Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дар савдо дӯстӣ нест.
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 75 >>

Комплекси таълимӣ – методӣ аз фанни аз фанни СИЁСАТШИНОСӢ

Тэги:конспекти лексияҳо аз фанни сиёсатшиносӣ | комплекси таълимӣ методӣ аз фанни сиёсатшиносӣ | конспект дастури методи | дастурамал | барои муаллимони донишгох | 2018
Добавил:Admin (26.01.2018 / 09:25)
Рейтинг:rating 395 article (0)
Прочтений:1170
Комментарии:0
ПЕШГУФТОР
Замони муосир дар таърихи башарият бо дигаргуниҳои азими худ дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ ба дараҷае нақши муайян гузошт, ки аз қарнҳои пешин ба куллї фарқ мекунад. Дар силсилаи ҳамаи ин дигаргуниҳои азим инқилоби илмию техникиро номбар кардан мумкин аст, ки он нақши муайяну равшане дорад. Дар баробари ин нақши фанни сиёсатшиносї дар дигаргуниҳои ҷомеа рӯз то рӯз мавқеи аввалиндараҷа гирифта, низоми сиёсии ҷомеаро ба танзим медарорад.
Маълум аст, ки зарурати омӯзиши масоили сиёсӣ ва баррасии онҳо таърихи хеле ќадима дорад. Ҳанӯз дар замони худ мутафаккири бузурги Юнони Қадим Афлотун сиёсатро «санъати шоҳонаи идоракунии ҷомеа» меномид. Ин аст, ки ба муҳимияти илмҳои сиёсї аз қадим диққати хосса медоданд. Аслан сиёсатшиносї дар қарни XX мақоми зиёдтар пайдо кард. Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар давраи аввали фаъолияти худ дастуре қабул намуд, ки мувофиқи он тамоми мактабҳои олии дунё бояд омӯзиши фанни сиёсатшиносиро ба роҳ монанд. Омӯзиши ии фан дар мамлакатҳои Ғарб ба зудї амалї гашт, вале дар як ќатор мамолики Осиё ва Африқо омӯзиши он дертар оғоз шуд. Дар мамлакатҳои сотсиалистї, ки идеологияи ягона ва идоракунии якаҳизбї ҳукмрон буд, ин илмро ба таври кофї, ҳамчун илми мустақил намеомӯхтанд. Омӯзиши ин илм танҳо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравї оғоз ёфт.
Бо пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравї, мустақилу соҳибихтиёр гардидани ҷумҳуриҳои собиқ, боиси он гардид, ки ҳар кадоми онҳо дар доираи иттиҳоди ҷомеаи ҷаҳонї раванди инкишоф ва мақоми кишвари худро муайян намуданд.
Дар доираи иттиҳоди ҷомеаи ҷаҳонї Тоҷикистон низ мақоми худро муайян кард ва роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёди дунявиро пеш гирифт.
Бинобар ин, табиист, ки зарурати дарки равиши сиёсии ин масъалаи муҳим дучанд афзуд, ки ҳалли он тавасути ҳаматарафа омӯхтани фанҳои ҷомеашиносӣ ва дар навбати аввал, илмӣ сиёсатшиносї муяссар гардид.
Аз ин лиҳоз, дар шароити имрӯза дар назди олимони ҷомеашинос вазифа истодааст, ки дар китобҳои дарсӣ оид ба сиёсатшиносї тарафҳои гуногуни ҳаёти сиёсии ҷомеаро тахлил намуда, насли наврасро дар рӯҳияи худшиносӣ ва фаҳмишу қабули арзишҳои истиќлолияти сиёсӣ тарбия намоянд. Нисбат ба ин масъалаи муҳими сиёсї Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалї Раҳмон чунин қайд кардааст: «Истиқлолият имконият дод, ки мо ғояи худшиносии миллиро парчами замон кунем, то ин ки ифтихори миллӣ бо шири модар, бо аллаи фаромӯшнопазири ӯ ва бо нахустин ҳарфҳои устод дар мактаб ба дилу шуури ҳар як фарди тоҷик абадан ҷой гирад».
Маҳз худшиносии инсон, дарки дурусти олами атроф дар фаҳмиши моҳияти ифтихори миллӣ метавонад ҷаҳонбинии илмии замонавиро эҳё намояд. Китоби мазкур ҷамъбасти таҷрибаи солҳои тулонї ва заҳмати педагогии профессор Абдусалом Муҳабатов мебошад, ки хусусиятҳои ба худ хосеро дарбар мегирад. Бояд зикр кард, ки муаллиф соли 2000 китоби «Сиёсатшиносї» навишта буд. Вале аз сабаби ворид намудани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар мазмун, мундариҷа ва сохтори он муаллиф зарур донистааст, таҳрири нави онро бо иловаҳо аз сари нав таълиф намояд.
Масъалаҳои ба миён гузоштаи муаллиф ва муҳокимаи онҳо ба таври мантиқї, соддаю хеле хуб баён шудаанд. Ин ба донишҷӯёну ихлосмандони фанни сиёсатшиносї имкон медиҳад, ки дар атрофи масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии ҷомеа фикру андеша ронанд ва хулосаи илмию назариявӣ бароранд. Ба андешаи мо, чопи ин китоби таълимӣ барои омӯзиши фанни сиёсатшиносӣ аҳамияти маърифатию сиёсї дошта, аз тарафи муаллиф саҳми арзандае дар инкишофи илми сиёсатшиносии тоҷик аст. Гуногунадешї дар сиёсатшиносӣ марҳамест, ки ба ҳама баҳсҳои сиёсї даво мебахшад. Китоби мазкур ҳам дар баробари дигар китобҳои дарсї барои омӯзиши фанни сиёсатшиносї амри воқеист. Умед аст, ки хонандаи мӯҳтарам дар қиёси мавзӯъ ба мазмуни ин китоб донишҳои нав гирифта ба муаллиф изҳори минатдорї баён менамояд.
Абдураҳмон Маҳмадов доктори илмҳои сиёсї, профессор
Боби 1. СИЁСАТ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТЇ
1.1 . СИЁСАТШИНОСЇ ЊАМЧУН ИЛМ
Фанни сиёсатшиносї
Афкори сиёсї дар њамон даврае пайдо шуд, ки дар ҷомеа тақсимоти мењнат, ба табаќањо ҷудоиивии одамон ва давлат ба вуҷуд омад. Аз ҳамон вақт cap карда, сиёсат њамқадами доимии одамон гардид. Бинобар ин, ба илми сиёсатшиносї њамчун омили муҳими санъати идоракунии ҷомеа назар кардан ҷоиз аст. Ба воситаи ин илм инсоният имконият пайдо кард, ки роҳҳои ба даст овардани ҳокимияти сиёсї ва нигоҳ доштани онро аз худ намояд.
Дар ҳамин асос қайд кардан ҷоиз аст, ки илми сиёсатшиносї чанд давраи инкишофро аз cap гузаронидааст.
- давраи якум аз замони пайдоиши аввалин ақидаҳои сиёсї, ки аз замонҳои қадим маншаъ мегарад, ки ин ақидањо характери асотирию динї доштанд. Сарчашмаи идеявии онро ақидаҳои сиёсии мутафакирон: Конфутсия, Аристотел, Демокрит, Платон, Суқрот ташкил медиҳад, ки минбад онҳо қонунҳои инкишофи ҷамьиятро ҳамаҷониба инкишоф доданд ва роҳҳои инкишофи оптималии ҷомеаро ҷустуҷӯ мекарданд. Ин раванд дар оянда имконият дод, ки таълимотњои сиёсї дар асоси таълимотњои дунявї инкишоф ёбанд.
Яке аз давраҳои муҳим дар ташаккули илми сиёсатшиносї - ин давраи эњё мебошад. Дар ин давра ҷомеа аз тафаккури асримиёнагии динї ҷудо гашта, рӯ ба таълимотҳои илмию дунявї овард.
Дар ин давра махсусан таълимоти Н.Макиавеллї, М. Лютер, Жан Боден ба инсоният имконият доданд, ки дар бораи сиёсат, давлат, ҷомеа ба таври илмї андешаронї намояд.
Масалан, Н. Макиавеллї асоснок кард, ки сиёсат ин илми таҷрибавӣ буда «падари» технологии давлатдорї мебошад.
Дар ташаккули илми сёсатшиносии замони Эҳё мақоми мутафакирон Т. Гоббс, Љ. Локк, Ш.Монтеске Ж. Ж. Руссо хеле назаррас мебошад.
Таълимоти ҳуќуқи табиї, шартномаи ҷамъиятї, принсипи тақсимоти ҳокимият, алоқаи байни нобаробарии ҷомеа бо моликияти хусусї ва давлатї дар ташаккули илми сиёсї саҳми бузург гузоштанд.
Давраи дигари инкишофи илми сиёсӣ ба ақидаҳои марксистї - ленинї рост меояд. Марксизм иқтисодиётро асоси сохтори сиёсии љомеа дониста дар асоси он ба хулоса омад, ки муносибати байни синфҳои ҷамъиятї ба муборизаи зиддияти байни якдигар оварда мерасонад. Бояд қайд кард, ки маҳаки асосии марксизмро таълимотҳои револютсияи сотсиалистї, диктатураи пролетариат, нест кардани моликияти хусусї адолати иҷтимої баробарии ҳамаи халқҳо, миллатҳо ва муборизаи синфї ташкил медињад.
Аз њамин лиҳоз ҳусну таваҷҷӯҳи тадқиқотчиён ва сиёсатмадорон нисбати ин илм дар њама давру замонҳо хеле баланд мебошад. Ҳамин талабот буд, ки дар нимаи дуюми қарни XIX омӯзиши ин илм њамчун фанни алоҳида дар як ќатор мамлакатҳои Европа ва Иётоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) cap шуд ва мактабҳои сиёсатшиносї ташаккул ёфтанд, ки онҳо равияњои гуногуни назарияњои сиёсатшиносиро инкишоф доданд. Мактаби сиёсатшиносии англо-амрикоӣ - масъалаҳои модернизатсияи ҳаёти сиёсї, низоъҳои сиёсӣ, сиёсати хориҷиро таҳлилу таҳқиқ кардаанд (С. Липсет, К. Райт, С. Ф. Хантингтон, Г. Маргентау, Дж. Сартари, Р. Дарендорф).
Мактаби сиёсатшиносии франсузї - масъалаҳои типологии режимҳои сиёсӣ, қонунияти сиёсї ва масьалаҳои ҳизбию сиёсиро таҳлилу таҳқиқ намудаанд (М. Дкверже, Ж. Бруде; М. Крозе, Р. Арон).
Мактаби немисии сиёсатшиносї - масъалаҳои таҳлили муқоисавии
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 75 >>
На главную
Загрузка...
0 / 19

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru