Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Кори шаб хандаи рӯз.
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 20 >>

Комплекси таълимӣ-методӣ аз фани «Географияи табиӣ Тоҷикистон

Тэги:конспекти лексияҳо аз фанни забони географияи табиӣ тоҷикистон | комплекси таълимӣ методӣ аз фанни географияи табиӣ тоҷикистон | конспект дастури методи | дастурамал | барои муаллимони донишгох | 2018
Добавил:Admin (24.01.2018 / 14:50)
Рейтинг:rating 389 article (0)
Прочтений:991
Комментарии:0
Нақша:
Муқаддима
Фасли I. Тавсифи умумии табиию географии Тоҷикистон
I. 1. Аз таърихи омӯзиши табиати Тоҷикистон
I. 2. Мавқеи географӣ, тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ ва ҳудудҳои табиӣ.
I. 3. Таърихи геологии кишвар. Релеф ва хусусиятҳои он.
I. 4. Сарватҳои зеризаминӣ ва моҳияти он.
I. 5. Хусусиятҳои асосии иқлим ва тавсифи обҳои дохилӣ.
I. 6. Хок ва олами наботот ва ҳайвонот.
Фасли II. Ноҳияҳои табиию-географии Тоҷикистон
II. 1. Тоҷикистони Шимолӣ.
II. 2. Зарафшон.
II. 3. Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ.
II. 4. Тоҷикистони Марказӣ.
II. 5. Помир.
Фасли III. Вазъи экологии Тоҷикистон
III. 1. Муҳити табиӣ ва ҳолатҳои ифлосшавии он.
III. 2. Ифлосшаии ҳавои атмосфера.
III. 3. Эҳтимолияти бартарафкунии вазъи экологӣ.
Хулоса.
Адабиёт ва сарчашмаҳои истифодашуда.




























Муқаддима
Диёри зебоманзари Тоҷикистон ба гуфти ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон биҳишти рӯи замин, дорои шароитҳои табиӣ-географии гуногуннамуд мебошад.
Мавзӯи рисолаи хатм доири тавсифи табиӣ-географии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароитҳои табиӣ-географӣ ва вазъи экологии он сухан мекунад.
Географияи табиии Тоҷикистон ба мавқеи географӣ, ҳудуд, релеф, сохти геологӣ, сарватҳои табиии зеризаминӣ, хок, об, наботот, бо ноҳияҳои табиӣ ва тафовути байни онҳо маълумот медиҳад.
Табиат ва манзараҳои Тоҷикистон, нотакрор, зебо, шавқовар, ҳайратангез ва гуногун буда, дар он тазоди ҳаяҷоновари табиат, кӯҳҳои осмонбӯси бо барфҳои бисёрсола ва пиряхҳо пӯшида, водиҳои боҳашамат, рӯдҳои шӯху пурталотум, дараҳои зебою ҳаяҷоновар намудоранд, ки бо тамоми назокати худ, касро хушнуд мегардонад. Олими варзида, академик А.Е.Ферсман аз тамошои манзараҳои табиати кишварамон мафтун гардида, навиштааст, ки чунин сарзамини зебо бояд дилсӯзона ҳифз карда шавад, зеро ҳар наботот, ҳар намуди ҳайвон ба мисли дурри гаронбаҳо аст.
Доири шароитҳои табиӣ ва баъзе масъалаҳои экологии он дар рисолаи хатм муфассал сухан шудааст.
Ҳалли фасли масъалаҳои экологӣ аз ҷумлаи муҳити табиӣ ва ҳолатҳои ифлосшавии он, ифлосшавии ҳавои атмосфера, обҳои рӯизаминӣ басо муҳим аст.
Дар давоми асри ХХ ва авали асри ХХI доираи таъсири инсон ба табиат ниҳоят васеъ доманадор гардид, маҳз ба туфайли фаъолияти хоҷагии инсон ба табиат-муҳити табиӣ коҳиш ёфт.


Фасли I. Тавсифи умумии табиию географии Тоҷикистон.
I. 1. Аз таърихи омӯзиши табиати Тоҷикистон
Омӯзиши қаламрави Тоҷикистон бе алоқамандӣ бо омӯзиши Осиёи Миёна тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мувофиқи тадқиқоти олимон маълумотҳои пароканда ва баъзан таҳрифёфтаи таърихию географӣ оид ба Осиёи Миёна дар сайёҳатномаҳои сайёҳон ва асарҳои олимону сайёҳони Юнони Қадим (пеш аз мелод), арабҳо, аврупоиҳо, чиниҳо ва дертар дар сайёҳатномаҳою асарҳои илмии олимони рус мушоҳида карда мешавад. Кӯҳу водиҳои Тоҷикистон, халқҳои маскун дар ҳудуди он дар сарчашмаҳои бостонӣ, зикр шуда буданд. Дар бораи Суғду Бохтар дар китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» сухан рафтааст. Оид ба ҳудудҳое, ки Тоҷикистони имрӯза ба он дохил мешавад, муаллифони бостон ( қабл аз милоди Масеҳ – Ҳеродот, Ктесий, Мегасфен, Эратосфен, дар қарнҳои нахустини баъди милод Плиний ва Батлимус) саёҳонӣ Чин Чҷан - Сиян ва Суйан – Сисян (тав. тақрибан 600-ваф.соли 664), муаллифи гумноми китоби «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ ил-л-Мағриб» тоҷири внетсианӣ Марко Поло, ки соли 1273 аз Помир гузаштааст, муаллифонӣ асрҳои 17—18 Итолиё, Русия, Англия, навиштаанд, ин қайду ишораҳо ва ҳамчунин ёдоштҳои ҷуғрофӣ -дар оғози қарни 19 ҳарчанд барои таҳияу тадвини харитаҳои схематики кишвар асос гузошта буданд, вале бунёдашон дар тадқиқот набуд.
Омӯхтани география ва сарватҳои табиӣ дар қаламрави Тоҷикистони ҳозира аз нимаи дуюми асри 19 оғоз меёбад. Нахустин экспедитсияи дорои мақсадҳои махсус илмӣ экпедитсияи соли 1841 Бухоро таҳти роҳбарии К.Ф Бутенев буд, ки аъзои он набототшинос А.Леман ва муҳандиси кӯҳ Ф.Богословский бори аввал ба води дарёи Зарафшон дохил шуда, то Искандаркӯл рафтанд ва коллексияи хеле ғании намунаҳои минералҳо, ҷинсҳои кӯҳӣ ва растаниҳоро гирд оварданад. Баъди таъсиси ҷамъияти географии Рус ба туфайли асрҳои П.А.Чехачев М.И.Венюков, олимони дигар диққати аҳли илм ба болообии Амударё ҷалб гардид. Соли 1871 экспедитсияи сайёҳ А.П.Федченко қаторкӯҳи Паси Олойиро кашф кард ва барҳақ онро канораи шимолии Помир маҳсуб намуд. Солҳои 1877-1878 экпедитсияи Н.А Северсев, ки дар ҳайати он топографҳо, ботанику зоологҳо кор мекарданд, хосиятҳои воқеии сохти орографии Помир ва дар ҳудуди он муқаррар кард. Соли 1878 В.Ф.Ошанин ҳини таҳқиқи болооби Мусуку, пиряхеро кашф карда, ба он номи А.П. Федченкоро дод. Мушкетов ва Г.Д.Романовский дар давоми якчанд сол солҳои 1874-1880 ба бисёр минтақаҳои Осиёи Миёна сафар карда, маводҳои зиёдеро гирд оварданд. Онҳо маводи мазкурро дар якчанд асарҳои бунёдӣ ҷамбаст намуда, харитаи нахустини геологии кишвари Туркистонро дар миқёси 30 дар як карданд. Онҳо пешоҳангони таҳқиқи геологияи Осиёи Миёна мебошанд. Солҳои 1882-1883 таҳқиқти олами наботот (А.Э.Регел) ва географияи (экпедитсияи Д.В. Путята) қисми шарқии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла муҳандиси кӯҳ Д.Л.Иванов воҳидҳои Мурғоб, Пшарт, Ғунт ва болооби Панҷ (Вахон)-ро муфассал омӯхт. + бори аввал (соли 1885) масъаларо дар бораи ҳудуди географии Помир ба таври илмӣ ба миён гузошт. + таклиф пешниҳод кард, ки фақат куҳистони мамлакат Помир номида шавад. Ҳамин тариқ, аллакай дар он замон ду консепсияи марзҳои табиии Помир тавсия карда шуда буд: Н.А Северсев солҳои 1879-1886 Помирро кишвари кӯҳистони аз ҷиҳати орографӣ ягонаи дорои шаклҳои гуногуни релеф меҳисобанд. Солҳои 1887-1895 маҷмӯи босураъти маълумоти воқеи дар бораи табиати кӯҳҳои Тоҷикистон сурат мегирад. Топография ва шароити табиии Помирро Г.Е. Грумм–Грҷмайло, Б.Л. Громбчевский, П.С.Назаров, К.И. Богданович, С.Гедин меомӯзад; набототу растаниҳои Зарафшонро В.Л. Комаров мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Дар охири асри 19 дар Шуғнону Рӯшон Корҷеневский мушоҳидаҳои ботаникию географӣ мегузаронад.
Дар оғози асри ХХ илм дар бораи топография, табиати Тоҷикистон маълумоти назаррас гирд оварда буд. Дар охири солҳои 90 аввалин дар кишвар маркази метереологии дидбонгоҳи Помир (Мурғоб) таъсис карда шуд. Дар аввали асри 20 тадқиқоти илмии ноҳияҳои баландкӯҳ амалӣ мегардад. Соли 1901 ботаник Б.А.Федченко бори аввал ба Шуғнону Помири Шарқӣ омад. Дар экпедитсияи ӯ О.А.Федченко низ ширкат кард, ки соли 1903 китоби «Набототи Помир»-ро бо як силсила иловаҳо нашр намуд. Б.А. Федченко соли 1915 маълумотномаи мусаввари «Набототи Туркистон»-ро
чоп кард. Соли 1903 Н.Л Корҷеневский таҳқиқи географии Помир ва Кӯҳистонро оғоз мекунад. + як қатор қуллаҳои кӯҳҳо ва пиряхҳои азимро кашф намуд, харитаи ноҳияҳои мушкилгузарро аниқу саҳеҳ кард. Ба қалами ӯ якчанд асарҳои монографӣ тааллуқ доранд, ки дар онҳо тавсифи минтақавии кӯҳсори Тоҷикистон дода шудааст.
Аллакай дар солҳои аввали асри 20 идораҳои илмӣ, маъмурӣ ва ҳарбӣ, аз ҷумла идораи муҳоҷират (Переселенческре управление) экпедитсияҳои сершумори илмию топографӣ ташкил мекунанд. Байни иштироккунандагони ин
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 20 >>
На главную
Загрузка...
0 / 31

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru