Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!
Библиотека | Гуногун,Хархела /Разное
1 2 >>

Коидахои харкати рох Рох , НАҚЛИЁТ ВА ДОНИШҶУ

Тэги:коидаи харакат дар рох иншо аломатхои рох коидаи харакат дар рох реферат коидаи харакати рох | штрафы шахри бехатар | маркази миллии тести 2018 | бда таджикистан | конуни чумхурии точикистон дар бораи милитсия | коидахои харакат дар рох | коидахои харкати рох рох | нақлиёт ва донишҷу | бехатарии пиёдагардон |
Добавил:Admin (26.01.2018 / 08:49)
Рейтинг:rating 391 article (0)
Прочтений:290
Комментарии:0
РОЊ, НАҚЛИЁТ ВА ДОНИШҶУ

Чанд соли ахир аз солхои пештар дида занхои ронанда бештар ба назар мерасанд. Агар солхои пеш шумори онхо кам ба чашм мерасид, хозир бошад охиста-охиста шуморашон зиёдтар шуда истодааст. Харчанд коидаи ронандаги барои занон ва мардон як хел аст, вале аз навиштахои баъзе сомонахо маълум мешавад, ки дар баъзе чойхо барои занхо якчанд шароитхои дигар низ муйян шудааст. Ба монанди ичозати ронандагии занон дар Арабистон, ки аз ин чанд шароити ачиб дар поёни ин матлаб мо факат чандтои онро ба таври мухтасар овардем, ки шумо метавонед бихонед!
Мукоисаи ронандагии занон ва мардон
Бархе тасаввур мекунанд, ки мардон хама корхоро бехтар аз занон анчом медиханд. Хатман шунидаед, ки мардхо дар хар коре тавоноихои бештаре доранд ва хатто бехтарин ошпазхои чахон мард будаанд. Дар бораи тафовутхои амалкард ва сохтори магзии занон ва мардон хам тахкикоти зиёде анчом шудааст.
Мардон ба хотири суръати зиёд ва сабкат конуншикани мекунанд ва дар натичаи тасодуфоташон хам хисороти сангинтаре дар пай дорад.
Бо ин хол ба рохати наметавон гуфт, ки занон ронандагони бехтаре хастанд, харчанд ки тибки омори онхо эминитар ронандаги мекунанд. Мизони тасодуфот дар ду чинс баробар аст, харчанд мизони шиддат ва хисороти тасодуфоти занон камтар аст. Дар поён мухаккикон изхори умедвори кардаанд, ки натоичи ин тахкик мучиби кохиши бовари ба мардон нашуда ва бовари ба занонро хам бештар намекунад!
Он чи ронандагон бояд бидонанд:
1. Харгиз хангоми хоболудаги ва бемори ронандаги накунед.
2. Дар хангоми шаб ва торикии хаво бо диккати бештаре ронандаги кунед.
3. Хамвора хангоми ронандаги аз камарбанди эмини истифода кунед ва ин мавзуъро ба кудакони худ омузиш дихед.
4. Кабл аз ронандаги мутмаин шавед, ки василаи наклияи шумо ба дурусти кор мекунад.
5. Хамвора бо суръати мутмаина харакат кунед.
6. Дар холи ронандаги хеч гох асабони нашавед ва дар пайи талофи бо ронандагони василаи наклияи дигар набошед.
7. Бо риояти конунхо ва мукаррароти рохнамоиву ронандаги ба хукуки дигарон эхтиром бигзоред.
8. Хамвора ба ёд дошта бошед, ки эхтиёт шарти аввали ронандаги аст.
9. Дар хангоми хамли бор ва мусофир мукаррароти эминии мавчудро комилан риоят кунед.
10. Бархурде матин ва сахех бо мусофирон дошта бошед.
11. Хамвора ба ёд дошта бошед, ки шумо масъули чони сарнишинони василаи наклияи худ хастед.
12. Хамчунин таваччух дошта бошед, хурдан ва ошомидан дар хини ронандаги амали хатарноке аст.
13. Оромиш шарти аввали ронандаги аст ва стресс ва асабоният мучиби ходиса мешавад.
14. Хамеша ба ёд дошта бошед, ки дар хангоми шаб ва торикии хаво бо диккати бештаре ронандаги кунед.
15. Сабр ва хавсала аз вижагихои шахсиятии як ронандаи хуб махсуб мешавад.
16. Бастани дурусти камарбанди эмини кори бисёр содае аст, ки бакои зиндагии шуморо тазмин мекунад.
17. Хангоми бастани камарбанди эмини ба сарнишини худ тазаккур дихед, ки хатман камарбанди эминии худро бубандад.
18. Хуччатхои ронандаги худро хамеша ба хамрох дошта бошед.
19. Ба хотир дошта бошед, ки харакоти шумо ронандагони гироми, муассиртарин абзор барои омузиши сахех ё галати фарзандони шумост.
20. Эхтиёт дар ронандаги нишонаи тарс ё камтачрибаги нест, балки нишонгари шахсият ва тавоноии ахлокии шумост!
Ходиса факат барои дигарон нест, хама бояд эхтиёт кунем!
Тавсияхо:
→ Вакте пизишк барои шумо доруе тачвиз мекунад аз у суол кунед, ки дар замони истифода аз дору ичозаи ронандаги доред ё не?
→ Шумо бояд битавонед шумораи автомобилхоро аз фосилаи 20 метри бихонед, агар дар диди худ мушкил доред, хатман бояд дар мавокеи ронандаги аз айнак истифода кунед.
→ Истифода аз телефони хамрох дар хангоми ронандаги корест хатарнок. Дар сурати зарурат ба посухгуи, мошини худро дар як чо нигох дошта, сипас ба гуфтугу бипардозед.
→ Ба шумо тавсия мекунем хамеша дар дохили мошин як дастгохи оташнишонии мавриди таъйид ба хамрох дошта бошед.
→ Хангоми ронандаги дар шохроххо ба таври мудовим аз оина истифода намоед, то аз вазъияти канору пушти мошинатон огох бошед.
→ Ба ёд дошта бошед дар рузхои борони ва барфи бояд бо диккати бештаре ронандаги кунед.

Чанд тавсия барои доштани сафаре лаззатбахш ва мутмаин:
1. Кабл аз сафар номи шахрхое, ки дар масири сафари шумо карор доранд, руи накша ё когаз ёддошт кунед.
2. Дар тули сафар аз гизохои сабук ва мевахои тоза истифода кунед.
3. Яке аз тирезахои мошинро ба андозаи5 сантиметр боз бигзоред, то хавои тоза вориди мошин шавад.
4. Аз обхое, ки ба саломатии онхо мутмаин нестед пархез намоед.
5. Аз бурдани мевахои бидуни пуст (мисли ангур) дар тули сафар худдори кунед.
6. Ба фарзандони кучаки худ, ном, шумораи телефон ва адреси махалли сукунати худро ёд бидихед.
7. Аз оростани фарзандони худ ба тилло ва чавохирот бипархезед ва ба онхо биёмузед, ки аз нишон додани пули худ ба дигарон худдори кунанд. Ба онхо ёд бидихед, ки хангоми мавридхои изтирори бо милитсия робита баркарор кунанд.
8. Хангоми савор шудан ибтидо бачахо ва хангоми пиёда шудан ибтидо бузургтархо икдом ба ин амр намоянд.
9. Кабл аз икдом ба мусофират аз солим будани автомобили худ мутмаин шавед.
10. Ронандагони гироми! Кабл аз сафар, истирохати кофи дошта бошед, агар дар рох дучори хоболудаги шудед дар макони мутмаине истирохат кунед, то аз бурузи хаводиси чонию моли чилавгири шавед.
11. аз мусофират хадди акал 6 соат хоб бисёр зарури аст.
12. Бехтар аст дар хангоми сафар бо як хамрох ронандаги кунед то дар сурати лузум ва эхсоси хоболудаги хамрохи шумо идомаи масирро ронандаги кунад.
13. Бехтар аст дар хини сафар накшае барои шиносоии рох дар ихтиёр дошта бошед, то дар сурати пайдо шудани хар гуна мушкили битавонед аз он ба рохати бирахед.
Ронандаи хуб чи касе аст?
1. Мукаррароти рохнамои ва ронандагиро риоят менамояд.
2. Дар хангоми асабоният ва хоболудаги ронандаги намекунад.
3. Аз василаи наклиёти вайрон истифода намекунад.
4. Дар хар шароите дар хангоми ронандаги аз камарбанди эмини истифода мекунад.
5. Баъд аз хар ду соати ронандаги таваккуф намуда ва каме истирохат менамояд.
6. Таноб ё сим барои кашида бурдани мошин ба хамрох дошта бошад.
7. Ба чарогхои хушдордиханда таваччухи комил бинамояд.
8. Дар сурати вучуди бачахо дар автомобил бидуни бузургтар риояти нукоти эминиро бинамояд.
9. Хуччати ронандаги ва хуччати мошинро ба хамрох дошта бошад.
10. Дар сурати истифода аз дорухои хобовар ронандаги намекунад.
11. Мутаваччехи баста будани дархои автомобил буда ва монеъ аз берун бурдани даст ё сари бачахо аз тирезаи он мешавад.
12. Дар мавкеи харакат чизе аз тирезаи мошин ба берун хаво намедихад, ки боиси парешонии хавоси соири ронандахо шавад.
13. Аз автомобиле, ки дар холи сибкат гирифтан аст, сибкат намекунад.
14. Агар гувохиномаи у бо айнак аст, хатман дар хангоми ронандаги бо айнак бошад.
15. Дар хангоми ронандаги сигор намекашад.
16. Хангоми ронандаги аз сухбат бо дигарон ва хурдану ошомидан худдори мекунад.
17. Бо маъмурин ва кормандони бозраси бо эхтиром бархурд намуда ва дар сурати хост хуччатхояшро бо эхтиром ироа мекунад.
18. Ба ронандагоне, ки дар рох таваккуф намуда ва ниёзманди
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
Загрузка...
0 / 18

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru