Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Мурғашро куша гуфта намешавад.
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 26 >>

Комплекси таълимӣ – методӣ аз фанни Мониторинги экологӣ

Тэги:конспекти лексияҳо аз фанни мониторинги экологӣ | комплекси таълимӣ методӣ аз фанни мониторинги экологӣ | конспект дастури методи | дастурамал | барои муаллимони донишгох | 2018
Добавил:Admin (26.01.2018 / 09:18)
Рейтинг:rating 393 article (0)
Прочтений:172
Комментарии:0
МУНДАРИҶА

Мақсад ва вазифаи фанни «Мониторинги экологӣ»………..
Муқаддима.Фаъолияти тадқиқотии донишҷӯён ва мактабиён дар соҳаи мониторинг………………………………………………………….
Усулҳои ташкили мониторинги экологӣ………………………..
Таснифоти мониторинг…………………………………………….
Усулҳои омӯзиши мониторинги экологӣ…………………………
Мониторинги объектҳои биологӣ ва усулҳои он……………….
Мониторинги атмосфера ва усулҳои он…………………………
Мониторинги қабатҳои хок ва усулҳои он………………………
Мониторинги муҳити обӣ (гидросфера) ва усулҳои он………..
Фаъолияти инсон ва муҳити атроф………………………………
Коркарди маълумоти мониторингӣ ва ба тартиб даровардани натиҷаҳо………………………………………………………………………….
Мураттаб сохтани шиносномаи экологии маҳал……………..
Системаи глобалии мониторинги муҳити атроф………………
Ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи мониторинг……………







МАҚСАД ВА ВАЗИФАИ ФАННИ «МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ»

Дар фаъолияти гуногуни илмию-амалии инсон аз давраҳои қадим инчониб усули мушоҳида истифода бурда мешавад. Он воситаи маърифат буда, давомнок, мақсаднок ва мунтазам дарк намудани предметҳо ва ҳодисаҳои муҳити атрофро дар бар мегирад.
Дар асри ХХ дар илм мафҳуми мониторинг арзи вуҷуд намуд.
Дар давраи муосир проблемаҳои гуногуни экологӣ дар сайёраи мо ба вуқӯъ пайваст. Проблемаҳои дигаргуншавии иқлим, тунук шудани қабати озон, ифлос шудани муҳити зист, кам шудани гуногунии биологии намудҳо ва щайра аз зумраи проблемаҳои глобалии сайёра ба шумор мераванд. Барои бартараф ва пешгирӣ намудани ин проблемаҳо зарур аст, ки сарчашма ва сабабҳои ба вуҷуд омадани онҳо муайян карда шаванд. Бо воситаи ташкил ва гузаронидани системаи мушоҳидаҳои пай дар пай ва мунтазам, баҳодиҳии ҳолати объектҳои табиӣ ва пешгирӣ намудани онҳо мо метавонем хулоса бароварда, чорабиниҳои мушаххас гузаронем. Ин ба мо имконият медиҳад, ки сабабҳои ба вуҷуд омадани проблемаҳои гуногуни экологиро муайян намуда, чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Мониторинг қисми муҳими назорати экологӣ буда, мақсади асосии он ташкил ва гузаронидани мушоҳидаҳо оид ба ҳолати муҳити табиӣ ва сатҳи ифлосшавии он мебошад.
Яке аз вазифаҳои асосии мониторинги экологӣ ташаккулдиҳии малакаи таҳлили илмии ҳодисаҳои табиӣ, сарфаҳм рафтан ба баҳамтаъсиркунии табиат ва ҷамъият мебошад. Ташкил ва такмили ин сифатҳо дар раванди фаъолияти тадқиқотии донишҷӯён ва мактаббачагон пурсамар мегузарад. Мониторинг барои ташкили ин гуна фаъолиятҳо ёрии амалӣ мерасонад.
Муқаддима. Фаъолияти тадқиқотии донишҷӯён ва мактабиён дар соҳаи мониторинг.
1. Мониторинг чист?
2. Аз таърихи фанни «мониторинг».
3. Фаъолияти тадқиқотии донишҷуён ва мактабиён дар соҳаи мониторинг.
Мониторинг- ин системаи мушоҳида, баҳодиҳи ва пешгӯии ҳолати муҳити табии мебошад. Принсипи асосии мониторинг мушоҳидаи пай дар пай, муттасил аст. Мониторинг қисми муҳими назорати экологӣ буда, мақсади асосии он - мушоҳида оид ба ҳолати муҳити табий ва сатҳи ифлосшавии он мебошад. Вобаста ба ҳудуди худ 3 зинаи мониторинги муосир фарқ карда мешавад: маҳаллӣ (биоэкологӣ, санитарӣ - гигиенӣ); регионалӣ (геосистемӣ, табиӣ–хоҷагӣ) ва глобалӣ (биосферӣ, заминавӣ).
Вазифаи асосии системаи глобалии мониторинг ва хизматҳои геофизики аз чунин кисматҳо иборат аст:
1. Мушоҳидаи тащирёбии ҳолати биосфера ва муайян намудани тащироте, ки ба фаъолияти инсон вобаста аст.
2. Пешгӯӣ ва муайян намудани раванди тащирот дар биосфера.
3. Баҳодиҳии тащирот ва раванди тащирёбии биосфера.
Fояҳои мониторинги глобалии муҳити табиӣ ва мафҳуми «мониторинг» соли 1971 ба вуҷуд омад. Ин ба конфронси Стокголмии СММ оид ба муҳити атроф вобаста аст.
Тадқиқотчиёни советӣ аввалин маротиба ба муҳокимаи проблемаи мониторинг дар ҷаласаи Найробӣ иштирок карда буданд. (II-1974). Дар он Израэл Ю.А. консепсияи системаи глобалии мушоҳида ва асосҳои илмии мониторингро пешниҳод кард.
Мафҳуми “мониторинг” хеле ҷавон бошад ҳам, лекин он дар шакли мушоҳидаҳои муҳити табиӣ мутобиқи тащироти техногении биосфера кайҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт. Мониторинг ба ҳайати корҳои хизмати гидрометеорологӣ, муҳандисӣ – геологӣ, беша ва щайра тааллуқ дошт. Таҷрибаи кории ин хизматҳо дар шароитҳои регионалӣ –геологӣ, минтақавӣ-иқлимӣ ва техногенӣ хеле щанӣ буд.
Маълумоти экологӣ ҳамаи синну солро дар бар гирифта, он бояд аввалин ҳисобида шавад ва аз ҳама гуна фаъолияти ҳоҷагии инсон дар пеш бошад. Аз ин лиҳоз звенои асосии маълумоти замонавӣ дар солҳои охир маърифати экологӣ ва тарбияи он мебошад.
Вазифаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ аз он иборат аст, ки дар бачагон малакаи таҳлили илмии ҳодисаҳои табиатро ҳосил намуда, ба баҳамтаъсиркунии ҷамъият ва табиат сарфаҳм раванд, ва муфид будани ёрии амалии худро ба табиат дарк намоянд.
Ташаккул додани ин гуна сифатҳои дар раванди фаъолияти кофтуковӣ – тадқиқотии мустақилона самаранок мегузарад.
Хуб ташкил карда шудани фаъолияти тадқиқотӣ аз экология имконият медиҳад, ки дар донишҷӯён, хонандагон донишҳои экологӣ оид ба проблемаҳои умумӣ, регионалӣ ва маҳаллӣ ташаккул дода шуда, дониши умуминазариявии онҳо доир ба фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ такмил дода шавад.
Аз фаъолияти гуногуни тадқиқотии донишчӯён оид ба экология 3 намуди асосӣ ҷудо карда мешавад:
1. Тадқиқоти назариявӣ.
2. Амалӣ, таҷрибавӣ – проблемавӣ.
3. Тадқиқоти системанок, комплексӣ тибқи барномаи ягонаи мониторинги экологӣ.
Объекти асосии фаъолияти тадқиқотӣ бояд экосистема ва равандҳое, ки дар он иштирок менамоянд, бошад.
Фаъолияти тадқиқотӣ аз экология якчанд давраҳоро дар бар мегирад.
1. Давраи тайёрӣ.
2. Давраи таҷрибагузорӣ.
3. Давраи камералӣ.
4. Давраи таҳлилӣ
5. Давраи ҳисоботӣ
6. Давраи ахборӣ
7. Давраи фаъолиятӣ
Иштироки донишчӯён ва хонандагон дар корҳои амалӣ оид ба ҳифзи табиат аз корҳои зерина иборат аст.
1.Иштирок дар тадбиқи амалии пешниҳодҳо ва тавсияҳо.
2.Иштирок ва маъруза дар гузориши конфронсҳои илмию амалӣ, дар мусобиқаҳою олимпиадаҳо ва намоишгоҳҳо.
3.Иштирок дар кабудизоркунй
4.Ташвиқот оид ба тарзи ҳаёти солим, огоҳ намудан аз муносибати нодуруст нисбат ба табиат.
5.Мусаллаҳ будан бо донишҳо, қонунҳои асосй оид ба ҳифзи табиат.

Саволҳо барои такрор:
1. Мониторинг чист?
2. Мафҳуми мониторинг кай ба вуҷуд омадааст?
3. Мақcади мониторинг аз чи иборат аст?
4. Зинаҳои асосии мониторинги муосирро номбар кунед?
5. Вазифаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ оид ба маърифати экологӣ ва тарбияи он аз чи иборат аст.
6. Фаъолияти тадқиқотии донишҷӯён оид ба экология аз кадом намудҳо иборат аст.
7. Фаъолияти тадқиқотӣ аз экология кадом давраҳоро дар бар мегирад?
Усулҳои ташкили мониторинги экологӣ

1. Мавқеъ ва роли коллективи мактабҳо, муассисаҳои берун аз мактабӣ, мактабҳои олӣ дар барномаи мониторинги экологӣ.
2. Консепсияи мониторинги экологии мактабӣ.
3. Мавқеи ҷамъият дар мониторинги экологӣ.

Дар ҳолати ташкили системаи мониторинги экологӣ ва иштироки муассисаҳои таълимӣ ба корҳои тадқиқотӣ дар доираи барномаи мониторинги экологй бояд имкониятҳои онҳоро ба назар гирифта шавад. Ин тайерии нокифояи тайёрии касбии кадрҳо, пойгоҳи материалии лабораторияҳо (мавҷуд набудани асбобҳои замонавӣ, таҷҳизот, норасоӣ ва қиммат будани
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 26 >>
На главную
Загрузка...
0 / 21

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru