"-"экономика" ва "экономикс" ба назар мерасад. Якум, ҳамчун фаъолият оид ба хоҷагидорӣ дар мазмун ва маънии аслӣ ва дуввум-ҳамчун илми иқтисод, яъне назарияи иқтисод тасаввур карда мешавад.
Қисме аз иқтисоддонон, вобаста ба хусусиятҳои миллӣ, марҳалаҳои гузариш ба бозор, зарурият ва имконияти истифодаи он (Экономикс) дар амалия ва сатҳу дараҷаи ташаккулу таҳаввули илми иқтисод назар ба он доранд, ки илми иқтисод на ҳамчун қисматҳои алоҳидаи "Экономика" ва "Экономикс",
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 49 >>
На главную
Загрузка...
0 / 20

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru