Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Қарз шӯи мард аст
Библиотека | Гуногун,Хархела /Разное
1 2 3 ... 6 >>

КОИДАХОИ ХАРАКАТ ДАР РОХ

Тэги:коидаи харакат дар рох иншо аломатхои рох коидаи харакат дар рох реферат коидаи харакати рох | штрафы шахри бехатар | маркази миллии тести 2018 | бда таджикистан | конуни чумхурии точикистон дар бораи милитсия | коидахои харакат дар рох | коидахои харкати рох рох | нақлиёт ва донишҷу | бехатарии пиёдагардон |
Добавил:Admin (26.01.2018 / 08:55)
Рейтинг:rating 392 article (0)
Прочтений:1328
Комментарии:0
КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРАКАТ ДАР РОХ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1995, №22, мод. 336; с. 1997, №23-24, мод. 333; с. 2000, №11, мод. 527; с. 2008, №3, мод. 189; с. 2009, №12, мод. 822; с. 2010, №1, мод. 4; с. 2015, №11, мод. 974; Конуни ЧТ аз 18.07.2017 с., №1458)

Максади Конуни мазкур муайян намудани асосхои хукукии харакат дар рох чихати хифзи хаёт ва саломатии шахрвандон, системаи таъмини бехатарии харакат дар рох, тартиби банакшагири ва маблаггузории чорабинихо оид ба таъмини бехатарии харакат дар рох мебошад. (КЧТ аз 20.03.08с., №370)

harakati-roh

БОБИ 1

КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Вазифахои Конуни мазкур

Конун муносибатхои чамъиятиро дар сохаи харакат дар рох ва бехатарии он танзим намуда, хукуку вазифахо ва масъулияти субъектхо – иштирокчиёни харакати рох, вазоратхо, идорахо, иттиходияхо корхонахо, муассисахо ва ташкилотхоро, сарфи назар аз шакли моликият ва хочагидори (минбаъд вазоратхо, идорахо ва ташкилотхо) муайян мекунад.

Вазифахои Конуни мазкур аз хифз намудани хаёт, саломати ва амволи шахрвандон, химояи хукук ва манфиатхои конунии онхо, инчунин хифзи манфиатхои чамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ходисахои роху наклиёт, сабук гардонидани окибатхои вазнини онхо иборатанд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи харакат дар рох

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи харакат дар рох ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат аст. (КЧТ аз 20.03 08с, №370; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Моддаи 3. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода шудаанд:

Иштирокчиёни харакат дар рох – шахсоне, ки аз роххои автомобилгард ва чойхои дигар, ки барои аз як чой ба чои дигар расонидани мусофирон ва кашондани борхо тавассути воситахои наклиёт пешбини шудаанд, истифода бурда, дар раванди харакат хамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва гайра бевосита иштирок менамоянд.

Рохи автомобилгард – мачмуи иншооти мухандиси мебошад, ки барои харакати воситахои наклиёт ва пиёдагардхо пешбини шудааст.

Воситаи наклиёт – механизме, ки барои бо роххо интикол намудани одамон, бор ё тачхизоти дар болои он васлшуда, таъин шудааст. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Харакат дар рох – мачмуи муносибатхое мебошанд, ки дар раванди харакати одамон ва борхо бо ёрии воситахои наклиёт ё бе онхо дар худуди роххои автомобилгард ба вуxуд меоянд;

Бехатарии харакат дар рох – холати раванди мазкур буда, инъикоскунандаи дараxаи мухофизати иштирокчиёни он аз ходисахои роху наклиёт ва окибатхои онхо аст;

Таъмини бехатарии харакат дар рох – фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабхои ба амал омадани ходисахои роху наклиёт, сабук гардонидани окибатхои вазнини он нигаронида шудааст.

Моддаи 4. Коидахои харакат дар рох

Дар Чумхурии Точикистон барои воситахои наклиёт харакат ва аз тарафи дасти рост мукаррар карда шудааст.

Тартиби огози харакат, тагйири самти харакат, чойгирии воситахои наклиёт ва пиёдагардхо, интихоби суръати харакат ва фосила, гузаштани чоррахахо, гузаргоххои пиёдагардхо ва гузаргоххои рохи охан, истгоххои воситахои наклиёти истифодаи умуми, истифодаи асбобхои нурафшони беруни, коидахои харакати пиёдагардхо, харакати велосипедсаворон, инчунин масъалахои ташкили харакат ва бехатарии он тавассути Коидахои харакати рох, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, танзим карда мешаванд.

БОБИ 2.

СИСТЕМАИ ИДОРАКУНИИ ХАРАКАТ ДАР РОХ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН

Моддаи 5. Идоракунии давлати дар сохаи харакат дар рох

Идоракунии давлати дар сохаи харакат дар рох ва бехатарии он аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва дигар макомоти ваколатдор сурат мегирад. (КЧТ аз 20.03.08с., №370)



Моддаи 6. Иштироки вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо дар таъмини бехатарии харакат дар рох

Вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо дар доираи салохияти худ бехатарии харакат дар рохро таъмин менамоянд, барои ичрои барномахои давлати ва сохавии харакат дар рох масъулият доранд, доир ба харакат дар рох санадхое мебароранд, ки хилофи конунгузори намебошанд, ичрои тадбирхои таъмини бехатарии харакат дар рохро аз тарафи корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки ба хайати онхо дохиланд, таъмин мекунанд.

Вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо бо супориши Хукумати Чумхурии Точикистон баъзе вазифахои идоракунии байнисохавиро вобаста ба харакат дар рох ва бехатарии он ичро карда метавонанд.

Дар вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо, дар корхонахо ва ташкилотхое, ки воситахои наклиёт доранд, вазифаи мутахассис оид ба бехатарии харакат дар рох ё хадамоти бехатарии харакати рох ташкил карда мешавад.

Низомнома оид ба хадамоти бехатарии харакат дар рох аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегардад.

Моддаи 7. Иштироки корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо дар таъмини бехатарии харакат дар рох



Корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият ва хочагидориашон, барои таъмини бехатарии харакат дар рох чорабинихо тахия намуда, онхоро амали месозанд. Дар коллективхои мехнати оид ба риояи талаботи конун дар бораи харакат дар рох тадбирхои пешгириву фахмондадихиро ба амал мебароранд.

Моддаи 8. Иштироки иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон дар амали гардонидани чорабинихои таъмини бехатарии харакат дар рох

Иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон бояд ба макомоти давлати дар амали гардонидани чорабинихои бехатарии харакат дар рох мусоидат намоянд. Вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо вазифадор хастанд, ки таклифхои иттиходияхои чамъияти ва шахрвандонро оиди масъалахои бехатарии харакат дар рох ба назар гиранд.

Давлат сиёсати андози имтиёзнокро нисбати иттиходияхои чамъияти, ки максади асосиашон амали гардонидани чорабинихои таъмини бехатарии харакат дар рох мебошад, татбик менамояд.

БОБИ 3.

САЛОХИЯТИ МАКОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ХАРАКАТ ДАР РОХ

Моддаи 9. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи харакат дар рох

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи харакат дар рох аз инхо иборатанд:

муайян кардан ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи таъмини бехатарии харакат дар рох дар худуди Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

мукаррар намудани низоми ягонаи коидахо, стандартхо, меъёрхои техники ва дигар санадхои меъёри оид ба масъалахои таъмини бехатарии харакат дар рох;

тахияи лоихаи конунхо, санадхои меъёри оид ба масъалахои харакат дар рох ва бехатарии он, инчунин чавобгари барои риоя накардани онхо дар худуди Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

муайян кардани ваколатхои макомоти ичроияи хокимияти давлати ва макомоти ваколатдори давлати оид ба харакат дар рох;

ташкил додани макомоти давлатии ваколатдор дар сохаи харакат дар рох, рохбари ба фаъолияти онхо;

тахия ва тасдик намудани барномахои давлатии тараккии харакат дар рох ва бехатари дар роххои автомобилгард, кучахо
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 6 >>
На главную
Загрузка...
0 / 12

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru