Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Танбал барои кор кардан вақт надорад.
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 >>

Шеърхо дар васфи Сулх Ваҳдат Ватан Точикистон

Тэги:шеърхои точики барои сулху ваҳдат | сулху вахдати милли тоҷикистон | сулх | ваҳдат | лоик | шеърхо дар васфи сулх | шеър барои ватан | шерхо тоҷикистон | шеър дар васфи ватан | шеър дар васфи точикистон | шер барои ватан | шеърхои точики | шеърхои точики барои тоҷикистон | точи тоҷикистон | точикистон | шерхои ватан | точики шеърхо | шеърхо дар васфи тоҷикистон
Добавил:Admin (29.11.2017 / 21:27)
Рейтинг:rating 369 article (0)
Прочтений:108
Комментарии:0
СУЛХ БАХОРЕСТ, БАХОР ОВАРАД

Сулх бахорест, бахор оварад,
Равнақи шодиву барор оварад.
Сулх дихад шаршараи чуи об,
Сулх дихад хусни пур аз обутоб.

Оре, сулх мафхумест бузургу пуробураш, ифодакунандаи амният, осоиштагй, озодй, истиклолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулх тачассумгари шодиву нишот, хамдигарфахмй, озодихохиву ватандустист. Тавре шоири сулхчу Турсунзода гуфтаасг:
Сулх дар гул-гул шукуфтанхои чонон кишвар аст.
Дар шуои офтоби толеи бахру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумхои хуррам кудакон.
Сулх дар тасвири шоир асоси ободии хар кишвар ва манбаи хушбахтии хамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки хастию пояндагии сулх на танхо дар хастии давлату миллат, балки дар хастии хар як гулу гиёх ва тамоми чисмхои зинда кувваи олам эхсос мешавад. Сулх чун офтоби рахшон. бахори пуробуранг, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфику мехрубонихост. Хакикатан сулх амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истирохат асту изтироб надорад, дар мавриди сулху осоиштагй низ давлат орому осоишта арзи хастй менамояд. Аз дарду ранч ва фитнаву дасисахо канора мегирад. Пас, сулху осоиштагй ва фарогати давлату миллат худ аз худ ба осонй ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулху дустй, хануз дар солхои давраи Чанги Бузурги Ватанй мардуми мо дар мухорибахои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, чони худро дар рохи сулху дустй ва озодии Ватанй хеш дарег надоштаанд. Фарзандону хамсарони мехрубони хешро ба холи худ гузошта, бахри озодии Ватан кушидаанд. Гуруснагихо дида, афсурдагихоро паси сар кардаанд. Натичаи ин захматхои зиёди чунин мардони баномусу нанги миллат имруз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагй умр ба сар мебарем. Хушбахтем, озоду бофарогат зиндагй мекунем, офтоби гармталъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва мехру мухаббат эхе намуда, шодиамонро афзун мегардонад. Имруз бо захмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалй Рахмон ва дастгирии миллати бонангу номуси точик Точикистон бо хамаи кишвархои дунё робитаи дустй дорад. Хамаруза чун миллати сулххоху давлати тинчу ором хамкориву хамрайъй намуда, дар бурду бохт ва камию костихои онхо сахмгузор аст. Тамоми давлатхо бо кишвари мо робитахои дустй доранд, ки ин натичаи сулху оромй аст.
Мардуми точикзабонро дахр бишносад кунун,
3-он ки бошанд хар нафас вахдатгарои манзилам.
Толиби сулханд доим мардуми точикзабон,
Такя бар онхо намояд қавми сохибманзилам.
Сулх дар хаёти имрузаи мардуми точик ва фархангдуст бо калимаи «Вахдат» пайванд гардида, мафхуми бештареро фарогир гардид. Акнун дар чумхурии офтобруямон Точикистон рузи 27-июн хамчун рузи Вахдати миллй чаши гирифта мешавад. Мардуми мо ин рузро чун рузи баҳамой, хамгирой, сулху оштипазирй ва вахдату хамфикрй чашн мегиранд.
Сулҳ вахдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решай чону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагй моро аз он.
Дарҳ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.
Хулоса, сулҳ армугон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисер болотар аст. Хеч як дороиву афзунй ба як лахзаи осоиштагй ва дустиву сулху субот баробар буда наметавонад. Сулх неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шуҳратёр мегардонад.

Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,

Ба ҷуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.

Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,

Тамоми ҳастиям пайваста бо ту эё Ватан ҷонам..

**********

Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,

Зи «майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.

Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,

Ки мо хурдем аз хони падарҳо.

Ватан – дилҷамъию озодии мост,

Ватан – хушбахтию ободии мост.

Ватан сар мешавад з-он остоне,

Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.

Ватан сар мешавад з-он пардабоме,

Ки парвозӣ шудему пар кушодем.

Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,

Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

*********

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

Тоҷикистон- мазҳари ман,

Cарзамини камзамин,

Ту саросар кӯҳсорӣ,

Ту саросар сангзорӣ,

Чунки фарзандони ту дар тули таърихи дароз

Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.

Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ

Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

Ҳар куҷо рафтанд маҳҷуру ғариб

Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд.

Ҷумла дар кӯи ғариби хок гаштанд эй дареғ,

Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.

Ҳар куҷо рафтанд онон

Ё ба Макка ё Мадина,

Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,

Ё гуреза аз хама тазвину кина,

Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.

То агар рӯзе бимиранд аз қазо,

Дар ғариби бекасу беошно

Хоки ту бошад нишони охирин…

********

Зикри дили ман ҳамеша номи ватанаст,

Авроди забони ман каломи ватан аст.

Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,

Феҳристи китоби ман мароми ватан аст…

Тоҷикистон- мазҳари ман,
Cарзамини камзамин,
Ту саросар куҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷуи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Ҳар куҷо рафтанд махҷуру ғариб
Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андуҳ шуд.
Ҷумла дар кӯи ғарибӣ хок гаштанд эй дареғ,
Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.
Ҳар куҷо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,
Ё гуреза аз ҳама тазвину кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.
То агар рӯзе бимиранд аз қазо,
Дар ғарибӣ бекасу беошно
Хоки ту бошад нишони охирин.



Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст,
Авроди забони ман каломи ватан аст.
Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми ватан аст.



Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,
Ба ҷуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,
Тамоми ҳастииям пайваста бо ту эй Ватан – ҷонам.


Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи “майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хурдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост.



Тоҷикистон – рӯшонистони дилам,
Аз таҷлили пур намоӣ манзилам.
Гавҳари чашми маро бахшоӣ нур,
З-офтобат ҷони ман созад ҳузур.
Дар сукути ту садоям, эй Ватан.
Бо таби ту ошноям, эй Ватан.
Дар заминат бо таманоҳои хеш,
Базри умедам ҳамесозам пареш.
Ояти меҳри туро орам ба ёд.
Ҷонамозам сабзаи хоки ту бод.
Вопасин аксе ки аз олам барам,
Акси ишқи бувад чашми сарам.
Эй Ватан, пайғамбару Мавлои ман,
Сураи меҳри ту дар лабҳои ман.
Қарз бошад ҳифзи ному нанги ту.
Бар ватандор ба рӯзи
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 52

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru